Бахшҳо
16 мар 2012 05:27Иҷтимоӣ

Одамфурӯшӣ дар Тоҷикистон

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар соли гузашта 100 далели хариду фурӯши одамон ба хориҷа ба қайд гирифта шудааст.

Роҳи нави пулкоркунӣ

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар соли гузашта 100 далели хариду фурӯши одамон ба хориҷа ба қайд гирифта шудааст. Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ аз боздошти чанде аз аъзоёни гурӯҳи ҷиноятпеша, ки ба қочоқи инсон машғул будаанд, хабар дод. Аммо ба қавли ӯ хариду фурӯши одамон, ба хусус қочоқи занону духтарон ба кишварҳои хориҷӣ аз ҷониби гурӯҳҳои махсуси ҷинояткор ҷой дорад. Хариду фурӯши одамон аз Тоҷикистон ба дигар кишварҳо, аз ҷумла, Русия, Қазоқистон, Аморати Муттаҳидаи араб, Покистон ва Афғонистон сурат мегирад.

Гуфта мешавад, ки қочоқи занон ва духтарони ноболиғи тоҷик ба мамолики хориҷӣ ахиран тавассути Русия бештар шудааст ва гурӯҳҳои қочоқбар ин кишварро ба унвони кишвари транзитӣ истифода мекунанд. Ба андешаи ҷомеашиносон занону духтарон ё ба хотири ҳирси дунё ва молу пул ё ин ки аз гаронии зиндагӣ маҷбур чунин роҳҳоро интихоб мекунанд ва даромади молӣ ба даст меоранд. Мақомоти Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз қочоқи инсон ва мубориза бар зидди гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки ба чунин тиҷорат даст доранд, моҳи сентябри соли 2010 дар Русия бо дигар кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил созишномаи ҳамкорӣ имзо кардаанд. Ҳамчунин моҳи марти соли ҷорӣ дар Маҷлиси намояндагон созишнома дар бораи ҳамкории вазоратҳои умури дохилии кишварҳои узви ИДМ дар мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон баррасӣ ва қабул гардид.

Тиҷорати ҷисму аъзо

Дар баробари хариду фурӯши одамон тиҷорати дигари ғайриқонуние пайдо шудааст, ки ин хариду фурӯши ҷисму аъзои инсон мебошад. Покистон пас аз Чин дуввумин кишварест, ки сайёҳон ба мақсади харидан ва иваз кардани узвашон ба узви солим бештар ташриф меоранд. Аз рӯи навиштаи маҷаллаи Ташкилоти табибони Покистон ҳамасола дар ин кишвар беш аз 1500 нафар аҳолии камбизоат узви солими худро бар ивази маблағи ночизе мефурӯшанд, то барои худу аҳлу аёли худ қути лоямуте пайдо кунанд.

Хариду фурӯши узвҳои бадани инсон дар ҷаҳони имрӯз ба унвони як тиҷорати пинҳонӣ рушд меёбад. Шароити бади иқтисодиву иҷтимоӣ дар бархе аз кишварҳо боис шудааст, ки шаҳрвандони он бар ивази маблағи ночизе ҷузъе, порае ва қисме аз узви тани худро фурӯшанду зиндагиашонро пеш баранд. Ба таври мисол, баъзе узвҳо дар тани инсон дутогиянд, ки як вазифаро иҷро мекунанд ва бо ҷудо карда гирифтани яктои он дигараш кори пешинаро дар танҳоӣ метавонад иҷро кунад. Ба ин мисол шуда метавонад гурдаи одам, ки дутост, вале бо кандани яке дигаре аз кор намемонад ва имрӯз яке аз узвҳои бештар мавриди хариду фурӯш ва тиҷорат қарор дошта маҳсуб меёбад. Тиҷорати узви инсон дар аксари кишварҳои ҷаҳон комилан мамнуъ аст. Зеро Созмони ҷаҳонии тандурустӣ онро манъ кардааст ва ҳамчунин қонунҳои кишварҳо ба ин иҷоза намедиҳад. Гуфта мешавад, ки парвандаҳои ҷиноятӣ ҳам дар ин хусус вуҷуд надорад. Зеро фурӯши узви инсонро на дар ҳамаи кишварҳо ҷиноят меҳисобанд ва аз ин рӯ дар бораи тиҷорати ғайриқонунии узвҳо низ маълумоти дақиқе нест.

Покистон тиҷорати узвҳоро қонунӣ кард

Яке аз кишварҳое, ки дар он ҷо фурӯши узви инсон қонунӣ аст, ин Эрон мебошад. Дар ин кишвар нархи як гурда то 5 ё 6 ҳазор доллар будааст. Дар ин кишвар нархи узвҳои инсон нисбатан арзон будааст, зеро фурӯшандаву харидор бидуни миёнрав ба мувофиқа мерасидаанд.

Дар ҳамин ҳол дар бозори сиёҳи Покистон як узви солим то 40 ҳазор доллар нарх доштааст, ки аз ин ҳамагӣ 5 фоиз ба фурӯшандаи он мерасидааст. Чунин тарзи хариду фурӯш ғайриқонунӣ сурат мегирад ва бесабаб нест, ки дар ин робита президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ соле қабл барои ба танзим даровардани ивазкунӣ ва хариду фурӯши узвҳои одамӣ қонунеро имзо карда, дар баробари ин, васият намудааст, ки баъди маргаш аъзои ӯро ба қисмҳо ҷудо сохта, ба одамони эҳтиёҷманд ройгон диҳанд. ӯ ин васиятро ба поси хотири завҷааш, Беназир Бҳутто кардааст, ки дар натиҷаи як амали террористӣ дар Покистон ба шаҳодат расида буд.

Ба иттилои хабаргузории "The Times of India", қонуни нав барои хариду фурӯш ва ивазнамоии ғайриқонунии аъзо ҷазои аз озодӣ ба мӯҳлати 10 сол маҳрум шуданро пешбинӣ карда, ҳамзамон назорат аз болои онро пурзӯр мекунад. Ҳамзамон дар ҳолатҳои зарурӣ иҷоза дода мешавад, ки дар бемористонҳои Покистон эҳтиёҷмандон узвҳои корношоями худро ба узви солим иваз намоянд.

Ба гуфтаи Осиф Алӣ Зардорӣ хариду фурӯши узви инсон ба таври қочоқ ва ҳамзамон на аз рӯи кӯмак ба як эҳтиёҷманд, балки бо мақсади рузгузаронӣ ва тиҷорат як амали нангин маҳсуб меёбад, ки ба хотири он кишвари Покистон муддатҳои дароз дар муҳосираи иқтисодии байналмилалӣ монда, зарари зиёд дидааст.

Дар Тоҷикистон иваз кардани гурда 11 ҳазор доллар

Аммо саволи матраҳ ин аст, ки дар Тоҷикистон чунин тиҷорат вуҷуд дорад ё на? Тавре аз қонунгузорӣ бармеояд, дар кишвари мо қонунҳо оид ба хундиҳӣ ва фурӯши одамон қабул шудааст, вале дар бораи фурӯш ё васияти узви инсон ҳанӯз қонуне ба тасвиб нарасидааст. Аммо моҳи майи соли 2010 нахустин Маркази илмии васлкунии узвҳо дар Душанбе кушода шуд, ки аз рӯи хабарҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ ягона аст.

Ба қавли вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов ҳама сола дар Тоҷикистон ҳудуди 100 нафар беморон ба ивазкунии гурда эҳтиёҷ пайдо мекунанд, лекин аз ин шумора танҳо 20 фисад имкони дар хориҷ рафта бо қимати аз 25 ҳазор то 60 ҳазор доллар иваз карданро доранд. Аммо дар маркази мазкур ба қавли вазири тандурустӣ бо арзиши 49 ҳазор сомонӣ ё ҳудуди 11 ҳазор доллар иваз кардани гурда имкон доштааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, барои Тоҷикистон низ қабули қонуне зарур аст, ки ба хотири кӯмак ба эҳтиёҷмандон равона шуда бошад ва дар ҳолати зарурӣ иваз кардани узви инсонро имконпазир мегардонад. Вазири тандурустӣ дар як сӯҳбаташ изҳор дошт, ки барои рушди пайванди узвҳо дар Тоҷикистон давлат бояд ба қонунҳо тағйирот ворид кунад ва қонуне таҳия гардад, ки истифодаи узвҳои шахсони фавтидаро имконпазир гардонад. Зеро ин барои наҷот додани ҳаёти бисёр ниёзмандон кӯмак карда метавонад.

Гуфта мешавад, ки аллакай ҷарроҳии пайвандкунии гурда гузаронида шудааст, ки беморон хатарро паси сар кардаанд. Вале ҳамзамон тибқи иттилои расонаҳо боз аз се ҷарроҳии пайвандкунии гурда дар кишвар ду нафараш баъди аз беморхона ҷавоб шудан фавтидааст. Лекин духтурон гуфтаанд, ки сабаби фавти онҳо риоя накардани ҳолати санитарӣ-гигиенӣ будааст.

Назари Ислом ба фурӯши узвҳо

Дар бораи иваз кардани узви инсон дар холатҳои зарурӣ бори аввал дар миёни кишварҳое, ки бештари аҳолии он мусулмононанд, қонун қабул карда мешавад. Дар баъзе расонаҳои хабарӣ ин амали президенти Покистон, Осиф Алӣ Зардориро ба унвони "инқилоби хурде дар ҷаҳони ислом" арзёбӣ кардаанд. Ҳамзамон сари ин масъала баҳсҳоеро ҳам бо тобиши шаръӣ шурӯъ кардаанд, ки оё аз нигоҳи дини ислом чунин амали президенти Покистон дуруст буд ё на?

Дар нашрияи "Комсомольская правда"-и Русия муаллиф барои таҳлили масъала аз имом-хатиби масҷиди ҷомеи Маскав, Илдар Аляутдинов суол мекунад, ки оё ҷанбаи шаръии он ба назар гирифта шудааст ё не. Имом чунин посух додаст, ки дар амали мазкур, яъне иваз кардани узви инсон дар ҳолатҳои зарурӣ ягон меъёри шариати ислом вайрон нагаштааст.

Дар ҳамин ҳол оид ба ин мавзӯъ баъзе ҷомеашиносон ва рӯҳониёни Тоҷикистон низ андешаи худро доранд. Ба бовари ҷомеашиносон иваз кардани узви инсон дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистон вуҷуд дорад. Аммо дар ҳолати зурурӣ бар ивази маблағи муайяне кӯмак расонидан ба инсони эҳтиёҷманд ҳеч ҷинояте маҳсуб намеёбад.

Аммо ин ҷо гап дар бораи узви инсон меравад, ки ӯ бояд аз баҳраш гузарад ё лоақал аз ду узв якеро ба хотири ҳифзи ҷони инсони дигар қурбон кунад. Дар ин ҳол ба андешаи яке аз рӯҳониёни Тоҷикистон, домулло Нурмуҳаммад супоридани узв ва хун додан ба хотири зинда мондани касе ҷоиз аст, ба шарте, ки худи шахси супоранда имкони зинда мондан ва зиндагӣ карданро дошта бошад. Ин як кори хайрест, ки савоби бузург дорад мегӯяд ӯ. Вале дар мавриди фурӯхтани узв меъёри шариати исломиро чунин шарҳ медиҳад, ки шахси зинда танҳо дар ҳолати зарурӣ метавонад фурӯшад, дар ҳоле ки дигар роҳи зиндагӣ кардан вуҷуд надошта бошад. Вале узви инсонро пас аз маргаш ҷоиз аст, ройгон ё харида ба шахси эҳтиёҷманд диҳанд, дар ҳолате, ки худи майит дар зиндагӣ васият карда бошад.

Бозори пинҳонии "гурдафурӯшон" гарм мешавад?

Дар ин ҳол дар масъалаи хундиҳӣ ба андешаи баъзе ҳолдонҳо як омили тафовуткунандае миёни мардуми кишварҳои Шарқи мусулмонӣ ва давлатҳои Ғарб вуҷуд дорад. Масалан, дар бештари давлатҳои Аврупо мардум бар ивази маблағ хун медиҳанд. Лекин дар баъзе кишварҳои исломӣ ё аксарияташон мусалмон, мафкураи мардум чунин ақидаеро мепазирад, ки хундиҳӣ ба бародари мусалмон бояд ройгон сурат гирад. Ба гуфтаи соҳибназарон дар кишвари Афғонистон чунин ҳолатҳо зиёд ба чашм мерасад, ки одамон барои ройгон хун додан ба эҳтиёҷманде ҷангу талош мекунанд. Ҳамзамон ин гуна ҳолат дар Ҷумҳурии исломии Эрон низ вуҷуд дорад, ки мардум ҳар гоҳе ба бемористон рафта, ба хотири кӯмак ба эҳтиёҷмандон ройгон хун месупоранд. Домулло Нурмуҳаммад фурӯхтани хунро ҳам ҷоиз мешуморад, вале ройгон супориданро авлотар меҳисобад.

Дар Тоҷикистон аз 15-уми июли соли 2004 қонун "Дар бораи мубориза ба муқобили фурӯши инсон" қабул шуд, ки асоси мӯътамаде дар мубориза ба муқобили фурӯш ва қочоқи инсон дар ҷумҳурӣ мебошад. Ғайр аз ин дар кодекси ҷиноии ҶТ соли 1998 барои фаъолиятҳои водор кардан барои берун овардани узвҳои бадан (моддаи 122), фиребдиҳӣ барои истисмор (моддаи 132), фурӯши ноболиғон (моддаи 1671), гарвгонгирӣ (моддаи 181), зархариди одам (моддаи 140) ҷазои ҷиноӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин аз 1-уми августи соли 2003 ба қонуни ҷиноии ҶТ моддаи иловагии 1301 илова шудааст, ки мутобиқи он барои хариду фурӯши инсон ҷазои ҷиноӣ муқаррар карда шудааст. Аммо ҳанӯз қонуне, ки дар ҳолатҳои зурурӣ ба ниёзмандон тариқи ройгон додан ё бо нархи муайяне фурӯхтани аъзоро дуруст шуморад, қабул нашудааст. Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки мо имрӯз ба чунин қонун ниёз надорем?

Исфандиёри Халилӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)