Бахшҳо
03 апр 2012 05:26Гузориш / Иҷтимоӣ

Манаси қирғиз: «Дар Ҷергетал ҳаят тамам шидагияй»

Имрӯзҳо як таомули «номаълум»-е ҷомеъаи моро фаро гирифтааст. Агар ҳамсояи дар ба деворамон азо дошта бошаду хун гиряд ҳам, мо тӯю маърака меороем, хурсандӣ мекунем ва аз ҳоли он бечора парвое надорем…

 


Тоҷикистони азизи мо як кишвари кӯчак асту ҳамагӣ 7-у ним миллион аҳолӣ дорад. Ин шумори одамонро роҳат метавон аз тариқи ба кор андохтани корхонаҳои хурду миёна ва дуруст роҳандозӣ кардани бахши ҷаҳонгардӣ соҳиби ҷои кори доимӣ ва як луқма нон кард, аммо…


Намедонам, ки ба мо чӣ шуда? Ба ҷои он ки сарҷамъ шавему баҳри рушду такомули кишвар, ободии диёр ва шукуфоии он ҷадал кунем, таъриф мекунему мегардем, ки чӣ қадар раққосаву ҳофиз ва таронасарову маддоҳ дорем. Лоф мезанем, ки ч..-и чанд ятимро буридему ҷашн барпо кардем, маърака оростем, боғи тафреҳ мекушоему валвала меандозем. Аммо, дар ҳоли ҳозир дар кадом ноҳияи кӯҳистон як корхонаи саноатӣ сохтем, ки аққалан дандонҳилол (дандонкобак) тавлид мекунад? Не! Насохтем ва сохтанӣ ҳам нестем.


Ҳамин соату лаҳзаи дигар дар манотиқи дурдасти кӯҳистони кишвар тарма мефарояд, селхезӣ ба вуқӯъ мепайвандад, роҳ баста мешавад, аммо мо ҳамоно суруд мехонем, таронаи баҳору замзамаи беҳуда мекунем.


Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки зимистони имсола дар кӯҳистони кишвар сарду сербориш омад, роҳҳо масдуд ва зиндагии сокинони он манотиқ боз ҳам мушкилтару сангин шуд. Хӯроки чорво ба итмом расид, захираи зимистонаи ғизои хонаводагӣ ҳам. Ба болои ин, ҳар рӯз хатаре ба мардуми кӯҳистон таҳдид кардан дорад: Аз селу тармаи ногаҳонӣ то лағжиши кӯҳу хоку санг. Биноҳои зиёди истиқоматӣ хароб, муассисаҳои ҷамъиятиву давлатӣ валангор ва роҳҳо тахриб гардидаанд, аммо мо боз ҳам бепарвоем.


Дур намеравем, як худи таҷлили Наврӯз дар навоҳии дурдасти кишвар саҳнаеро ба пеши назари одам ҷилвагар мекунад, ки тасвираш ғайриимкон аст. Албатта, мо зидди ҷашнгирии ин ид нестем ва ба мақоми байнулмилаливу миллии он арҷ мегузорем, аммо ҳамин «худнамоишдиҳӣ»-и беҳуда ба кӣ зарур аст? Таҷлилу идкунии мо ба ҳадди ифрот расида, ғаши одамонро меорад. Ба ёдам «роҳпаймоиҳо»-и таблиғӣ, ки ба хотири харидории саҳмияҳои Роғун доир мешуданд, омад. Хуб шӯру валвала кардем, аммо баъдтар вазъро санҷида, таҳлил карда, ба қавле аз осмон ба замин «фаромадем». Беҳтар ин аст, ки дар ҳоли ҳозир ба харҷу хароҷоти зиёдатии иду маросимҳо роҳ надиҳем, то дар оянда пушаймон нашавем. Аққалан аз ҳамсояҳо ибрат бигирем…


Тафовут аз замин то осмон


Ноҳияи Олойи ҷумҳурии Қирғизистон бо Ҷиргатоли мо ҳамсарҳад аст. Муҳити табиӣ ва обу ҳавои ин ду водӣ аз ҳамдигар қариб, ки тафовут надоранд. Имрӯз ба хотири барфу сардиҳо ва боришоти зиёд дар ноҳияи Олой, мақомоти он кишвари ҳамҷавор истифодаи қувваи барқро барои сокинонаш ройгон кардааст, ба заМанаси қирғиз:  «Дар Ҷергетал ҳаят тамам шидагияй»мми ин ба ҳар як хонавода (оила) як халта орд, 5 литр равған, маводи хӯрокворӣ кӯмак расонидаанд.


Дар Ҷиргатол бошад, кӯмаки моддӣ он тараф истад, моҳҳои дароз аст, ки сокинон рӯи равшании барқро надидаанд, магар дар хоб. Ба болои ин ҳама  халқро маҷбур мекунанд, ки ҳар як деҳа ва ҳатто ҳар як маҳаллу кӯча дар алохидагӣ Наврӯзро ҷашн гиранд, дар ҳоле ки Наврӯз бо навбаҳорон  хуш аст, на миёни тӯдаи барфу тармаҳо ва торикии саросарӣ.


Чанд рӯз қабл, Манас гуфтанӣ як дӯстамро дар пойтахт вохӯрдам. Аз ӯ дар бораи зодгоҳу аҳли байтам пурсон шудам. Ошнои қирғизам ба як лабханди ноумедкунанда ва ғамгинӣ: «Дар Ҷергетал ҳаят тамам шидагияй» ҷавоб дод.


Аз посухи ӯ сахт мутаасир шудам, наход ҳаёт дар зодгоҳи ман тамом шуда бошад, наход мардум ин қадар ноумеду рӯҳафтода гарданд?


 


Шӯҳратуллои Фахриддин

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)