Бахшҳо
03 дек 2012 04:13Гузориш

Ба мунсифона баргузор шудани озмуну сабқатҳо дар Тоҷикистон бовар доред?

Азбаски дар ҷомеъа сару садо атрофи шеваи баргузории озмуну сабқатҳои мухталиф ва тарзи баҳогузорӣ ба онҳо зиёд мешавад, пурсиш мазкурро Озодагон дар миён гузошт. Ва инак, посухи шаҳрвандон:

Нуралӣ ШОҚУРБОНОВ, масъули хадамоти матбуотии Вазорати рушти иқтисод ва савдо

Озмунҳои вазорати мо дар сатҳи зарурӣ ва хеле баланд баргузор мегарданд. Бо назардошти талаботҳо ва шароитҳое, ки ҳаст, ҳамаи онро ба инобат гирифта, доварон баҳогузори менамоянд. Ба наздикӣ дар вазорат озмун гузашт, ҳатто як нафар аз кормандони худи мо аз озмун нагузашт, барои он ки ба саволҳо ҷавоб дода натавонист. Ҳама медонанд, ки духтар босавод аст, аммо мегӯяд, ки намедонам чӣ хеле шудам, ки ба саволҳо ҷавоб дода натавонистам. Дар озмунҳои мо барои шаффоф гузаштан доварон ва Раёсати хизмати давлатии назди президенти ҷумҳурӣ даъват карда мешаванд. Чанд нафар ҷавони босавод, ки таҷрибаи корӣ надоштанд, аз озмун гузаштанд. Ман ба озмунҳои вазорати худамон кафолат медиҳам, аммо дар дигар вазоратҳо чӣ хел мегузарад, намедонам.

Аъзамшоҳ ҚӯҚАНШОҲ, собиқварзишгар

Ман ба сабқатҳо ва озмунҳо он қадар бовар надорам. Зеро дар ҳар озмуне ҷӯрабозиву ошнобозӣ сурат мегирад, чӣ дар озмунҳои  хунарӣ, илмӣ ва чӣ сабқатҳои варзишӣ. Дар бораи озмунҳои мактабӣ  чандин бор гуфтаанд ва банда борҳо дар мусобиқаҳои варзишӣ ширкат доштам, ки боиси малоли хотири мухлисон мешуд, ки яке аз онҳо ман мебошам. Таври мисол, дар мусобиқаҳои гӯштини тарзи самбо ва дзюдо, ки байни наврасон баргузор мегардад, чандин бор ширкат доштам . Ба замми он ки худам дӯстдори ин навъи варзишам, ҳамчунин фарзанди ман низ дар ин намудҳо сабқат меварзад. Борҳо шоҳиди он будам, ки бархе аз мураббиён барои "гузаронидан"-и шогирдони хеш ба ?иромбозӣ даст мезананд, ё синни шогирдонашонро хурд нишон медиҳанд. Ҳатто замоне низ буд, ки бо чанд нафаре аз онҳо ҳатто сахггӯйӣ ҳам кардам, ки наход чунин кор кунед, ки  вазни бештар ё синни бузургтар мумкин аст, барои маъиб гаштани як тифли дигар гардад. Устодони дилсӯз ва поквиҷдон низ кам нестанд, ки дар фикри ҷавонону афроди лоиқ бошад, аммо дар маҷмӯъ фикр мекунам, дар ҳама сабқатҳо  ошнобозиву хешбаргирӣ мавҷуд аст. Дар ҳар сурат, бояд дар ин сабқатҳо бояд ширкат кард ва он ҷавони лоиқ ҳатман мақомеро мегирад, агар ҷойи аввалро нагирифт дуввум ё саввумро метавонад ишғол намояд.
Бояд доварон ва ҳакамон дар ҳар куҷое набошад бидонанд, ки нодоварӣ ва "ҳаромҳакамӣ" боиси паст гаштани иззати эшон дар дунё ва охират аст ва сари ин андеша кунанд, ки рӯзе дар пеши Довари асосӣ ҷавоб хоҳанд дод.

Рустам ДАВЛАТОВ, муовини сардори раёсати Кумита ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ

Аз сабаби таҷрибаи кам доштани беъзе доварон баъзан дар бархе мусобиқаҳо ноҳақ баҳогузорӣ карда мешаванд. Зеро, ки на ҳар як федератсия имконияти ба семинару машваратҳову курсҳои такмили ихтисос сафарбар кардани доваронро дорад. Бубинед, ки ҳангоми баргузории ин ё он мусобиқа довари майдон як баҳо медиҳад, доварони кунҷӣ ҳар кадом фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод мекунанд ва ҳамаи фикрҳоро ҷамъ карда ба як хулоса меоянд. Аз ҳамин хотир, нисбати баҳогузории доварон мо гуфта наметавонем, ки ҳамаи онҳо ноҳақ баҳогузорӣ мекунанд. Вале бояд гуфт, ки ягон довар ҳақу ҳуқуқи поймол кардани ҳуқуқи ҳеч як варзишгарро надорад, вале тақдири варзишгар дар майдон аз довар вобастагии калон дорад. Дар ҳоле ки як варзишгар ба майдон баромада, заҳмат мекашад ва довар ба ӯ баҳои ноҳақ медиҳад, ин гуноҳи набахшиданӣ аст. Шояд баъзе доварон аз сабаби камтаҷриба буданашон ба хатогӣ роҳ медиҳанд. Вақте  ки довар дуруст баҳогузорӣ мекунад, албатта мо ба доварии ӯ бовар мекунем.   

Абдуқаюм ЮСУПОВ, ҳуқуқшинос

Чӣ тавре ба мо маълум аст, дар кишвари мо- Тоҷикистон ба ишғоли вазифаҳо, нафарони довталаб қабул карда мешаванд. Дар хусуси беғараз ва одилона будани ин озмунҳо аз рӯи албатта шунидам, чунин озмунҳо беғаразонаву мунсифона намегузаранд. Зеро чуноне дар сӯҳбатҳову мусоҳибаҳо арз мекунанд, ин озмунҳо характери рӯякӣ доранд. Бо мақсади рӯпуш кардани мақсадҳои ниҳоӣ чунин озмунҳо гузаронида мешаванд, ки нишон медиҳад, онҳо ба тариқи озмун ба кор гирифта шудаанд. Вале дар асл, шахсони муайян ё аз қабили хешовандон ва ё аз қабили он нафароне, ки паноҳ меҷӯянд ва ё дигар мақсадҳо он нафарон интихоб мешаванду ашхосе, ки ба ин вазифаҳо лоиқанд, аз озмун намегузаранду ба кор гирифта намешаванд.

Маҳмудхон ШОЕВ, сухангӯи Вазорати маориф

Ба ҳар ҳол, аз тарафи роҳбарияти вазорати маориф кӯшиш карда мешавад, то ин озмунҳо ба таври шаффоф баргузор гарданд. Шояд ҳолатҳое низ рух диҳанд, ки фактори инсонӣ дар он нақш бозад. Бештар, озмунҳо аз тариқи маркази барномаҳои байналмиллалӣ баргузор карда мешаванд, шароити баргузории ин озмунҳо дар васоити ахбори омма дарҷ карда мешаванд. Дар сайти худи Вазорат низ, дар нашрияҳои ҳукуматӣ, телевизион ва радио ҳам эълон дода мешавад. Комиссияи қабул таъсис дода мешаваду маълумоте ҳам аз довталабон пинҳон карда намешавад. Он маълумоте, ки ӯ бояд дошта бошад, ҳамааш пешниҳод карда мешавад. Агар озмуни ба корҷалбкунӣ дар сохтори худи Вазорати маориф бошад, тариқи раёсати махсуси кадрҳо гузаронида мешавад. Мо маъмулан, дар нашрияи "Омӯзгор" барои ҷалби мутахассисон ба кор эълон медиҳем. Дар ин ҷо талаботи муйаян аст, гурӯҳи корӣ ҳам ҳаст, ки онҳо бо маълумоти пешниҳодкардаи довталаб шинос мешаванду дар ҳолати зарурӣ суол медиҳанд, ки то кадом андоза он одам ба ихтисос    ҷавобгӯст. Озмунҳо шаффоф сурат мегирад, вале ҳолатҳои рух додани тахаллуф ҳам ҳаст, зеро бо ин корҳо одам сару кор дорад. Роҳбарияти Вазорат баъди руй додани чунин ҳолатҳо, билофосила онро мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор медиҳанд.  

Алиҷони НУРАЛӣ, сокини шаҳри Душанбе

Шахсан ман ба ягон озмунҳое, ки аз ҷониби корхонаҳо пешниҳод карда мешавад, ки ба кадрҳои ҷавон ниёз дорем, боварӣ надорам. Чанд маротиба ҳуҷҷатҳои худро ба озмунҳои сохторҳои қудратӣ бурдам, аммо бе натиҷа. Тӯли ду сол мешавад, ки ҳуҷҷатҳоямро бурда меорам. Забони англисию русиам хуб аст. Диплом, ҳуҷҷати ҳарбӣ низ дорам, аммо ба кор намегиранд. Дилам хунук шудааст, намехоҳам дигар дар озмунҳои корхонаҳои давлатӣ ширкат кунам.  

Нуралӣ ХОРКАШОВ, корманди масъули ФФТ

Албатта, ҳамаи довароне, ки барои доварӣ кардан дар мусобиқаҳои Ҷоми Тоҷикистон ва Чемпионати Тоҷикистон роҳ дода мешаванд, пеш аз ҳама аз якчанд курсу семинарҳои доварӣ мегузаранд. Ҳамзамон, аз ҷониби Кумитаи нозирот ва доварони ФФТ барои доварӣ кардан роҳхат мегиранд. Аксари доварони мо доварони дараҷаи байналмилалӣ ҳастанд, лекин бояд гуфт, ки довар ҳам инсон аст гоҳо мешавад, ки ба хатоӣ роҳ медиҳад. Вале баъд аз оне, ки бозиҳо сурат мегирад ва дар ягон бозие, ки хатои ҷиддӣ шуда бошад, аз ҷониби Кумитаи нозирон ва доварон мавриди баррасӣ қарор дода мешавад ва метавонанд, ки доварро муҷозот кунанд. Аммо ман боварии комил дорам, ки аксари доварони ФФТ (Федератсияи Футболи Тоҷикистон) пурра аз ӯҳдаи вазифаҳои худ мебароянд ва дар бозиҳо мунсифона ва ҳаққонӣ баҳогузорӣ мекунанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)