Бахшҳо
25 окт 2012 07:26Иҷтимоӣ

Ҳиҷоб ё дискотека: кадоме хоси фарҳанги мост?

Додгоҳи шаҳри Берлин манъи ҳиҷобро дар Олмон ғайриқонунӣ эълон намуд. Ҳукми мазкур дар натиҷаи шикояти як сокини Берлин қабул шудааст. Ин зани ҳиҷобпӯш ба додгоҳи Берлин шикоят бурда, гуфтааст, ки яке аз муассисаи тиббии ин шаҳр ба хотири рӯсарӣ доштан, ӯро ба кор қабул накардааст. Ба навиштаи сомонаи "Ислам для всех" масъулини маркази дандонпизишкӣ дар ҳоле ин занро ба кор қабул намекунанд, ки ӯ аз рӯи ихтисос сад дарсад ҷавобгӯи талабот будааст. Дар муроҷиати худ сокини шаҳри Берлин аз маҳдудияти озодии виҷдон дар бозори меҳнат шикоят кардааст. Дар натиҷа додгоҳи Берлин оид ба баҳсҳои меҳнатӣ эълон дошт, ки ин зан дар ҷомеа мавриди хушунат дар асоси арзишҳои динӣ қарор гирифтааст. Дар Олмон ҳукме ба ин монанд қаблан қабул нашуда буд.

Додгоҳи Берлин маркази дандонпизишкиро муваззаф намуд, ки ба ҷабрдида дар ҳаҷми се моҳона ҷарима бидиҳад. Марям Ҳошимӣ Ёканӣ, вакили дифоъ ин ҳукми додгоҳро барои занони мусалмоне, ки дар Олмон бо мушкили пайдои ҷойи кор рӯ ба рӯ мешаванд, хеле муҳим арзёбӣ кардааст. Маврид ба зикр аст, ки баҳси зан ва ҳиҷоб дар Тоҷикистон низ яке аз мавзӯъоти аслии мақомоти давлат ба ҳисоб меравад. Метавон гуфт, ки давоми 5 соли охир масъулини ҳукумати Тоҷикистон гирифтори баҳси либоспӯшии занон ҳастанд.

Ҳиҷоб, фарҳанг ва мушкили ҳукумати Тоҷикистон
Гурӯҳе аз масъулини мақомоти дахлдор, бо шумули собиқ вазири маорифи Тоҷикистон бо зиддияти худ ба рӯсарии занон чеҳраҳои аслии хабарсози ҷомеа арзёбӣ мешаванд. Абуҷаббор Раҳмонов, собиқ вазири маорифи Тоҷикистон дар тамоми сӯҳбатҳои худ ишора ба он мекард, ки духтарони тоҷик аз фарҳанги худ фаромӯш карда, рӯсарӣ мебанданд. Дар баробари ҷаноби Раҳмонов намояндагони дигар мақомот низ мегуфтанд, ки ҳиҷобпӯшии духтарон аз бегонапарастии онҳо далолат медиҳад. Дар як муддати кӯтоҳ амалиёти роҳ надодани бонувон ба донишгоҳ ва корхонаҳои давлатӣ танҳо ба хотири ба бар намудани либоси суннатӣ, характери саросарӣ гирифт. Дар рафти ин амалиёт даҳҳо духтарони ҳиҷобпӯш паси дарҳои муассисаҳои давлатӣ қарор гирифтанд. Бархӯрди масъулини вазорати маориф ва дигар мақомоти давлатӣ ба пӯшиши суннатӣ сару садо ва суолҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. Баъдан, вазорати маорифи Тоҷикистон барои духтарон фарҳанги миллии либоспӯширо "нишон" дод. Имрӯзҳо дар аксар муасиссаҳои таълимии кишвар овезаҳои махсуси намунаи либосро вохӯрдан мумкин аст. Дар ин гӯша барои духтарон дар баробари либоси тоҷикӣ, ҳамчунин доманҳои кӯтоҳу шим, яъне либосҳои аврупоӣ тавсия шудааст. Ин ҷо суоле ба вуҷуд меояд, ки бардошти масъулини маорифи Тоҷикистон аз ибораи фарҳанги миллӣ чист? Зеро, он либосҳое, ки имрӯз барои донишҷӯён тавсия шудаанд, онро ҷузъе аз фарҳанги тоҷикиву либоси миллӣ гуфтан дурӯғи маҳз аст.

Фарҳанги қафомондагӣ
"Ҳиҷоб моли тоҷик нест, ҳиҷоб махсуси фарҳанги бегонагон аст"- Ин гуфтаҳоро аз забони масъулини тоҷик то ҳануз мешунавем. Аммо касе намегӯяд, ки то Инқилоби Октябр ҳеч зани тоҷик бидуни рӯсарӣ набуд ва ҳатто шакли рӯймолбандии имрӯза(Рӯймоли хурде, ки паси сар баста мешавад), ки гӯё тоҷикӣ будааст, маъмул набуд. Тамоми занҳои тоҷик сартосар рӯсарӣ доштанд ва дар шаҳрҳо бо фаранҷӣ мегаштанд. Аммо онҳое, ки мегӯянд, рӯсарӣ хоси тоҷик нест, чӣ далеле доранд? Ин назарро ба виҷдони гӯяндагонаш ҳавола менамоем, вале аз мақомот ба хусус аз ҷонибдорони андешаи "бегонагии рӯймол" пурсиданием, ки фарз кардем, ки ҳиҷоб хоси фарҳанги мо нест, оё саҳнаҳои нимурён рақсидану сурудхондани артистон аз телевизион махсуси фарҳанги мост? Клубҳои шабонаву тамошои рақси шикам, дискотекаҳо, қиморхонаҳо хоси фарҳанги моянд? Оё гузаштагони мо фарзандонашонро бо домани кӯтоҳ мактаб мефиристоданд? Амалҳое мисли шаробхорию, ришвахорӣ, хушомадгӯиву тамаъкорӣ ҷузъи фарҳанги мо буданд? Муҳоҷирати саросарӣ чӣ рабте ба фарҳанги мо дошт?
Гузашта аз ин ҳама оё ин миллат ба ғайр аз мавзӯи ҳиҷоб дигар мушкиле надорад?

Садҳо мушкил дорад. Агар мушкилоти мардумро пурра нависем саҳифаи рӯзнома кифоят намекунад. Дар миёни 15 ҷумҳурии Шӯравии собиқ танҳо халқи тоҷик солҳост, ки бидуни барқу газ ва системаи гармидиҳӣ ба сар мебарад.  Аз ҷиҳати иҷтимоӣ низ мо дар қатори охиронем. Билохира як саволи дигар: Оё қафомондагӣ рукни фарҳанги миллати мост?   

Зоҳир ё сатҳи дониш, кадоме авлавият дорад?
Гуфта мешавад, масъулини вазорати маориф дар ҳоле бо ҳиҷобпӯшии духтарон мубориза мебаранд, ки ба иттилои масъулини Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам дар ин авохир таваҷҷӯҳи духтарони тоҷик ба ин донишгоҳ бештар шудааст. Самад Сангов, мудири шӯъбаи таълимии ДИТ гуфтааст, ки дар соли ҷорӣ тақрибан сад ҷавондухтари тоҷик ба шӯъбьаи рӯзона шомил шуда, 10 каси дигар барои дарёфти маълумоти дуввум дар шӯъбаи ғоибонаи донишгоҳ дохил шудаанд. Коршиносон мегӯянд, ки сабаби аслии таваҷҷӯҳи духтарон ба ДИТ ин фишори масъулини донишгоҳҳои олии кишвар ба ҳиҷобпӯшии онҳо мебошад. Аслан бархурди масъулин бо ҷавонон хеле аҷиб аст. Агар дар ҳар кишвари ҷаҳон масъулин ба дониш, малака ва ё сатҳи ҷаҳонбинии ҷавонон-духтарон таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд. Дар Тоҷикистон акси ҳол аст. Масъулини ҳукумат ва маорифи Тоҷикистон қабл аз дониши духтарон, нахуст ба симои зоҳирии онҳо таваҷҷуҳ мекунанд. Ҷомеашиносон бо ишора ба мушкилоти бахши маорифи кишвар мегӯянд, ки беҳтар мебуд агар масъулини Тоҷикистон ба ҷойи пӯшиши духтарон, ба сатҳи дониши онҳо таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекард. Биёед, воқеъбинона биандешем, барои дониши хуб гирифтани як донишҷӯдухтар либоси вай чӣ аҳамият дошта метавонад? Ё мутахассисзане, ки ҳиҷоб дорад, кори як бонуи аврупоипӯшро наметавонад анҷом диҳад? Ман бо камоли масъулият мегӯям, ки либоси аврупоӣ доштан ё миллӣ ҳеч рабте ба кордониву сифати кор надорад.

Мақомот ва ҳиҷоб
Таваҷуҳи мақомоти  Тоҷикистон ба масоили ҷузъӣ мисли ҳиҷобу расму оинҳову дигару дигарро коршиносон ба ҳар гуна шарҳ медиҳанд. Агар гурӯҳе инро ба хотири худро ба ғарбиён ширин кардани мақомот рабт диҳанд, гурӯҳи дигар ба тарсидани ҳукумат аз қудрат пайдо кардани мазҳабиён вобаста медонанд. Аммо ба назари ман бардоштани ин масоил ба ноуҳдабароӣ ва надоштани қобилияти роҳбариву бархурдор набудан аз донишҳои замонавии бархе аз мансабдорон сарчашма мегирад. Яъне вақте, ки тавон ва қудрати аз миён бардоштани мушкилоти беҳисобро надоранд, худрову мардумро бо чунин масоили содда машғул медоранд.

Ҳумайрои БАХТИЁР
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)