Бахшҳо
14 апр 2012 03:26Гузориш

Абдунабӣ Сатторзода: Гумкардаҳои маънавии миллатро шахсиятҳои алоҳида ҷустуҷӯ мекунанд

111 шумораи электронии рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» ба хазинаи китобхонаи миллии Тоҷикистон ворид карда шуд.

Ин нуқтаро Носирҷон Салимов, директори китобхонаи миллӣ зимни муаррифии рунамои чанд китоби осори бузургон иброз дошт.

Дастрас намудани 111 нусхаи электронии аввалин рӯзномаи тоҷикиро  номбурда нахустин дастоварди китобхонаи миллӣ унвон кард: «Нусхаҳои ин рӯзнома дар бойгониҳои кишварҳои дигар мавҷуд буд ва муҳаққиқони мо маҷбур буданд, ки дар сурати зарурӣ барои истифода намудан ба он давлатҳо сафар кунанд».

Гуфтанист, 72 нусхаи «Бухорои шариф»-ро аз Пажӯҳишгоҳи шаҳри Амстердами Ҳоланд ба китобхонаи миллӣ овардаанд. Ин кор бо мусоидат ва муроҷиати Қироншоҳ Шарифзода, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик ва тавассути Вазорати умури хориҷии кишвар имконпазир шудааст. 30 нусхаи дигари аввалин ҷаридаи сирф тоҷикӣ бошад, бо талоши муҳаққиқ Абдулхолиқи Набавӣ аз китобхонаи миллии Ӯзбакистон ва Осирхонаи шаҳри Бухоро ворид кардаанд.

Нӯъмонҷон Ғафоров, номзади илми таърих, докторанти факултаи филалогияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нашри «Бухорои шариф»-ро дар таъриху тамаддуни тоҷикон ҳодисаи басо муҳим ва падидаи бузург номида гуфт, ки он дар таърихи халқи тоҷик саҳифаи бузурги фарҳангиро боз кард. «Мутаасифона нусхаҳои рӯзномаи «Бухорои шариф» то имрӯз дар ниҳодҳои илмии Тоҷикистон мавҷуд набуд. Онҳо дар марказҳои фарҳангиву илмии ҷаҳонӣ маҳфуз буданд. Феълан ҳам дар аксар китобхонаҳои кишварҳои минтақа, ба вижа ҷамоҳири мусулмоннишин нигоҳдорӣ мешаванд»,-афзуд ҷаноби Ғаффоров.

Профессор Абдунабӣ Сатторзода, сардори раёсати хориҷии маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон аз он изҳори тааҷуб кард, ки нусхаҳои нахустини рӯзномаи тоҷикӣ аз бойгониҳои минтақа дида дар кишварҳои дур маҳфуз будааст. «Имрӯз ба ҷустуҷӯи гумкардаҳои маънавии милати тоҷик шахсиятҳои алоҳида сару кор гирифтаанд, ки барҳақ онҳо фидоии фарҳангу миллати тоҷик ҳастанд. Беҳтар мебуд, ки дигар ниҳодҳои давлатӣ ҳам барои ба китобхонаи миллӣ овардани нодиртарин эҷоди гузаштагонамон, ки дар хориҷа нигаҳдорӣ мешаванд саъю талош намоянд»,-хулоса кард вай.

Ёдрас мешавем, дар чорабинии имрӯз ба ҷуз нусхаҳои электронии аввалин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» ҳамчунин чанд китоби дигар, аз қабили «Наврӯз падидаи фарҳанги ҷаҳонӣ», «Китобномаи Наврӯз», «Сабкшиносӣ»-и Маликушшуаро Баҳор, «Таърихи Бухоро»-и Абубакр Муҳаммад ибни Ҷаъфари Наршахӣ муаррифӣ шуд.

Ибодуллоҳи Тоир

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)