Бахшҳо
30 ноя 2012 04:46Сиёсат

Воқеъияти замон ва Эштону "эрка"-ҳои Тоҷикистон

Кетрин Эштон, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо 29-уми ноябр вориди Душанбе мешавад. Тибқи ҳабари департаменти иттилооти ВКХ-и Тоҷикистон, бону Эштон тасмим дорад, дар ҷараёни боздидаш бо вазири умури хориҷа Ҳамрохон Зарифӣ ва раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намояд. Раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ки таъмини амнияти ҳуқуқҳои сиёсиву иқтисодии шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз мавзӯъи муҳими сӯҳбатҳоаш хоҳад буд. Дар қиёс бо солҳои қаблӣ ин навбат хонум Эштон бо масъулини Осиёи марказӣ ин масъаларо на танҳо матраҳ, балки дурнамои бартараф кардани мушкилотро низ ба миён мегузорад.

Иттиҳоди Аврупо ваъдахилоф?
Маврид ба зикр аст, ин нахустин сафари намояндагони воломақоми Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон нест. Дар гузашта низ намояндагони Иттиҳоди Аврупо масоили ҳаммонандро бо масъулини ҳукумати Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор додаанд. Бо таваҷҷӯҳ ба сафарҳои расмии намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва вазъи сиёсии Тоҷикистон коршиносон мегӯянд, ки ин навбат низ хонум Кетрин Эштон пас аз интиқод чанд ваъдае барои беҳбуди вазъият хоҳад дод. Зеро созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо манфиатҳои худро болотар аз ҳадафҳояш мегузорад.  Дар робита ба ин масъала Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раҳбари ҲНИТ мегӯяд, ки Иттиҳоди Аврупо ба хубӣ дарк кардааст, ки давоми 20 соли фаъолият ҳукумати Тоҷикистон маслиҳату машварати ҳеч созмони байналмилалиро барои таъмини амнияти ҳуқуқи инсон ба инобат намегирад. Аммо ин созмон ба хотири ҳифзи нуфуз ва манфиатҳои сиёсиаш дар минтақа ба мушкилоти Тоҷикистон чашм хоҳад пӯшид. Иттиҳоди Аврупо ва ҳар созмони дигари урупоӣ танҳо ба ҳамин хотир барои амалӣ гардидани барномаҳояшон дар Тоҷикистон пофишорӣ намекунанд:

"Барои мисол онҳо бисёр хуб медонанд, ки аз соли 1994 ба ин сӯ дар Тоҷикистон ҳеч интихоботе шаффоф ва одилона баргузор нагардидааст. Коршинос ва масъулини созмонҳои урупоӣ баъди интихобот аз низоми сиёсии феълии Тоҷикистон интиқоди ҷиддӣ мекунанд, аммо он танҳо рӯйи қоғаз боқӣ мемонад", иброз дошт муовини раҳбари ҲНИТ.

Дар қабл онҳо дар якҷоягӣ бо аҳзоби мухолиф барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни интихоботи Тоҷикистон талош доштанд. Ҳукумати Тоҷикистон ин пешниҳодро рад кард. Маҳмадалӣ Ҳайит мегӯяд, ки намояндагони созмонҳои Аврупо барои қабул гардидани ин пешниҳодашон пофишорӣ надоштанд, чунки ҳифзи манфиати сиёсати ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва Афғонистон барои онҳо муҳимтар аз ин масъала аст. Дар ҳамин ҳол Шокирҷон Ҳакимов, муовини раҳбари ҲУСДТ мегӯяд, ки бойиси таасуф ҳаст, ки ҳукумати Тоҷикистон интиқоду машваратҳои Иттиҳоди Аврупоро ҷиддӣ ба назар намегирад. Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулини ҳукумати Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо хонум Эштон чунин вонамуд мекунанд, ки тамоми эродҳоро қабул ва барои бартараф кардани мушкилот талош хоҳанд варзид.

Ҳамкории ҳукумат бо мухолифин
Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ Кетрин Эштон ҳангоми боздиди худ аз Гурҷистон бо раисҷумҳури ин кишвар Михаил Саакашвилӣ масъалаи ҳамкории ҳукумат бо мухолифинро матраҳ кардааст. Хонум Эштон ба Михаил Саакашвилӣ гуфтааст, ки ҳукумат дар симои рақибони сиёсиаш набояд душман ҷуста, аз онҳо қасос бигирад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин масъала, гурӯҳе аз таҳлилграрон бар ин назаранд, ба эҳтимоли зиёд ин мавзӯъ дар Душанбе низ матраҳ шавад. Аммо муовини раҳбари ҲУСДТ, Шокирҷон Ҳакимов мавриди баррасӣ қарор гирифтани ин масъаларо дар Душанбе байид медонад. Паст будани сатҳи фарҳанги сиёсии Тоҷикистон дар қиёс бо Гурҷистонро Шокирҷон Ҳакимов сабаби аслии матраҳ нашудани масъалаи ҳамкории ҳукумат бо мухолифин медонад:

"Гурҷистон кишвари озодтар аст. Аз ин хотир матраҳ кардани ин масъала  мутобиқи мақсад аст. Дар Тоҷикистон вазъи сиёсӣ хеле дигар аст. Дар баъзе ҳолатҳо аҳзоби мухолиф талош мекунанд, то бо риояи фарҳанги сиёсӣ аз "нописандӣ" -и ҳукумат интиқод кунанд. Дар натиҷа, ҳукумати Тоҷикистон нигаронӣ карда, аз ҳамкорӣ бо мухолифин дар умум худдорӣ мекунад", гуфт Шокирҷон Ҳакимов.

Номбурда изҳори нигаронӣ аз он мекунад, ки ин амали ҳукумат хилофи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон мебошад. Зеро сарқонун имкони шароити баробарро барои аҳзоби сиёсӣ кафолат додааст.

"Эрка"-ҳои ҳукумати Тоҷикистон, ё баръакс?
Бояд гуфт, бори аввал нест, ки аҳзоби мухолиф ва коршиносон аз шеваи бархурди ҳукумат бо пешниҳоду интиқоди мухолифин изҳори нигаронӣ кунанд. Коршиносон мегӯянд, ки ба ҷойи нодида гирифтани интиқоди мухоифин, беҳтар буд агар ҳукумат аз эроду пешниҳодҳои онҳо кор бигирад. Чунки аҳзоби сиёсии мухолиф низ дар баробари ҳукумат танҳо ҳадафҳои ба вуҷуд овардани ҷомеаи шаҳрвандиро доранд. Ин гуфтаҳоро Сайфулло Сафаров, муовини раҳбари маркази тадқиқотии Тоҷикистон тақвият бахшида мегӯяд, ки ҳукумати кившар ҳеч гоҳ дар симои мухолифинаш душманро надидааст.

"Ҳизбҳои сиёсии мухолифи Тоҷикистон худашон эрка шудаанд. Инҷо айби ҳукумат дар он аст, ки тамоми нози мухолифинро мебардорад. Албатта, дар расонаҳои хабарӣ бештар аз маҳдудият ва фишори ҳукумат ба аҳзоби сиёсӣ суханҳо гуфта мешавад. Аммо дар воқеъият вазъият хеле дигар аст. Ҳукумат интиқоду пешниҳодҳои мухолифинро ба эътибор мегирад", илова кард Сайфулло Сафаров. Дар ҷавоб ба суоли мо ки, кадоме аз аҳзоби мухолифин "эрка"-и ҳукумат аст ва масъулин кадоме аз пешниҳодоти аҳзобро ба инобат гирифтааст. Муовини раҳбари маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон гуфт, ки танҳо бо мақсади таъмини амнияти мухолифин имкони ошкор баён кардани ин ҳизбҳоро надорад. Зеро эҳтимол меравад, пас аз ин ошкорбаёни нерӯҳои саввуми дохилӣ ва байналмилалӣ ба мухолифини Тоҷикистон фишор оранд. Сайфулло Сафаров гуфт, ки дар умум ҳукумати Тоҷикистон дарк кардааст, ки бидуни мухолифин давлати устувор сохтан ғайриимкон аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои Маҳмадалӣ Ҳайит ҳукумати Тоҷикистон хеле  мағрур буда, ҳеч созише бо мухолифин надорад. Хилофи гуфтаҳои ҷаноби Сафаров, муовини раҳбари ҲНИТ иброз дошт, ки дар шароити феълии давлатдории Тоҷикистон аҳзоби мухолиф ҳукуматро "эрка" кардаанд. Ба сифати далели суханҳояш номбурда аз қабул нагардидани пешниҳодоти мухолифин аз ҷониби ҳукумат мисол меорад.

ҲНИТ бо Кетрин Эштон нақзи ҳуқуқи инсонро матраҳ мекунад
Маҳмадалӣ Ҳайит мегӯяд, ки барои равшанӣ андохтан ба ин масъала бо раҳбари сиёсати хориҷии Итиҳоди Аврупо мулоқоте анҷом хоҳад дод. Ба бовари номбурда баррасии масоили нақзи ҳуқуқи сиёсӣ, динӣ ва шаҳрвандии мардум ва низоми сиёсии Тоҷикистон мавзӯи меҳварии сӯҳбаташ бо Кетрин Эштон хоҳад буд.

Коршиносон мегӯянд, ки намояндагони созмонҳои байналмлалӣ барои муътадил гардидани вазъи сиёсӣ ва аз байн бурдани поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва умуман кишварҳои Осиёи Марказӣ наметавонанд саҳмгузор бошанд. Зеро фарҳанги сиёсии Осиёи марказӣ аз фарҳанги сиёсии ҳар кишвари Аврупо ба кулли фарқ мекунад. Мафҳумҳое чун озодии инсон, ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба таври мухталиф маънидод шудаанд. Илова бар ин қонугузориҳо низ яксон набуда, арзишу авлавият барои ҳукуматҳо низ дигаргун аст.

Ҳумайрои БАХТИЁР
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)