Бахшҳо
09 ноя 2012 06:35Гузориш

Иҷлосияи 16-ум барои кӣ сарнавишт сохт?

Пас аз чанд рӯз Тоҷикистон аз 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ таҷлил мекунад. Дар маҳофили мухталиф ин ҷаласа ба ҳар навъе шарҳу тафсир мешавад. Дар ин росто Озодагон аз соҳибназарон пурсид, ки: Иҷлосияи 16-ум барои кӣ сарнавишт сохт?

Шодӣ Шабдолов,  раҳбари ҲКТ

Ҳадафи сиёсии ҳаводиси моҳи феврал дар кишвари мо ҳазфи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон аз қудрат буд. Дар он замон барои хоинон ин кори сахте набуд. Он ҳангом ин хоинони Кремлин дар садади бароварда сохтани нақшаи хунини ғайриқонунии худ баромаданд, яъне системаи конститутсионии Тоҷикистон. Бо эҷоди гуруҳҳои мутаъаддиди милливу мазҳабӣ, ки аз тарафи мудирони Кремлин тарҳрезӣ ва идора мешуд. Муҳимтар аз ҳама ҷаласаи 16 - уми шурои олии Тоҷикистон ба талошҳои ғайриконститутсионии мухолифин барои ба даст гирифтани қудрат хотима дод. Иҷлосия ҷанги шаҳрвандиро хотима надод, ки ба ҳамин хотир теъдоде аз давлатҳои хориҷӣ барои идомаи он алоқаманд шуданд.

Диловари Музаффар, сиёсатшинос

Иҷлосия аз он ҷиҳат тақдирсоз буд, ки дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ ду идеологияи фавқулмиллӣ бо ҳамдигар бархурд карданд. Яке аз онҳо исломи сиёсӣ буд, ки шиъорашон бародар будани ҳамаи мусалмонон буд. Дигараш коммунистон буданд, ки мегуфтанд, коргарони ҷаҳон як шавед. Яъне дар онҷо арзишҳои умумимиллӣ не, балки арзишҳои фаромиллӣ бартарӣ дошт.Тақдирсоз буд барои он ки мо аз ҳамин ду идеологияи фаромиллӣ ба сӯи арзишҳои умумимиллӣ оғоз кардем. Барои ҳамин ин тақдирсоз аст. Чун ду идеологияи фаромиллӣ, ки бартарӣ доштанд, бармехурданд ва дар оқибати ин бархурдҳо мумкин миллат пароканда мешуд. Дар ин иҷлосия нафароне омаданд, ки ба исломи сиёсӣ ва ё арзишҳои коммунистӣ эътиқод доштанд. Дар он нафароне, ки нав омаданд, иддае тобеъи арзишҳои умуммиллӣ ва мобақӣ арзишҳои маҳалл буданд. Барои ҳамин аз ҳамин арзишҳои фаромиллӣ то арзишҳои маҳалл як фазо пайдо шуд.

Адолат Раҳмонова, сиёсатшинос

Ҳамчун як шаҳрванди ҶТ мегӯям, барои он иҷлосияи 16 - ум тақдирсоз аст, ки дар ҳамон лаҳазот ва замонҳо ҳукумати мавҷудаи ҶТ фалаҷ гардида буду агар гуем амал намекард, хато намекунем. Зеро як ҳукумати мусолиҳаи миллӣ таъсис дода шуда буд, ки ҳамаи манотиқи ҷумҳуриро фарогир набуд ва як сулҳу осоиштагиро таъмин карда натавонист. Аз ҷониби дигар чун прокурори кули ҷумҳурӣ аз тарафи қотилон ба қатл расида буд, ин маънои онро дошт, ки қонуният умуман дар ҶТ риоя намегашт. Дар ҳамаи давлатҳои дунё волоияти қонун бояд дар мадди аввал бошад. Модоме, ки ягон бандҳои конститутсия иҷро намешуд ва прокурори кули ҷумҳурӣ ба қатл расонида шуда буд, дар ҳамин лаҳзаҳо иҷлосия доир гашту ҳукуматро барҷо монд. Прокурори кули ҷумҳурӣ низ интихоб гашт. Қонун дар бораи афв қабул карду дар конститутсия тағиру иловаҳо ворид гашта сохти президентиро ба низоми парлумонӣ иваз намуд. Аз ҳамин лиҳоз ман гумон мекунам, ки ин иҷлосия тақдирсоз буд. Ҳадафҳое, ки ин иҷлосия дар пеши худ гузошта буд, вақт нишон дод, ки амалӣ шуданд. Он замон миллати моро як ноумедӣ ва парокандагӣ фаро гирифта буд. Вақте аввалин маротиба як роҳбари ҷавонро интихоб карданду ӯ ба минбар баромад, гӯё вай як сиёсатмадори солор бошад, ки ба мардуми Тоҷикистон муроҷиъат кард. Ва нагуфт, ки танҳо ман роҳбарам. Ӯ ба депутатҳои шурои олӣ муроҷиъат карду гуфт, ки барои Тоҷикистон сулҳ меоварад. Сипас дар дили ин мардум шӯълаи умед пайдо гашт мабнӣ бар ин ки ин роҳбар ба Тоҷикистон сулҳ меовараду ҳамаи гурезаҳоро ба ватан бармегардонад. Аз ҳамин ҷиҳат ҳам барои давлат ва ҳам барои миллат ин иҷлосия иҷлосияи тақдирсоз аст.

Акбаршоҳ Искандаров, раиси Шӯрои олӣ то сесияи 16-ум

Иҷлосияи 16 - уми шӯрои олии Тоҷикистон аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ то кунун арзёбӣ карда нашуда аст ва дар ҷомеа на ҳама бар ин назаранд, ки он тақдирсоз аст ва ҳар кас ба тарзи худ ва ба манфиати худ баҳо медиҳад. Вазъият тавре буд, ки ҳокимият умуман фалаҷ шуда буд. Сохторҳои қудратии мо ба қисмҳо тақсим шуда буданд. Яъне, ҳеч коре карда намешуд. Масъала тавре гузошта шуда буд, ки ё ҳукумати марказӣ ба яке аз ингурӯҳҳо ҳамроҳ шуда дигар гурӯҳро саркӯб кунад ё инки ҳукумати марказӣ як қудрате пайдо кунад, ки ҳар ду гурӯҳро аз байн бубарад. Ин ду варианте буд, ки боиси куштори мардум ва ҷанг мешуд. Барои ҳамин, раёсати онвақтаи Шӯрои олӣ тасмим гирифт, як иҷлосия барпо ва масъалаҳои мубрами рӯз, яъне авзои сиёсии кишвар баррасӣ шавад. Дар маҷмуъ иҷлосияи 16 - ум барои касе тақдирсоз набуд.

Сӯҳроб Шарипов, вакили парлумон

Иҷлосияи 16 - ум барои тамоми давлат ва миллати тоҷик тақдирсоз буд. Чун новобаста аз натоиҷаш дар ин иҷлосия масъалаҳои муҳими давлатдории ояндаи давлати тоҷик баррасӣ карда мешуд ва ин хеле ҳам муҳим буд барои миллат. Раиси шурои миллӣ ҳамчун ба мақоми сардори давлат интихоб шуду ба ояндаи таърихи сиёсии навини тоҷик таъсири мусбӣ гузошт. Акнун мо ҳама шоҳиди он ҳастем, ки чигуна натиҷаҳо ба даст овардем дар натиҷаи интихоб кардани сарвари давлате, ки тавонист новобаста аз он таҳдидҳову фишорҳову хатарот ва мушкилоте, ки дар роҳи ба даст овардани сулҳ пайдо шуда буданд, 27 - уми июни соли 1997 имзои созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ буд. Ин барои давлати навини тоҷик хеле муҳим буд ва ман фикр мекунам мо имрӯз каме иштибоҳ мекунем, ки мегӯем, барои касе ё гуруҳи алоҳидаи кучак фоидаовар буду халос. Ин бардошти нодуруст аст. Ин иҷлосия ба он оварда расонд, ки Тоҷикистон тавонист аз он бӯҳрони хеле ҳам шадиду ҷиддии ҷанги шаҳрвандӣ барояд. Бо тараққиёту комёбиҳое, ки ба даст овардем, тавонистем ба ин марҳила бирасем. Иҷлосияи 16 - ум дар Хуҷанд масоили мубрами давлатдории тоҷикро ҳал кард ва ман фикр мекунам ин як бозии сиёсӣ буд, ки Эмомалӣ Раҳмон раҳбари давлат интихоб шуд. Вале аксариятҳо фикр мекарданд, ки ин муваққатӣ аст. Аз ин чиз мо озод шуда наметавонем, чун ин ҳақиқати сиёсиро имрӯз инъикос месозад. Новобаста аз он бозиҳои сиёсие, ки он вақт буд, Эмомалӣ Раҳмон тавонист манофеъи умумимиллиро дар дасти худ ҷалб кунад. Ӯ тавонист роҳи дурусти рушди миллиро муаян сохта на ба зиддияту мустаҳкам кардани бӯҳрони ҷанги шаҳрвандӣ, балки барои ҷустани роҳи сулҳ ҳидоят намояд. Дар ин роҳ бозиҳои минтақаӣ хеле ҳам шадид буданд. Ҳам аз ҷониби ҳамсояҳо ҳам аз ҷониби абарқудратҳо. Эмомалӣ Раҳмон тавонист манофеъи миллиро аз манфиъатҳои гуруҳӣ боло гузорад он ҳам дар ҳолате, ки хатарҳои ҷиддӣ аз тарафи қумандонҳои ду тараф вуҷуд дошт. Бигзор ҳар кас чизе мехоҳад гуяд. Ин ҷаласа иҷлосияи тақдирсози миллати тоҷик аст ва мо бояд ҳақиқатан ҳам баҳои дурусти сиёсӣ ба ин ҷаласа диҳем. Роҳбари ҷавон ҳам бо назари хеле солим интихоб гашт. Гуруҳҳо чи фикрҳое, ки надоштанд аз ҷумла муваққатӣ буд ё ин ки мекуштанаш ва ё паси бозиҳои сиёсӣ мебурданаш, ӯ тавонист роҳи дурустро интихоб кунад. Ман чунин баҳо медиҳам, ки натиҷаҳои ҷаласа барои миллат зарур буданд.

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшинос

Иҷлосияи 16 - ум барои он афроде, ки барои мансаб ҷангида буд ва ҳамеша хоҳиши соҳиб шудан ба мансабро дошт, барои онҳо тақдирсоз буд. То имрӯз ман фикр мекунам, ки ин идома дорад. Чун ашхосе, ки соли 1992 соҳиби мансаб шуда буданд, акнун низ соҳиби мансабанд. Чи тавре ҳамасола ҷаласаҳои ҳукуматӣ нишон медиҳад, мо 20 сол аст, ки як чеҳраро дар ҳукумати ҷумҳурӣ мебинем ва аз ин ҷойивазкуниҳо ягон дигаргуние ба миён наомадааст. Бинобарин ман фикр мекунам, ин иҷлосия барои шахсоне, ки чашм ба мансаб духта буданд, тақдирсоз буд. Вале агар барои мардум тақдирсоз мебуд, имрӯз зиёда аз як миллион аҳолӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ намебуду гадои дари мардуми русу қазоқ намешуд. Агар ин иҷлосия воқеан барои мардум тақдирсоз мебуд, онҳо бо ҷойҳои корӣ таъмин шуда дар ватани худ зиндагӣ мекарданд. Аз ин рӯ барои он чиновникҳое, ки соҳиби мансаб гаштанду дороӣ доранд, ин иҷлосия тақдирсоз буд ва ҳаст.

Маҳмадалӣ Ватанов, вакили парлумон

Иҷлосияи 16 - уми шӯрои олӣ барои ҳамаи мардуми Тоҷикистон тақдирсоз буд. Зеро ин иҷлосия мардуми Тоҷикистонро аз парокандагӣ халос кард. Аҳаммияти таърихии иҷлосия аз он иборат аст, ки ин иҷлосия мақомоти фалаҷшудаи ҳокимияти давлатиро аз нав эҳё карду ба ҷон даровард. Ва ин ҳокимият баъдан оҳиста - оҳиста мустаҳкам шуд. Бо ин иҷлосия давлати мустақилро комилан эҳё кардем.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)