Бахшҳо
25 окт 2012 08:26Гузориш

Носкаду

Дар ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛУ  ПЕШРАФТА ВА САРЗАМИНИ БИҲИШТОСО  солҳост, ки мардум аз норасоии обу газ ва барқ азият мекашанд. Яъне, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ мо то ҳол ба ҳаде муваффақ нашудаем, ки ақаллан мардуми кишварро пурра бо обу газу барқ ва… таъмин намоем. Аммо бисёре аз коршиносон, олимон ва зиёиёну равшанфикрон баҳона пеш меоранд, ки "Тоҷикистон ҳоло як давлати тозабунёду ҷавон аст ва ҳамааш дар пеш аст".Мо низ бо як ҷахон ташаккуру шукронаи ин сарзамин, ба сардиҳову гармиҳо  тоб оварда, бо нархҳои гарону осмонӣ мубориза мебарем. Мошинҳоямон бо бензину гази русӣ ҳаракат карда, заминамонро ба аҷнабиён додаву савори  ҷипу мерседесҳои "девона"  "катагӣ"  мекунем…  Ҳамин тавр, ба умеди фардои норӯшан шукрона  гуфта, зиндагӣ дорем. Аммо ҳарчанд мардумро бо газу барқ ва ё нархҳои пасти хӯрокворӣ таъмин карда натавонем ҳам, аҳолиро пурра бо НОС таъмин карда метавонем. Бе муболиға ба инаш зурамон расида истодааст. Албатта то замоне, ки он ҳам монополияи ягон мансабдор нашавад. Бояд гуфт, ки бештари мардум ба ин мавод ба ҳаде дилбастагӣ доранд, ки барояшон бе нос зиндагӣ мисли зиндон аст.Аз ин рӯ дар бархе  минтақаҳои ҷумҳурӣ кишти тамоку ба роҳ монда шуда, воситаи рӯзгузаронии мардум мебошад. Бинобар ин зарур шуморидем то доир ба паҳлӯҳои гуногуни НОС, аз ҷумла, нос ва сиёсат, нос ва иқтисод, нос ва масоили иҷтимоӣ ва носу фарҳанг ба шумо хонандаи мӯҳтарам ва истеъмолгарони нос маълумот пешкаш намоем.

Дар хусуси аҳамияти баргузор намудани ҷашни нос

НОС ва пул
99,9 фоизи мардуми носкаш агар барои харидани орду шакару гӯшт ва ҳатто нон пул надошта бошанд, аммо барои нос меёбанд. Агар тамоми бонкҳои молии ҷаҳон муфлис шаванд, агар дунёро саросар бӯҳрони молиявӣ фаро гирад ҳам, мардуми носкаш барои нос ҳатман пул меёбад. Яъне, нос дар зиндагии мардуми мо ба ҳаде ҷои хосро дорад, ки ба кавле барои нос - NO PROBLEM!

Вале дар ҷаҳони имрӯз бидуни пул натанҳо зиндагӣ душвор аст, ҳатто дар бисёр ҳолатҳо он воситаи ҳал кардани мушкилоти инсон ба шумор меравад. Масалан, дар Тоҷикистон имрӯз агар ягон узви бадани одам иллате пайдо кунад, ки бидуни ҷарроҳӣ он метавонад сабаби марги бемор шавад, пул надошта бошед, ҷарроҳӣ намекунанд. Ё  фарзандатон дониши осмонӣ ҳам дошта бошад, вақте пул надоред, ӯ дар ҳеч куҷо таҳсил карда наметавонад. Ва ё ронандаи автомобил бошеду ҳангоми қонунвайронкунӣ агар ба киссаи нозири роҳ як - ду сомонӣ наандозед, соатҳо ҳам вақт ва ҳам ҳуҷҷати ронандагиатонро гирифта, тӯли шаш моҳ  ё як сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум мешавед.
Аз ин рӯ, дар мо қариб ҳама чизро пул ҳал мекунад. Дар бештари маврид дар кишвари мо қонуни аввал пул аст ва қонунҳои дигар дар хизмати он.

НОС ва иқтисод
Пас аз он ки дар мавриди дар ҷойҳои ҷамъиятӣ кашидани сигорро манъ карданд, шумораи муштариёни нос ба маротиб афзудааст. Зеро дар вақти кашидан нос мисли сигор дуд намекунад, ки нозирони тартибот бо диданаш давида биёянд.
Ба ҳисоби камтарин дар Точикистон агар 500 ҳазор муштарии нос бошад,  ва ҳар нафар ҳамарӯза ба маблағи 50 дирам нос харидорӣ кунад, пас барои ин онҳо 250 ҳазор сомонӣ дар як рӯз  бояд сарф кунанд. Ин рақам дар як моҳ 7 500 000 сомониро ташкил намуда дар сол ба 90 000 000 (навад миллион) сомонӣ мерасад. Ба замми ин то ҳол пажуҳишгарон ҳисоб накардаанд, ки чӣ қадар нос ба кишварҳои Русияву Қазоқистон экспорт карда мешавад.  

Феълан дар Тоҷикистон корхонае мавҷуд нест, ки чунин маҳсулоти серхаридорро истеҳсол кунад. Агар раванди тараққиёт ва рушди иқтисоди мо ҳамингуна ҳаракат кунад, мо дар даҳ соли оянда ҳам як корхонаи тавлидотие, ки дар як рӯз беш аз 500 ҳазор  ё 1 миллион муштарӣ дошта бошад, сохта наметавонем. Аз ин рӯ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати молия ва Вазорати энергетика ва саноати кишвар сари масаъалаи нос бояд бештар таваҷҷӯҳ кунанд. Онҳо бояд бо Ҳукумати кишвар ҳарчӣ зудтар сохтану ба истифода додани корхонаҳои носбарорӣ дар минтақаҳои кишварро ба роҳ монанд. Аз ин роҳ онҳо метавонанд садҳо ҷои корӣ  барои шаҳрвандони кишвар муҳайё намоянд. Аз ҳисоби даромади нос метавонем ҳам маоши муаллимонро баланд бардорем, ҳам қарзҳои давлатиро кам карда, сохтани дигар корхонаву фабрикаҳои истеҳсолиро ба роҳ монем. Инчунин Ҳукумати кишвар Академияи илмҳо, факултаҳои  иқтисодӣ, донишмандону олимони соҳаи иқтисодиро вазифадор кунад, ки заминаҳои иқтисодии носро дида бароянд.

НОС ва забон
Чун калимаи нос он қадар зебо талаффуз намешавад, бархе баробари шунидани он рӯй турш мекунанд. Албатта, ин метавонад дар оянда барои ба хориҷи кишвар интиқол додани ин маҳсулот монеаҳо эҷод кунад. Аз ин хотир, бояд барои нос ягон номи зебое фикр кард. Ин ҷо филологҳо ва онҳое, ки бо забони ноби тоҷикӣ сару кор доранд, бояд решаҳои таърихии калимаи носро омӯзанд. Бояд ба он ягон исми хубтару таърихӣ бигзоранд, то ин ном муаррифкунандаи фарҳанги мардуми носкаш дар гузашта ва имрӯз бошад.
Инчунин Вазорати фарҳанг дар якҷоягӣ бо ҳокимиятҳои маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳо "Қомуси носкашҳои маъруфи кишвар"-ро то ҷашни нос омода намоянд.

НОС ва ҷашнвора
Яке аз рӯзҳои моҳи октябрро, ки ба давраи ғунучини тамоку рост меояд, бояд рӯзи нос эълон кард. Мисли иди харбузаву асалу каду бояд иди нос ҳам ҷашн гирифта шавад. Дар ин рӯз бояд ба он ноҳияҳое. ки тулии солҳо ба омодасозиву таъмини мардуми кишвар бо нос машғул буданд, ҷоизаҳо супорида шавад. Чунки замони ҷанги шаҳрвандӣ нон набуд, аммо нос дастрас мешуд. Имрӯз ҳам, агар газу барқ нест, вале нос ҳаст. Агар дақиқтар таҳлил кунем нос воқеан барои мардум судманд  аст. Нос  аст, ки асаби аксари мардуми аз бекоруву бебарории  зиндагӣ харобгаштаро ором мекунад. То ҳадде нос  боиси мустаҳкам гаштани оилаҳо гардидааст. Нос аст, ки аксари мардум бо маоши ночиз тоқат карда кор мекунанд. Ҳамин нос боис мегардад, ки раисону роҳбарон камтар ба сари кормардонашон дод мезананд. Инчунин, дар рӯзи ҷашни саросарии нос бояд ҷиҳатҳои дигари мусбати он гуфта шавад.

НОС ва муфтиёт
Мардум дар мавриди ҳарому ҳалол будани нос фикрҳои мухталиф доранд. Барои ин назару шубҳаҳои гуногунро аз байн бурдан муфтии Тоҷикистон бояд як фатво содир карда, мақоми онро мушаххас кунад. Фатвои муфтӣ бояд арзишҳову ормонҳои миллиро ҳатман дар бар гирад. Бояд ҳангоми фатво додан, хеле боэҳтиёт бошад, зеро як фатвои ноҷои ӯ дар мавриди нос метавонад хашми миллионҳо мардуми кишваро биёрад. Муфтӣ бояд муайяну мушаххас кунад, ки фатвояш бар асоси кадом мазҳаб аст.
Фатвои нос набояд мисли ошӯрову салафиву халафи мавриди фитна қарор гирифта, моҳҳову солҳо мардуми кишварро ба баҳсу мунозираҳои бемаъниву пуч гаранг намоянд.

НОС ва маориф
Вазорати маориф якҷо бо падару модарон назоратро аз рӯи хонандагону донишҷӯён қавӣ гардонад. Ин мақоми масъул бояд волидайни хонандагонро масъул гардонад, ки онҳо ҳар бегоҳ ва саҳар   халтаҳои носи фарзанди худро хабар гиранд, то онҳо дар сардиҳои зимистон дар синфхонаҳои хунук аз беносӣ гарангу асабӣ нашаванд. Инчунин миқдори кашиши носро барои хонандагон муайян кунанд, то волидайн ба халта аз он зиёд нагузоранд.
Устодони донишгоҳҳои олии кишвар пеш аз саршавӣ дар дарс бояд носро кашанд, то асабонӣ шуда, ба ҷои мавзӯъи лозима бамавриду бемаврид аз камбудиҳои зиндагӣ ба шогирдон қисса накунанд.

Нос ва коррупсия
Дар Тоҷикистон ҳамин ки ягон корхонаи нав ба кор шурӯъ кунад, он ҷо ҳатман овозаву миш-мишҳо дар хусуси пора ва коррупсия пайдо мешавад. Аз ин рӯ, кормандони идораи мубориза бо фасод дар кишвар назоратро аз болои коррупсия ва роҳ надодан ба порагирӣ дар корхонаҳои тавлиди нос пурзӯр намоянд. Инчунин тамоми мақомотҳои дахлдор кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки нос монополияи як шахс ё оилаи бо нуфузе дар кишвар нашавад. Агар нос монополия шавад, ин масъала хеле ташвишовар буда, оқибатҳои хуб надорад. Агар мардум ба хотири дину имон молу амвол куштану сӯзондани фарзандонашон лаб накушоянд, ба хотири чанд грамм нос эҳтимол дорад вазирону раисонро ба дор овезанд. Ҳа, масъалаи нос шӯхӣ надорад ва аз монополия он худорӣ намоед!

НОС ВА ПАРЛУМОН
Парлумони Тоҷикистон тайи солҳои охир оид ба қабули аксар қонунҳо дар дохил ва хориҷи кишвар маъруфият пайдо карда, обрӯву нуфузаш дар байни ҷомеа хело боло рафтааст. Хусусан Қонун "Дар бораи иттиҳодияҳи  диннӣ  ва озодии виҷдон", Қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд", Қонун "Дар бораи танзими ҷашну маросимҳои миллӣ" аз қабили қонунҳоеанд, ки номи Парлумони Тоҷикистонро матбуотӣ кардааст. Ва аз рӯи ин қонунҳо мардуми кишвар парлумони мардумиашро беҳтару хубтар шинохт. Ва мардум фаҳмид, ки намояндааш дар парлумон ба нафъи кӣ кор мекунад. Парлумони мо чунин як органи олӣ ва хеле қавии конунбарор аст, ки метавонад Қонун "Дар бораи истифодабарандагони нос ва дурнамои рушд дар ин соҳа"-ро қабул кунад.

Агар нос соҳаи сердаромад гардад, аз эҳтимол дур нест, ки ширкате бо номи  "НОС ТАҶ АРИЯ" ташкил  шавад. Ин  ширкатро Парлумони Тоҷикистон вобаста ба таҷрибае, ки ҳосил кардааст, метавонад бо қабули як қонун аз андоз озод намояд. Чунки ин ширкат ба паҳну интиқоли нос дар дохил ва хориҷи кишвар машғул мешавад, ки ин бе ниҳоят кори мушкил аст. Ин ширкат ҳамчун ширкати ягон мансабдор дар Англия ё ягон минтақаи дигар ҳамчун ширкати офшорӣ сабти ном мешавад. Лекин лоиҳаи ин қонун бояд бо мардум ва носкашҳои мақомотҳои дигар муҳокимаи ҷиддӣ шававд.

Нос +каду
Истифодаи нос аз халтачаҳои салафанӣ онқадар аз рӯи одобу маданият нест. Ва дар халтачаҳои салафанӣ нос то андозае метавонад хусусияти сархушкунӣ ва таъсирашро ба мағзи сар камтар кунад. Аз ин хотир нос бояд дар кадучаҳо дурусттараш дар носкаду гирифта шавад. Ин кадучаҳо бояд бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шавад, мисли либоси гӯяндазанони телевизионҳои Тоҷикистон нақшҳои чакан ҳатман бояд акс ёбад .  Аз хотир набароред, ки дар маҷмӯъ носу каду маводҳое мебошанд, ки тӯли торих ба мардум хидматҳои зиёд кардаанд.
Дар ҷаҳони муосир, ки ҳероину нашъа дунёро бо даромадашон идора мекунанд, чаро тақдири як миллатро ба дасти носкаду насупорем?

Далер ШАРИФОВ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)