Бахшҳо
16 июн 2012 03:31Минбари Шумо

Чеҳраи беназири кишвар

Бо ин фарзанди арҷманд, баномус ва бофарҳанги Тоҷикистон бори нахуст моҳи декабри соли 1982 дар меҳмонхонаи "Пекин"-и шаҳри Маскав шинос шудаам. Аз сӯҳбате, ки он вақт ба вуқӯъ пайваста буд, дарк кардам, ақлу заковаташ хеле болост. Баъди гузашти қариб ним сол аз он мулоқот Саидамирро дар шаҳри Кобул дидам. Бо ҳамкасби дигарам Имомалӣ Ёралиев таклифашро қабул карда, ба манзили истиқоматиаш рафтем. Баъди кор иттифоқ афтода буд. Акаи Саидамир дасту остин бар зада, оши палав мепазем гуфт. Мо ҳам дукаса кӯмакаш кардем. Маълум шуд, ки ҳасиб ва шаробро умуман истеъмол намекардааст.

Дар шаҳри Қандаҳор вазифаамро адо мекардам. Рӯзе аз рӯзҳо Зуҳуров аз паи ҳалли коре аз Кобул омада, ду рӯз бо мо буд. Бо роҳбар ва гурӯҳи мо дар мулоқот шуд. Забони русиро хуб медонист. Муҳимтар аз ҳама, оиди вазъи Афғонистон - иттилоъи зиёд ва дақиқ дар даст дошт. Аён буд, ки аз рӯйи инсоф ва виҷдон вазифаашро иҷро мекунад.
Дафтари хотираи дар ин кишвари ҳамсоя навиштаамро варақ зада, сатрҳои зеринро дар ҳаққи Саидамир Зуҳуров дарёфтам: "Шахси дурандеш, бомулоҳиза ва боандеша аст. Бо нармӣ ҳарф мегӯяд. Паст механдад. Табассуми ба худ хоси зебанда дорад. Ҳафт сол боз корманди Комитети бехатарии давлатии СССР мебошад. Ба гуфти худашон агар хондан ва сафарҳои хизматиашонро ҷамъ намоед, аз ин муддат танҳо ду солаш ҳамроҳ бо зану фарзандон будааст. Ба ӯ дар мактуб аз хона менависанд, ки марде ба писаракаш мегӯяд, харро аз кӯча пеш кунад. Ин бачаи хубу гапдаро аз шаттаи ногаҳонии хар беҳуш мешавад. Ин навҷавон бори дигар ба танӯри алавдор афтода, пойҳояш месӯзанд".

Аз он дидорҳои фаромӯшношуданӣ сӣ сол сипарӣ мешавад. Ҳамин миқдори умр ин марди бузургро мешиносам. Аз ин фарди дилпазир ва неку хоксор хотироти хуш дорам. Он замони дар кишвари ҳамсоя вазифаи "интернатсионалӣ"-ро ба ҷо оварданашон ду дафъа рухсатӣ омадам. Саидамирро, ки дар Кобул медидем, хоҳиш мекард пайғомашро ба дӯстону ҳамсабақони Файзободиаш, аз қабили Сафаралӣ Раҷабов, Раҷабалӣ Ҷалилов ва Давлатой Даҳмардаева расонам. Ва ҳар дафъа хоҳиши ин одами роҳи ростро бо хушнудӣ қабул доштем (шодравон Сафаралӣ Раҷабов солҳои истиқлолияти давлатамон вазифаҳои масъули давлатиро ба ӯҳда дошт. Илоҳо, рӯҳаш шоду манзили охираташ обод бошад!).

Вақте соҳиби истиқлол шудем, ӯ дар идораи бехатарӣ роҳбар омад. Дар Бадахшон будем. Бо хоҳиши худам январи  соли 1993 Саидамир Зуҳуров маро ба ҳузур пазируфт. Хаста буд. Вақташ кам менамуд. Сӯҳбат ду дақиқа ҳам накашид. Фармуд, дар фалон шӯъбаи кумита ҷунбидан гирам, баъд ҷоямро таъин мекунад. Дар маҷлисҳои умумӣ шоҳиди ҳол будам, дар толор ҳозир мешуд, кормандони амният аз рӯи оинномаи ҳарбӣ аз ҷой мехестанд. Ҳозирин ӯро беҳад ҳурмат мекарданд. Ин иззату шараф ва азизи ҳамагон шудан аз муносибату рафтори худаш буд. Қадри худро медонист ва қадри зердастонро ҳам фаромӯш намекард.

Як хислати арзандааш ин ки тамаллуқгӯ, чоплус, хушомадгӯй ва лагандбардорронро чашми дидан надошт. Ин ҷо лаҳзаеро ба ёд меорам. Саҳни идора бо нафаре дар сӯҳбат будам. Ба ногоҳ сухан дар забонаш монду ба пеш давид. Бинам, раисамон Саидамир Зуҳуров меояд. Он нафар вақти салом таъзимкунон дастонашро такон медод. Ду-се қадам пеш мондам, боадабона муоширати саломро ба ҷо овардам. Дидам ба он кас чандон эътибор надоданду баръакс, чеҳраашон гирифта шуд. Аз ман аҳвол пурсиду гузашта рафт. Рафиқи ҳамкасбамро каме ба оҳанги ранҷида сарзаниш кардам. гуфтам ин Петнел не, ки ба таъзими шумо баринҳо одат карда бошад. Ин Зуҳуров аст. Дигар такрор накун...

Як рӯзи истироҳат бо чанде аз шиносҳо сари роҳи калони шаҳр меистодем, ки Саидамир Зуҳуров аз мошини хизматиаш берун шуд. Ҳанӯз роҳбарону командирони қисмҳои низомӣ бе чанд муҳофизон намегаштанд. Вазъ ҳаминро талаб мекард. Вале дидем, ки ӯ танҳо бо ронандааш ҳасту халос. Банохост чашмаш ба ман афтоду сӯям омад. Шармам омад, ки бо солу вазифа калон асту бо мақсади дидор меояд. Ба ҳамаи моён як-як даст дода, аҳвол пурсид ва гашта рафт. Ҳамроҳонам аз чунин муомилаи хоксоронаи як вазири мӯътабар изҳори хурсандӣ карда гуфтанд: "ана ин одаму одамгарӣ. Худованд ҳафт пушташа раҳмат кунад, зеро ҳастанд раису вазир, ҳатто як корфармочае, ки омада, салом карданро ба худ шаън намедонанд. Ин акаи Саидамир мисли Ҷомии бузург одами заминӣ аст".

Ба шарофати истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти амният аввалин намояндаи миллати бузурги тоҷик аз рӯзҳои аввали поягузории давлати ҳуқуқбунёд Саидамир Зуҳуров буд. Яъне шигифтовар аст, ки тӯли ҳафт даҳсолаи замони давлати Шӯравӣ дар Тоҷикистон ин мақомотро танҳо ғайри тоҷикон роҳбарӣ карданд. Намедонистанд, ки шахси аввали ин идораи калидӣ бо мӯҳри махсусаш дар дасти кадом тоҷике бошад. Вақте Зуҳуров дар ин вазифаи басо масъул ба кор шурӯъ кард, ки вазъи мамлакатамон мисли ҳавои зимистон хеле ва хеле номусоид буд.
Дар масъалагузорӣ ҳанӯз мушкилӣ мекашид. Аз ӯ иродаи матинро талаб мекард. Дар роҳбарӣ ҳанӯз доно набуд. Вале аҳли комилу фаросати бузургаш бо ҳамбастагии илму адабаш имконоти васеъ доданд, то ки аз ӯҳдаи вазифаи аз ҷониби Президент пешбинишуда барояд. Аз вазъи номусоиди бавуҷудомада ҳазорҳо русҳо, тоторҳо ва дигар миллатҳо аз хоки Ватани азизамон баромаданд. Ҳайати шахсии ин идора аз ҳисоби маҳз ҳамин миллатҳо пурра буд. Қисмати зиёди чекистон, ки аксарашон таҷрибаи бою хуби корӣ доштанд, сафҳоро холӣ карданд. Ба ҷойҳои амн рафтанд.

Саидамир Зуҳуров ба ҳайати боқимонда таъкидҳо дошт, ки чун ҳама аз як падару модар бошед, бо ҳам муттаҳид шавед, дилу забонро як кунед. Ба камоли қудрати илм ва ниҳояти донишу ҳикмати худ такя созем. Барои тайёр кардани ҷавонон дар ин соҳа аввалин курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил ёфтанд. Яъне ташвишҳо дар дохили идора ҳам набуданд, вазъи дохили ҷумҳурии тозаистиқлол басе шӯру шар дошт. Ба дармондагон дасти мадад мерасонд. Басанда аст дар ин хусус мисоле орам.

Доктори илмҳои филологӣ, профессор Олииҷон Хоҷамуродов имрӯз устоди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аст. Мегӯяд, ки дар ҳамин курсҳои кӯтоҳмуддат ҷалб шуда буд. Унвони илмии докториро бояд ҳимоя мекард. Аз ҷиҳати молӣ мушкилӣ дошт. Саидамир Зуҳуров, ки соҳиби фазлу заҳмат буданашро ҳамкорон медонистанд, аз ҳимояи илмии Хоҷамуродов бохабар буд. Ба нокифоягии пулӣ нигоҳ накарда, кӯмаку дастгирӣ менамояд. Ба гуфтаи олим раис қадри илм ва мардуми ирфониро медонад. Мақсадаш ин буд, ки мардумро бояд аз торикии ҷаҳолат ва кинаву иғво раҳо кард.

Бародарам, генерал-майори қӯшунҳои дохилаи ВКД Юсупов Ҳабибулло чанд бор дар водии Рашт сафари хизматӣ дошт. Маҳз он ҷо ва дар муҳити носолим бо генерал-полковник Саидамир Зуҳуров наздиктар ошно мешавад. ӯ, ки таҷрибаи чилсолаи хизматӣ дорад, бо мамнуният нисбати ин соҳиби маърифат баҳо дода мегӯяд: ҳастии генерал адаб аст. Дили покиза дорад. Дар кураи имтиҳони сахтгири ҳаёт гудохта шудааст. Бузургиаш бекарону беҳадду ҳудуд мебошад. Мисли тиллои холис, мисли ҷавҳарест зери хок, мисли садафест дар қаъри уқёнус. Аз аҳли озмудашудагону озодагону фарҳангиён аст.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ баъзе командирони ғайрикасбии бераҳму бешарму манфурро дидем. Адоватҷӯ буданд. Аз вазъи нобоб ба манфиати худ истифода карданд. Ба хотири бештар кунондани азамату шӯҳрату сиёсатнокии худ бо овози дағал ва лафзи дурушту таҳдидҳо болои дигар зӯроварӣ доштанд. Ва чунин касони каҷрафтор ростӣ ба манзил нарасиданд. Аммо гуфтору рафтору сӯҳбатҳои дилнишини Саидамир Зуҳуров аз аҳли фазл буданашро нишон медод. Дар Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ роҳбарӣ кард. Ҳатто муовини сарвазири ҷумҳурӣ буд, вале худро тавонгаршуда намедид, одамиятро аз даст надод. Чӣ хеле хоксор буд, ҳамон хел монд.

Мақолаҳои чанде аз ҳамкасбони собиқаи зиёди коридоштаро, ки бевосита дар паҳлӯи Зуҳуров барои сулҳи комил ва ваҳдати миллии Тоҷикистон саъю ранҷ кашидаанд, дар васоити ахбори умум хондаам. Онҳо лаҳзаҳои ҷудогонаи фаъолияти ин марди дорои ҷаҳонбинии васеъро аз назари хеш баҳо додаанд. Аз ҷумла, генерал-лейтенант, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Саиданвар Камолов, генерал-майор Эркин Муҳиддинов, полковник Раҷабалӣ Маҳмадалиев, полковник, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Муҳаммади Султон, полковник Зафар Зарифӣ паҳлӯҳо ва ҷанбаҳои алоҳидаи чекисти хубкирдорро ба қалам додаанд.

Агар хислати нодири ватандӯстиву инсондӯстӣ, қадршиносиву қадрдониаш намебуд, ҳаргиз ҳаёташро дар дасти силоҳбадастони зиддиҳукуматӣ ба гарав намегузошт. Ин худ нишони қаҳрамонӣ ва фидокорист. Ихлосу вафо ва сидқу сафо ба миллату ватани азиз ва тоҷикистониён буд, ки таҷрибаи он рӯзгор ва мактаби касбӣ гирифтаашро дар амал истифода бурда тавонист. Кадри болаёқат ва беназир буданаш рӯи об баромад. Моҳирона ва ӯҳдабароёна вазифаи касбиашро ба ҷо овард. Маҳорати роҳбариаш хеле сайқал ёфт. Сабаби обрӯю манзалати баландаш ин боз ҳам дилсӯзу бовафоиаш ба мардуми сар то сари кишвар аст. ӯ миллатро аз ҳар гуна маҳал боло гузошт. Кормандони хатлониву ҳисориву раштиву бадахшониву суғдӣ замони роҳбариаш аз як гиребон сар бароварданд. Барои рутбаю вазифа ё мукофот не, балки бо як мақсад - ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ҷонбозиҳо карданд. Садҳо ҷавонмардон дар ин ҷода дар айни ҷавонӣ ҷони худро аз даст доданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон суханоне дорад, ки: "Тоҷикистон сарзамини пурганҷ аст, вале боигарии асосии он фарзандони баномус ва бофарҳангаш мебошад". Ва мо таъкид мекунем, ки яке аз чунин фарзандони баномус ва бофарҳанг генерал-полковники амният Саидамир Зуҳуров ба шумор меравад. Дар ин ягон шакку шубҳае нест ва набояд бошад. Ҳам малакаи касбӣ ҳам маҳорати роҳбарӣ ва ҳам нишони одамгариаш намунаи ибрат ва мактаб аст, барои дигар вазифадорон. Тамоми собиқадорон, кормандони варзидаи ин идора ӯро маҳбуби дилҳо медонанд, миёни халқ низ ҷои сазоврро касб кардааст.

Бисёр таассуфовар аст, ки дар айни авҷи камолаш дар баҳори 55-умин умри бобаракаташ аз роҳбарии калидӣ дур андохта шуд. Хуб медонем, ки дар Душанбе чандин раисону вазирон ба қавле хока намедонанд ва дар расонаҳои хабарӣ танқидҳо шунидаанд, аммо пишакашонро пишт намегӯянд.  Мақоли "аввал хеш баъд дарвеш" бозғуӣ вазъ аст. Агар сиёсати корӣ дуруст ба роҳ монда шаваду кадрҳои болаёқаттару ватанхоҳ аз кулли Тоҷикистон ҷалб гарданд, кишвар дар солҳои наздиктарин пешовардҳои беназирро соҳиб хоҳад гашт. Вагарна ҳамааш хобу хаёл мемонад!

Иззатулло Юсупов, полковники мустаъфӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)