Бахшҳо
30 апр 2012 10:03Гузориш

Тураҷонзода: Ислом ба ҳизб ниёз надорад, аммо мусулмонҳо ниёз доранд

Таҷрибаҳо исбот кардаанд, ки фаъолият дар доираи ҳизбҳои сиёсии исломӣ, ҳамеша хатарҳои зиёдеро дар бар дорад. Аз ин ру дар ҳизбҳои исломие, ки дар кишварҳои дунявӣ фаъолият мекунанд афроди манфиатҷу, мансабхоҳ дар он ҳаргиз шомил намешаванд.

Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон.

Дар ҳафтаномаи “Фараж” аз 25 уми апрели 2012 мақолаеро бо номи “Тураҷонзода: Ислом ба ҳизб ниёз надорад” хонда дар тааҷҷуб мондам. Худоё!. Рузҳои охир чизе нанавишта будам... Зери  мақола назар кардам, ки муаллифи он Салим Содирзода будааст. Аз дустони зиёди рузноманигорам пурсидам, касе Салим Содирзодаро нашинохт. Аз мазмуни мақолааш пай бурдам, ки муаллиф  шояд аз кормандони давлатӣ ё аз пайравони равияи салафӣ ё ҳарду?. Одатан дар солҳои охир дар рузномаҳои давлатӣ бо номҳои мустаор худи бандаро таҳқиру тавҳин мекунанд, ин маротиба бошад аз номи ман бар зидди ҳизби Наҳзат истифода бурданд. Оре, ҷумлаи “ислом ба ҳизб ниёз надорад” сухани ман дар яке аз хутбаҳои ҷумъаи солҳои 90-91 аст,  вале мутаассифона муаллиф сухани бандаро то ахир иқтибос наоварда фақат қисмати аввали онро, ки ба манфиати сиёсати имрузаашон аст, иқтибос овардаасту халос. Асли сухани ман чунин буд ва имруз ҳам дар ҳамин қаноат ҳастам. Бале Ислом ба ҳизб ниёз надорад. Зеро соҳиби у Худои Қодиру Яктост ва Он зоти Бениёз аст.  Аммо мо мусалмонон ба ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ эҳтиёҷ ва ниёз дорем, то ки аз ҳуқуқҳои сиёсӣ ва диниямон аз тариқи ин танзимҳои сиёсӣ дифоъ ва ҳимоя намоем. Зеро дар низоми сиёсии муосири дунё фақат аз тариқи ҳизбҳои сиёсӣ мешавад вориди парлумон шуд ва фақат аз ҳамин тариқ аз манофеъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва динии мусулмонон ҳимоя кард.

Таҷрибаҳо исбот кардаанд, ки фаъолият дар доираи ҳизбҳои сиёсии исломӣ, ҳамеша хатарҳои зиёдеро  дар бар дорад. Аз ин ру дар ҳизбҳои исломие, ки дар кишварҳои дунявӣ фаъолият мекунанд афроди манфиатҷу, мансабхоҳ дар он ҳаргиз шомил намешаванд. Зеро аъзои ин ҳизбҳо одатан   зери фишор ва таъқиби пайвастаи ҳукуматдорон қарор доранд. Бисёре аз роҳбарон ва аъзоёни ин ҳизбҳо бо туҳматҳои гуногун солҳои дарозро дар зиндонҳо мегузаронанд, ё аз минбарҳои масҷидҳо ва кафедраҳои донишгоҳҳо маҳрум мегарданд. Агар соҳибкорони муваффақ бошанд, ба тиҷораташон мамониатҳо эҷод мекунанд. Шоҳиди ин қавли ман таърихи зиндагии шахсиятҳои исломие, ки дар Миср, Либия, Тунис, Урдун, Ироқ, Сурия ва ҳатто дар кишварҳои Осиёи марказии худамон мебошанд.

Аз ин ру фақат шахсиятҳое, ки имони устувор ва эътиқоди қавӣ ба Худову Расулу рузи қиёмат доранд ва масъулияти даъвати исломиро он тарзе, ки Худо аз онҳо мехоҳад адо менамоянд, ба ин ҳизбҳо бо вуҷуди таҳдиду фишорҳо довталабона аъзо мешаванд. Дар воқеъ шахсиятҳое, ки ҳизбу ҳаракатҳои исломиро роҳбарӣ мекунанд, шахсиятҳои муваффақ, боилму боистеъдод ва ташкилотчиёни беназир ҳастанд. Агар мақсади онҳо манфиатҳои шахсияшон мешуд, на ба ҳизбҳои исломӣ, балки ба ҳизбҳои ҳокими кишварҳои худ шомил мешуданд, ё дар хидмати ҳокимони замонашон камар мебастанд ва аз ҳамин тариқ то вафоташон аз доираи ҳукуматдорон берун намешуданд. Вале чуноне, ки гуфтам ин мардум ормонҳо ва ҳадафҳои дигар доранд. Агар бо як ҷумла ормону ҳадафи онҳоро мухтасар кунем, он касби ризои Худо ва хидмат ба мардуми мусулмон аст.

Он чи, ки дар ин авохир маро ба ҳайрат гузоштааст, таҳти шубҳа қарор додани фаолияти ҳизби Наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон аст. Имрузҳо дастгоҳи таблиғотии кишварамон барои бадном кардани ин ҳизб, тамоми мақомоти давлатӣ, матбуот, ҳамчунин тамоми имомхатибҳои масоҷид ва Шурои уламоро вазифадор намудаанд. Ҳол он, ки масъалаи фаъолияти ҳизби Наҳзати исломӣ яке аз шартҳои мусолиҳаи миллӣ буд ва аз ҳама муҳим он аз тариқи раъйпурсии умумӣ бо розигии тамоми мардуми кишвар бо даровардани тағйирот дар Коститутсияи кишвар ҳалли худро ёфта буд. Ман намедонам, шояд ҳукуматдорони мо дар солҳои ахир аз мусолиҳаи кардаашон бо мо пушаймон шуда бошанд, ки мехоҳанд онро тағйир диҳанд. Аслан агар ҳақиқатро гуям ба ҷуз аз фаъолияти ҳизби Наҳзати исломӣ аз бандҳои Созишномаи умумии сулҳ чизе боқӣ намондааст.

Эй кош масъулини ҳафтаномаи “Фараж”, ки ман хеле эҳтиромашон мекунам ба ҷои акси ман дар ин мақола акси соҳиби он ҷаноби Салим Содирзодаро мегузоштанд то, ки аз дидани ҷамолашон лаззат мебурдем... Аз сабаби он, ки ҷаноби муаллиф чанд ояро аз Қуръони азимушшаън аз сураи “Оли Имрон”, “Анъом” ва сураи “Рум” дар тақвияти гуфтаҳояш иқтибос овардааст, маҷбур шудам барои муайян намудани сабаби нузул ва маънои яке аз ин оёти илоҳӣ ба  тафсири “Сафватут-тафосир”, ки дар кишвари мо машҳур аст муроҷиат кунам. Дар тафсири ояти 159 и сураи “Анъом” омадааст: “Ибни Аббос (р.з) гуфтанд, ки ин оят дар шаъни яҳуду насрониҳо нозил шудааст, зеро онҳо дини Иброҳим (алайҳиссалом) ро тағйиру табдил дода буданд. Барои тулонӣ нашудани мақола мо тамоми оятҳои овардаи муаллифро шарҳ надодем. Муаллиф бо фаҳми нодурусти худ аз ин оятҳо дар мақолааш кўшидааст лозим набудани ҳизб дар ислом ва ҳатто зарар доштани онро  баён кунад. Аммо айнан ҳамин оятҳоро салафиҳо ҳамеша ҳамчун далел  бар зидди мавҷудияти мазҳабҳои фиқҳии исломӣ мисли ҳанафӣ, моликӣ, ҳанбалӣ, шофиъӣ истифода мебаранд, гуё мавҷудияти ин мазҳабҳо мусулмонҳоро аз якдигар ҷудо кард ва аз ин ру пайравони ин мазҳабҳоро афроди гумроҳ ва дуршуда аз таълимоти Қуръон ва суннати Паёмбар (с) меҳисобанд. Ба маънои зоҳирии ҳадиси “куллу бидъатин залолаҳ ва куллу залолатин финнор” амал карда, ҳамаи онҳоро гумроҳу дузахӣ меҳисобанд.

Муаллиф дар охири мақолааш навиштааст “агар воқеан мақсади мо таблиғи дин аст, дифоъ аз якпорчагии марзу буми кишвар, манофеъ ва ваҳдати мусулмонон аст, пас чаро ва бо кадом сабаб такя ба Шурои уламои кишвар ва раиси он накунем?”. Субҳоналлоҳ!!! Воқеан мисли тарошаи аз бом афтида. Ин ҷумлаи ахир ба гуфтаҳои боло чи рабте дошта бошад?...

Локин баъди таамули зиёд ба хулосае омадам, ки мақсади асосии муаллиф аз чопи ин мақола ҳамин ҷумлаи ахираш мебошад. Муаллиф аз ҳамаи мусулмонони Тоҷикистон даъват кардааст, ки  фақат дар атрофи раиси Шурои уламо ҷамъ шаванд ва эшонро ҳамчун  ҳомии дин, мудофеъи ҳуқуқҳои исломӣ ва ҳодии мусулмонон бипазиранд. Аммо ҷаноби  Содирзода фаромуш кардаанд, ки дар чанд соли ахир ягон маротиба Шурои уламо ва раисони он дар ягон масоил, ки барои мусулмонҳо сарнавиштсоз буд, аз ислому мусулмонон  дифоъ накардаанд. Ба ёд орем баста шудани даҳҳо масҷидҳои бо ном ғайриқонуниро, манъ кардани ҳиҷобпушии хоҳарони мусалмонро дар мактабҳо, донишгоҳҳо ва корхонаҳои давлатӣ, барчидани диску наворҳои мавъизаҳои исломӣ аз фурушгоҳҳо, манъи мавъизаҳои исломӣ дар маросимҳои мардум, манъи туйҳои исломӣ, манъ кардани занҳо аз ибодат дар масҷид, манъ кардани ҷавонони то 18 сола аз намози ҷамоат, манъ кардани таълими Қуръон дар хонаҳову ҳуҷраҳо (ҳоло он, ки барои  омухтани забонҳои хориҷӣ ё рақсу мусиқӣ ҳамчун дарсҳои иловагӣ дар хонаҳо бидуни иҷозатномаи махсус иҷозат медиҳанд), манъ кардани намозхонӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, идораҳои давлатӣ, бозору маҳалҳои тиҷоратӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҳатто чарогоҳу заминҳои кишоварзӣ ба истиснои масҷид, хона ва қабристон тибқи қонун дар бораи дин манъ аст. Оё ягон нафар аз аъзоёни Шурои уламо ва раиси он барои дифоъ аз ҳуқуқҳои мусулмонон дар вақти қабули маҳдудиятҳои зикршуда ягон бор садо баланд карданд?

Не!!!  Пас кадом ҳуқуқҳои мусулмононро ҳимоя мекунанд, то ки дар атрофи онҳо ҷамъ шавем. Боз ҳамин оилаи мо, баъзе аз роҳбарони  Наҳзат ва чанд нафар олими худотарсу ботақво дар суҳбатҳояшон бар хилофи ин маҳудидиятҳо сухан карданду халос, ки онҳоро низ билохира аз минбари масҷид бо ҳар баҳона маҳрумашон намуданд.
Ҳамчунин муаллиф дар охири мақолааш аз номи банда иқтибос овардааст: “бо назардошти ин асл, идораи Қозиёти ҷумҳурӣ кушиш ба харҷ додааст, ки ваҳдат ва якпорчагии мусалмононро таъмин кунад ва аз манофеъи сиёсиву иҷтимоӣ, динии онҳо дар ҷомеа ҳимоя кунад”. Воқеан мо дар замони масъулияти худ дар ин вазифа аз манофеъи мусулмонон дифоъ мекардем. Дар  чаҳор  соли фаъолияти худ қариб се ҳазор масҷиди панҷвақтаву ҷомеъ, Донишкадаи исломӣ ва даҳҳо мадрасаҳои исломӣ дар  минтақаҳои гуногуни кишвар таъсис дода шуд. Даҳҳо номгуи китобҳои исломӣ бо миқдори ниҳоят зиёд нашр шуд, ҳудуди дусад ҳазор муҷаллад Қуръони Карим ба кишвар ворид карда шуда, дастраси мардум гардид. Дар замони масъулияти мо имомхатибони масҷид тибқи фиқҳи ҳанафӣ аз тарафи муассисони масҷид ё шахсе, ки масҷидро бино кардааст интихоб мешуд. Бингаред китоби “Маҳмудул фатово” ҷилди 4 саҳ.143, “Фатвои Тоторхония”, “Раддул муҳтор”ё “Хулосатул фатово”. Аммо имрузҳо тамоми имомхатибҳоро ҳукуматҳои маҳаллӣ ё раиси Шурои уламо ба кор таъин мекунанд ва ё аз кор сабукдуш мекунанд, ки ин кори онҳо ҳатто мухолифати ошкор бо қонунҳои имруза дорад.  

Ҳамчунин бо талабу дархости мо ҳануз дар замони побарҷо будани ҳукумати советӣ дар комбинатҳои гушти кишвар забҳи исломӣ ҷорӣ шуд. Ба хотири рузи истироҳат эълон кардани рузҳои иди рамазону қурбон ва аз андози замин озод кардани масҷидҳо мисле, ки  мактабҳо, театру кинотеатрҳо ва боғҳои истироҳатӣ озод ҳастанд, дар соли 1991 талоши  зиёде кардем. Вақте, ки се маротиба ин мавзуъро банда ба Шурои олӣ барои овозгирӣ пешниҳод намуд, аз тарафи вакилон дастгирӣ наёфт, бисёр нороҳат шудам, ки Худоё чаро қабул намекунанд?... Ба натиҷае расидам, ки шояд аксари вакилон дар зоҳир мусалмон ҳастанд ва илло ба кадом сабаб ин пешниҳодро, ки ба манфиати ҳамаи мусулмонони кишвар буд, қабул накарданд? Магар ин амали мунофиқона набуд? Баъди чунин муносибати беэҳтиромонаи вакилони Шурои олӣ нисбат ба муқаддасоти исломӣ ҳамон фатвои машҳури “дуруст набудани ҷанозаи  коммунист” содир шуда буд. Аммо дар асл ин фатвои идораи Қозиёт ва ё шахси банда набуд. Балки татбиқи ҳукми илоҳӣ аз ояи 84-и сураи муборакаи “Тавба” мебошад. Матни оят: “Ва ҳаргиз бар ҳеҷ яке аз онҳо, ки бимирад намоз (ҷаноза) магузор ва бар гури вай маист”. Саҳ.200,  Тарҷумаи Қуръони Карим, нашриёти “Ирфон”, Муҳаммадҷон Умаров.

Ин ҳарфҳоро на ба хотири худситоӣ, балки ҳамчун ҳақиқати таърихӣ барои насли имруза, ки мутаассифона ҳатто таърихи 20 солаи пешро намедонанд ва ё он дар ҳолати таҳрифшуда ба онҳо тақдим мегардад, овардам. Оё чунин иқдом ва пуштибонӣ аз аҳкоми илоҳӣ аз тарафи Шурои уламо ва раисони он дар 20 соли ахир дар давлате, ки ҳамаи роҳбаронашон аз худамон ҳастанд, содир шудааст?.. Касе ёд дорад?. Масалан ман ёд надорам. Хуб мешуд, ки ҷаноби муаллиф Содирзода дар ин мақолаи худ аз корномаҳои Шурои уламо ва раиси он дар мавриди пуштибонӣ аз масоили динӣ мисолҳое меовард. Билъакс бо сабаби  Шурои уламо даҳҳо ҳазор намозгузори масҷиди мо аз фазли намози ҷумъа маҳрум шуданд ва имруз аз тариқи суди шаҳри Ваҳдат Кумитаи дин мехоҳад масҷиди ҷомеъро ба таври доимӣ бибандад, ки ин дар таърих аввалин ҳодиса аст, ки хонаи Худоро суд мекунанд?!. Инчунин даҳҳо нафар уламои ботақвову баобру, хушсухан ва маҳбуби мусалмононро аз минбари даъвату иршод ва масоҷид ба хотири ҳақгуияшон ва пуштибонияшон аз мо барканор намуданд.
Аз ин ру ман наметавонам тақдири ҳуқуқҳои динии худро ба афроде бидиҳам, ки аслан дар фикри хидмат ба ислому мусулмонҳо нестанд.

Аз ин ру дар асри имруз мавҷудияти ҳизб ва созмонҳои исломӣ зарурияти шаръист. Ҳақ бар ҷониби аллома Юсуфи Қарзовӣ ва амсоли он бузургвор аст. Зеро воқеан ягон далели ошкоро дар шариати ислом бар зидди мавҷудияти ҳизбҳои исломӣ вуҷуд надорад. Фақат салафиҳо бар зидди мавҷудияти ҳизбҳои исломӣ ҳастанд, ҳамчуноне, ки бар зидди мазҳабҳои фиқҳии исломиянд, ки ин ҳақиқати онҳо бар аксарияти кулли мусулмонҳои ҷаҳон ошкор гашта аст. Имруз ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ дар тамоми кишварҳои мусулмоннишин аз солҳои 20 уми асри гузашта инҷониб фаъолият доранд, дар баъзе кишварҳо дар парлумонҳо роҳ ёфта ё аксариятро ташкил медиҳанд ва идораи кишварро хуб ҳам ба роҳ монда ба муваффақиятҳои зиёди иқтисодию иҷтимоӣ даст ёфта, ҳатто дубора аз тариқи интихоботи шаффоф бо раъйи бештари мардум идораи кишварро ба даст гирифтанд. Мисли Туркия.

Дар охир он чизи дигаре, ки маро дар тааҷҷуб гузошт ин буд, ки чаро ин мақола бо акси ман чоп шудааст, на бо акси муаллиф Салим Собирзода? Аз ин ру аз фурсат истифода бурда аз ҳамаи муҳаррирони ҳафтаномаҳо ва рузномаҳо хоҳиш мекунам, ки акси ман ва бародарони инҷонибро фақат дар мақолаҳо ва мусоҳибаҳои худи мо ҷой диҳед. Дар дигар ҳолатҳо хоҳиш мекунем аксҳои моро чоп накунед.

Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)