Бахшҳо
24 май 2012 05:17Гузориш

Мӯъмин Қаноат дил ба дарёи ишқи мардум додааст

«Устод Қаноат андешаи худро бо андешаҳои бисёр созанда гуфтаанд. Вақте мо мегӯем, ки пешвоёни ҳаракатҳои озодихоҳии миллӣ киҳо ҳастанд, бояд бигӯем, ки Мӯъмин Қаноат»

22-юми майи соли 2012. Толори адибон дар Иттиҳоди Нависандагони Тоҷикистон идгоҳро мемонд. Ҷои холӣ дар толор набуд, онҳое ки каме дертар омада буданд, рост истода устодро интизорӣ мекашиданд. Ростӣ, ки ин идгоҳе буд лабрез аз дӯстдорони каломи ноби тоҷикӣ, мавзеи пур аз шеъру муҳаббат ва ихлосу садоқат ба Мӯъмин Қаноат, ки амсолашро то ин замон ман ва ҷумлаи дӯстонам дар Душанбе мушоҳида накарда будем. Шоири миллат, ҳамосасаро ва абармарди Тоҷикистон, ки хидмати шоистае ба ин сарзамин кардааст ва хоҳад кард, 80 сола шуд.

Ин маҳфили бошукӯҳ бо иштироки аҳли илму адаб, шоирону нависандагон, масъулини ҳукумат, устодону шогирдони макотиби олии пойтахт ва наздикону пайвандони устод бояд соати 11:00 шурӯъ мегардид. Аммо бо сабаби табрикоту таҳнияте, ки мухлисон ба Мӯъмин Каноат дар саҳни ҳавлӣ доштанд, он бо чанд дақиқаи дермонӣ оғоз шуд.
Бо гузашти чанд лаҳза симои нуронии Мӯъмин Қаноат дар экрани толор пайдо шуд ва шӯру шавқеро миёни аҳли нишаст барангехт. Дар ҳамин вақт худи соҳибҷашн ҳам ба толор хеле солор ва бо пайкараи устувор ворид гардид. Ҳозирин бо кафкӯбӣ ва нидоҳои хурсандӣ ӯро истиқбол гирифтанд, чанд дақиқаи дигар касе ба ҷояш нишастанӣ набуд.

Ҳамин тавр, маросими эътои ҷоиза ва суханҳои табрикӣ ба устод Қаноат шурӯъ шуда, аз ҷониби садорати ИНТ ба устод аввалин нишони сухан, ки онро ин иттиҳодияи эҷодӣ таъсис додааст, супурда шуд. Ҳамчунин, табрикномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистонро Низом Қосим, шоир ва вакили парлумон қироат намуда ба Мӯъмин Қаноат аз номи ин ниҳод соати тиллоӣ тақдим кард. Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, Маҳмадшо Илолов, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, Гулрухсор Сафиева, шоираи шинохтаи Тоҷикистон  ва чандин нафари дигар дар суханронияшон аз хидматҳои босазои устод дар адабиёти муосири тоҷик ва зиндагиашон ёдовар шуданд. Муҳаққиқи шинохтаи адабиёт Сафар Абдулло бошад тариқи интернет меҳрномаи худро ба устод ва аҳли адаби кишвар ироа дошт.   

Зимнан, Мӯъмин Қаноат дар бораи саргузашти овони кӯдакӣ ва мактабхониаш дар кӯҳистони Бадахшон ва муаллимони аввалинаш қисса кард. Ба қавлаш, замоне ки ҳамагӣ ҳафт сол дошт, ба мактаби зодгоҳаш- Курговад барои таҳсил рафт. Солҳои аввали мактабхонии устод ба саршавии ҷанги хунини дуюми ҷаҳонӣ  рост омадааст. Мӯъмин Қаноат мегӯяд муалимҳое, ки дар мактаби онҳо дарс мегуфтанд ҳамаро ба ҷанг даъват карданд. «Дар мактаби деҳаи мо танҳо як муаллимаи Давлатбибӣ монд, ки ӯ ҳамсари муаллимамон Карам Ҷорӯбов буд. Ӯ муаллими асосии мо буд, ки ӯро ҳамроҳи дигар муаллимонамон-Аҳмади Зикриё, Ҳафиз ва чанд нафар муаллимоне, ки маълумоти миёна ё илми олӣ доштанд ба ҷанг даъват карда буданд. Муаллима чор синфро дар як толори калон, ки онҷо маҷлисгоҳ буд дар ҳамон ҷо дарс медод. Аҳмади Зикриё маълумоти олии пурра дошт, ӯро дар марказ ба кор таъмин накарда, балки ба деҳа фиристоданд ва аз ин ҷо ба ҷанг даъват карданд, ки дигар барнагашт. Як дафъа паём омад, ки дар асорат афтидааст ва боз гуфтанд, ки озод шудааст, лекин гашта наомад. Карам Ҷорӯбов, ки дар наздикии Ленинград меҷангид дар ҳамон ҷо шаҳид шуд».

Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба устод Мӯъмин Қаноат таъсири манфӣ расонидааст. Ӯ мегӯяд, дар ин ҷанг бародараш Абдуллоро аз даст дод, ки дар набарди охирин шаҳид шуд. Ба қавли шоир аз ин ҷанг танҳо як кас, бародараш Анвар бо ҷароҳатҳои зиёд баргаштаасту тамом. «Аз қишлоқи мо 30 нафаре, ки хату савод доштанд дар ҷанг дуюми ҷаҳонӣ қурбон шуданд»,-гуфт Қаноат.

«Ҷанг»-у Қаноат ва устодони Мӯъмин

Барои Мӯъмин Қаноат мавзӯъи ҷанг аз ҳамин ҷо ҳамчун як мавзӯӣ зиндагии сарнавиштӣ маншаъ гирифтааст. Устод аз ҳамин хотир, ба ин мавзӯъ зиёд машғул шудааст. Сабаби дигари ба ин мавзӯъ ҷалб шуданашро дар он медонад, ки гузаштагонаш сипаҳсолор  будаанд. Ӯ аз Муҳаммадамон ном бобои сипаҳсолораш ёдовар шуд: «Вақте ман ба камол расидам ҳис кардам, ки тоҷикон аз ҳад зиёд ба илму маърифату ҳунару тиҷорат машғул шудаанду рамуз, яъне, ки нерӯи Рустамонаро аз даст доданд. Аз ин хотир зиёдтар кӯшиш кардам, ки як навъ нерӯе ба ин мардум баргардонам. Қувваи Рустамонаро барои мардум эҳё кунам».  

Устод Мӯъмин Қаноат бо эҳтиром ба рӯҳи устодони худ Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода арҷ гузошта гуфт: «Ман ҳеч фаромӯш намекунам, ки то имрӯз касе дар майдони адабиёт кори бузурге кардааст, ҳама аз мактаби адабии устод Мирзо Турсунзода гузаштаанд ва ғамхориву муҳаббати устод Боқӣ Раҳимзода ба ин мақом расидаанд. Ҳам Лоиқ, ҳам Бозор ҳам Гулрухсор ва дигар касоне, ки дар майдони адабиёт ҳастанд, парвардаи ҳамин мактабанд. Раҳмат Назрӣ охирин шогирди устод Боқӣ Раҳимзода аст. Онҳо кори бузурге карданд, барои ин миллат, инсон ҳамин қадар қудрат дорад, рӯҳашон шод бод».  
Аммо ӯ худ имрӯз устод аст. Аҳли қалами кишвар ӯро чун устоди кабири худ иззату эҳтиром мекунанд.  

Мо ҳама шогирдони Қаноатем…

Гулрухсор Сафиева, шоираи маъруфи кишвар зимни суханронияш Мӯъмин Қаноатро ба зодрӯзаш табрик гуфта қайд кард, ки ҳама мо шогирдони Қаноат ҳастем: «Устод Мӯъмин Қаноат бо ҷасораташон барои мо азизанд. Шеъри ватанпарварии мо, шеъри ватанхоҳии мо, ибтидои миллатдӯстии мо аз ҳамон шеъри забони тоҷикии устод сар шуда буд. Устод Қаноат дағал нагуфтанд, амиқ гуфтанд бо андешаҳои бисёр созанда ва бисёр офаранда гуфтанд, андешаҳояшонро ва то имрӯз мегӯянд. Вақте мо мегӯем, ки пешвоёни ҳаракатҳои озодихоҳии миллӣ киҳо ҳастанд бояд бигӯем, ки Мӯъмин Қаноат ҳастанд».

Ӯ аз ҳузур надоштани Лоиқ Шераливу Бозор Собир мутаасиф  шуда бо намояндагӣ аз ин ду нафар ба устод Қаноат хитоб кард, ки мо шогирдони шумоем! «Мехоҳед намехоҳед, эътироф мекунем ё  намекунем, худамонро боло мегирем паст мегирем мо чанд ваҷаб аз шумо паст ҳастем, мо ҳич ба гарди домани шумо намерасидем. Шумо моро интихоб накардед ҳамчун шогирд, мо шуморо интихоб кардем. Шоирӣ дард аст ва падари дард шоир аст ва шеъри воқеиро танҳо дарди воқеи эҷод карда метавонад. Аз он ки устод Мӯъмин Қаноат мисли кӯҳҳои Тоҷикистон ботамкинанду пур аз зару зеваранд ин маънои онро надорад, ки устод дард надорад, эшон дардофаранд».

Аз роҳи дида мекашам, бори гуноҳи дил,
Ҷони камаршикастаи ман, дард мекунад.
Дар бистари сиёҳи шаб, хобам намебарад,
Дандони ақли хастаи ман дард мекунад.

Гулрухсор дар поёни суханаш ба Мӯъмин  Қаноат рӯ оварда гуфт: «Бузургии шумо дар он аст, ки хомӯширо ихтиёр кардеду мисли мо ҳар рӯз шеър нагуфтед, мо ҳар рӯз шеър мегӯем аз шеърҳои пештараамон бадтар. Шумо шеърҳои пештараатонро инкор накардед, аммо аз сатҳи шеърҳои гузаштаатон пасттар шеър нагуфтед. Мо бояд ин чизро аз шумо омӯзем. Бону Гулрухсор шеъреро, ки ба Мӯъмин Қаноат бахшидааст қироат намуда, суханашро ҷамбаст намуд:

Ин зиндагӣ иксири дигар мехоҳад,
Ин фалсафа тафсири дигар мехоҳад.
Бо мехи наву хишти кӯҳан нав нашавад
Он хона, ки таъмири дигар мехоҳад.

Ҳамзамон, Камол Насрулло, ки барандагии нишасти мазкурро ба ӯҳда дошт, аз суханони марҳум Лоиқ Шералӣ ёдовар шуд, ки мегуфт: «Мо ҳама аз остини Устод Қаноат баромадаем».
Маврид ба зикр аст, Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон аз барандаи маҳфил изҳори нороҳатӣ кард. Ӯ аз фарҳанги хуби гузаштагони тоҷик тавсиф карда иброз дошт, ки дар хонаи адибони Тоҷикистон аввал худ сухан гуфта, базм ороста баъд ба меҳмон сухан медиҳанд. Пас аз ин ӯ ба табрики устод шурӯъ кард: «Таҷлил ва накӯдошт аз ҷаноби устод Мӯъмин Қаноат таҷлил ва накудошт аз сухан ва суханварист, таҷлил ва накудошт аз хирад ва хирадварзист, таҷлил ва накудошт аз шеъри кӯҳани порсист, таҷлил ва накудошт аз Мавлоно, Ҷомӣ, Саъдӣ, Низомӣ, Амир Хусрав ва Бедилӣ Деҳлавист. Таҷлил ва накудошт аз устод Мӯъмин Қаноат таҷлил аз ворастагист, таҷлил аз инсонест, ки дил ба дарёи ишқи мардум додаст ва  таҷлил аз устод Мӯъмин Қаноат таҷлил аз ишқ аст.

Ишқро аз ман мапурс,
Аз кас мапурс, аз ишқ пурс».

Дар идомаи суханҳояш номбурда афзуд, ки лаҳзае, ки ба ин ҳамоиши бисёр неку меомад, иртиҷолӣ шеъре эҷод кард. Сафири Афғонистон ин шеъри ба Мӯъмин Қаноат бахшидаашро қироат намуда ва толорро тарқ кард.
Боиси таассуф ва норҳатист, ки намояндагони маркази ройзании Эрон низ гулчанбарро тақдим карда, устодро хаттӣ табрик намуда, қабл аз анҷоми нишаст толорро тарк карданд…

Барои ёддошт:

Мӯъмин Қаноат, адиб ва ходими намоёни ҷамъиятӣ буда, шахсияти маъруфи на танҳо Тоҷикистон, балки Осиёи Марказӣ ва ҷаҳонист. Ӯ барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ буда, дар рушди адабиёти муосири тоҷик бо ашъори пурмӯҳтавои худ нақши назаррас дорад. Солҳои мадид (1976-1991) Котиби якуми ИНТ буд. Чандин вақт райиси Кумитаи ҳамдилии халқҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустонро ба дӯш дошт. Ду дафъа депутати Шӯрои Олии СССР интихоб гардида, масъулияти баландеро ба ӯҳда дошт.

Мӯъмин Қаноат 20-уми майи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Қалъаи Хумб (ҳоло Дарвоз) ба дунё омадааст. Аввалин шеърҳояшро ҳанӯз дар овони ҷавонӣ эҷод карда, дар рӯзномаи ноҳиявӣ ба табъ мерасонид. Мӯъмин Қаноат баъди хатми омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳраки Ғарм, донишҷӯи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шуда, баъди ба итмом расонидани он то имрӯз ба фаъолияти эҷодӣ машғул аст.

Осори ӯ бо номи «Шарора» («Ирфон», 1960), «Ситораҳои Замин» («Ирфон»,1963), «Мавҷи днепр» («Ирфон», 1964), «Достони Оташ» («Ирфон», 1966), «Сурӯши Сталинград» («Ирфон», 1979), «Осори мунтахаб» (ду ҷилд «Ирфон», 1982), «Гаҳвораи Сино», («Ирфон», 1983), «Китобҳои захмин» («Маориф»), 1983, «Ситораи Исмат» («Адиб», 1992), «Аз Бесутун то кунун» («Адиб», 1992), «Меҳри  сипеҳр» («Адиб», 2007), «Масъуднома» ва ғайра миёни хонандагон маълуму машҳуранд.

Ибодуллоҳи Тоир

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)