Бахшҳо
12 май 2012 06:31Сӯҳбати рӯз

Тоҷикистонро созмонҳои байналмиллалӣ «lookland» ном мебаранд

Саноатикунонии иқтисоди кишвар кайҳо боз мавриди таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа қарор гирифтааст, аммо саволе ба миён меояд, ки оё барқарор кардан ва рушди саноати замонавӣ дар Тоҷикистон имкон дорад? Дар шароити имрӯза, ки давлатҳои абарқудрат мехоҳанд, барои кӯчактарин манфиатҳои иқтисодӣ ангезаи сиёсиеро роҳандозӣ кунанд, Тоҷикистон то куҷо имкони паси сар кардани монеаҳоро дорад? Кишварҳои ҳамсоя барои аз даст надодани бозор тамоми кӯшишашонро ба харҷ медиҳанд, то дар минтақа иқтисоди онҳо нақши ҳалкунанда дошта бошад ва дигарон аз онҳо вобаста бошанд. Оё Тоҷикистон бо он имконоте, ки феълан дорост, метавонад дар баробари иқтисоди кишварҳои минтақа рақобат кунад ва истеҳсолоту саноаташро рушд диҳад? Барои ба ин суолҳо ҷавоб гирифтан бо муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, Умед Давлатзод сӯҳбате анҷом додем, ки фишурдаи он манзури хонанда мегардад.

Озодагон: Вақтҳои охир дар матбуоти даврӣ барқарор кардани саноати замонавӣ дар Тоҷикистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст. Баъзе коршиносон мегӯянд, ки масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Вазорати молия барои он ба барқарор кардани саноат аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намекунанд, ки аз эҳсоси хатарҳои иқтисодӣ дуранд. Ба фикри Шумо дар сурати аҳамияти ҷиддӣ надодан ба барқарорсозии саноат бо кадом хатарҳои иқтисодӣ метавон рӯ ба рӯ шуд?

Умед Давлатзод: "Дар воқеъ барқарор кардани саноати замонавӣ масъалаи муҳим ва аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад ва дар ин самт мушкилиҳое мавҷуданд, ки онҳо танҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хосанд ва садди роҳи пешрафти босуръати иқтисоди ҷумҳурӣ мегарданд. Мушкили аввал, ин ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки бар асари таъсири манфии он иқтисоди кишвар, аз ҷумла, соҳаи саноат хеле таназзул ёфт. Ба таври мисол, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 1992 -24,3 фоиз, соли 1993 -7,9 фоиз, соли 1994 - 25,4 фоиз, соли 1995 - 13,9 фоиз, соли 1996 - 23,9 % кам шуд. Мушкили дуввум, ин вазъи ноқулайи ҷойгиршавии ҷуғрофиёи ҷумҳурӣ мебошад, ки он дар як гӯшаи қитъаи Осиё қарор дорад. Ин мушкилот низ аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ эътироф гардида, онҳо кишвари моро ҳамчун "lookland" хотирнишон намудаанд, ки маънояш мамлакати дар бунбаст қарордошта мебошад. Мушкили сеюм, вазъи номусоиди пешбурди муносиботи иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамсоя аст. Яке аз кишварҳои ҳамсояи мо даҳсолаҳо дар оташи ҷанг буда, ҳамчун макони асосии маводи мухаддир ба тамоми ҷаҳон, аз ҷумла ба кишвари мо хавфи беандоза дорад. Ҳамсоякишвари дигар ба воридоту содироти молҳои мухталиф монеа эҷод намуда, тарифҳои нақлиётиро мунтазам баланд мебардорад. Инчунин, бо сабабҳои фарсудашавии таҷҳизот, надоштани маблағҳои гардон, қимати гарони ашёи хоми дохилӣ ва ғайра рушди соҳаи саноат душвор гардидааст. Чунин шароитҳои ногувор барои тавсеаи саноати Тоҷикистон хатарҳои воқеӣ ба вуҷуд меоранд ва ҳукумати ҷумҳурӣ барои бартараф сохтани онҳо тадбирҳои мушаххас меандешад. Ташкили гурӯҳҳои корӣ, дар ҷаласаҳои муштарак ва дар созмонҳои байналмиллалӣ баррасӣ намудани чунин масъалаҳо дар сатҳи гуногун, аз андозҳо ва аз дигар пардохтҳо озод намудани воридоти технологияҳои нав аз ҷумлаи чунин чорабиниҳо мебошанд. Дар мавриди он, ки масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз эҳсоси хатарҳои мавҷуда дуранд, ман розӣ шуда наметавонам. Худатон қазоват кунед, онҳо бо супориши Ҳукумати ҶТ барои иҷрои 11 барномаи соҳавӣ корҳои муайянро ба сомон мерасонанд. Ба хусус, "Барномаи рушди соҳаи саноати сабук дар ҶТ барои солҳои 2006-2015", "…коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои солҳои 2007-2015", "…рушди соҳаи геология барои солҳои 2012-2020", "…коркарди пурраи нахи пахтаи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда то соли 2015", "…коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз алюминийи аввалия барои солҳои 2007-2015", "…коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пӯсту пашм), то соли 2015", "…бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ-обӣ аз соли 2009 то 2020", "…рушди заргарӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ то соли 2015", "…рушди истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ то соли 2015", "…рушди истеҳсоли маҳсулоти бачагона то соли 2015", "…рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла аз соли 2012 то 2020" аз ҷумлаи иқдомҳоест ба хотири рушди соҳаи саноат равона шудааст. Ҳамаи ин барномаҳоро барои он зикр кардам, то ки боз ёдовар шавам: мутахассисони мо нисбати рушди соҳа ҳеч вақт бепарво нестанд. Нақшаҳои зикршуда зина ба зина иҷро шуда истодааст. Пеш аз ҳама, зарур аст, ки дар солҳои наздик иқтидорҳои нави саноатӣ ташаккул дода шуда, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ба роҳ монда шавад, ки ба шароити имрӯзаи бозорӣ ҷавобгӯ ва дорои талабот дар дохил ва берун аз ҷумҳурӣ бошанд. Баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот танҳо тавассути навсозии ҷараёни технологӣ ва муҷаҳҳазгардонии истеҳсолот бо дастгоҳҳои навтарин имконпазир мебошад. Азнавсозии сохтории саноат бояд бо афзалиятҳои рушди илмӣ, соҳаҳои каммасрафи барқ тавъам ва ба истеҳсолоти содиротию воридотивазкунанда равона карда шавад, ки барои амалӣ гардонидани ин зарур аст то захираҳои мавҷудаи худӣ пурра истифода бурда шаванд".

Ҳеч коршиносе мустақил нест

Озодагон: Коршиносон мегӯянд, ки сиёсати кадрӣ дар блоки иқтисодӣ нодуруст ба роҳ монда шудааст ва баъзе роҳбарони идораву раёсатҳо мутахассиси соҳаи худ нестанд. Аз ин сабаб иқтисоди Тоҷикистон ба таври зарурӣ рушд намеёбад. Шумо вазъро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Умед Давлатзод:" Нахуст бояд ёдовар шавам, ки арзёбии сиёсати кадрӣ дар салоҳияти вазорат нест ва баҳо додан аз ҷониби камина ҳадди ақал бурун рафтан аз доираи ваколатро мемонад, инчунин, аз лиҳози ахлоқӣ низ нохуб аст. Баъдан, дар блоки иқтисодӣ пайваста тағйироти кадрӣ ба амал меоянд ва ман фикр мекунам, ки ин ба нафъи иқтисоди кишвар аст, ба хотири он, ки танҳо дар даҳ соли ахир вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамарӯза дигаргун мешавад ва то ҳанӯз номуайян боқӣ мемонад. Дар мавриди баҳои коршиносон гуфтанӣ ҳастам, ки ҳеҷ як коршинос мустақил нест ва хоҳ-нохоҳ аз манофеи ҳизбе, гурӯҳе ё ташкилоте дифоъ мекунад. Мо дар вазорат кӯшиш мекунем, ки аз ҳама гуна пешниҳодоту интиқоди блоки иқтисодӣ аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ аз рӯи принсипи "Бингар, ки чӣ мегӯяд, мангар, ки кӣ мегӯяд" амал карда, онҳоро баррасӣ менамоем ва агар қобили таваҷҷӯҳ аст, такмил дода ба ҳукумати кишвар мутобиқи тартибот ирсол менамоем. Аммо махсус мехоҳам зикр намоям, ки дар аксар мавридҳо, чунин коршиносон ё пешниҳодҳое мекунанд, ки барои шӯҳратёбӣ аст ва пояи мантиқии хеле заиф дорад, ё пешниҳодҳояшон маншаъ мегирад аз қарорҳои дар дигар кишварҳои ҳамсоя қабулшуда ва бар ин боваранд, ки ҳар коре он ҷо самара дорад, дар Тоҷикистон низ муфид аст, ки комилан фикри ғалат мебошад. Дар робита ба мавзӯи кадрҳои Раёсати рушди саноат ва инфрасохтори саноати вазорат гуфтанӣ ҳастам, мутобиқи дастурамали хизматӣ дар ин раёсат шахсе метавонад кор кунад, ки маълумоти олии касбӣ ё олии иқтисодӣ дошта бошад. Айни замон, дар раёсат ду нафар номзади илм, як нафар номзади илмҳои техникӣ ва як нафар номзади илми иқтисод, ду аспиранти бахшҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ва се нафари дигар мутахассисони соҳаи иқтисод фаъолият мебаранд".

Озодагон: Ҳар сол дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатии нав сохта мешаванд, аммо иқтидори истеҳсолии онҳо нисбат ба давраи шӯравӣ хеле кам аст ва аз ҷониби дигар корхонаҳо аз фаъолият бозмонда истодаанд. Сабаби паст будани иқтидори истеҳсолии корхонаҳо ва дар баъзе ҳолат аз фаъолият бозмондани онҳоро дар чӣ мебинед?

Умед Давлатзод: "Албатта, муқоиса намудани иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои замони Иттиҳоди шӯравии муқтадир, ки бузургтарин давлати ҷаҳон буд, бо Тоҷикистони кӯчаки мо чандон дуруст нест. Чунки кишвари соҳибистиқлоли мо дар ҳоли ҳозир мушкилоти зиёд ва имкониятҳои маҳдуд дорад. Имконият надорад, ки ба миқдори зиёд корхонаҳои азим бунёд кунад ва ё корхонаҳои калонро пурра ба кор андозад. Барои равшан шудани фикри худ як мисол меорам. Иқтидори корхонаи сементбарорӣ дар як сол бештар аз як миллион тон аст, вале гази табиӣ намерасад. Газ аз ӯзбекистон меояд, худамон газ надорем. Пас чӣ бояд кард? Албатта, барои ба ангишт гузаронидани он баъзе иқдом сурат мегиранд, вале ин кор маблағи зиёдро тақозо менамоя".

Бунёди 34 корхонаи саноатӣ то соли 2013 дар Бадахшон

Озодагон: Гуфта мешавад, ки ҳатто дар Помир, ки минтақаи дурдаст аст, имкониятҳои рушди босамари соҳаи саноат вуҷуд дорад. Аммо аз сабаби он ки сиёсати дурусти иқтисодӣ надорем, дар ин самт пешравӣ дида намешавад. Дар ин бора чӣ назар доред?

Умед Давлатзод: "Помир минтақаи дурдасти кӯҳистон ба ҳисоб меравад, ки мавҷуд набудани инфрасохтори замонавӣ бунёди корхонаҳои саноатиро хеле душвор гадонидааст. Вале бо вуҷуди ин, дар ин минтақа роҳҳои автомобилгард сохта шуда истодаанд, ки Тоҷикистонро бо кишварҳои хориҷӣ пайваст менамоянд. Инчунин, дар Ишкошим минтақаи озоди иқтисодӣ ташкил карда шуд, ки роҳандозии он дар солҳои минбаъда барои рушди иқтисоди ин вилояти кӯҳистон мусоидат хоҳад намуд. Ҳаминро ёдовар шуданиям, ки дар солҳои истиқлолият дар ин минтақа 43 нерӯгоҳи барқӣ-обӣ бо иқтидори 6194 кВт соат сохта ба истифода дода шудааст. Албатта иқтидори онҳо каманд ва барои рушди соҳа кифоя нестанд, вале инҳо ҳанӯз ибтидои коранд. Бо мақсади таъмин намудани як қатор маҳалҳои аҳолинишини калону хурди ноҳияҳои дурдаст, инчунин, тавлиди нерӯи барқи бетаъсири манфӣ ба муҳити зист аз ҳисоби иқтидори обии обравҳои хурд ва сунъӣ, инчунин, энергияи боду офтоб қарори махсуси ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2009 "Дар бораи барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020" қабул шудааст. Тибқи ин барнома дар Бадахшон 16 НБО сохта хоҳад шуд. Чанд муддат пештар Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ нақшаеро таҳия намуд, ки тибқи он дар солҳои 2012-2013 дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон 34 корхонаи саноатӣ бунёд хоҳад шуд. Дар байни онҳо корхонаҳои коркарди сангҳои қиматбаҳо, консервбарорӣ, дӯзандагӣ ва дорутайёркунӣ ҳастанд".

Кишоварзӣ: ҷои кори мавсимӣ

Озодагон: Агар саноат барқарор нашавад, аҳолӣ танҳо бо кор кардан дар соҳаи кишоварзӣ шуғли мавсимиро идома медиҳанд, ки дар ду фасли дигари сол бекор мемонанд. Танҳо бо рушди соҳаи саноат аҳолӣ имкони тамоми фасли сол бо кор таъмин гаштанро доранд. Вале мушкил дар он аст, ки барои тамоми фасли сол дар бахши саноат кор кардан дар солҳои наздик барқи кофӣ надорем. Пас чӣ кор бояд кард, то аҳолии қобили кор тамоми фасли сол ҷои кори доимӣ дошта бошанд?

Умед Давлатзод: "Дуруст қайд кардед, ки танҳо бо рушди соҳаи саноат аҳолии мамлакат имкони тамоми фасли сол кор карданро пайдо мекунанд. Аз ин рӯ, мо ба ин масъала таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоем. Дар соли 2011 раванди бунёди корхонаҳо ва истеҳсолот идома ёфта, дар миқёси ҷумҳурӣ 94 корхонаи нав ва корхонаҳое, ки дар ҳамин давраи соли гузашта фаъолият надоштанд, ба кор дароварда шуданд. Фақат дар низоми Вазорати энергетика ва саноат беш аз 8500 ҷойҳои корӣ ташкил гардиданд. Дар ин давра, дар вилояти Суғд 17 корхона бо тавозуни мустақил ва 48 корхонаи хурди аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ таъсисёфта бо 3262 ҷойҳои корӣ, дар вилояти Хатлон 42 корхона бо тавозуни мустақил ва 21 корхонаи хурди аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ таъсисёфта бо 1790 ҷойи корӣ таъсис дода шуданд. Дар соли 2011 истеҳсоли 34 номгӯи маҳсулоти асосӣ, аз ҷумла, тилло, лампаҳои каммасраф, ангишт, ҷӯроб, қолин, маҳсулоти дӯзандагӣ, хишт, семент, мебел, оби маъданӣ, орд, қубурҳо ва маҳсулоти дигари синтетикиву пластмассӣ афзуд. Вале ин ҳама кам аст. Ҳаминро ба назар гирифта, ба ҳукумати ҷумҳурӣ нақшаи таъсиси корхонаҳои саноатӣ пешниҳод карда шуд. Мувофиқи нақшаи мазкур дар солҳои 2012-2013 дар минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ бо ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар маҷмӯъ 324 корхонаи истеҳсолӣ бунёд мешаванд, ки барои аҳолӣ беш аз 18 ҳазор ҷойҳои корӣ муҳайё хоҳад шуд. Таъкид карданӣ ҳастам, ки тавассути рушди соҳибкорӣ низ миқдори ҷойҳои кориро зиёд намудан мумкин аст. Хулоса мо барои пешрафти соҳаи саноат саъю кӯшиш менамоем ва боварӣ дорем, ки дар оянда вазъи ин соҳаи муҳими иқтисоди миллӣ хеле беҳтар хоҳад шуд. Дар масъалаи таъмин бо барқ аслан, ду роҳ аст. Якум, ба кор андохтани иқтидорҳои нави тавлидоти нерӯи барқ ва дуюм, истифодаи самараноки он. Дар самти аввал, ҳукумати ҷумҳурӣ сайъу талошҳои зиёде карда истодааст, ки бо сохтани НБО-ҳои нав ва марказҳои барқиву гармидиҳӣ, ки аз ашёи хоми дохилӣ истифода мекунанд, вобастагии иқтисодиётро аз омилҳои беруна, ки зери таъсири мо нестанд, коҳиш диҳад. Дар самти дуввум, ҳанӯз корҳои зиёдеро мебояд анҷом дод. Дуруст аст, ки истифодаи фурӯзонакҳои каммасраф иқдоми нахустин дар ин роҳ буд, вале истифодаи технологияҳои гарминигаҳдоранда дар сохтмон, ташкили қарздиҳии истеъмолӣ барои хариди коллекторҳои офтобӣ аз ҷониби аҳолӣ ва дигар корҳо ҳанӯз вақт ва маблағ талаб мекунанд".

Чаро замони шӯравӣ барқ кофӣ буд, ҳоло намерасад?

Озодагон: Барои чӣ солҳои пеш бо вуҷуди фаъолияти корхонаҳои зиёди саноатӣ камбуди нерӯи барқ ба назар намерасид, аммо имрӯз норасоии шадиди нерӯи барқ дида мешавад. Оё талаботи корхонаҳои саноатӣ ба нерӯи барқ дар шароити феълӣ нисбат ба талаботи замони Тоҷикистони шӯравӣ зиёдтар аст?

Умед Давлатзод: "Бо мақсади таъмини ҳадафи стратегии ноилшавӣ ба истиқлолияти энергетикӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати комплекси сӯзишвориву энергетикӣ аз пешбурди фаъолонаи сиёсати сарфаҷӯӣ, самаранок истифода бурдани энергия, инчунин кам кардани талафоти он барнома ва чораҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд. Дар Паёми имсолаи президент таъкид рафтааст, ки танҳо дар панҷ соли охир барои пешрафти соҳаи барқ беш аз 7,5 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳазорҳо километр хатти интиқоли барқ ва садҳо нерӯгоҳи барқи обии хурду миёна бо иқтидори зиёда аз ҳазор мегаватт сохта шуданд. Дар давраи миёнамӯҳлат сохтмони боз 70 нерӯгоҳи хурд дар назар аст. Бо вуҷуди ин дар масъалаи таъмини нерӯи барқ бо назардошти омилҳои зерин мушкилиҳо ҷой дорад. Аз ҷумла: агар аҳолии Тоҷикистон дар соли 2011 нисбат ба соли 1989 якуним маротиба афзоиш ёфта бошад, пас талаботи аҳолӣ ба нерӯи барқ дар ин давра се баробар афзудааст (аз 2 то 6 млрд. кВТ.соат). Қаблан шабакаи ягонаи энергетикӣ имкон медод, ки мо қисмати шимоли мамлакатро бо сарфи камтар бо нерӯи барқи кишварҳои ҳамсоя таъмин намоем. Феълан он амал намекунад. Ҳолати шабакаҳои барқи амалкунанда, ки асосан солҳои пеш сохта шуда буданд, ба сарфаи нерӯ ва кам намудани талафоти барқ мусоидат намекунад. Солҳои қаблӣ маҳсулоти корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ба таври нақшавию мутамарказонида ба дигар корхонаҳои собиқи шӯравӣ таҳвил дода мешуданд. Ба ғайр аз нерӯи барқ, ки ҳоло манбаи ягонаи равшанию гармӣ гардидааст, солҳои қаблӣ аз дигар кишварҳо миқдори зарурии газ ва маҳсулоти нафтӣ ворид карда мешуд".

Имтиёзҳои андозӣ  кофӣ нестанд

Озодагон: Кам кардани андозҳо, ошкор намудани иқтисоди пинҳонӣ ва паст кардани фоизи бонкӣ ба рушди саноат ва самаранокии корхонаҳо мусоидат мекунад? Шумо ҷонибдори ин иқдом ҳастед?

Умед Давлатзод: "Ошкор намудани иқтисоди пинҳонӣ, кам кардани миқдор ва паст кардани фоизи андозҳо ба рушди саноат мусоидат мекунад. Аммо қотеъона наметавон гуфт, ки танҳо ин мушкилот мавҷуд аст, то саноати мо рушд кунад. Албатта, то имрӯз ба корхонаҳои саноатии мамлакат як қатор сабукиҳои андоз ва гумрук дода шудаанд. Аз ҷумла, соли гузашта барои корхонаи "Тоҷиказот" андоз аз арзиши изофа қариб ду баробар кам гардид. Ин имкон дод, ки фаъолияти корхона беҳтар шуда, 1,4 ҳазор тон маҳсулот барорад. Аммо хеле кӯҳнаву фарсуда будани лӯлаҳои интиқоли газ (солҳои 60-70-и асри XX сохта шудаанд) имкон надод, ки корхона бо газ таъмин гардад. Дар қонунгузории ҷории андоз бо назардошти шароити имрӯзаи иқтисодӣ ва ҷиҳати фароҳам овардани муҳити мусоид барои рушди соҳаҳои саноати истеҳсолӣ як қатор имтиёзҳои андозӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, аз 25 фоиз то 15 фоиз паст кардани меъёри андоз аз фоида барои соҳаҳои истеҳсолӣ, дар баробари сармоягузори хориҷӣ аз андози фоида то 5 сол озод кардани сармоягузорони ватанӣ мутобиқ ба ҳаҷми сармоя (моддаи 145), муқаррар гардидани низоми имтиёзноки андозӣ барои корхонаҳои азнавтаъсисёфтае, ки ба силсилаи коркарди пурраи пахта машғул мебошанд (озод кардан аз андоз аз фоида, андози ҳадди ақал, андози молу мулк ва андози замин) ва ғайра. Мо эътироф менамоем, ки чунин имтиёзҳо кофӣ нестанд. Ҳаминро ба назар гирифта, соли равон ба муҳокимаи лоиҳаи Кодекси андоз эътибори ҷиддӣ додем. Аз ҳисоби мутахассисони вазорат гурӯҳи корӣ таъсис ёфт. Фикру мулоҳизаҳо, бо намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ, соҳибкорони ватанӣ бо иштироки вазири иқтисод мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Гурӯҳи корӣ бо комиссияи ҷумҳуриявӣ 1907 таклиф пешниҳод намуд, ки як қисми онҳо пазируфта шуданд ва қисми дигараш дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд".

Озодагон: Дар Тоҷикистон чунин муҳити сармоягузорие фароҳам овардан мумкин аст, ки аз муҳити Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон фарқ дошта бошад ва сармоягузорон эҳсос кунанд, ки дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардан манфиатноктар аст?

Умед Давлатзод:"Ҳамагуна муҳити сармоягузорӣ бо муҳитҳои дигар ҳам ҷанбаи умумӣ ва ҳам хусусӣ дорад. Дар Тоҷикистон муҳити сармоягузорӣ ташаккул ёфта, тадриҷан такомул меёбад. Қабули қонун "Дар бораи сармоягузорӣ" муқаррар намудани имтиёзҳо ба сармоягузорон, тағйиру иловаҳо тибқи дархостҳои созмонҳои байналмилалӣ, ба хусус Созмони умумиҷаҳонии савдо аз ҷумлаи чунин чорабиниҳо мебошад. То имрӯз даҳҳо корхонаҳои муштарак ташкил карда шудаанд, ки онҳо ба истеҳсоли тилло, нуқра, маъданҳои мухталиф, аккумулятор, трактор, маҳсулоти сохтмони, бофандагӣ, хурокворӣ ва ғайра машғуланд. Лоиҳаҳое идома доранд, ки ба истеҳсоли гилхоки ватанӣ барои корхонаи алюминийи Тоҷикистон, ҷустуҷӯй ва иктишофи геологӣ, ташкили тендерҳои байналмиллалӣ нигаронида шудаанд. Аммо ин ҳанӯз кам аст. Барои он ки соҳаи пешбарандаи иқтисод-саноат рушду нумӯъ ёбад, мушкилоти мавҷударо ҳал карда, соҳаи кишоварзиро низ чун манбаи ашёи хоми саноати кишвар тараққӣ додан лозим аст".

Озодагон: Бархе аз коршиносон бо маслиҳати экспертҳои хориҷӣ кор карданро нодуруст мешуморанд ва мегӯянд, ки сиёсати иқтисодӣ бояд комилан сиёсати миллӣ ва дар доираи манфиатҳои миллӣ бошад. Дар ин бора чӣ назар доред?

Умед Давлатзод: "Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад, ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад" мегӯянд дар урфият. Ҷалби коршиносони хориҷӣ ҳанӯз маънои пурра ба гуфтаи онҳо амал кардани ҳукуматро надорад, онҳо ҳамагӣ бо такя ба таҷрибаи ҷаҳонӣ фикри худро ироа мекунанд, аммо дарки масъала, аз лиҳози манофеи милливу давлатӣ ҳимоя намудани мавқеи худ аз шахсони масъули давлатӣ вобастагӣ дорад. Дар ҷаҳони имрӯза таҷрибаи бо маслиҳати экспертҳои хориҷӣ кор кардан аз ҷониби бисёр кишварҳо истифода мешавад ва Тоҷикистон низ аз ин ҷараён дар канор нест. Вале дар баробари ин мо худамон низ мутахассисони хуб доштанамон зарур аст. Ҳаминро ба назар гирифта бо мувофиқати ҳукумат солҳои гузашта даҳҳо нафар мутахассисони вазорату идораҳои блоки иқтисодӣ дар хориҷа таҳсил намуданд. Ҳоло як қисми онҳо машғули коранд ва қисми дигарашон таҳсилро идома медиҳанд. Айни замон, аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо се нафар дар Ҷопон ва як нафар дар Олмон таҳсил карда истодаанд".

Нерӯи барқи Тоҷикистон  дар бозори минтақа рақобатпазир аст

Озодагон: Гуфта мешавад, ки Узбакистон бо суръати хеле баланд саноати замонавӣ сохта истодааст ва агар Тоҷикистон бо ин кишвар рақобат карда натавонад аз лиҳози иқтисодӣ ба ин кишвар вобаста мегардад. Ба фикри Шумо роҳи халосӣ аз вобастагии иқтисоди ӯзбакистон кадом аст ва оё Тоҷикистон имкони рақобат карданро дорад?

Умед Давлатзод: "Албатта, имкониятҳои Узбекистон барои пешрафти соҳаи саноат зиёдтар аст ва он кишвар бо мушкилоти дар боло зикршуда дучор наомада буд. Бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда дар саноати Тоҷикистон низ дигаргуниҳо кам нестанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар давоми солҳои 1997-2010 ҳар сол ба ҳисоби миёна 9 фоиз рушд ёфта аст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки соҳаи саноат ба марҳилаи рушди устувор ворид шуда буд. Вале соли 2008 бо таъсири бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот хеле кам шуда, суръати рушд то 96,5 фоиз коҳиш ёфт. Дар соли 2009 таъсири бӯҳрон боз ҳам шиддат гирифта, суръати рушд ба 93,5 % расид. Ҷиҳати бартараф сохтани оқибатҳои номатлуби бӯҳрон ҳукумати ҷумҳурӣ нақшаи чорабиниҳои аввалиндараҷаро таҳия карда, онро амалӣ гардонид. Дар натиҷа дар соли 2010 вазъи соҳа беҳтар гардида, суръати рушд ба дараҷаи давраи пеш аз бӯҳронӣ (109,7 %) наздик шуд. Дар соли 2011 ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда нисбат ба соли 2010-ум 5,9 % афзуд. Ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ дар соли 2011-ум 7583, 1 миллион сомониро ташкил дод.

Аз сӯи дигар гуфтан бамаврид аст, ки Узбекистон аз лиҳози ҳудуд аз Тоҷикистон бамаротиб калон буда, масоҳати 448,9 ҳазор км. квадратиро ташкил дода, аҳолии ӯзбекистон феълан ба 29,6 миллион баробар аст. Гузашта аз ин, ӯзбекистон дорои захираҳои зиёди нафт (5 миллиард тон), гази табиӣ (5 триллион метри кубӣ), тилло (солона 80 тон) ва дигар канданиҳои зеризаминӣ аст, ки ба таъмини бемайлони имрӯзаи иқтисодиёти ин давлат мусоидат мекунад. Истеҳсоли комплекси агросаноатии ин кишвар аз 30 то 40 %-и маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Танҳо пахта, ки яке аз самтҳои муҳими агросаноатии ӯзбекистон аст, соли гузашта ба маблағи 1 миллиард доллари ИМА истеҳсол карда шуда буд. Истеҳсоли ғалла бошад, 25 %-и эҳтиёҷи бозори дохилии ӯзбекистонро таъмин менамояд. Илова бар ин қувваи кориву истеъмолии ӯзбекистон дар муқоиса ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле зиёд аст. Дуруст аст, ки ҳудуди калон, мавқеи ҷуғрофӣ, аҳолӣ, захираҳои зеризаминӣ ва имкониятҳои зиёди иқтисодиву молӣ омилҳои асосии рақобатпазирии ӯзбекистонро таъмин менамоянд, вале бояд қайд кард, ки Тоҷикистон ҳам дорои захираҳои зиёди зеризаминӣ, рӯизаминӣ ва нерӯҳои корӣ буда, имкониятҳои фаровони истифодаи онҳоро дорад. Коршиносон муайян кардаанд, ки захираҳои нефту гази ҷаҳон барои 60-70 соли оянда басанда асту бас. Захираи конҳои ангишти Тоҷикистон бошад барои 600 сол метавонад сӯзишвориро таъмин менамояд. Тоҷикистон дар боби коркарди конҳои ангишт қадамҳои ҷиддӣ гузоштааст. Дар маҷмӯъ, дар соли 2011 истихроҷи ангишт 236, 8 ҳазор тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2001-ум 11,5 маротиба ё дар ҳаҷми 118, 1 % афзудааст. Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки марказҳои барқу гармидиҳи (ТЭЦ)-ро бо истифодаи ангишт ба роҳ монад. Имрӯз 80 корхонаи саноатии истеҳсоли хишт, 28 корхонаи оҳангудозӣ, 1 корхонаи истеҳсоли шиша ва 17 корхонаи саноати хӯрокворӣ аз истифодаи гази гаронқимат даст кашида, ба истифодаи ангишт гузаштаанд.

Агар Тоҷикистон бо захираҳои калони нефту газ ва тиллову урану дигар канданиҳои пурарзиши серталаби бозорҳои имрӯзаи ҷаҳон бо дигар давлатҳо рақобат карда натавонад ҳам, дар мавриди манбаъҳои табии гуногуни истеҳсоли неруи энергетикӣ, аз қабили нерӯҳи барқӣ-обӣ, офтобӣ, бодӣ, обҳои гарми табиӣ метавонад рақиби пурқуввате бошад. Тоҷикистон дорои нефту гази зиёд набошад ҳам, мавқеи ҷуғрофияш имкон медиҳад, ки бо обҳои зулоли ошомиданӣ дастрасии бештар дошта бошад. Аллакай, ҷаҳон барои таъмини аҳолии худ бо оби ошомиданӣ такопӯ дорад. Қимати ҳар як литр оби ошомиданӣ аз қимати нефту газ ва ҳатто тиллову уран болотар меравад, ки ин албатта ба рушди иқтисоди кишвар кӯмаки бузург мерасонад. Агар аз як тараф моро бунёди лӯлаҳои интиқоли об лозим ояд, аз сӯи дигар ин ганҷи худодод барои истеҳсоли нерӯи барқ ва обёрии заминҳои бекорхобида истифода хоҳанд шуд. Истеҳсоли нерӯи барқи Тоҷикистон на танҳо аз истифодаи ангишт ва дигар намуди сӯзишвории муосир, балки аз бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ низ таъмин мегарданд. Нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ, ки 80 %-и ҳамаи манбаъҳои электрикии мамлакатро таъмин менамояд, дар ворид гаштан ба бозори ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон нақши босазо дорад. Захираҳои энегетикии Тоҷикистон 527 миллиард кВт соатро ташкил медиҳад, ки дар ҳоли ҳозир 5 %-и он, яъне 25 миллиард киловатт соат мавриди истифода қарор дораду бас. Агар дар давоми 10 соли оянда тавонем, ки 20 %-и захираҳои энергетики худро истифода кунем, ҳамин кофист, ки Тоҷикистон ба як кишвари содиркунандаи азими нерӯи барқи барои рақобат дастнорасе дар минтақа табдил ёбад. Тоҷикистон танҳо баъд аз бунёди НБО "Роғун" аз лиҳози рақобатпазирӣ дар бозори истеҳсоли нерӯи барқи минтақа метавонад соҳиби мавқеи устувор гардад. Давлатҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Русия ва Чин аз хариди нерӯи барқи гаронқимат, ки тавассути нерӯгоҳҳои барқу гармидиҳӣ (ТЭЦ) истеҳсол мешаванд, даст кашида, ба истифодаи нерӯи барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон ҳавасманд мегарданд. Арзиши 1 кВт - соат нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон дар соли гузашта 3,5 сенти ИМА-ро муқобили 7,5 сенти 1 кВт соат нерӯи барқи ӯзбекистон ташкил дод. Норасоии барқи Покистон дар ҳоли ҳозир мутобиқи гузориши институти сиёсати рушди устувори Покистон 6000 MW буда, рӯ ба афзоиш аст. Дар ду соли оянда ин нокифоягӣ ба 10 000 МW ва дар 10 соли оянда камбуди барқ дар Покистон ба 42 000 MW мерасад. Дар сурати бунёди нерӯгоҳҳои нав бо иқтидори 1315 MW ҳам, ки имрӯз ҳукумати Покистон дар якҷоягӣ бо ӯзбекистон дар фикри бунёдаш ҳастанд, наметавонад ниёзи рӯзафзуни Покистонро бо нерӯи барқ қонеъ созад, яъне ба ҳар сурат ин бозор барои ҳама кофист.  Ногуфта намонад, ки агар бунёди "Роғун" аз як тараф бозори минтақавии нерӯи барқро ғанӣ гардонад, аз ҷониби дигар, бо назардошти гармии сартосарии ҷаҳон, афзоиши босуръати аҳолии кишвар, зиёд шудани заминҳои корам, бунёди шаҳру корхонаҳои саноатӣ низоми таъмини оқилонаи обро дар минтақа муҳайё месозад. Албатта барои расидан ба ин мақсадҳо кадрҳои баландихтисос, вуруди технологияҳои муосир ва базаи меъёриву ҳуқуқие лозим аст, ки барои ҷалби сармоягузорон мусоидат намояд".

Мусоҳиб  Исфандиёр Халилӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)