Бахшҳо
22 окт 2012 09:54Гузориш

Фархор: Зиёда аз 1000 гектар замини корам кишт нашуд

Дар ноҳияи Фархор бо сабабҳои гуногун заминҳои корам кишт намешавад, вале дар ин маврид гӯё касеро парвое набошад.

Ба гуфтаи Мардон Маҳмадалиев, муовини аввали раиси ноҳия, танҳо соли равон ин ҷо беш аз 1100 гектар замини корам умуман кишт нашудааст. Иллати онро ҷаноби мувоини раис, дар дур будани заминҳо аз мавзеи аҳолинишин унвон кард. Ба андешаи ӯ: «Заминҳои кораме, ки аз ҳудуди рустоҳо ва мавзеҳои аҳолинишин дуранд, барои деҳқонон мушкилӣ меоранд. Ҳамчунин, аксари хоҷагиҳои хӯрди деҳқонӣ бо айби надоштани техникаҳои кишоварзӣ, қудрати коркарди ин заминҳоро надоранд. Аз ин хотир, деҳқонон ҳам наметавонанд ва ҳам хоҳиши дар мавзеъҳои дурдаст коркарди заминро надоранд. Ҳукумати маҳаллӣ низ маҷбуран заминро болои деҳқон бор карда наметавонад».
Ба гуфтаи муовини раис, гузашта аз ин 230 гектар замини обиро сел задаасту корношоям гаштааст ва «дигар мавриди истифода буда наметавонад».

1000 гектар замин як ваҷаб нест
Аммо бояд гуфт, 1100 гектар замини андак нест, ки масъулини ноҳия аз бекор мондани он бепарво бошанд ва тарзе дар ин маврид иттилоъ медиҳанд, ки гӯё ягон зараре барои деҳқон, ноҳия, вилоят ва дар маҷмӯъ барои кишвар намерасида бошад. Ҳол он ки президенти ҷумҳурӣ дар мавриди бекор намондани «як ваҷаб» замин мунтазам таъкид мекунад. Дар ҳоле ки дар дигар навоҳӣ барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷудо намудани саҳми замин барои саҳмдорон пайваста нофаҳмиву мушкилҳо ҷой дорад, дар ноҳияи Фархор 1100 гектар замини корами обӣ (ба иқрори масъулин) тамоман бекор мемонаду 230 гектар замини обии дигарро сел задаву дигар намехоҳанд аз он истифода баранд. Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки боз ҳам садҳо гектар заминҳои дигари ин ноҳия коркард намегарданд.

Сар аз хоҷагии собиқ 50 солагӣ то сарҳади маркази ноҳия садҳо гектар замин умуман кишт нашудаанд. Мардон Маҳмадалиев мегӯяд, ин заминҳо бо иллати набудани оби техникӣ кишт намешаванд, ҳарчанд дар Кумитаи заминсозӣ ва омор ҳамчун заминҳои обӣ расман номнавис гаштаанд. Шояд ин иддао дуруст ҳам бошад, зеро дар ҳудуди ин заминҳо дар ягон ҷое чоҳҳои об (скважина) ва ё нуқтаҳои обгузар ба назар намерасанд. Аммо метавон дар ин майдон кишти тирамоҳиро ба роҳ монду ғалладона ва полезӣ кишт кард.

Иллати ҳосили ками ғалла, истифодаи тухмии нохуб
Дар мавриди ғалла ҳам деҳқонони фархорӣ бо истифода аз бемасъулиятии ҳукуматдорон, масъулият бар дӯш надоранд. Тибқи иттилоъ, соли ҷорӣ дар майдони 12043 гектар гандум кишт кардаву ҳамагӣ 36321 тона ҳосил гирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки қисмати зиёди ин заминҳо обӣ будаанд. Маҳмадалиев сабаби онро дар сари вақт нагузаронидани кишт, тухмии нохуб ва кам додани нуриҳои минералӣ медонад. Аммо боз ҳам, кӣ бояд тухмии хубро барои деҳқон муҳайё намояд ва аз истифодаи дурусти замин назорат барад? Идораи кишоварзӣ барои кадом фаъолият аз давлату ҳукумат маош мегирад?

Ҳосили хуби пахтаву қимати пасти харидор
Тибқи иттилои муовини аввали раиси ноҳия дар ҳудуди Фархор 26064 гектар замини корам мавҷуд буда, аз он 19830 гектарашро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд. Аз ҳамин рақам, соли ҷорӣ дар майдони 10660 га кишти пахта гузаронида шудааст. То рӯзи 20-уми октябр беш аз 20 ҳазор тона ҳосили пахта ба даст омадааст, ки 15600 тонаи он барои коркард ба корхонаҳои пунбатозакунии ноҳия интикол ёфтаанд. Қисмати дигари он, бо хоҳиши худи пахтакорон ба корхонаҳои пахтатозакунии навоҳии минтақа  фурӯхта шудаанд.

Ба саволи мо, ки чаро деҳқонон пахтаи истеҳсолиро ба берун аз ноҳия мебаранд, ҷаноби Маҳмадалиев гуфт, деҳқон озод аст ва ҳар куҷое ки хоҳишаш бошад, ҳамон ҷо молу амволашро метавонад ба савдо ва ё коркард бароварад: «Барои мисол, ба корхонаҳои коркарди пахтаи ноҳияи мо 1881 тона пахта аз навоҳии ҳамсоя, барои коркард ва савдо ворид шудааст».
Аммо дар ин маврид саволи муҳим ин аст, ки дар ҳоле ки навоҳӣ дар мавриди ҷамъоварии андоз ба мушкили зиёд рӯ ба рӯ мешавад, оё зарурати моли деҳқон ба берун аз ноҳия дар чӣ аст?
Воқеан, ин амалиёт дар ҳамаи навоҳии кишвар роиҷ гаштааст, ки бегумон сари он масъулини кишоварзӣ ва навоҳиро андеша мебояд.

Дар ҳамин ҳол, ба корхонаи пахтатозакунии  ҶДММ «Мухтор С» 5200 тона пахтаи деҳқонон ворид гаштааст, ки аз он 360 тонаашро корхона бо қимати 550-560 доллари амрикоӣ харидорӣ карда, боқӣ барои коркард қабул шудааст. Маҳмадӣ Ҳамидов, роҳбари истеҳсолии корхона мегӯяд, ба ғайр аз пахтаи деҳқонони ноҳия, пахтакорони навоҳии Панҷу Ҳамадонӣ, Восеву Кӯлоб ва Данғара низ ашёи хомашонро ба корхонаи мазкур меоранд. Сабабашро ҷаноби Ҳамидов дар баланд будани қимати харидорӣ медонад «Дар ҳоли ҳозир, аксари корхонаҳои коркарди пахта дар дигар навоҳӣ ё маблағ надоранд ва ё пахтаро бо нархи арзон аз деҳқон харидорӣ мекунанд. Корхонаи мо имрӯзҳо барои 1 тона ашёи хом 560 доллари амрикоӣ нарх гузоштааст, ки нисбат ба дигар корхонаҳо 60-70 доллар қиматтар аст»,-афзуд ӯ.

Дар ин маврид, хостем аз корхонаҳои дигари ноҳия пурсон шавем, вале мутаассифона, роҳбарони корхонаҳоро дарёфт карда натавонистем. Аммо ба иқрори кормандони ин корхонаҳо, бо иллати набудани маблағ, дигар пахта қабул намекардаанд.

Қарзҳои ҳангуфти ташкилоту хоҷагиҳо аз давлат
Бо ин ҳама, ташкилоту хоҷагиҳои кишоварзӣ аз андози давлатӣ, фонди ҳифзи иҷтимоӣ, барқу оби истифодашуда миллионҳо сомонӣ қарздор мондаанду ҳанӯз дар фикри пардохти он нестанд. Ассосиатсияи хоҷагиҳои кишоварзӣ зиёда аз 11 миллион сомонӣ аз идораи хоҷагии оби ноҳия, 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ аз андози давлатӣ ва беш аз 800 ҳазор сомонӣ аз фонди ҳифзи иҷтимоӣ қарздор будааст. Инчунин, хоҷагии чорвопарварии ба номи «Ҳисор» 700 ҳазор сомонӣ, идораи хоҷагии об 750 ҳазор сомонӣ қарзи андози давлатиро пардохт накардаанд. Хоҷагиҳои деҳқонии «Гулшан», «Меҳриддин», «Ҳафизбой», «Шоҳи Аҳтамҷон», «Ғалаба», «Миразор» ва даҳҳо хоҷагиҳои дигари деҳқонӣ, ки аз 18 то 30 ҳазор сомонӣ аз андози давлатӣ қарздоранд, дар мавриди пардохти он коҳилӣ мекунанд.

Авзаловро мебояд ба майдон барояд
Гуфта мешавад, дар ҳисоботу маълумоти оморӣ дар зиёд маврид омори нодурусту носаҳеҳ пешниҳод мегардад ва ҳукуматдорон низ бо такя ба он, аз ҳақиқати ҳол бехабар мемонанд. Гузашта аз ин, санҷишу назорат ҳам аз ҷониби масъулини вилоят ва Ҳукумати ҷумҳурӣ тақрибан ба амал намеояд. Гумони ғолиб, дар пайи ин ҳолат раиси вилоятро зарур аст дар ин маврид чораҳои мушаххас ба анҷом расонад, вагарна бо бунёди чанд гектар зардолубоғ сатҳи зиндагонии мардум баланд нахоҳад гашт.

Аслиддин Достиев












Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)