Бахшҳо
03 май 2012 05:27Фарҳангу адаб

Толибҷон Қурбонхонов «фанат»-и Владимир Путин

Таронаҳо дар мавриди Путин аслан кам нест, аммо сурудҳое ба монанди «ВВП» ва «Шукр худойро барои Владимир» аз чанд ҷиҳат «беназиранд». Владимир Слепак, овозхони рус ҳам дар бораи Путин мехонад, аммо ӯро «фиристодаи Худо», «дар вуҷудаш нури худовандӣ» ва «варзишгари беҳтарин» намегӯяд.

Суруди тозаи Толибҷон Қурбонхонов, таҳти унвони «Шукр худойро барои Владимир» чор рӯз аст, ки дар интернет сайр дорад. Толибҷон Қурбонхонов суруди «Шукр худойро барои Владимир»-ро ҳам бо русӣ иҷро кардааст, аммо ба фарқ аз таронаи аввали ӯ, ки «ВВП» ном дошт, ин навбат ба назар мерасад, бештар ихлосу алоқаи шахсии худро ба президенти тозаинтихоби Русия изҳор доштааст. Ин тарона шоми рӯзи душанбе, якуми май дар шабакаи Youtube пайдо шуд ва то замони таҳияи ин матлаб теъдоди бинандагонаш ба 10791 мерасид. Аммо танҳо 51 нафар зери навори мазкур тугмаи «лайк» ё мақбулро пахш карда, 97 шарҳ низ навиштаанд. Мазмуни шарҳҳо мухталиф аст ва агар гурӯҳе дар чӣ мавзӯъ хондани сарояндаро ҳақи ҳалоли вай тарҷеҳ кардаанд, пас қисме ҳам дашному ҳақоратҳои болохонадорро дареғ надоштаанд. Ба назари ин шарҳнависон Толибҷон шаъни тоҷиконро паст задаст. Аммо навиштаҳое низ ҳаст, ки ин суруд танҳо марбути як нафар аст ва ба ҷамъи тоҷикон иртиботе надорад.
Нафаре ҳам навишта, ки суруд бо лаҳҷа ё аксенти дилбеҳузуркунандае иҷро шудааст. Ин нафар суол ҳам гузошта, ки наход муаллифон ягон осиёии донандаи хуби  забони русиро пайдо накарда бошанд. Воқеан, дар мавриди таронаи «ВВП» низ ба ҳамин нукта зиёд ишора рафта буд. Мунақидони рус мегуфтанд, он лаҳҷаи бисёр дағали осиёимиёнагӣ дорад.

Номи Толибҷон Қурбонов аввалин маротиба оғози моҳи феврали соли равон расонаӣ гардид. Замоне, ки маъракаи таблиғи номзадҳо ба курсии президентӣ дар Русия ҷараён дошт, шабакаи телевизионии Piter.TV дар торнамои худ видеои як таронаро нашр кард, ки аз Владимир Путин ситоиши зиёд мешуд. Таронаи «ВВП» баҳсу сару садоҳои зиёдеро ба дунбол дошт. То имрӯз ВВП-ро 12 723 32 нафар тамошо карда, 5858 шарҳ зери он навишта шудааст. Баъди нашри ВВП дар интернет ҷомеаи Тоҷикистон низ ба он бетафовут набуд. Қабл аз ҳама расонаҳои мустақил ба ин мавзӯъ доман заданд ва ҳафтаномаи «Фараж» яке аз онҳо буд.

Хуршеди Атовулло, сардабири нашрия ва муаллифи матлабе бо номи «Хушомади тоҷикӣ» бар ин назар аст, ки аз нигоҳи аввал ин ду суруд аз таронаҳое, ки ҳамарӯза шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон пахш мекунанд, фарқияте надорад. Яъне, як таронаи моломоли тамалуқу хушомад ба роҳбари Русия. Аммо дар таърихи фаъолияти сиёсии Путин бори аввал аст, ки як нафар ӯро «фиристодаи Худо» ва ба сатҳи паёмбар баробар мекунад.

Замоне, ки авҷи баҳсҳо сари таронаи «ВВП» поён нашуда буд, дар интернет навори дигаре бо ҳузури Толибҷон пайдо шуд. Дар ин видео ӯ дар фурудгоҳи Душанбе қарор дошт ва хитобан ба онҳое, ки «ВВП»-ро дидаанд чунин мегуфт: «Ташаккур аз ҳамаи онҳое, ки маро дар Интернет тамошо карданд. Мехоҳам ба онҳое сипос бигӯям, ки барои ман нома фиристоданд. Аз нигоҳи ҷисмонӣ имкони посух гуфтан ба ҳамаи саволҳоро надорам. Аммо бояд гӯям, ки таронаи "ВВП" дар шакли наве тақдими Шумо хоҳад шуд».
Толибҷон баъдан дар шабакаи телевизионии «РЕН»-и Русия гуфт, ки ояндаи наздик таронаи «ВВП» бо зерматнҳои олмониву фаронсавӣ, чиниву арабӣ ҳам пайдо мешавад.

Таронаҳо дар мавриди Путин аслан кам нест, аммо сурудҳое ба монанди «ВВП» ва «Шукр худойро барои Владимир» аз чанд ҷиҳат «беназиранд». Владимир Слепак, овозхони рус ҳам барои Путин мехонад, аммо ӯро «фиристодаи Худо», «дар вуҷудаш нури худовандӣ» ва «варзишгари беҳтарин» намегӯяд. Гузашта аз ин дар бештари таронаҳо Путин на мадҳу ситоиш, балки танқид мешавад. Теъдоди чунин сурудҳоро дар интернет намешавад бо ангушт шумурд. Аммо маъруфтарини онҳоро, ки ҳафтае қабл аз таронаи ВВП расонаӣ шуд, десантҳо иҷро кардаанд ва «Ҳеч кас ба ҷуз мо» ном дорад. Михаил Виститский, собиқ десантчӣ ва муаллифи таронаи мазкур гуфтааст, матни онро давоми як соат навиштаанд. Номбурда сабаби эҷоди ин таронаро чунин шарҳ медиҳад:«Мо ҳам мисли тамоми мардуми дигар ҳастем. Намехоҳем, дар кишваре, ки саропо дуздиву ғоратгарӣ ва лофу дурӯғ аст, ба сар барем. Вақте одам (Путин дар назар аст-муалолиф) дар соли 2000-ум ваъдаи бисёре медиҳад, аммо вазъ бадтар мешавад, мо ӯро дурӯғгӯ меномем».

«ВВП» таҳқир ё ҷонибдорӣ аз Путин?
Андешаҳое мавҷуд аст, ки сурудҳои Толибҷон Қурбонхонов ба хотири таҳқири Путин иҷро шудаанд. Аммо Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи «Фараж», ки ин мавзӯъро дунбол кардааст, ба ин андеша розӣ нест. Ба қавли вай агар зидди Путин истифода мекарданд, аввалан ин суруд аз забони тоҷик садо намедод. Ба он хотир, ки симои тоҷик дар Русия як мафҳуми таҳқиршуда аст ва инро бояд ягон миллатгарои рус месароид. «Ман бовар надорам, ки инро гӯё махсус мухолифони Путин ташкил карда бошанд. Он мардуме, ки ба Путин ҳамчун роҳбаре нигоҳ мекунанд, ки мамлакатро аз бунбаст баровард, ба ин суруд самимона назар мекунанд».

Аммо баъзе ҷонибдорони Путин таронаи «ВВП»-ро таҳқири сарвазири Русия медонистанд. Дар авҷи «шӯҳрат»-и таронаи мазкур «Озодӣ» хабаре навишт, ки тибқи он Андрей Воронин, сокини шаҳри Маскав ва яке аз ҷонибдорони Владимир Путин ба Кумитаи марказии интихоботи он кишвар аз болои Толибҷон Қурбонхонов шикоят бурдааст. Воронин иддао дошт, ки шаҳрванди Тоҷикистон бо иҷрои таронаи «ВВП» нуфузу обрӯи Владимир Путинро поин бурдааст.
Вай дар номаи шикоятии хеш ба Кумитаи марказии интихоботи Русия навишта, буд, ки: «ҷаноби Қурбонхонов бо часпонидани ибораҳои «фиристодаи Худо», «фарзанди халқ», «варзишгари беҳтарин» ба номи Путин, ӯро рӯйирост таҳқир намудааст».
Андрей Воронин пешниҳод карда буд, то паҳншавии навори таронаи «ВВП» мамнӯъ гардида, сароянда ва таҳиягари он ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Дар Тоҷикистон таронаҳои мадҳу ситоиши роҳбари давлат дигар қариб мавзӯи баҳс нест ва онро ҳама як чизи маъмулӣ қабул кардаанд. Радио ва ТВ-ҳои давлатӣ, маъракаҳои ҷашнии Тоҷикистон моломоли сурудҳоест, ки аз корнамоиҳои сарвари давлат ситоиш мекунад ва ӯро беҳтарину ҳатто «имони миллат» ном мебаранд (таронаи Афзалшоҳ Шодиев). Иҷрои таронаҳои мадҳу ситоиши Эмомалӣ Раҳмон ва ё сурудҳои миллатпарастӣ, ки бо аксу наворҳои зиёди президент клип шудааст, роҳи вуруди овозхонҳо ба шабакаҳои телевизионӣ ва ҷашну маъракаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ дониста мешавад. Табиист, ки хонандаҳо ҳам барои матни мувофиқ дари шоирони таронанависро мекубанд. Абдулвоҳиди Зевар, шоири тоҷик, ки бар пояи оҳанг матн менависад, гуфт, агар аз ӯ дархост шавад, ки дар ситоиши райисҷумҳур шеър бинависад, ин корро ҳатман анҷом хоҳад дод: «Агар хоҳиш кунанд, одами меарзидагӣ ва сарояндаи аз уҳдааш мебаромадагӣ бошад, барои раиси ҷумҳур кӯшиш мекунем, ки нависем. Вақте фароишӣ матн менависед, ин мадҳиянома намешавад, ин суруди фармоишӣ мешавад».

Зимнан як овозхони ҷавоне, ки ба тозагӣ вориди шоу бизнес шудааст, мегӯяд, агар зарурат пеш ояд, ҳатман дар васфи президент таронаҳо иҷро мекунад. Ба шарте роҳи дигари роҳ ёфтан ба шабакаҳои давлатии телевизион вуҷуд надошта бошад.
Саидҷаъфар Ашуров, шореҳи мусиқӣ бошад, иддао дорад, овозхонҳое, ки танҳо барои дар телевизион ва радио пахш шудани сурудҳояшон таронаҳои мадҳӣ мехонанд, муваффақ нахоҳанд шуд. Ба қавли вай ҳунарманди асил бидуни иҷрои сурудҳои ситоишӣ ҳам метавонад сурудҳои худро аз тариқи ТВ ва радио муаррифӣ созад: «Дар бисёри сурудҳо ҳаст, ки вақте сарвари давлат ё васфи симои аввалро мекунанд ва ба ин васила мехоҳанд, ки зиёдтар маҳбубият пайдо кунанд, вале ман гумон мекунам ки ин чиз он қадар муҳимият надорад. Пеш аз ҳама кадом ҳунарманде, ки набошад бояд санъату ҳунарашро аввалиндараҷа гузорад. Агар истеъдоди хуб дошта бошад метавонад ба радиову телевизонҳои  давлатӣ ва ғайридавлати ба осонӣ роҳ ёбад».

Аммо яке аз мавзӯҳои аслии баҳс дар шоу бизнеси тоҷик ҳамеша ин буда, ки роҳи чанд сарояндаи муваффақи кишвар бо вуҷуди дар хориҷи Тоҷикистон маҳбубияти зиёд доштан, баста аст. Ҳатто аз «феҳрасти сиёҳ»-е дар Кумитаи ТВ ва радио ҳадс зада мешавад. Аз экранҳои шабакаи аввали ТВ Тоҷикистон ғайб задани Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Садриддини Наҷмиддин, Ҷонибек Муродов, Баҳроми Ғафурӣ ва чандеи дигар далели мавҷудияти ҳамин «рӯйхати сиёҳ» медонанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)