Бахшҳо

Қасами Фаттоҳ Саидов

Ман ба тамоми ҳастиям, ба виҷдонам дар назди шумо қасам мехурам, ки ба коррупсия дар агентӣ роҳ намедиҳам.
Вазорати кишоварзӣ пешқадам. Дар ришвахорӣ

Ба қавли Фаттоҳ Саидов дар шаш моҳи сипаригардида аз ҷониби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 744 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ба андоз алоқаманд ошкор шудааст. Аз ҳисоби умумии ҷиноятҳои ошкоргардида 95 тои онро кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ содир намудаанд. "Агар ҷиноятҳои коррупсионии дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба қайд гирифташударо, ки аз ҷониби кормандони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ содир шудаанд, муқоиса намоем, чунин ҷиноятҳо аз ҳама бештар аз ҷониби кормандони сохторҳои вазоратҳои кишоварзӣ (60 ҷиноят), маориф (36 ҷиноят), нақлиёт ва коммуникатсия (23 ҷиноят), мелиоратсия ва захираҳои об (19 ҷиноят), тандурустӣ (16 ҷиноят), энергетика ва саноат ва Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ (15 ҷиноятӣ) меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (13 ҷиноят), инчунин сохторҳои бонкии ҷумҳурӣ (33 ҷиноят) содир гардидаанд",-афзуд номбурда.

Вазорати мудофиа ҳам қафо намондааст

Дар ин баробар мизони ҷиноятҳои марбут ба коррупсия миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ ҳам ба андеша водор мекунад. Тавре директори агентӣ гуфт, дар ним сол бо иттиҳоми анҷоми 31 ҷинояти коррупсионӣ 3 корманди ВКД-ро боздошт кардаанд. Аммо милисаҳо дар ин феҳраст танҳо нестанд. Дар ин давра 15 ҷиноят аз ҷониби 13 хизматчии Вазорати мудофиа, 15 ҷиноят аз сӯи 8 корманди Кумитаи андоз, 12 ҷиноят аз ҷониби 8 корманди Вазорати адлия, 6 ҷиноят аз ҷониби 5 корманди мақомоти прокуратура, 4 ҷиноят аз ҷониби 4 корманди Хадамоти гумрук, 3 ҷиноят аз сӯйи 3 корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва як ҷиноят аз ҷониби як корманди мақомоти судӣ ошкор ва мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дода шудааст. Ҳамчунин, барои анҷоми 4 ҷинояти хусусияти коррупсионидошта як корманди Агентии назорати давлатии мубориза бо коррупсияро низ боздошт кардаанд.  

Беш аз 100 нафар ғайриқонунӣ аз маҳбас раҳо шудаанд

Баъди анҷоми мӯҳлати амалишавии "қонуни авф" кормандони агентӣ раванди тадбиқи иҷроиши онро тафтиш кардаанд. "Маълум гардид, зиёда аз 100 нафар аз маҳбас ғайриқонунӣ ҷавоб дода шудаанд. Аз ин афрод 104 кас бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ буданд. Бештари ин афрод баъди озод шудан бо ҳар роҳу восита марзи Тоҷикистонро убур карда ба хориҷи кишвар рафтаанд. Танҳо 10 нафари онҳо дубора боздошт гардида ва мӯҳлати ҷазои худро адо мекунанд",-гуфт Фаттоҳ Саидов. Ба гуфтаи вай тибқи хулосаи ташхиси Комиссияи муштараки вазоратҳои меҳнат, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва тандурустӣ ин афрод солим будаанд. Дар ҳоле, ки онҳоро бо далели бемории сил озод кардаанд. Ҷамолҷон Муборов, сардори раёсати тафтишоти агентӣ  мегӯяд дар робита ба ин қазия нисбат ба ду корманди тиббии маҳбасхонаҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба қавли номбурда ин табибон дар тақалуби аснод муттаҳам мешаванд. "Онҳо дар варақаҳои тиббӣ маҳбусони солимро бемори сил нишон дода ва мӯҳлати ин варақаҳоро тағйир додаанд. Парвандаи духтурон ба суд ирсол шудааст".   
Гуфта мешавад, баъди омӯзиши комиссия 11 маҳбусе, ки воқеан аз маризии сил азият мекашиданд ва қонуни авф нисбаташон тадбиқ нашуда буд, ба озодӣ баромаданд.

Ҳолатҳои нав дар парвандаи "исфарагиҳо"

"Парвандаи Низомхон Ҷӯраев ва ҳамаслакони вай яке аз парвандаҳои мураккаб ба ҳисоб меравад, ки тафтишоти он қариб як сол тӯл кашид,-мегӯяд Фаттоҳ Саидов, -феълан, ҳолатҳои наве ошкор шудааст. Бо хоҳиши худи Ҷӯраев, ки ба ин ҳақ дорад, мо санҷиши молиявиро ба чанд иншоот, ки роҳбарияшро бар ӯҳда дошт, оғоз кардем. Натиҷаи ин санҷишҳо ҳоло ба дасти мо нарасидааст". Роҳбари агентӣ гуфт, ки дар робита нисбат ба Рустам Алимов, корманди собиқи прокуратураи генералӣ, ки дар ин қазия айбдоркунандаи давлатӣ буд, парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва худи ӯ боздошт шудааст.
-Адвокат Бердиқул Расулов ҳам дастгир шуда ва тафтиши парвандаи ҷиноии вай идома дорад. Нисбати судяи Суди олӣ Нур Нуров ҳам парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст…  

Нақшаҳо бо сабаби кам будани кормандон иҷро намешавад
Қарори ҳукумати ҷумҳурӣ "Дар бораи ихтисор кардани воҳидҳои корӣ дар сохторҳои хизмати давлатӣ" аллакай тасвиб шуд. Тибқи ин қарор 58 воҳиди кории агентӣ ҳам ихтисор мешавад. "Даҳ сол пеш буҷаи давлат садҳо маротиба камтар буд. Мо ҳамин қадар воҳиди корӣ доштем. Имрӯз буҷа чандин маврид зиёд шудааст, аммо воҳиди кории мо афзоиш наёфта, баръакс ихтисор шуд. Ҳатто мо нақшаҳои ҷории худро бо иллати кам будани воҳиди корӣ иҷро карда наметавонем".

Чанд нукта аз ҳисоботи расмӣ

Дар шаш моҳи ахир агентӣ дар вазорату идора, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бонкҳои давлатӣ, марказҳои идораи барномаҳои аз тарафи ташкилотҳои байналмиллалии молиявӣ маблағгузоришаванда, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳои буҷавӣ 612 тафтишу санҷишҳои молиявӣ  гузаронида, ба маблағи 101,3 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор кардааст. Ин дар ҳолест, ки ҳамин давраи соли гузашта шумораи тафтишу санҷишҳо ба 663 расида ва маблағи зарари молиявӣ 60 миллион сомониро ташкил медод. "Аз маблағи умумии зарари ошкоргардида зиёда аз 13,5 миллион сомониро камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, 28,3 миллион сомонӣ изофанависии ҳаҷми корҳои таъмиру сохтмонӣ, 10,9 миллион сомонӣ хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ, 3,7 миллион сомонӣ зарар аз фурӯш ва ба иҷора додани амволи давлатӣ, 13,1 миллион сомонӣ талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ ва 31,7 миллион сомониро маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо ташкил медиҳанд. Дар муассиса ва корхонаҳои тафтишгардида 10,2 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетии ғайримақсаднок истифоданамуда ошкор карда шуд",-афзуд Фаттоҳ Саидов.
Ба иттилои номбурда зимни тафтишу санҷишҳои молиявӣ 61,0 миллион сомонӣ ба давлат барқарор шуд, ки 60,3 фоиз зарари ошкоркардашударо ташкил медиҳад ва назар ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 25,4 миллион сомонӣ зиёдтар мебошад. Аз маблағи умумии барқароршуда 26,0 миллион сомонӣ ба буҷа ворид шуда, 35,0 миллион сомонӣ ба корхонаҳо барқарор шуданд.

Порахурӣ дар донишгоҳу донишкадаҳо аз байн нарафтааст

Тамоми муассисаҳои олӣ бо ришва олудаанд, -қайд кард Фаттоҳ Саидов. Барои мисол ӯ гуфт, ки ҳоло маъракаи "Довталаб-2012" оғоз нашуда, аммо кормандони агентӣ 8 далели коррупсияро ошкор кардаанд. "Дар Донишгоҳи аграрӣ, Донишгоҳи техникӣ, Донишкадаи энергетикии шаҳри Қӯрғонтеппа, Донишгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Хуҷанд… Ҳоло дар ҳамаи донишгоҳҳо ҷиноятҳои коррупсионидошта ҳаст".
Ин дар ҳолест, ки вазири тандурустӣ дар як нишасти хабарӣ изҳор дошта буд, ки дар Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон ягон ҳолати гирифтани ришва нест. Аммо директории агентӣ мегӯяд, ахиран тарзи гирифтани пораро тағйир додаанд, яъне пора то одами ришвахор аз тариқи чанд даст мерасад, то исбот карданаш душвор гардад.    

Луқмаҳои Фаттоҳ Саидов

Директори агентӣ гуфт, яке аз самтҳои асосии фаъолияти онҳо дар ин шабу рӯз ин аст, ки на кормандони онҳо ва на кормандони кадом як ниҳодҳои назоратӣ беҳуда ба ҳар ҷо "бинӣ нахалонанд". "Агар чунин ҳолатҳо бошад, марҳамат, ман худам омода ҳастам, ки шуморо қабул намоям. Пайи ҳар камбудие, ки сохторҳо роҳ медиҳанд, мо ҳатман чораҷӯӣ мекунем".
"Ман медонам, ки мегӯянд, барои ба агентӣ ба кор даромадан маблағ талаб мешавад. Самти назорати молиявӣ барои тафтиш рафта маблағ талаб мекунад. Гушам-ба ҳар хел гапҳо расид, ки вақти ба агентӣ барои кор омадан маблағ талаб мешавад. Як - ду маротиба гузашт кардам, вақте сеюм маротиба шунидам, ба сардори раёсати кадрҳо ва муовинаш гуфтам, ки "то шамол нашавад, шохи дарахт намеҷунбад". Ҳар дуяшро аз вазифа сабукдуш кардам. Як сол зиёдтар мешавад, ки бекор ҳастанд".
"Ман ба тамоми ҳастиям, ба виҷдонам дар назди шумо қасам мехурам, ки ба коррупсия дар агентӣ роҳ намедиҳам. Дилхоҳ одам, ки ба як ҷо маблағ дода кор омад, фардо он малағро якчанд маротиба карда гирифтанаш даркор-ку…
Шумо худатон метавонед тадқиқоти журналистӣ баред ва санҷед, ки то кадом андоза озмунҳо барои кор дар агентӣ шаффоф мегузарад".


Абдулазизи Восеъ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)