Бахшҳо
20 июл 2012 05:01Иҷтимоӣ

Чаро нархи хона дар Душанбе гарон мешавад?

Дар ҳоли ҳозир як метри квадратии манзили истиқоматӣ дар Тоҷикистон аз 350 то 500 долларро ташкил медодааст. Аммо бо ин нарх дар ҳолате хона харидан имкон доштааст, ки он бидуни таъмири дохилӣ бошад ва дар сурати комилан нав будани манзили истиқоматӣ арзиши ҳар метри квадратии он беш аз 1000 доллар будааст. Ин нуктаро Мирзоев Низом, директори корхонаи воҳиди давлатии Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон дар як нишасти хабарӣ иброз дошт. Ба андешаи ӯ дар шароити иқтисоди бозорӣ наметавон ба таври мушаххас нархи ягонаеро номбар кард, ин аз фармоишгар вобастагӣ дорад. Зеро агар ӯ аз маҳсулоти арзону пастсифат истифода кунад ё андозаи хонаҳоро хурдтар созад, нархи хона арзонтар мешавад ва дар акси ҳол арзиши манзили истиқоматӣ меафзояд. Ҳамчунин нархгузорӣ  аз макону мавзеи бунёди манзил низ вобастагӣ дорад, гуфт ӯ.

Дар Тоҷикистон хонаҳои арзон месозанд?

Ба ҳисоби миёна агар як манзили 1 ҳуҷрадори нав 40 метри квадратӣ бошад, пас арзиши умумии он 40 ҳазор доллар мешавад. Аммо чунин нархгузорӣ хеле баланд аст ва вазъи молии аксари шаҳрвандон дар кишваре, ки беш аз 60 дар сади аҳолӣ камбизоатанд, имкон намедиҳад, ки ин гуна хонаҳоро харидорӣ намоянд. Ин дар ҳолест, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳастанд кишварҳое, ки ба хотири дастгирии мардуми камбизоат ва таъмини аҳолии вазъи молияшон миёна бо манзили зист хонаҳои арзон сохта мефурӯшанд. Дар Индонезия ва Эрон аз чунин таҷриба фаровон истифода мешавад. Гуфта мешавад, ки дар Индонезия ҳукумат ширкатҳои хусусии сохтмониро муваззаф месозад, ки дар қатори биноҳои боҳашамати барои фурӯш сохташаванда, биноҳое бо масолеҳи камхарҷ баҳри мардуми камбизоат ва нисбатан имконияти молияшон маҳдуд созанд, то бо нархи дастрас ва ё иҷораи арзонтар ба шаҳрвандон дода шавад ва онҳо дар давоми зиндагӣ имкони харидани он хонаро пайдо кунанд. Нархи ин ҳуҷраҳо бо вуҷуди сохта шудан аз сӯи ширкатҳои хусусӣ, аз ҷониби давлат муайян карда мешудааст.

Дар Эрон ширкатҳои сохтмонӣ бо бонк қарордод доштаанд. Дар асоси барномаи давлатӣ бонк ширкатҳои сохтмониро маблағгузорӣ мекунад, ки дар ин ҳолат шаҳрвандон барои харидани хона имконият пайдо мекунанд. Дар Тоҷикистон ба гуфтаи коршиносон шояд имконияти молӣ камтар аст, лекин дар баробари ин ширкатҳои сохтмонӣ на ҳама аз гирифтани қарзи бонкӣ бархурдоранд ва агар дастрас ҳам кунанд, фоизи он хеле баланд аст.   
Иддае аз коршиносон бар ин назаранд, ки дар Тоҷикистон ҳам агар соҳибкорон имкон дошта бошанд ва бо дастгирии ҳукумат чунин шаҳрчаҳову хонаҳои истиқоматӣ бунёд кунанд, хуб аст. Зеро ин амал мусоидат ба сиёсати иҷтимоии давлат мебошад. Вале соҳибкорон ба мақсади фоида ба даст овардан фаъолият мекунанд ва чунин мешуморанд, ки дар мавриди дастрас шудани хонаҳои нисбатан арзон ҳукумат бояд чораандешӣ кунад. Мирзоҳусайн Султонов, муовини директори Агентии сохтмон ва меъморӣ бар ин назар аст, ки дар Тоҷикистон низ чунин барномаҳо вуҷуд доранд ва аллакай баъзе аз онҳо амалӣ шуда истодаанд. ӯ ба таври мисол аз хонаҳои истиқоматии хиёбони Саъдии Шерозӣ мисол меорад, ки онҳо аз рӯи лоиҳа хонаҳои дастрас барои аҳолӣ будаанд. Ба гуфтаи ӯ Агентии сохтмон ва меъморӣ 9 лоиҳаи хонаҳои дастрасро пешниҳод кардааст, ки феълан дар дасти баррасӣ аст. Дар чунин барномаҳо ҳар чӣ қадар ҳаҷми хона хурд бошад ва ҳузуру ҳаловат камтар бошад, нархи манзили зист пойин меравад. Аммо аз баски нархҳо бозориянд, нархи хонаҳо ҳам аз рӯи вазъи бозори феълӣ тағйир ёфтан мегирад, афзуд ӯ.

Аз 2528 ширкати сохтмонӣ танҳо 1132 тояш фаъолият мебаранд

Дар 6 моҳаи соли 2012 ба 131 ташкилоту корхонаҳо иҷозатномаи фаъолият дар соҳаи сохтмон дода шудааст, ки аз миёни онҳо 18 тояш давлатӣ, 6 тояш саҳҳомӣ, 105 тояш хусусӣ ва 2 тояш ҷамъиятӣ мебошанд. Пас гуфтан мумкин аст, ки ҳар қадар ширкат зиёд мешавад, рақобат низ бештар мегардад. Аммо коршиносон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки бо вуҷуди фаъолияти ширкатҳои зиёд дар ин соҳа нархи хонаҳои истиқоматӣ баланд аст ва аксари шаҳрвандон барои харидани хона имконият надоранд. Оё дар ин сурат рақобати солим вуҷуд дошта метавонад?
Сардори Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти меъморӣ Неъматҷон Рабиев мегӯяд, ки дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ 2528 ташкилоти сохтмонӣ вуҷуд доранд, ки аз онҳо 100 тояш ташкилоти хориҷӣ мебошанд. Аммо аз миёни ин ширкатҳо 1324 тояшон иҷозатномаи фаъолият доранд, вале танҳо 1132 корхона феълан фаъолият мебаранд.

Масъулини Агентии сохтмон ва меъморӣ мегӯянд, ки рақобат дар тиҷорат ҳама вақт буд ва боқӣ мемонад. Ширкатҳои сохтмонӣ барои сохтани хонаҳои сифаташ баланд ва арзишаш нисбатан пасттар кӯшиш мекунанд, то хонаҳояшон харидор ёбад. Ин дар ҳолест, ки аз рӯи маълумоти мавҷуда дар Тоҷикистон ки ширкатҳои сохтмонӣ ба бунёди хонаҳо камтар таваҷҷӯҳ доранд ва ширкатҳои давлатии хонасоз дар ҷумҳурӣ тақрибан вуҷуд надоранд ва ширкатҳои хонасоз асосан хусусиянд.
Ба андешаи иддае аз коршиносон сабабҳои болоравии нархи хона дар Тоҷикистон гуногун аст. Яке аз сабабҳо аз дасти миёнравҳо харидани хона мебошад, ки онҳо барои фоида ба даст овардан нархро ба таври сунъӣ баланд нигоҳ медоранд. Омили дигар аз ҷои кор мисли замони шӯравӣ дигар ба умеди хона додан набояд шуд. Агар манзил мехоҳӣ, онро бо нархи бозор харидорӣ бояд кард. Таҳлилгарон мегӯянд, ки усули таъмини аҳолӣ бо манзили зист дар замони Шӯравӣ яке аз иқдомҳои инсондӯстона буда, иҷтимоӣ будани давлатро нишон медод.

Хонаҳои сокинон дар "нақша", меъёри ҷуброн чӣ гуна аст?

Имрӯз анъанаи замони шӯравӣ, ки ба аҳолии ниёзманд аз рӯи навбат хона дода мешуд, аз байн рафтааст, ҳарчанд қонунгузории Тоҷикистон ба ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқи соҳиби манзил шуданро медиҳад. Аммо бар замми он ки анъанаи хонадиҳӣ аз байн рафтааст, солҳои ахир хароб кардани хонаҳои сокинон, ба хусус дар пойтахти кишвар бештар ба назар мерасад ва далели он дар "нақша"-и шаҳрсозӣ афтодани ин ё он маҳалла ном бурда мешавад ё аз ҷониби мансабдорони алоҳида фурӯхтани ғайриқонунии замин мебошад. Дар баъзе маҳаллаҳои Душанбе сокинон солҳо аз тарси он ки хонаашон дар нақша афтодааст, ба таъмир даст намезананд, то мабодо ҳамаи меҳнаташон барбод равад. Ҳамчунин мушкили дигар ин ҳангоми хароб кардани хонаҳои сокинон пардохти ҷуброни зарар мебошад, ки меъёри ҷубронпулӣ ё "додани хона бар ивази хона" мавриди баҳсу норозигӣ қарор мегирад. Ҳоло аз рӯи маълумоти масъулини Агентии сохтмон ва меъморӣ нақшаи генералии пойтахт дар шакли нав то охири сол таҳия гардида, барои тасдиқ ба ҳукумат пешниҳод мешавад. Ба гуфтаи Мирзоҳусайн Султонов ин нақша аз тарафи лоиҳакашони хориҷӣ таҳия шуда истодааст. Масоҳати шаҳр аз 12, 6 ҳазор гектар ба 38 ҳазор гектар зиёд карда мешавад ва асосан шаҳр ба самти ҷануб васеъ мегардад. Аммо дар масъалаи пардохти ҷубронпулӣ ҷаноби Султонов чунин гуфт, ки иншооти ба "нақша" афтода ё ба истилоҳ харобшаванда агар бо қарори ҳукумати маҳаллӣ сохта шуда бошад ё қонунӣ бошад, дар асоси ҳисоби арзиши умумии иншоот ҷуброн карда мешавад. Масоҳати хона ва шумораи истиқоматкунандагон ҳисоб карда ва хоҳиши сокинон ба инобат гирифта мешавад, иброз дошт ӯ.
Аммо дар ҳамин ҳол меъёри қабулшуда ё стандарти ҷаҳонии ҷуброн ҳангоми хароб кардани хона ба таври мушаххас гуфта нашуд. Масалан, агар як манзили се ҳуҷрадор хароб карда шавад, ба истиқоматкунанда бояд сехонагӣ дода шавад ё духонагии нав бо назардошти нархи имрӯза ва ё қоидаҳои дигар…?

Исфандиёр Халилӣ
Мӯҳр
Ман мехохам Хона харам бо нархи арзон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)