Бахшҳо
21 ноя 2012 07:12Гузориш

Амири Қатар ва қазияи куштори кӯдакони фаластинӣ

Аз рӯзе, ки Амири Қатар ба навори Ғаза омад, интизор мерафт, ки дар ин минтақа чӣ ҳодисае, чӣ фалокате рух медиҳад…

Ба гузориши Форс, аз рӯзе, ки шайх Ҳамд бини халифаи Оли сонӣ, Амири Қатар ба ҳамроҳи ҳамсараш пойи худро ба навори Ғаза гузошт,  интизор мерафт, ки фоҷиае дар интизори ин борикаи қаҳтизада ва муҳосирашуда бошад. Расонаҳои ғарбӣ сафари Амири Қатарро барои ифтитоҳи чанд пружаи санъатӣ дар навори Ғаза эълон карда буданд, албатта чизе, ки онҳо саъй мекарданд, дар ин сафар махфӣ нигаҳ доранд, ин буд, ки ин сафар бо ҳимоятҳо ва пӯшишҳои режими саҳюнистӣ аз вай ҳамроҳ буд.
Амири Қатар пас аз таваққуфе шашсоата ва дидор бо мақомоти аршади чунбиши Ҳамос аз тариқи Миср ба Қатар бозгашт.

Ин дар ҳоле буд, ки ҳафтаномаи фаластинии Ал-манор ба нақл аз бархе манобии хабарӣ навишт, ки танҳо чанд соат қабл аз оғози ин дидор Ҳамд ибни Ҷосим оли Сонӣ, нахуствазири Қатар ба сурати махфиёна ба Телавив сафар кард, вай дар ин сафари панҷсоата бо мақомоти режими саҳюнистӣ, аз ҷумла Бинямин Натаняҳу нахуствазир ва Меймун Парез, раиси ин режим дидор дошт.

Абъод ва аҳдофи ин сафари машкук то чанд рӯз аз диди расонаҳои ҷамьӣ махфӣ монд, то ин ки бо афзоиши таҳдидоти низомии режими саҳюнистӣ алайҳи Ғаза ва оғози ҷанги густарда алайҳи ин минтақа, аҳдофи ин сафар мушаххас шуд, пойгоҳи хабарии Ал-манор дар ҳамин росто бо интишори гузориши итилоотӣ ба нақл аз манобеи фаластинӣ аз мӯҳтавои музокироти Амири Қатар бо Исмоил Ҳания, нахуствазири давлати мунтахаби Фаластин дар Ғаза парда бардошт ва моҳият ва аҳдофи аслии ин дидорро фош кард. Ал-манор навишт, ки Амири Қатар  дар ин дидор аз Ҳания хостааст, ки агар мехоҳад, кӯмакҳои молӣ ва иқтисодӣ дарёфт кунад, бояд эьтилофи худ бо Эронро, ки ба рағми вай душмани ислом ва муслимин аст, мутаваққиф кунад.Ин манобеь аз забони Исмоил Ҳания шартҳое, ки Амири Қатар дар ин дидор қарор дода будро ба ин сурат бар шумурданд:

- Тавақуфи эътилоф бо Эрон;

- Оғози музокирот бо Исроил бидуни шарт;

- Ба расмият шинохтани Исроил;

- Ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти Исроил ва адами исрор ба бозгардондани бахши шарқии он;

- Эълони таваққуфи муборизоти мусаллаҳона ва ворид шудан дар масири музокирот.

Бо ради ин дархостҳо аз сӯи Исмоил Ҳания, Амири Қатар охирин ултиматумҳоро ба вай дода ва муддати дидори худ аз Ғазаро низ аз ду рӯза ба чанд соат тақлил дод ва маблағи ваъда додашуда барои кӯмак ба Ғаза, ки болиғ бар 600 милион доллар буд, низ ба 350 миллион доллар тақлил дод.

Вай саъй дошт, аз тариқи ин дидор ва истифода аз аъзои хориҷнишини ҷунбиши Ҳамос, ки мақари худро аз Сурия ба Қатар интиқол дода буданд, яке аз пулҳои иртиботии давлати Сурия бо меҳвари муқовимат, ки ҳамон муқовимати Сурияро қать кунад ва дар масири аслии худ, яьне барандозии давлати Сурия аз ин раванд баҳрабардорӣ кунад. Шайх Ҳамд, ки аз расидан ба аҳдофаш дар ин сафар ноком монда буд, гузориш шуда, зимни ҳамоҳангӣ бо саҳюнистҳо ба раҳбарони Ҳамос соатҳо ва худ корҳоеро эҳдо кард, ки дорои таҷҳизоти иртиботӣ бо моҳвораҳои исроилӣ буда, ки ба кӯмаки он шиносоӣ макони ҳузури ин раҳбарон имконпазир мебошад. Террори Аҳмад Алҷаъбарӣ, аз фармондеҳони аршади гурдонҳои қасом, шохаи низомии ҷунбиши муқовимати исломӣ, (Ҳамос) тавассути ҷангандаҳои исроилӣ ба кӯмаки ҳамин тавҳизот сурат гирифт.

Сарнахи баъдии аз даст доштани давлати Қатар дар ҳамлаи низомии саҳюнистҳо ба Ғазаро низ ҳафтаномаи фаластинии Ал-манору кард. Ин маҷаллаи электроникӣ ба нақл аз як дипломати аврупоӣ навишт, Телавив 12 соат қабл аз террори Алҷаъбарӣ ба оғози ҳамла ба Ғаза бо Амири Қатар ва нахуствазири ин кишвар тамоси телефонӣ барқарор кард. Ба гуфтаи ин мақоми аврупоӣ, тайи ин тамос мавзӯи оташбас дар навори Ғаза байни ду тараф баррасӣ шуд ва дафтари Натаняҳу аз талошҳои Қатар дар ин хусус истиқбол кард ва дар айни ҳол тасмим гирифт ба манзури пуштибонии гузаргоҳҳоро боз кунад ва раиси ситоди муштараки артиши Исроил низ дар омӯзишҳои низомӣ мушорикат дошт.

Ба ин тартиб, давлати Қатар, ки воситаи аслии оддисозии равобити кишварҳои араби минтақа бо режими сайҳунистӣ аст, бар хилофи таблиғоте, ки дар ҳимоят аз мардуми мусалмони Ғаза дорад, яке аз муҳимтарин авомили байналмилалии ҳамла ба навори Ғаза ва куштори даҳҳо зан ва кӯдак ва шаҳрванди фаластинӣ аст, ӯ ки дар масири табдил кардани худ ба як қудрати минтақаӣ албатта бо такя бар қудратҳои ғарбӣ ва долларҳои нафтӣ ҳеч мониаеро бар наметобад, ин бор низ ҳамоҳангии комили худро бо тарҳҳои саҳюнистӣ ва амрикоӣ нишон дод, то ҳарчи бештар битавонад эътимоди сарони Ғарбро нисбат ба худ ҷалб кунад.

Ба ҳамин тартиб буд, ки итиҳодияи араб таҳти фишорҳои давлати Қатар ва дабири кулли ин иттиҳодия  ҷоиронатарин ҳукмҳоро алайҳи давлати Сурия содир мекард, дар нишасти ҳамосӣ ки баргузор кард, танҳо ба шеърхони ва раҷазхонии алайҳи режими саҳюнистӣ иктифо карда ва ба ҷойи итихози иқдомоти илмӣ алайҳи ин режим, аз ҷумла қатьи равобити дипломатӣ ва иқтисодӣ бо режими саҳюнистӣ ва таҳрими колоҳои онҳо, дар ростои манофеи ин режими ҳайате аз вузарои худро ба Ғаза мефиристад, то Ҳамосро ба мувофиқат бо шурути таҳмилии саҳюнистҳо дар пазириши оташбас водор кунанд.


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)