Бахшҳо
07 сен 2012 06:36Иҷтимоӣ

21 соли воҳима

Ба соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ 21 сол пур шуд. Ин фосилаи каму андаке набуда, давлатҳои мутамаддин ва рушдёфтаи ҷаҳон тақрибан дар ҳамин муддат аз бӯҳронҳои сиёсию иқтисодӣ берун баромада, ба ҷодаи ҳамвори тараққиёт ва дастовардҳои бузург расидаанд. Ва дар воқеъ, соҳибистиқлол гардидани кишвар ба ҳеч ваҷҳ маънои онро надорад, ки онро ҳамчун як падидаи бузурги таърихӣ пазируфтаву қабул намуда, атрофи як чунин мафҳум ғавғою ҳангомаҳои безамина, тантанаҳои маснӯиву дурӯғин бардорем. Ва низ ба истиқлолият соҳиб шудан ҳаргиз моҳиятан ба он хотир набудааст, ки ҳукумат ва амалдорони он, аз вазир то кабир аз қавли кампири Оламбибии мо "Даст болои даст монда" ба умеди рӯзи фардои фирӯз, ки Худованд шабеҳи муъҷизае барояшон нохосту ногаҳонӣ эҳдояшон мекунанд, роҳат дар курсиҳо "ғанаб кунанд".

Истиқлолият як мафҳуми догматикиву шахшудамондае нест. Он раванди таърихиест, ки мутасилу мунтазам боястӣ рушд ва таҳаввул ёбад, ба беҳбуд бахшидан ва рӯзгори инсонҳо, кайфияту маишати онон зиндагии боамну рифоҳ ва баробару ҳамқадам бо кишвару билоди тамаддунофари олам мусоидат кунад. Ва пешравию такомули давлату ҷомеа ва хушрӯзию масаррати шаҳрвандони дилхоҳ кишвар аввалқадам аз ҳунару санъати давлатдории сарварони он Ҳукумат ва вазирону мансабдоронаш вобаста аст. Ва агар аз ин зовия ба 21-соли мустақилияти давлатдории  тоҷикон бингарем, некӯ мушоҳида мекунем, ки ҳукуматдорони мо истиқлолиятро фақату фақат  ба масобаи як вожа ё мафҳуми тафохуромез ё хушобурангу хушсадо қабул ва дарку фаҳм кардаанду халос. Бо шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ ғорату ба яғмо бурдани ҷумла молу амволи давлатӣ ба раванди фоҷеабору мӯҳлик табдил гардидаву бо хатми ин ҷангу барқарор ва эҳёи сохторҳои ҳукумати ҷадид, бар ивази азнавсозиву таҷдиди корхонаҳову заводҳо, фабрикаву муассисаҳои фарҳангӣ ва ғайра, билъакс он ҳама "мероси" замони Шӯравӣ бо баҳонаи "привитизатсия" метавон гуфт, ройгон ва муфт ба бойтураҳои беамал ва коҳил, ки на аз илми иқтисод огаҳӣ доштанду на истилоҳи иқтисоди бозоргонӣ "бо ду дасти адаб" ҳадя карда шуд. Ин "ҳотамии" бехирадона иқтисоду саноати мамлакатро барои минбаъду абад фалаҷ карданд, чун сарварони нави корхонаҳои харидашуда. Чуноне кули табақот ва ақшори ин ҷомеа медонад. Дар садади барқарориву навсозии васоити истеҳсолот, дастгоҳҳои муосири тавлидотӣ нашуда, бар хилофи ин бозмонҳои мошинолоти заводу фабрикаҳоро фурӯхта пул карданд. Ин "навгонии иқтисодӣ" намунаи олии "таҳаввулоти саноатӣ" бо наҳваю шеваи тоҷикона шинохта шуд. Ва аммо боястӣ бо вуҷуди мушкилоту сангиниҳои замони баъдиҷангӣ заводу фабрика ва корхонаҳо обод ва баҳри тавлиду коркарди маводу маҳсулоти ватанӣ омода мегарданд. Лек на ин шоду на он. Ҳол он ки таърихи давлатҳои рушдёфтатарини ҷаҳон, минҷумла, ИМА, Русия, Англия, Фаронса, Олмон, Италия, Нидерландия ва ғайраи дигар гувоҳи он аст, ки ин мамолик низ яку якбора ба мартабаи бузургӣ нарасидаанд. Баръакс ин кишварҳо дар авохири асри Х1Х ва авоили  ХХ дар заминаи холӣ (сифр) ба такмили ташаккули бахши саноат ва пешбурди иқтисодиёт бо иродат ва садоқати бепоён ва дасту дили пок ва виҷдону масъулияти ватандориву меҳанпарварӣ даст заданд  ва чун азмашон росиху қавӣ, дилу нияташон беғаразонаву амалу ҳаракаташон ҳалол буд, ба аҳдофи неки хеш комгор гардиданд. Ин давлатҳо истеҳсоли маводу колоро бо ташкилу таъсиси як навъ корхонаҳои кӯчак мануфактураҳо батадриҷ ба роҳ монданд.  Ва пасон, аз мануфактура ба корхонаҳо, фабрикаву заводҳои боазамати истеҳсолӣ гузаштани ихтироъкорону олимони донишвар аввалин дастгоҳҳо, воситаҳои технологӣ ва мошину аппаратҳои замонавиро кашфу ихтироъ ва ба майдон оварданд.

Ҷумҳурии мо бошад, дар ҳоле, ки ҳама васоиту технология ва дастгоҳҳои коркарди маводу маҳсулотро дошт, натавонист гоме дар пешбурди иқтисодиёт ва саноат гузорад. Агар дар ин мавзӯъ ҳарфе бо нигаронӣ ва ҳайрат ба миён меомад, роҳбарон ҳамчун сиппар  як баҳонаро шафеъ меоварданд, ки "дар вақташ андеша накардед, силоҳ гирифта ба ҷанг бархестед, анна натиҷааш ҳамин мешавад". Аммо дар такмил ва тарвиҷу таҷдиди корхонаҳои мавҷуда ҳеч монеаву садде набуд. Танҳо ақлу тафаккури созанда, дурандешӣ, дасту дили ҳалол ва канор задани нафс ва сидқан меҳру муҳаббат варзидан ба ин Ватан лозим буду халос. Лек созандагӣ дар тинату сиришт ва ҳувияти ағлаб афроди тоҷиру соҳибкор ва дар маҷмӯъ, миллати тоҷик ё дида намешавад ва ё ба нудрат ба чашм мерасад. Ҳосил он гардидааст, ки дар дохили ин заводу корхонаҳо чанд пулдоре хишт мерезад ва ё иддаи фаровони дигар асбобу васоити корхонаро бо маводи бунёдияш ба савдо задаву соҳибмулк барои худу фарзандонаш қасру хушк месозад. Ин тарзу сабк бинишу фаҳмиши тоҷиконаро  ҳувайдо месозад. Зимнан, дар равишу ҳунару маҳорат ва санъати соҳибкориву фермеронӣ тоҷик лтифаи воқеи машҳур аст. Сарватманди музофотие аз дӯсташ маслиҳат мепурсад, ки пули зиёде дораду намедонад онро ба чӣ кор сарф кунад?. Дӯсташ мегӯяд, ки ана корхонаи шарробтайёркуниро бихару ба кор андоз. Худо хоҳад таҳи пул хоҳи монд, ва он сарватманд бо талошу такопуи дучанд охиру оқибат корхонаро мехараду хусусӣ мекунад. Як ҳафта дар дохили корхонаи валу валангори собиқ истеҳслкунандаи шароб қадам мезанаду   қадам мезанад ва дилгир мешавад. Ғамгину дилшикаста дубора назди дӯсти носеҳаш меравад ва дарди дил мекунад.

- Корхонаро ба харидан харидаму аммо намедонам онро чӣ тавр ба истифода дарорам?
- Э, нодоне, э, соддае, - механдад ба ҳолаш рафиқи дерин. Барои ба кор даровардани он корхона, коргар киро мекунӣ, ашёи хом харида меорӣ, нуктаҳои барқ ва сӯзишвориро муҳайё мекунӣ. Як тан посбон қабул мекунӣ...
- Эҳа, - воҳима пахшаш мекунад он "соҳибкорро". Ман, ки ин қадар ҳунар медоштам, корхонаро намехаридам.

Шодӣ МУҲАММАДРАҶАБ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)