Бахшҳо
10 мар 2012 05:17Иҷтимоӣ

Сад кашфиёти сад сол

Як унвонҷӯи тоҷик, барои хоҳишмандон имкон медиҳад, ки талаффузи садоии ҳама гуна матни тоҷикиро тариқи комютер бишнаванд.

ТОҶИКИСТОН:

1. Гаҳвораи худкор

Хосиддин Ҳақёров, донишҷӯи бахши сеюми Донишгоҳи технологии кишвар гаҳвораи гӯёи худкорро ихтироъ кардааст. Бо истифода аз ин гаҳвора, дигар модарон метавонанд роҳат бошанд ва кори худро сари вақт анҷом бидиҳанд. Гаҳвораи худкор бо ду усул: автоматӣ ва дастӣ идора карда мешавад. Дар сурати интихоби усули автоматӣ, баробари баланд шудани садои кӯдак гаҳвора ба ҷунбидан оғоз мекунад ва бо гузашти 30 сония садои алла низ баланд мешавад. Хосиддин мегӯяд, чун бархе кӯдакон аз рӯи одат танҳо бо садои модари худ мехобанд, дастгоҳи МП3-и насбшуда имкон медиҳад, модарон дар алоҳидагӣ садои худро сабт кунанд. Ба гуфтаи Хосиддин, ихтирои ҳамин гуна гаҳвора бештар ба заноне метавонад кӯмак кунад, ки дар манотиқи дурдаст ба сар мебаранду серкоранд. Зеро усули дастӣ имкон медиҳад, ки ҳатто аз масофаи 100 метр модарон тариқи истифодаи пулт такон додани гаҳвораро идора бикунанд. Ҳамазамон ба таъкиди Хосиддин, истифодаи ин гаҳвора барои кӯдакон безарар буда, дар сурате, ки агар кӯдак талош кунад дастони худро аз банди гаҳвора раҳо кунад, садои махсусе баланд мешавад.

2. Ҷоизаи байналмиллалӣ

Бобомуло Бобомуллоев, олими тоҷик барандаи ҷойизаи байналмилалии "Иттиҳоди муколама-2011" эълон гардид. Бино ба қавли манбаъ, дар ҳамойиши VI-уми зиёиёни  эҷодкору илмии давлатҳои узви ИДМ, ки дар  шаҳри Киев баргузор гардид, ба корманди илмии институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографии АУ Тоҷикистон ин мукофот дар бахши "Таҳқиқ ва  кашфиёт" супурда шуд.

3. Пирӯзии ихтироъкорони тоҷик дар озмуни ҷаҳонӣ

Бобурхон Муродов ва Анушервони Сино, хонандагони мактаби миёнаи муштараки тоҷикию туркӣ дар Хуҷанд, дар озмуни байнулмилалӣ таҳти унвони "Хатти тахайюлот" бо таҳияи як лоиҳаи экологӣ ғолиб дониста шуданд. Ихтирои онҳо "Қуттии зидди бактерия" аст, ки ба хотири аз бактерияҳои рӯи зарфи нӯшокӣ эмин доштани истеъмолкунандагон сохта шудааст.

4. Худрави "ИстиқлолТоҷвар"

Модели мошини "ИстиқлолТоҷвар" аз муҳимтарин ихтирооти ҷавонони тоҷик дар соли 2011 дониста мешавад. Ин моделро Айёмиддини Хайриддин, донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ихтироъ кардааст. Вай ният дорад, ки 11 адади дигар ин гуна худравро барои истифода дар шаҳри Душанбе омода бикунад. Вале Айёмиддин мегӯяд, идомаи кори онҳо ба шароити хубу сармоягузорӣ ва ҳам мутахассисон бастагӣ дорад.

5. Ихтирои ду навъи нави пахта дар Тоҷикистон

Гурӯҳе аз донишмандони пажуҳишгоҳи кишоварзии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ду навъи пахтаеро ихтироъ кардаанд, ки дар ҷаҳон назир надорад. Ин навъҳои пахта "20 соли истиқлол" ва "Авесто"  ном гирифтаанд. Донишмандон мегӯянд, ғӯзаи ин навъҳои нави пахта боз намешавад, ба ин далел нахи он аз нури офтоб ва боду борон осеб намебинад ва кайфияти худро нигоҳ медорад. Соли 2011 ин навъи пахтаро дар ҳазор метри мураббаъ дар ноҳияи Ҳисор кишт кардаанд. Ба гуфтаи яке аз муаллифони ин кушоиши илмӣ Саидҷамол Саидов-раиси Пажуҳишгоҳи кишоварзии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар сурати истифода аз таҷҳизоти зарурии парвариш ин ду навъи пахта аз як гектар метавонанд то 45-47 сентнер ҳосил диҳанд.

6. Танзимгари автоматикии хати барқ

Баҳодур Ғайбуллоев, донишҷӯи филиали Институти политехникии Тоҷикистон дар Хуҷанд дастгоҳеро ихтироъ кардааст, ки ҳангоми қатъ шудани нерӯи барқ манзил ё корхонаро ба таври автоматикӣ аз як хат ба хати эҳтиётии дуюм васл мекунад. Ин дастгоҳ "танзимгари автоматикии хатҳои барқ" ном дорад. Дастгоҳи онҳо ба бехатарии кор мусоидат мекунад. Чунки мабодо дар корхона ё хона ду шабака пайваст бошаду нерӯи барқ баробар интиқол ёбад, асбобҳои барқиву хати барқ сӯхта, сӯхтор сар заданаш мумкин аст.

7. Оби шӯр ва равшанӣ

Офаридаи Нилуфар Оқилҷонова, толибаи синфи 8-и мактаби ба номи Гёте дар Хуҷанд хеле содда ва тақрибан бехарҷ аст. Вай бо корбурди дониши аз фанни физика омӯхтааш, нишон дод, ки метавон танҳо аз се стакан оби шӯр, бо гузоштани ноқилҳо, нерӯи барқ гирифт. Нилуфар мегӯяд: "Ин корро ҳама метавонанд дар хона таҷриба кунанд. Барои ин чор сими борики мисин ва се  пиёла оби шӯр даркор аст.

8. Маркази гармидиҳии камхарҷ

Ислом Мирзоев, талабаи синфи 9-уми гимназияи рақами 2-и шаҳри Чкалов бо муаллимаи фанни физикааш макети маркази ягонаи гармидиҳиро, ки бо пасмондаи ашёи сӯзанда ва пластик кор карда, 30 дар сад гармиро сарфа мекунад, пешниҳод карданд.

9. Нерӯгоҳҳои "шиновар", арзон ва бесарфанд

Муаллиф Салим Шукронаев. ӯ бо дастгирии Барномаи ҷонибдории рушди иҷтимоии манотиқи кӯҳистон (MSDSP)-и Хазинаи Оғохон, бо истифода аз зарбаи гидравликӣ, ки дар навбати худ энергияи барқароршаванда аст, дар ноҳияҳои Мӯъминобод, Шӯрообод ва Ховалинги вилояти Хатлон 15 деҳаро бо обиошомиданӣ ва ба қадре кам ҳам бошад, аз об барои обёрӣ таъмин кардааст. Мегӯяд, ки қодир аст шакли нави нерӯгоҳҳои хурди барқии шинокунандаро пешниҳод намояд, ки истифодаи онҳо махсусан дар водиҳо имконият медиҳад, ки бо харҷи на чандон зиёд нерӯи барқ тавлид кунанд ва аз ҳама муҳимаш ба сарозер кардани об аз баландӣ тавассути лӯлаҳо ниёз надорад.

10. Ихтирои донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон

Бино ба хабарҳои матбуот, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон техникаеро ихтироъ кардаанд, ки дар бахши кишоварзӣ 6 корро анҷом медиҳад. Яъне ба ҷои 6 навъи техникаи кишоварзӣ кор мекунад. Баҳром Аҳмадов-устоди донишгоҳ гуфтааст, ин василаи техникӣ ба трактор баста мешавад ва онро дар корҳои мухталиф, аз қабили шудгор, бардоштани ҷӯякҳо, хишова, ҷамъоварии ҳосил ва амсоли он истифода мекунанд. Истифодаи он метавонад масорифи корҳои кишоварзиро ба маротиб камтар кунад.

11. Кашфиёти ногаҳонии бостоншиносони тоҷик

Дар деҳаи Тудакавши минтақаи Кӯлоби Тоҷикистон скелет ва ё устухонҳои марде кашф шуд, ки ба қавли бостоншиносон, тақрибан дувуним ҳазор сол пеш зистааст. Хабаргузории Итар-Тасс навиштааст, ки ин кашфиёти бостониро сокинони маҳаллӣ ёфтаанд, дар ҳолати тақрибан беосеб ҳифз шудааст. Ҳамчунин дар паҳлӯи ин ҷасад, ки қади он ба ду метр мерасад, чанд хуми гилӣ низ пайдо кардаанд. Бостоншиносони донишгоҳи Кӯлоб ба маҳалли кашфиёт рафта ва пас аз омӯзиш тахмин задаанд, ки ин ҷасади нафаре аст, ки эҳтимолан дар кадом як муҳориба кушта шуда ва дафн нашудааст. Дар ангуштони ин ҷасад ангуштарии ғайриоддӣ низ пайдо шудааст.

12. Идораи дастгоҳҳои барқӣ бо компютер

Исфандиёр Раҳматов, муҳассили Донишгоҳи технологӣ дастгоҳи ба таври автоматӣ идора кардани ашёҳои барқиро фикр кардааст. Исфандиёр мегӯяд, бо роҳи васл кардани ҳама гуна ашёҳои мухталифи барқӣ шурӯъ аз чойники барқиву асбобҳои гармидиҳӣ ва ҳатто тафдон ба компютер, дар вақти дилхоҳ бо як ангушт задан оҳоро метавон рӯшану хомӯш кард. Исфандиёр гуфт, истифода аз дастгоҳи вай ҳам сарфаи вақт аст ва ҳам аз сар задани сӯхтор эмин медорад. Ба гуфтаи вай, ин дастгоҳи ӯро метавонанд дар корхонаҳои бузург низ истифода баранд.

13. Таҳияи як барномаи тоҷикӣ барои компютер

Ихтирои Хуршед Худойбердиев, як унвонҷӯи тоҷик, барои хоҳишмандон имкон медиҳад, ки талаффузи садоии ҳама гуна матни тоҷикиро тариқи комютер бишнаванд. Хуршед Худойбердиев, унвонҷӯи Донишгоҳи техналогии Тоҷикистон тавонистааст ҳангоми се соли таҳсил рисолаи илмии худро доир ба ҷорӣ сохтани матни тоҷикӣ тариқи садо дар хотираи компютер ҳимоя кунад. Ба гуфтаи Хуршед, ҳарчанд то имрӯз барномаҳои луғавии тоҷикӣ истифода мешуданд, вале ворид кардани матни садоии тоҷикӣ бори нахустин аст. Унвонҷӯи тоҷик мегӯяд, барномаи ихтироъ кардаи ӯ 3259 ҳиҷоро дар бар гирифта қабл аз ҳама барои нафарони сустбин пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин хоҳишмандони омӯзиши забони тоҷикӣ низ метавонанд аз ин барнома истифода намоянд. Аз барномаи тартибдодаи Хуршед Худойбердиев аллакай чанд сол аст, ки дар ҷамъияти нобиноёни кишвар кор бурда мешавад. Вай барои хоҳишмандон иттилоъ дар бораи барномаи таҳиякардаи худро дар сомонаи tajik-tts.narod.ru ҷой додааст.

14. Манбаъи нави гази биологӣ

Эсаналӣ Ашӯралиев, сокини деҳаи Чинори ноҳияи Панҷакент, бо истифода аз поруи чорво гази биологиро чун сӯзишворӣ тавлид ва мавриди истифода қарор додааст. Эсаналӣ, ки худ муҳандиси соҳаи алоқа мебошад, гуфтааст, набуди газу барқ ва гарон будани қимати сӯзишворӣ ба ҳангоми фасли тирамоҳу зимистон ӯро водор намудааст, ки ба ихтироъи дастгоҳи сӯзишвории аз лиҳози экологӣ покиза машғул шавад. Дастгоҳе, ки ӯ ихтироъ намудааст иборат аз як зарфи пулодӣ буда, ба андозаи се тонна ғунҷоиш дорад. Ба ҳангоми андохтани як тонна пору ба дохили он мешавад, аз ин миқдор поруи чорво ба муддати шаш моҳ гази биологӣ тавлид намуд ва онро ҳамчун манбаъи сӯзишворӣ ва гармӣ истифода бурд. Газе, ки истеҳсол мешавад, умуман бӯй надорад ва ба табиат таъсире намерасонад. Ба қавли ӯ аз поруе, ки газаш ба пуррагӣ хориҷ мешавад, метавон ҳамчун нурии минералӣ дар замини кишт истифода намуд. Барои бунёди куллияи ин дастгоҳ Э. Ашуралиев ҳудуди ҳазор доллар масраф намудааст ва ба гуфтаи ӯ ин маблағ нисбати маблағи пардохти ҳармоҳаи гази табиӣ хеле арзон буда, сифати сухти газ низ хеле баланд мебошад. ӯ бо ихтироъи хеш хонаводаро аз мушкилоти бегазӣ ва дарёфти ангишту ҳезум вораҳонидааст.

15. "Маҷмӯи миҷоз"

Табиби ҷавони тоҷик роҳи кӯтоҳи дармони мӯътодонро кашф кардааст. Парвиз Аҳмадҷонов факултаи гиёҳшиносии яке аз донишгоҳҳои вилояти Суғдро хатм намуда, беш аз 10 сол аст, ки аз рӯи ин ихтисоси худ фаъолият мебарад. ӯ соли 1999 бо мақсади табобати нашъамандон аз 16 намуд гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон доруе ихтироъ намуда, пас аз машварат бо дигар табибон ва дар амал санҷидани таъсири он дар ҷонварон, аз ҷумла дар муш ва сагҳо ва баъдан дар якчанд мӯътод аз соли 2001 барои истифодабарӣ ва воқеан ҳам безарар будани ин даво, аз ҷониби идораи давлатии патентӣ ва маркази илмиву таҷрибавӣ ва истеҳсоли дорусозии Тоҷикистон гувоҳнома ва иҷозат гирифтааст. Дорӯи ӯ "маҷмӯи миҷоз" ном гирифтааст, зеро ба гуфтаи муаллиф, беморон вобаста ба миҷозашон бо ин даво табобат карда мешаванд. Ба гуфтаи ӯ "хокаи миҷоз" ҳангоми хумори нашъа гирифтан, ё худ ҳангоми "ломка" ба мӯътод дода мешавад, ки он ба ҷойи маводи нашъа беморро ором намуда, дар муддати 2 рӯз мӯътодро ба пуррагӣ аз хумори нашъа раҳо мекунад. Дар маҷмӯь табобати мӯътодон бо ин дору 12 рӯзро дар бар мегирад.

16. Обангишт

Мутахассисони Тоҷикистон ва Русия дар корхонаи кимиёвии Исфара пас аз анҷоми як таҳқиқот муваффақ шуданд, ки моеъеро бо номи "обангишт" барои гарм намудани дегҳои системаи гармидиҳии шаҳру навоҳии кишвар кашф кунанд ва мавриди озмоиш қарор диҳанд. Мутахассисон моеъро ҳамаҷониба санҷида, барои истифода ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он дар соҳаи иқтисоду саноати кишвар иҷозат додаанд.

17. Пешвои барҷастаи соҳаи физика

Олими тоҷик, муҳаққиқи соҳаи физика ва механикаи полимерҳо, Каримов Саидмуҳаммад Носирович (20.05.1936, ш.Уротеппа) бунёдгузори самти нави илмии "Кинетикаи вайроншавии полимерҳои шуозада" мебошад. Муаллифи 25 китоб ва 400 асари илмӣ, ки дар ҷумҳурӣ ва хориҷа ба нашр расидаанд. Тадқиқоти илмиаш ба ҳалли масъалаҳои илмию амалии консепсияи кинетикии мустаҳкамӣ ва масъалаҳои мустаҳкамии радиатсионии полимерҳо бахшида шудааст. Соли 2001 бо қарори Шӯрои нашриёти Пажӯҳишгоҳи тарҷумаи ҳолии ИМА ҳамчун пешвои барҷаста дар соҳаи физикаи ҷисмҳои сахт ба нашри ёздаҳуми китоби "Маълумотномаи байналхалқии пешвоёни барҷаста" дохил шудааст. Барандаи Ҷоизаи ба номи Б. Ғафуров, бо нишони "Барои комёбиҳои шоиста дар соҳаи маълумоти олии ИҶШС", медали "Барои хизмати шоиста" мукофотонида шудааст..

18. Нахустин таърихшиноси тоҷики қарни XX

Акрамов Наримон Мансурович, муаррихи варзида, нахустин историографи тоҷики қарни ХХ, ки дар омӯзиши таъриху фарҳанги халқҳои Помир ва Наздипомир тадқиқот гузаронидааст. Соли 1932 дар Хуҷанд ба дунё омадааст ва соли 1996 вафот кардааст. Муаллифи зиёда аз 100 асару маколаи илми ва илмии оммави. Асари ӯ "Русские исследователи и их вклад в изучение истории археологии и этнографии народов Памира и Припамирья" ном дорад.

19. "Истифодаи МЭХ дар равандхои химикӣ"

Олими тоҷик, Арабов Махмуд, зодаи шаҳри Хуҷанд, соли 1995 дар ш.С.-Петербург мақолаи "Истифодаи МЭХ дар равандҳои химикӣ"-ро дар доираи семинари байналхалқӣ оид ба масъалаҳои истифодаи МЭХ дар химия чоп кард ва бо Ифтихорномаи Шӯрои астрономии Академияи улуми ИҶШС мукофотонида шуд. Муаллифи 15 мақолаи илмӣ-методӣ оид ба масоили техникаи ҳисоббарор ва барномасозӣ мебошад.

20. Саратоншиноси тоҷик

Ахмадов Бахтиёр Поччомирович (26.06.1933, Хуҷанд), ҷарроҳи саратоншинос, профессор (1977) ва яке аз асосгузорони истифодаи усулҳои математикӣ дар ташхис ва решаронии омосҳои бадхилм мебошад. Узви Кумитаи иҷроияи шӯравии "Пизишкон баҳри пешгирии ҷанги ядроӣ" ва узви комиссияи марказии методии тадриси саратоншиносии назди Вазорати тандурустии ИҶШС (1980-91) буд. Муаллифи бештар аз 300 асари илмӣ оид ба ҷиҳатҳои мухталифи саратоншиносии клиникӣ мебошад. Бо саратоншиносони мамолики ИДМ ва хориҷаи дур (Руминия, Ҳиндустон, ИМА, Шри-Ланка) робитаи зич дошта, ба инкишофи саратоншиносӣ саҳми назаррас гузоштааст.

21. Нармбаданҳои зараррасон

Олим ва зоолог-таксодермисти тоҷик Ахмадов Темур (20.11.1938, д. Ёваи н. Хуҷанд-2003), баъзе нармбаданҳои зараррасони рӯизаминии Тоҷикистони шимолиро омӯхтааст.

22. Ҳашароти паразитӣ

Бобоева Зиннатой (15.09.1944, в.Суғд), биолог ва дастпарвари ДДОЛ ба номи С. М. Киров (1966) ҳашароти паразитии водии Фарғонаро омӯхтааст. Муаллифи 16 мақолаи илмӣ ва китоби дарсии "Генетика" мебошад.

23. Тадқиқоти кардиологӣ.

Бобохочаев Муҳаммад Хоҷаевич (1924 -2003, ш.Хуҷанд), терапевт, доктори илмҳои тиб, ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон. Муаллифи бештар аз 300 асари илмист. Тадқикоти ӯ асосан ба масоили кардиология, гемотология, курортология, энзимология бахшида шудаанд. Бо ташаббуси вай маркази гемотологияи ҷумҳуриявӣ дар ш. Душанбе ва шӯъбаҳои кардиоревматологӣ дар ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсис ёфтанд. Асари ӯ "Здоровое сердце и высокогорье" ном дорад.

24. Дастболон

Зоологи тоҷик Бобоҷонова Маҳбуба Ғаниевна (21.12.1966 ш.Шахритус) намудҳои нодири дастболони Тоҷикистони шимолиро омӯхтааст.

25. Рустаниҳои қаторкӯҳи Туркистон

Биологи тоҷик, Ғаффоров Ғаничон (16.04.1951, д. Қатағани н. Хуҷанд) рустаниҳои қаторкӯҳҳои Туркистонро омӯхтааст.

26. Истифодаи энергияи офтоб

Физик ва номзади илмҳои техникӣ, Домуллоҷонов Аҳмадҷон (07.08.1956, д.Овчи-Қалъачаи н.Хуҷанд) яке аз ихтироъкорони тоҷик аст, ки ҷанбаҳои истифодаи энергияи офтобро омӯхтааст.

27. Таъмини мустаҳкамии ҷиҳози микроэлектронӣ

Физик ва номзади илмҳои техникӣ Ёқубов Саидқаҳҳор Юсупович шаҳодатномаи ихтироъотро дар бахши равияҳои таъмини мустаҳкамии ҷиҳози микроэлектронӣ ба даст овардааст. Асари ӯ "Муқовимати масолеҳ, сохтани эпораҳои омилҳои қувватии дохилӣ ном гирифтааст.

28. Кашфиёт

Зиёбоев Мақсуд Муродович (03.06.1959, в. Суғд), олими физик, номзади илмҳои техникӣ муаллифи зиёда аз 10 мақолаи илмӣ ва як ихтироъ мебошад.

29. Вайроншавии металҳо

Олими физик Исмоилов Султон Усмонович (23.02.1935 - 1999, н. Хуҷанд) дар тадқиқи масъалаҳои вайроншавии металлҳо ва масолеҳи таркибӣ саҳм гирифтааст.

30. Тадқиқоти физикӣ

Абдуманнонов Абдуалӣ механизми релаксатсионии таъсири мутақобилаи нуқсонҳоро дар раванди вайроншавии ҷисмҳои гетерогенӣ дар таҷриба ошкор ва асоснок кардааст. Муаллифи зиёда аз 120 асари илмӣ ва китобу дастурҳо мебошад. Мақолаҳои илмии ӯ дар маҷалаҳои илмии Русия, ИМА, Ҷопон, Полша, Латвия ва Тоҷикистон нашр шудаанд. ӯ 22.02.1953 дар деҳаи Қалъачаи Мазори ноҳияи Исфара ба дунё омадааст. Доктори илмхои физикаю математика (2002), профессор (2002). Аълочии маорифи ҶТ (2003). Факултаи физикаи ДДОЛ ба номи С.М.Кировро хатм кардааст (1975). Таҳти роҳбарии ӯ солҳои 1984, 1985, 2005, 2006, 2007 донишҷӯёни факулта дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз физика ҷойҳои аввалро ишғол кардаанд. Вай вазифаи роҳбарии тими физикҳои Тоҷикистонро дар озмунҳои умумииттифоқии донишҷӯён (Рига,1985) ва (Вилнюс,1986) ба зимма дошт. Асари ӯ "Корхои лабораторӣ аз физика (электромагнетизм) ном дорад

31. Химияи ғайриорганикӣ

Қобилов Нарзулло (12.04.1947, д.Понғози н. Ашт), номзади илмҳои химия дар бораи масоили мухталифи химияи ғайриорганикӣ ва услуби таълими он тадқикот бурдааст. Муаллифи беш аз 60 асари илмӣ доир ба химия аст ва 1 шаҳодатномаи муаллифӣ дорад. Бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

32. Биохимияи ҷигари одам

Қосимов Ҳошим Қосимович (07.11.1930, д.Унҷии н. Хуҷанд - 15.11.1999, ш. Хуҷанд), биохимик, номзади илмҳои тиб аст. Тадқиқоти ӯ оид ба биохимияи ҷигари одам ва таъсири партовҳои истеҳсолоти химиявӣ ба сабзиш ва ташаккули пахта сурат гирифтааст. Бо медали "Барои меҳнати шуҷоатнок" сарфароз гаштааст.

33. Таҷзияи атому ҳастаӣ

Лёвкин Борис Павлович (06.01.1925 - 08.09.1991, Семипалатинск), физики шинохта ва аълочии маорифи ҶТ мебошад. Муаллифи зиёда аз 10 мақолаи илмӣ оид ба масоили назарияи таҷзияи атому ҳастаӣ мебошад.

34. Кашфи ҳафриёти осори Каёнию Бохтарии шимоли Афғонистон

Мирбобоев Абдуллоҷон Кенҷабоевич (03.12.1939, ш. Хуҷанд), бостоншинос ва фарҳангшиноси номӣ, профессор (2002). Иштироккунандаи экспедитсияи муштараки бостоншиносии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Афғонистон (1971-73), ҳафриёти осори Каёнию Бохтарии шимоли Афғонистон, аз ҷумла бошишгоҳи асри биринҷии Дашли-3, замони оҳан - Олтинтеппа-10, замони атиқии Дилбарчин, Фарукобод аст. ӯ дар фаъолияти дастаҳои мухталифи бостоншиносии Тоҷикистон ширкат намуда, дар кашфи харобаи Кахкаха-1 дар Шаҳристон, кушки Чилҳуҷра, оташкадаи Оқтеппа, харобаи Муғтеппа, шаҳри Истаравшан, бошишгоҳи Нуртеппа, дижи Хуҷанд, силсилаосори қадимии Исфара, обидаҳои маконҳои муқаддаси деҳҳои Чоркӯҳ, Лангари Моҳиён ва ғ бевосита кор кардааст. Маконҳои муқаддаси Хуҷанд, аз қабили қадамҷойи шайх Камол, шайх Муслиҳиддин, Хоҷаи Моҳрӯй, Хоҷаи Бокиргон, Каюмарс, шайх Бурҳониддини Қилич, Бурхи Сармасти Валӣ ва ғайраҳоро таҳқиқ намудааст. А. Мирбобоев дар тайи даҳ сол (1974-84) ҳафриёти осори харобаҳои Ширин ва даҳмакҳои Куркатро дар н.Нов анҷом дода, ба натиҷаҳои хуби илмӣ ноил гашт. Ҳафриёт дар қалъаи Ширин дар Куркат ба баҳсҳои тӯлонии илмӣ доир ба маҳалли ҷойгиршавии шаҳраки Курушкадаи қадим хотима бахшид. Аз қабатҳои поёни қалъаи Ширин осори асрҳои 6-7 пеш аз милод ба даст омаданд. Кобиши дахмакҳо дар маҳалли қалъаи Ширини Куркат ҷой доштани як маркази шинохтаи оини зардуштӣ, аз ҷумла оташкада ва дигар унсурҳои зардуштиро собит сохт. М. А дар таълифи нашри нави "Таърихи халқи тоҷик" (ҷ.2. -Душанбе, 1999) ва "Таърихи тамаддуни халқҳои Осиёи Марказӣ" (Париж, 1999) иштирок кардааст. (Осор: "Мадраса Таджикистана").

35. Вазъи радиоэкологии Тоҷикистони шимолӣ

Муртазоев Ҳотам (08.05.1942, д.Ухми н.Фориши в.Самарқанд), физик, номзади илмхои физикаю математика, узви ҷамъияти треки ядроии байналхалқӣ мебошад. Рисолаи номзадии худро дар мавзӯи "Чен кардани вобастагии кунҷии параметри қутбнокшавӣ ва тафтиши принсипи Т-инвариантнокӣ дар раванди парокандашавии чандирии pn ва муайян кардани фарқи P-A дар энергияи 635 МЭВ" дар ш. Дубна ҳимоя кардааст. Солхои 1980-83 дар ш.Конакри (Гвинея) ба сифати профессори факултаи илмҳои табиӣ кор кардааст. Ҳангоми кор дар Гвинея якчанд маколаҳои ӯ ба забони фаронсавӣ ба чоп расидааст. Вай мутахасиси варзидаи физикаи ядроӣ, зарраҳои бунёдӣ ва радиоэкология мебошад. Маколахои Ҳ.М. дар маҷалаҳои илмии Русия, Булғория, Олмон, Шветсия, Ҳоланд, Фаронса, Англия, ИМА, Австралия, Мексика, Миср ва ғайра ба забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ ба чоп расидаанд. Бо марказхои бонуфузи тадқиқоти физикаи муосир робитаи қавӣ дорад. Солҳои охир ӯ ба омӯзиши вазъи радиоэкологии Тоҷикистони шимолӣ машғул шуда, харитаи радиатсионии вилоятро таҳия кардааст. (Осор: "Асосҳои физикаи атом", -Хуҷанд: Нури маърифат, 2004)

36. Муҳаққиқи таъриху тамаддуни давлати Сомониён

Археологи барҷаста, Неъматов Нӯъмон Неъматович (05.03.1927, ш.Хуҷанд), муаррихи намоёни тоҷик, доктори илмхои таърих (1969), профессор (1972), шогирди А.Ю.Якубовский, сардори гурӯҳи археологии шимоли Тоҷикистон (аз с.1954), сардори экспедитсияи комплексии археологии шимоли Тоҷикистон (аз с.1974), директори мамнӯъгоҳи таърихиву фарҳангии Ҳисор (1990-93), сардори Маркази тадқиқоти гуманитарии ЮНЕСКО-и назди раёсати ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров (аз с.1996). Тадқиқоти ӯ ба масъалаҳои археологияи қадим ва асрҳои миёнаи сарзамини Тоҷикистон, таърих ва таърихи маданияти халқи тоҷик ва Осиёи Марказӣ бахшида шудаанд. Вай аввалин муҳаққиқи давлати бостонии Устрӯшана буда, таҳти роҳбарии ӯ ҳафриёти димнаи пойтахти ин давлат - шаҳри Бунҷикат (Шаҳристони имрӯза), ёдгориҳои атрофи он, харобаҳои дигар шаҳрҳои Уструшана ошкор карда шудаанд. Дар ин мавзеъ осори санъати меъморӣ, наққошӣ, хаккокӣ, аз ҷумла шоҳасарҳои маданияти оламшумул кашф шудаанд. Хидмати академик Н.Н. дар омӯхтани археологияи Хуҷанди бостонӣ хеле бузург аст. Таърихи 2500-солагии шаҳри бостонии Хуҷандро исбот кардааст. Дар асоси омӯзиши сарчашмаҳои хаттӣ ва маълумоти археологӣ бисёр масъалаҳои таърихи сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Хуҷанду Уструшанаро ҳаллу фасл намудааст. Муҳаққиқи варзидаи таъриху тамаддуни давлати мутамарказ ва баландмақоми Сомониён, проблемаҳои этногенези халқи тоҷик мебошад. ӯ яке аз муаллифони асари сеҷилдаи (иборат аз панҷ китоб) "Таърихи халқи тоҷик", китоби дарсии "Таърихи ҶШС Тоҷикистон" (Маскав, 1963) мебошад. Ба шарофати комёбиҳои илмии худ нафақат дар Тоҷикистон, балки берун аз он тоҷикон ва таърихи бойи онҳоро муаррифӣ мекунад. Яке аз ташаббускорони таҷлили ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён будааст.

Нурматов Акбар Абдусатторович (17.12.1942, в.Суғд), патфизиолог, профессор (1991). Яке аз ташкилкунандагони факултаи тиб дар назди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров мебошад. Мутахассиси намоёни соҳаи физиологияи патологӣ буда, дар ин бахш соҳиби як ихтироъ (1987) мебошад. Бо медали ҷашнии "1000-солагии Ибни Сино" қадрдонӣ шудааст.

38. Химияи органикӣ

Ортиқова Дилором Аҳмадовна (09.08.1960, ш.Чкалов), химик, номзади илмхои химия (1994) мебошад. Тадқиқоташ ба масъалаҳои гуногуни химияи органикӣ бахшида шудааст. Муаллифи 15 мақолаи илмӣ ва як ихтироъ, дорандаи шаҳодатномаи муаллифӣ аст.

39. Кашфи пахта

Толибов Юсуф Розиқович (07.11.1958, д. Ғулакандози н.Пролетар), номзади илмҳои кишоварзӣ (1988), сармутахассиси соҳаи тухмипарварии идораи кишоварзии в. Суғд (1992-93), муаллифи 25 мақолаи илмӣ, 2 ихтироъ ва ҳаммуаллифи кашфи ду навъи пахта (Точикистон-17 ва Точикистон-18) мебошад.

40. Металлургия

Худойбердиев Валӣ Ғаниевич (15.09.1940, в. Суғд), химик, номзади илмхои химия (1971), ёвари таҷҳизотчии завод дар ш.Чирчик (1959-61), сарлаборанти лабораторияи металлҳои тоза, ходими хурди илмӣ, декани факултаи механика (1986-87). Муаллифи 3 ихтироъ, 60 мақолаи илмӣ дар соҳаи металлургияи хулаҳо.

41. Химияи аналитикӣ

Ҳакимхоҷаев Наҷмиддин (19.02.1941, в. Суғд) химик, номзади илмҳои химия (1970). Тадқиқоташ ба соҳаҳои мухталифи химияи аналитикӣ бахшида шудааст. Муаллифи бештар аз 65 мақолаи илмӣ ва 3 шаҳодатномаи муаллифӣ аст.

42. Кайҳоншинос

Ҳоҷиев Абдуллоҷон (Дилбози) (12.10.1921 - 08.02.2002, ш. Хуҷанд), муҳандис-механик, подполковник, номзади илмҳои техникӣ (1967). Академияи ҳарбӣ-ҳавоии ба номи Можайскии Ленинградро хатм кардааст (1946). Муҳандиси қисмҳои ҳавоии округи ҳарбии Моварои Қафқоз (1946-48) муҳандиси пешбари нозироти санҷиши дастгоҳҳои парвозкунандаи Пажӯҳишгоҳи қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИҶШС (1948-68). Муаллифи 140 мақолаи илмӣ оид ба масъалаҳои авиатсия, кайҳоншиносӣ, кибернетика ва 9 шаҳодатномаи муаллифӣ мебошад. Бо ордени Ситораи Сурх, 13 медал ва Ифтихорномаи Раёсати ШО ҶШС Тоҷикистон мукофонида шудааст.

43. Муаррифгари санъати тоҷик

Ҷӯраев Ғафур Ҳоҷиевич (15.04.1962, в.Суғд), рассом-монументалист. Узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон. Муаллифи зиёда аз 200 асари эҷодӣ. Офаридаҳои ӯ аз қабили "Роҳи абрешим", "Темурмалик", "Спитамен", "Томирис", "Эҳёи Аҷам", "Амирони Сомонӣ" аз ҳунари волои рассомии ӯ шаҳодат медиҳанд. Дорандаи Ифтихорномаи президенти ҶТ (2002). Асарҳои офаридаи вай дар намоишномаҳо, нигористонҳо ва музейҳои мамолики мухталиф, аз ҷумла "Исфана" (Небраскаи ИМА, 1991), "Тангкӯчаҳои Самарқанд" (Линколни ИМА, 1991), "Акси духтаре бо номи Орзӯ" (Теҳрон, Эрон, 1994), "Манзараи кӯҳ ва шаҳри куҳна" (Мюнхен, Олмон-1992), "Акси Шайх Муҳаммад ва акси Умари суриягӣ" (Дубай, 1996), "Баҳор" (Телавив, 1994), "Донистан" (Лондон, 1995) мaҳфузанд.

44. Механизми истеҳсолӣ

Шамсиев Рауф Маъмурович (18.05.1956, в.Суғд), физик, номзади илмҳои техникӣ (1985), аспиранти Донишкадаи техникаи электронии ш.Маскав (1982-85), дотсенти кафедраи механизатсияи истеҳсолоти саноатӣ ва хоҷагии қишлоқ. Муаллифи 3 ихтироъ, 60 мақолаи илмӣ, 3 монография мебошад.

45. Усули беҳтар кардани ҳосилнокии пахта.

Шерматов Масаид (20.05.1944, д. Хиштхонаи н. Ашт), физик, номзади илмҳои физикаю математика (1981), дотсент (1981). Узви фахрии АУ Ню-Йорк (ИМА), дорандаи нишони "Олими машҳури асри XX" (2000). Аз солҳои 1981 то 2006 дар зиёда аз даҳ хоҷагии пахтакори в. Суғд дар асоси шартномаи хоҷагӣ корҳои таҷрибавӣ оиди бо нурҳои ултрабунафш нурборон кардани ниҳолҳои пахта гузаронидааст. Зимни ин таҷрибаҳо муқаррар кардааст, ки ҳангоми иловатан нурборон кардани ниҳолҳои пахта ҳосилнокӣ то 30-35% зиёд ва суръати сабзиши ниҳолҳо тез мешавад. Муаллифи 16 ихтироъот ва 213 мақолаи илмӣ мебошад. Соли 2006 дар озмуни ихтироъкорони вилояти Суғд сазовори ҷои дуюм гаштааст. Дар таҷриба электрноқилияти нахҳои абрешим, пахта ва пашмро омӯхта, имконияти дар асоси онҳо ҳосил кардани микросхемаҳоро нишон додааст.

46. Усули моҳипарварӣ.

Эргашбоев Икромҷон (05.03.1947, н. Хуҷанд), биолог, номзади илмҳои биологӣ (1985). Муаллифи бештар аз 50 асари илмӣ ва 3 ихтироъ оид ба инфузорияҳои озодҳаётбаранда, коловраткаҳо, бандпоёнҳои содда, хлорелла, моҳиён ва моҳипарварӣ мебошад.

47. Ҳосил намудан ва аффинаж кардани тилло.

Юнусов Музаффар Маҳмадҷонович (11.03.1950, в.Суғд), химик, доктори илмҳои химия (1994), профессор (1995). Академики Академияи муҳандисии ҶТ (1997). Муаллифи зиёда аз 170 мақолаи илмӣ ва 15 шаҳодатномаи муаллифии ИҶШС аст. Самти тадқиқоти ӯро синтез, омӯзиш ва истифодаи пайвастагиҳои як қатор фулузоти ранга бо кислотаҳои карбони бо реагентҳои сулфгидрили модификатсияшуда дар хоҷагии халқ ташкил мекунад. Таҳти роҳбарии вай бештар за 70 кислотаи карбони қаблан номаълум синтез карда, зиёда аз 300 пайвастагии фулузоти ранга бо ин лигандаҳо омӯхта шудаанд. М.Ю. синфи нави пайвастагиҳоро кор карда баромадааст, ки дар истеҳсолот пурра ҷои кислотаи камёфти олеинро мегирад. Яке аз муаллифони технологияи тайёр кардани мукофотҳои давлатии ҶТ мебошад. Дар зарандуд ва симандуд кардани маснуоти заргарӣ, ҳосил намудану аффиниж кардани тилло аз электрометалҳои коркардашуда, ҳамчунин ба даст овардани панчоксиди ванадий аз ашёи хоми ғайримаъмулӣ ширкати бевосита варзидааст. Натиҷаҳои тадқиқоти илмии ӯ дар коргоҳи фулузоти нодири Суғд, коргоҳи сурбу қурғошими Адрасмон, комбинати абрешими Хуҷанд, коргоҳи тиллошуии Консой дар амал татбиқ шудааст. Дар муддати фаъолият дар Иттиҳодияи истеҳсолии "Востокредмет" таҳти рохбарии ӯ масъалаи таъсири партовгоҳҳо ба муҳити зист, паҳншавии унсурҳои радиоактиви ва заҳрнок дар муҳит, усулҳои безараргардонии онҳо дар шароити Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Бо Оҷонси бехатарии ядроӣ ва радиатсионии АУ ҶТ ҳамкории зич дорад. Дар татбиқи як қатор лоиҳаҳои ҷумҳуриявии Иттиҳодияи истеҳсолии "Востокредмет" бо созмонҳои байналхалқӣ, аз ҷумла МАГАТЭ, ГNDP, NATO иштирок мекунад.

48. Кушоишпазирии шабакаҳои эллиптикӣ

Ҷӯраев Абдуҳамид (тав 10 октябр, 1932 - 5 июни 2005, ш. Исфара), риёзишинос, академики АУ ҶТ (1973, узви вобаста 1969); Тадқиқоти ӯ ба назарияи муодилаҳои дифференсиалӣ оиданд. Вай усули тадқиқи масъалаҳои умумиии канориро барои муодилаҳои навъи эллипсии коэффитсиентҳояш ғайритаҳлилӣ таҳия кард. Назарияи масъалаҳои канориро барои системаи муодилаҳои дифференсиалии ҳосилаҳояш хусусии навъи таркиби дар соҳаҳои маҳдуди ҳамворӣ кор карда баромад. Бори аввал назарияи системаи муодилаҳои интегралиро аз рӯйи соҳаҳои бисёралоқаи маҳдуд таҳия намуд. Солҳои 90-ум дар ҳамкорӣ бо проф. Г.Бегер назарияи масъалаҳои канорӣ барои аз нав муайян намудани шабакаи эллиптикӣ, ки дар онҳо назарияи функсияҳои бисёр муҷтамеъи тағйирёбанда ба таҳқиrқкашида мешаванд, ба вуҷуд оварда шуд. С. 1997 диққати ӯ ба кушоишпазирии шабакаҳои эллиптикии дар ҳудуди соҳа хосияти сингуляторидошта нигаронида шуда, ӯ барои дарёфти шарти кушоиши шабакаҳои эллиптикии усули якум ғояи масъалаи Дириҷлеро пешниҳод кард. Декабри с.2001 А.Ҷ. дар анҷумани умумиҷаҳонӣ ба ифтихори 100-солагии Нобел бо маърӯзаи илмӣ аз рӯйи кашфиёти нави худ суханронӣ намуд. Раиси Ҷамъияти риёзишиносони Тоҷикистон, узви хориҷии ҳайати таҳририяи маҷаллаи байналхалқии таҳлили комплексӣ (ИМА, Англия), узви ҳайати таҳририяи маҷалаи байналхалқии Апликейбл (ИМА) мебошад.

49. Навовар.

Баҳром Бобоназаров, донишҷӯи курси якуми Донишгоҳи технологӣ бо номи "Навовар", дастгоҳеро ихтироъ кардааст, ки барои коркарди равғани маска истифода мешавад. Ин навъи дастгоҳ аллакай вуҷуд дорад ва дар ихтиёри мардум аст. Вале ихтироъкори ҷавон ин навоварии худро модели нави дастгоҳ ва каммасраф медонад. Бартарии ин дастгоҳ дар он аст, ки ҳам бо қувваи ками барқ метавонад кор кунад ва сифатнокии ин хубтар аст.  Ин дастгоҳ, ки автоматӣ аст, зарфҳои пур аз маҳсулотро ба таври автоматӣ бардошта холӣ мекунад.

50.  Шакли нави фурӯзонаки каммасраф.

Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бозор Бозоров модели нави лампаи каммасрафро ихтироъ кардааст. Ба гуфти номбурда то ҳол барои ба роҳ мондани истеҳсоли ингуна лампаҳо ҳеҷ кас тавваҷӯҳ зоҳир накардаст. Ин лампа нисбати он лампаҳое, ки дар бозорҳо фурӯхта мешаванд ду маротиба каммасраф буда, безарар аст. Масалан дар дохилаш моддаҳои кимиёвӣ нест, ки ҳангоми кафидан зарар расонад, ба ҷои шиша пластмас истифода шудааст, тафсон намешавад. Ба қавли ӯ дар ҳолати корношоям шудан имкони дубора коркардро дорад ва аз панҷ то даҳ сол кафолат дода мешавад.

51.  Луғати электронӣ

Донишҷӯёни Донишгоҳи технологӣ луғати электоронӣ омода сохтаанд, ки калимаҳои тоҷикиро бо чор забони дунё ва бар акс тарҷума мекунад. Ҳамчунин дар ин барнома фарҳанги нави забони тоҷикӣ ворид карда шудааст, ки дар шакли электронӣ метавон истифода кард.

52. Бузи нав дар Тоҷикистон

Олимони тоҷик дар филиали пажӯҳишгоҳи чорводорӣ, воқеъ дар вилояти Суғд  бо мақсади такмил додани нахи пашми  зоти бузи  тоҷикӣ бордоркунии сунъии бузҳои серпашми тоҷикӣ тавассути нутфаи бузҳои ангории амрикоро ба роҳ мондаанд. Насли нави бузе ба вуҷуд оварда шудааст, ки аз ҷониби селексионерони ватанию хориҷӣ ҳамчун зоти бузи серпашми тоҷикӣ дониста шуд. Селексияи нави бузи тоҷикӣ бо пашми хушсифати худ дар ҷаҳон ҳамто надоштааст.  Зоти нави бузи тоҷикӣ дар баробари гӯшту шири парҳезӣ пашми пурқимати саноатӣ низ медиҳад. Дар сурати парвариши 100 ҳазор сар бузи селексияшудаи тоҷикӣ саноати бофандагии Тоҷикистон ҳар сол бо беш аз 500 тонна мӯинаи аълосифат таъмин хоҳад шуд.

53. Говҳои нави зотӣ

Бори аввал аз тарафи пажӯҳишгоҳи чорводорӣ тадқиқот оид ба офаридани говҳои ҷинси сершир, такмили хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии гӯсфандони маҳинпашм, омӯзиши истифодабарии самараноки чарогоҳҳо ва такмили хӯрокдиҳии говҳои сермаҳсул оғоз ёфтааст. Дар гурӯҳҳои селексионии сохти тоҷикии говҳои зоти сиёҳало бо истифода аз  нутфаи буққаҳои зоти голштинӣ  насли дурагаи сермаҳсули зоти голштинӣ ба даст омадааст. Дар самти офаридани говҳои шветсузебумонанд дар гурӯҳҳои селексионӣ ба 861 сар модаговҳои сермаҳсули хушзоти хоҷагиҳои саҳҳомии "Баракат"-и ноҳияҳои Ҳисор ва Ёвон аз нутфаи буққаҳои зоти шветсии селексияи амрикоӣ истифода шуд, ки дар натиҷа маҳсулнокии модаговҳои гурӯҳи селексионӣ дар як дӯшидан   14 - 15 литр ширро ташкил медиҳад.

54. Навовари соҳаи тиб

Қурбонов Каримхон Муродович - профессори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, аъзо - корреспондента Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон, бараи силсилаи ихтироъхояшон дар соли 2008 - 2009 сазовори медали тиллоии Идораи патентии Авросиёгӣ ба номи В.И. Блинников дониста шуд. Дар соли 2008 - 3 адад ва соли 2009 6 ихтироъ доштааст. Номбурда муаллифи 31 патент ба ихтироъ, 3 шаҳодатномаи маҳсулоти зеҳнӣ, 16 монография, 68 мақола ва корҳои илмӣ мебошад.

55. Дастгоҳи меваву сабзавотхушккунӣ.

Мадалиев Анвар,  дотсенти Донишгохи аграрии Тоҷикистон, барои силсилаи ихтироъҳо дар соҳаи хоҷагии қишлоқ, сазовори "Нишони Фахрии ММПИ" дониста шуд. Дар солҳои 2008 - 2 адад ва 2009 - 5 адад ихтироъ дошт. Дастгоҳи мевахушккунӣ, сабзавот ва гиёҳҳои табобатӣ аз ихтирооти ӯст.

56. Физикаи гармо

Сафаров Маҳмадалӣ Маҳмадиевич,  профессори Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон, барои силсилаи ихтироъҳо дар соҳаи физикаи гармо, сазовори "Нишони Фахрии ММПИ" дониста шавад. Дар соли 2008 - 3 ва 2009 - 4 адад ихтироъ дошт.

57. Навигарӣ

Шукуров Турсунбой - доктори илмҳои кимиё, ходими калонӣ Институти физикаю - техникии ба номи С.У. Умаров Академияи илҳои ҶТ, барои фаъолияти мунтазами ихтироъкорӣ ва силсилаи ихтироъҳои дар соли 2009 эҷодшуда (4 - ихтироъ) сазовори "Нишони Фахрии ММПИ" дониста шудааст.

58. Ихтирокорони беҳтарини Тоҷикистон дар солҳои 2008 - 2009:

-Боқиева Гулбаҳор Тавмановна - н.и.тиб, духтур-ҷарроҳи Донишгоҳи Давлатии Тиббии ба номи Абуалӣ Ибни Сино.

-Қурбонов Мансур - н.и. кимиё корманди Пажӯишгоҳи Гастроэнтрологияи Вазорати тандурустии ҶТ.

-Азизов Аъзам Азизович - доктори илмҳои тиб. Мудири кафедари ҷарроҳии кӯдакон, Донишгоҳи Давлати тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино.

-Шокиров Муҳаммадҷон Неъматович - мудири кафедраи Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино.

-Шаропов Насриддин - н. и.иқдисодӣ, Донишкадаи Иқтисоди ҶТ.

-Саидов Муҳамадаваз Ҳалимҷонович - намояндаи тиҷоратии ҶТ дар Латвия

-Раҳматов Раҳматҷон Исломович - корманди шӯъбаи мақомот ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Суғд

59. Дорои шаҳодатномаи моликияти зеҳнӣ

Шукуров Т., Одинаев Р. С. Неизвазивный способ определения холестеринового камня по спектрам ИК полос поглощения желчи. №TJ 430. от 24.10.2002.

 

ҶАҲОН:

60. Қорӣ-Қалам

Соли 2011 дар Кашмири Ҳиндустон маросими муаррифии  қаламе сурат гирифт, ки ҳуруфи Қуръонро мешиносад ва онро тавре ки, бояд қироат шавад, талаффуз мекунад. Онро Фирӯз Хон, соҳибкори кашмирӣ ихтироъ кардааст. Ба наздикӣ тоҷирони тоҷик аз Чин ба Тоҷикистон китоби Қуръон ворид карданд, ки қалам дорад ва он оятҳои Каломи Худоро бо забони арабӣ мехонад ва бо тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тарҷума мекунад.

61. Қаламкамон

Кормандони пулиси Русия дар вилояти Амур 2 нафар корманди корхонаи таъмири танкҳоро, ки пинҳонӣ қаламҳои оташфишон тайёр намуда, мефрӯхтаанд, дастгир кард. Ин қаламҳои оҳанини оташфишонро дар ҳудуди деҳаи Возжаевкаи ноҳияи  Белогорск омода месохтанд. Тибқи иттилои пулиси Амур бо ин вуҷуд, ки дар дохили қаламҳои оташфишон тирҳои ҳаҷман хурди 5,6 мм ҷо мешуданд, вале зарбаи ин тирҳо хеле бузург буда, дарахти ғафсро низ шикофта мегузаштааст. Масофаи паридани тири қаламкамонҳо то 10- 15 метр мерасидаанд. Сарвари ин гурӯҳи қаламсозон афсари собиқи артиши Русия дониста шудааст, ки муаллифи тарҳи сохтани ин қаламкамон будааст.

62. Идомаи кашфи атом

Ҷоизаи Нобел дар бахши химия  соли 2011 ба донишманди исроилӣ Даниэл Шехтман расид. Фарҳангистони улуми подшоҳии Шветсия гуфт, Шехтман "квазикристаллҳо"- намунае аз атомро кашф кард, ки шеваи идроки маводи ҷомид (сахт)-ро барои олимони химиябунёдан дигар кард.

63. Зарраи аз нур ҳам тезҳаракат

Пажӯҳиши донишмандони аврупоӣ ба хулосае овардааст, ки дар фазо зарраҳои хурде вуҷуд доранд, ки суръати онҳо аз суръати нур ҳам тезтар аст. Донишмандони Муассисаи аврупоии пажӯҳишҳои атомӣ, воқеъ дар Швейтсария мегӯяд, онҳо ҳаракати пораҳои аз атом хурдтарро таҳқиқ ва сабт кардаанд, ки суръати он аз нур ҳам тезтар аст. Ин пораҳоро нейтрино ном

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)