Бахшҳо
11 май 2012 06:30Гузориш

Бо осори қадимаи бозёфтшуда дар Кӯлоб муносибати хуб намекунанд

Ширин Абдураҳимов, як хонандаи синфи 9-и мактаби миёнаи №2-и шаҳри Кӯлоб ҳангоми бозӣ, тасодуфан осори қадимаи беш аз ҳазорсоларо ошкор намуд.

Ин осори қадимӣ дар қисмати ҷанубу шарқии шаҳр, дар маҳаллаи Борбад, наздик ба мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ёфт шудааст. Ширин Абдураҳимов мегӯяд, ҳангоми бозӣ дар ҷуқурии барои бунёди таҳкурсии хонаи баландошёна кандашуда, нохост назараш ба сурохиҳое меафтад, ки дар ҳамвории замин холӣ менамуд. Ӯ бо шариконаш атрофи яке аз сурохҳоро аз хок пок мекунад ва ногоҳ гардани хуми бузурге пайдо мешавад. Аз сурохии дуюм низ хумро пайдо мекунанд. Аз ин бозёфт ба ҳукумати шаҳр хабар додаанд. Кормандони осорхонаи марказии шаҳри Кӯлоб бо роҳбарии директори осорхона Ҳотамшоҳ Асозода рӯзи дигар ба мавзеи кашфиёт омаданд. Ба андешаи ҷаноби Асозода, ин хумҳо осори хеле қадимаи мардуми тоҷик буда, гумон меравад якчанд ҳазорсола умр доранд.
Даруни хумҳо ба андешаи директори осорхона, устухонҳои одам гуронида шудаанд, вале сангчаҳои сиёҳ номаълуманд. Баъди ташхиси мутахассисон шояд муайян гардад, ки онҳо чӣ гуна санганду ва чӣ аҳамияте доранд. Дар ҳамин ҳол, тибқи хабари манбаъ, ҳанӯз 4 сол муқаддам аз ҳамин мавзеъ як хуми дигар ошкор гашта буд, ки дар ҳоли ҳозир дар осорхонаи кишваркушоии шаҳр нигоҳ дошта мешавад.

Бо супориши директор, кормандони осорхона атрофи ду хумро аз хоку лой тоза кардаанд. Баъдан бо банд онҳоро баста ва бо трактори «Белорус» берун кашидаанд. Аҳмад Иброҳимов, як тан аз шоҳидони берункашии хумҳои қадима мегӯяд: «Ба масъулин муроҷиат карда гуфтам, ки бародарон, ин осори таърихӣ аст ва на камтар аз се ҳазор сол умр дорад. Таги хоку гил, бегумон фарсуда шудаанд ва шояд бо тарзи зуроварӣ онҳоро берун кашидан, захму осеб гиранд. Аммо, мутаасифона, кормандони осорхона, ки зери борони шадид даруни чукурии пур аз лой, бо дили нохоҳам машғули корҳои «таърихкушоӣ» буданд, ба маслиҳати ман бепарво монданд».
Воқеан, рӯзе, ки хумҳоро аз зери хок берун баровардан мехостанд, борони сел меборид. Мусаллам аст, ки дар ин гуна шароит коргарони сар то по таршуда хоҳиши кор кардан надоштанд ва агар чӣ ин бозёфт осори нодир ҳам буд, вале эшон умеди ҳар чӣ тезтар аз даруни лою об берун кашидани худро доштанд, чӣ расад ба он, ки экспонатҳо мешиканад ё не. Дар ин бора бояд масъулин фикр мекарданд ва озод намудани экспонатҳоро то қатъ гаштани борон ва рӯзи офтобӣ мавқуф мегузоштанд.

Аҳмад Иброҳимов мегӯяд, Ҳотамшоҳ Асозода ба муроҷиати ӯ бепарвоёна гуфт, ки «шумо аз ин тарзи кор бехабаред. Бубинед, ҳоло мо он чунон хумҳоро берун мекунем, ки осеб намебинанд. Аммо баробари бо эксковатор ба боло кашидан, ҳар ду хум ҳам осеби ҷиддӣ дида, чанд пораашон шикаст». Дар ҳоле, ки мумкин буд барои озодаву осеб нарасонидан ба суннатҳои гузаштагон, корҳои поккунӣ ва кашфиётиро бо истифода аз нақлиёти борбардор ва замони мувофиқ истифода бурд, масъулини осорхона саросемагӣ карданд. Осори кулобиёни қадим, ки ҳазорҳо сол зери хок бе газанд, то ба мо расида буд, аз беаҳамиятии меросхӯрони имрӯз шикаставу осебзада гашт. Ҳангоми кофту коб муайян гардид, ки дар ҳамин ҳудуд боз се хуми дигар низ хобида аст. Бошад, ки дар мавриди бадар кардани онҳо, масъулин корҳои поккуниро нозукона ба анҷом расондаву бе захм онҳоро берун оранд.

Арҷгузорӣ ба суннатҳои гузаштагон ва экспонатҳои таърихӣ ва онҳоро бе осебу зарар дар осорхонаҳо ҷойгир намудану мавриди тамошо қарор додан ифтихори имрӯзиён аст.
Ёдам меояд, ки ҳангоме бостоншиносони шӯравӣ дар мавзеи Ҳулбуки ноҳияи Восеъ ба кашфу кандани осорҳои қадима машғул буданд, кормандони кирояи интихобшуда дар мавриди поккорӣ ва берункашии экспонатҳо таҳти назорати қатъии мутахассисон қарор доштанд. Корҳои берунорӣ нозукона ба анҷом мерасид. Ҳар коргар бо асбобҳои махсус, белчаву кордчаҳои хӯрду калон, ҳатто пораи сафолину донаҳои хиштро дар алоҳидагӣ поку тоза намуда, хеле боэҳтиётона онро бадар мекард ва ба мутахассис пешниҳод менамуд. Болои як экспонати хӯрди ошкоршуда, соатҳо, рӯзҳо ва ҳатто моҳҳо кор мекарданд. Ва ин бозёфтҳои таърихии нодир, ки аксарашон моҳирона ва бе осеб муяссар гашта буданд,  ҳамакнун осорхонаҳои бузурги шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Маскави Русияро зиннат медиҳанд.

Ҳанӯз аввали асри 21 олими бостоншиноси тоҷик Юсуфшоҳ Ёқубов 2700 солагии Кӯлобро исбот намуда, солҳои 2002-2006-ум дар ҳудуди шаҳру ноҳия экспонатҳои зиёди таърихӣ бозёфту ошкор гашта буданд, ки ҳамакнун дар осорхонаи кишваркушоии шаҳр маҳфузанд ва дарак аз мавзеи қадимтарин будани Кӯлоб медиҳанд. Он ҳангом ҳам кулли бозёфтҳо моҳирона ва ба тарзи эхтиётӣ кофтаву бароварда мешуд. Бегумон, зери хок осорҳои қадима ҳанӯз зиёданд, вале агар бо кашфи он аз ин амали коркард даст гирифта шавад, мутаасифона ашёву экспонатҳои таърихӣ зарару осеб мебинад ва мавриди шиносоӣ бо он дар осорхонаҳо низ дилгиру шигифт хоҳад гашт.

Аслиддин Достиев


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)