Бахшҳо
29 мар 2012 06:18Гузориш

Ҳазорҳо чорво дар Кӯлоб қурбони сармои шадид ва барфрезии зиёд шуд

Дар вазъияти имсола касе парвои одамону чорво надорад. Ҳокимони давр бошанд, ҳатто барои ошноӣ бо вазъият ва дилбардории раият назди аҳолӣ намераванд. Дигар барф медонаду одаму чорвову хасу хошок.

Дар ҳалқаи «зиндони барфин»

Бино ба иттилои Раҷабалӣ Қулабеков, сарагрономи идораи кишоварзии минтақаи Кӯлоб тайи 1 моҳи охир дар ҳудуди минтақа зиёда аз ҳазор сар чорвои мардум бо ҷурми нарасидани хӯрокворӣ ҳалок гаштаанд.

Қулабеков мегӯяд, ҳарчанд шурӯъ аз соли гузашта мутахассисон таъкид мекарданд, ки зимистон сарду хунук меояду чорвопарваронро зарур аст хасу хошок ва дигар намуди хӯроки чорво захира намоянд, вале мутаасифона мардум ба он чандон аҳамият надод.

Гуфта мешавад, талафоти чорво ба хусус дар навоҳии кӯҳистон, Балҷувону Ховалинг, Муъминободу Шурообод зиёд ба қайд гирифта шудааст. Ҳамасола дар ин навоҳӣ ҳатто дар зимистон ҳам сокинон чорвои худро дар дашту кӯҳҳо мечарониданд. Аммо имсол до далели бориши зиёди барф, ки дар бархе минтақаҳо баландии он то 3 метр мерасад, ин кор имконнопазир шуд. Захираи хошок бошад, кайҳо ба анҷом расидаву гузашта аз ин, бо иллати поку тоза нагаштани барфу ях дар роҳҳои нақлиётгард, рустоиҳо дар «зиндони барфин» қарор гирифтаанд ва чораи баромадану харидории хасу хошок ва кунҷораву дигар хӯрокаи молро надоранд. Одамон ягона роҳи наҷоти чорвояшонро дар бо азоби алим аз барф тоза кардани талу теппаҳо ва даравидани алафи хушкшуда  мебинанд.

Пирони кӯҳистонӣ мегӯянд, сардии зимистони имсола собиқа надорад. Буданд ҳолатҳое дар замони Шӯравӣ, ки миёнаи баҳор ва ҳатто дар тобистон низ барф боридааст. Аммо чорводорон азоби бехошокӣ намекашиданд. Зеро, агарчӣ хӯрокаи чорво басанда намебуд, ҳукуматдорон бо ҳар роҳу восита ба чорвопарварон кумак менамуданд ва хӯроквории чорворо таъмин мекарданд. Вале дар вазъияти имсола касе парвои одамону чорво надорад. Ҳокимони давр бошанд, ҳатто барои ошноӣ бо вазъият ва дилбардории раият назди аҳолӣ намераванд. Дигар барф медонаду одаму чорвову хасу хошок. Ягон намуди кӯмаку мадад то ба имрӯз аз ҷониби вазорати кишоварзӣ, ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ барои баромадан аз вазъият ба чорвопарварони минтақаи Кӯлоб нарасидааст. Ҳазорон сар гову моли мардум талаф шуда ва ин раванд идома дорад. Бояд гуфт, ҳамин мушкил дар ҳамаи ҷумҳурӣ, ҳам минтақаи Қурғонтеппаву ҳам Рашт, Бадахшону ҳам Суғд дар мушоҳида аст. Масъулин фармӯш кардаанд, ё шояд намедонанд, ки талафоти  чорво дар зимистон, дар оянда ба  вазъияти соҳаи хӯрокворӣ дар ҳамаи ҷумҳурӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Нархи 1 кило гушт 10-сомонӣ

Дар ҳоли ҳозир, дар рустову қишлоқҷойҳо 1 кило гушт то ба 10 сомонӣ ва ҳатто 5 сомонӣ расидааст, вале онро ҳам харидор нест. Зеро агар аз як тараф гушти гову моли ҳалокшуда лоғару шиллиқ бошад, сабаби дигари ба савдо нарафтани гушт дар он аст, ки тақрибан дар ҳар як хонаводаи рустоӣ аз ҳамин мол даҳҳо сар фавтидааст. Рустоиҳои дурдасти кӯҳистон бо ҷурми баста шудани роҳи нақлиётгард аз барфу ях наметавонанд гушт ва ё молашонро ба минтақаи поиндашт фароварда ба савдо зананд, ҳарчанд, ки дар тагдашт ҳам эҳтиёҷ ба он надоранд. Зеро ин ҷо низ, бо ҷурми нарасидани ему хошок чорвоҳо мефавтанд. Ҳатто дар корхонаи ҳасиббарорӣ низ дигар гушт намехаранд. Кормандони ин муассисот гуфтаанд, ки ҳамарӯза гушти 3-4 сар гови лоғари ҳалокшударо ин ҷо меоранд, аммо чун қудрати истеҳсоли зиёди ҳасибро надоранд, наметавонанд ҳамаи он гуштро харидорӣ кунанд.

 

1 кило гушт шояд то 50-сомонӣ бирасад

Гуфта мешавад, дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ, вилоятҳо, вазоратхонаҳову ҳукумати марказӣ ягон масъуле шумораи дақиқи молу чорвои дар зимистон талафшударо гуфта наметавонад. Зеро бо боварӣ мегӯем, ки ин гуна масъулиятро ҳеҷ нафаре ӯҳда накардааст ва нахоҳад кард. Дар ҳукуматҳои маҳаллӣ ба саволи «барои пешгирӣ аз талафоти чорво чӣ чора андешидан доред», ҳамагӣ тақрибан як посух доштанд, «чорвои давлатӣ нест, ки ҳукумат чораандешӣ кунад. Молу гов карданд, худашон сарфарои кор раванд. Аз дасти мо ҳеҷ чиз намеояд».

Имрӯз, ки гӯнаҳкорони вазъяити рухдода зиёданд, вале ба гумон, касе гунаҳкор нест. Фавту муриши молу чорвои аҳоливу хоҷагиҳо ҳарчанд барои масъулин бефарқ аст, аммо тавре гуфтем, он дар оянда мушкилоти зиёде ба думбол меорад. Авлиё ва ё фолбин будан шарт нест, агар пешгӯӣ кунем, ки тобистони ҳамин сол қиммати гушт дар бозорхо то ба 40 сомониву аз он ҳам баланд меравад. Ва агар мехоҳем ё не он бевосита ба нархи дигар маҳсулоти ғизоӣ таъсир хоҳад расонид.

Аслиддин Достиев

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)