Бахшҳо
07 сен 2012 06:01Гузориш

Аҳмадшоҳ ва истиқлол

То ҳанӯз асрори террори Шери Панҷшер пурра кушода нашудааст ва касе исбот накардааст, ки ҳамла бар ҷони ӯ маҳз дар рӯзи истиқлоли тоҷикон ин амри тасодуф буд ё нақшаи тарҳрезишуда то боз доғе бар қалби ҳама мардуми тоҷики олам бизананд.

Ёдоварӣ аз ин санаҳо ва ба хусус аз шаҳодати Масъуди далер  барои ҳар фарди озодандеш ғамангезу гарон аст.  Аз ӯ борҳо гуфтанду мегӯянд, аммо дар ин шабу рӯзи чашидани шароби ноби шаҳодат аз дасти душманони дину миллати тоҷик ёдоварӣ кардан корест савоб ва шояд дарсест барои ҳар марди ватанхоҳу озодандеш.  
Шаҳодати ӯ дар соате рост омад, ки мардуми тоҷик 9-умин солгарди истиқлоли худро таҷлил доштанд ва садои даҳшатбори террори ин девори бузургу ҳомии якпорчагии Афғонистон ва хайрхоҳи ҳамзабонони хеш дар соҳили чапи дарёи Ҷайҳун хадшае ба ин рӯз ворид карда, ки ҳамасола бо расидани ин рӯз беихтиёр қалби дӯстдорони ӯро ғусса фаро мегирад.  Аммо пурсиши ҳамеша муҳим ин аст: Аҳмадшоҳ чи бузургие дошт, ки қалбҳоро тасхир карда?  
Аҳмадшоҳи Масъуд  аз сини 24-25 солагӣ, ки  донишҷӯи курси дуввуми институти политехники Кобул буд алайҳи бедодгариҳои замона камари мардонагӣ дар миён барбасту бархост ва аз ин пас соате ҳам фароғатро надид.  Рӯзгори ӯ сашор аз қаҳрамониву далериву мардонагист, ки барои на танҳо миллати тоҷик ва мардуми Афғонистон, балки барои тамоми башарият улгуест дар ростои мубориза алайҳи ҳама дахолату таҷовузи душман бар кишвар. ӯро бархе ба Че Геварии Амрикои Лотинӣ ташбеҳ медиҳанд, вале корномаи ӯ чунон достон гашта, ки дигар дар қарни бисту як ва баъд аз он наметавон ҳамтойи онро пайдо кард ва дар арсаи ҷиҳод, номус дифоъ аз дину аз Ватан ҳамдуши худро то ҳанӯз надоштааст.

Азиз Аҳмади Бориз, таҳлилгари масоили сиёсии минтақа ва Афғонистон, дар ёдоварӣ аз корномаи Шери Панҷшер мегӯяд, ки нақши Аҳмадшоҳи Масъуд дар ҷиҳод ва муқовимат чунон барозанда аст, ки метавон сутуни фуқароти ҷиҳод ва муқовимат номид. Бидуни Аҳмадшоҳи Масъуд агар дар Афғонистон ҷиҳод сурат мегирифт, аммо ба ин рангу бӯ набуд. "Муборизоти Аҳмадшоҳро метавон ба се давра тақсим кард. Давраи аввал ин замоне буд, ки ӯ тавонист нируҳои худро аз Панҷшер берун кашида ва дар шарқи Афғонистон қумондонҳои дигарро басиҷ бисозад ва ҳафт ҳамлаи шӯравиро дар ҳам бишканад. Ин давраи тасбити муқовимати Аҳамдшоҳ аст.
Давраи дуввум ин зиндагинома замони пирӯзии муҷоҳидин аст, ки нақши вазири дифоъи Афғонистонро бозӣ мекард ва чандон давраи фароғату оромие барояш  набуда . Шумо медонед, ки ҷангҳое дохилӣ дар кишвар сар зад. Ин ҷангҳое буданд, ки  созмонишуда аз ҷониби нируҳои хориҷӣ, ба хусус хадамоти истихборотии Покистон, ки аввалан Гулбиддин Ҳикматёр ва баъдан Толибонро ба ҷони ҳукумате, ки бо раҳбарии тоҷикон - Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ ташкил шуда буд, таслеҳ ва таҷҳиз мекарданду мефиристоданд ба ҷанг."

Ба ақидаи ҷаноби Бориз назарҳое, ки гӯё дар Афғонистон ҷангҳои дохилӣ  барои мансабу курсӣ буданд, аз воқеият дуранд. Зеро ин ҷангҳо бештар характери миллӣ-сиёсӣ доштанд ва мақсад дур кардани тоҷикон аз мансаб буда аст.
"Бисёриҳо зоҳири қазияро дида мегӯянд, ки инҳо барои қудрату чавкӣ меҷангиданд. Дар ҳоле ки ман ман мувофиқ нестам. Касе, ки дар муқобили ҳукумати Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ меҷангид, худаш садри аъзами Афғонистон буд. Пас чӣ гуна метавон ин ҷангро ҷанги чавкӣ номид?  Ин хатост. Покистониҳо барномаи стротежияшон ин аст, ки ҳукумати паштунтаборероро таъсис диҳанд, ки мутеъ ва фармонбардори онҳо бошанд", мегӯяд ӯ.
Ба назари ӯ ҳукумати навтаъсиси Раббонӣ бо Аҳмадшоҳ дипломатияи наверо пеш гирифта географияи равобити Афғонистонро васеъ кард ва ҳатто бо кишварҳое, ки чанд муддат пеш бо онҳо меҷангид ва ё мувофиқ набуд, роҳҳои нави ҳамкориро кушуд, ба амсоли Русия, Эрон ва Ҳиндустон.  
"Тилоитарин давраи Аҳмадшоҳ Масъуд  замонест, ки муқовимат дар муқобили толиб ва бунёдгароӣ дар Афғонистон сар зад ва аз ҳама бештар маҳбубиятро дар Афғонистон ва дунё маҳз дар ин давра касб кард. Таври дигар бигӯем бидуни Аҳмадшоҳ  Масъуд ҳеч муқовимате дар муқобили Толибон ва лашкари Покистон вуҷуд намедошт. Ногуфтаниҳо зиёданд.. Тавре яке аз наздикони Аҳмадшоҳ дар сӯҳбати хусусияш ба ман гуфт, замоне тамоми кобинаи ҳукумати профессор Раббонӣ ё дар Бадахшони Афғонистон буданд ё дар Тоҷикистон. Аммо Аҳмадшоҳ Масъуд ба танҳоӣ ба муқовимат шурӯъ кард. Ҳарфи машҳури ӯ ҳам маҳз дар ҳамин давра буда. Ҳангоме, ки Робен Рофел, муовини вазири хориҷаи Амрико дар Багром бо Аҳмадшоҳ Масъуд мулоқот карда мегӯяд, ки ҳукумат хатм аст ва ба шакле  ташвиқ ба таслим шудан мекунад. Аммо ҷавоби Масъуд чунон бо азамат аст, ки кас наметавонад ӯро бо ҳеч чеҳраи дигаре дар Афғонистон қиёс кунад. Омир соҳиб мегӯяд: "агар ба андозаи ин кулоҳам пораи замине дар ихтиёрам бошад муқовимат хоҳам кард".
Ин аст, ки Аҳмадшоҳи Масъуд дар дили мардуми Афғонистон ҷой карда ва қаҳрамони миллии ин кишвар шинохта шудааст. ӯ тамоми умри хешро фидои озодиву оромии кишвари хеш карда ва ҳама мансабу сарватро тарк гуфт.

Аҳмадшоҳ ва минтақа

Дар бозиҳои сиёсии минтақа низ нақши Аҳмадшоҳ ҳамеша рӯшан ҳувайдо буд. Ҳатто генералҳои рус, ки бо ӯ меҷангиданд, низ ба некӣ ёд меоваранд. Борҳо генерал Громов, фармондеҳи қушунҳои шӯравӣ дар Афғонистон, генерал Дудаев, Руцкой ва дигарон аз Аҳмадшоҳи Масъуд ёдоварӣ карда, ӯро ҳарифи арзанда ва лоиқ хондаанд. Ёд дорам сентябри соли 2001 дар фотиҳаи Аҳмадшоҳ, ки дар шаҳри Маскав қарор доштам ва дар масҷиди Проспект Мир ҳатто ҳиндуҳои афғонистонӣ, русҳое, ки замоне дар муқобилаш меҷангиданд меомаданду оби дида мекарданд. Аммо чи чизе ӯро дар Тоҷикистон маҳбуб карда?
Ҷанги нангини шаҳрвандӣ баъд аз як соли истиқлолият мардуми моро маҷбур аз Ватан фирорӣ кард ва беш аз 150 ҳазор фирории тоҷик ба Афғонистон панаҳ бурд. Борҳо аз кумакҳои беғараз ва бародаронаи ҳукумати вақти Афғонистон бевосита аз забони фирориён ва чеҳраҳои сиёсии тоҷик шунидаем. Ҳамчунин нақши ӯ дар сулҳи тоҷикон барҷост. Раҳматулло Абдуллоев, низоъшиноси тоҷик мегӯяд: "бузургии Аҳмадшоҳ дар ин аст, ки ӯ ҳеч академияи ҳарбӣ ва сиёсиро хатм накарда буд, вале бо истеъдоди Худодод ва нирӯи матин тавонист сараввал дар баробари Шӯравӣ ва баъдан дар муқобили Толибон истодагарӣ кунад. Аммо муқовимати ӯ танҳо дифоъ аз хоку оби ватанаш будааст. ӯ мехост Афғонистонеро бунёд кунад, ки дар дасти худи афғонҳо бошад на бозичаи дасти дигар кишварҳо ва ҳамеша дар талоши оромиву истиқрори сулҳ буд.

Тоҷикистонро низ мисли ватани хеш дӯст медошт. Аз рӯзи нахустини ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки баъзе қудратҳо мехостанд он майдонгаҳи бозиҳои сиёсӣ ва  бозори нави фурӯши силоҳ боқӣ бимонад, боз Масъуд буд, ки  кӯшиши сулҳро мекард.
Ман ёд дорам соли 2002 дар ёдбуди Аҳмадшоҳ Устод Абдуллоҳи Нурӣ суханронӣ карда гуфт, ки мо фикр мекардем, ки бо кӯмаки Аҳмадшоҳ муҷаҳҳазу мусаллаҳ шуда, ҷангро идома медиҳем, вале нахустин пешниҳоде ӯ кард ин буд, ки ҳар чи зудтар бояд байни тоҷикон сулҳ кард.  Пуштибонӣ аз муҳоҷирини тоҷик ва ширкати бевоситаи ӯ дар раванди сулҳ таъсири амиқе дар расидан ба оромӣ дар Тоҷикистон гузошт. Ин ҳама кӯшишҳои ӯ буд, ки  дар байни тамоми ақшори тоҷик ин қадар маҳбубият дорад…".

Бархе аз таъсири ҳукумати вақти Афғонистон, ки дар раъси он Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд меистоданд интиқод низ мекунанд, аммо воқеият ин аст, ки беш аз дусад ҳазор фирории тоҷик боз ба Ватан баргашт ва оромона кору фаъолият мекунанд, худ як қаҳрамонист. Аҳмадшоҳро ҳанӯз пеш аз нооромиҳои Тоҷикистон низ мардуми тоҷик дӯст медоштанд ва бо ӯ ифтихор мекарданд. Зеро ӯ тоҷик буд, тоҷики озодаи ватандӯсту муҷоҳиди далер. Тоҷике, ки баъди қарнҳо боз нишон дод, ки модари ин қавм Рустамҳо дорад. Абумуслиму Темурмаликҳояш ҳанӯз зиндаанд…

Тасодуф ё нақша?

То ҳанӯз асрори террори Шери Панҷшер пурра кушода нашудааст ва касе исбот накардааст, ки ҳамла бар ҷони ӯ маҳз дар рӯзи истиқлоли тоҷикон ин амри тасодуф буд ё нақшаи тарҳрезишуда то боз доғе бар қалби ҳама мардуми тоҷики олам бизананд.
Бархе мегӯянд ин тасодуф буда аст, аммо террори Аҳмадшоҳ таърихи 9 сентябр ва ҳамлаи 11 сентябр сабаб шуд, ки Амрико ва ҳампаймононаш барои ҷустани Бен Лодин Афғонистонро ишғол кунанду барои солҳои тулонӣ дар ин кишвар бимонанд. Дар тӯли ин солҳо боз ҳазорон сокини ин кишвар аз ду ҷониб куштаву садҳо ҳонаи мардум валангор гашт. Пас оё ин ду ҳодиса бо ҳам тавъаманд ё хайр? Ё агар Аҳмадшоҳ зинда мебуд мегузошт аҷнабие ба кишвараш агарчӣ "дӯстона" ҳам бошад лашкар бикашад?  Шояд расад он рӯз, ки парда аз болои он роз бардоранд.

Аъзамшоҳ ҚУҚАНШОҲ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)