Бахшҳо
06 дек 2012 05:24Минбари Шумо

"Парда" ба рӯи вайронаҳо

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавзеъе бо номи Кансой вуҷуд дорад, ки  соли 1985 дар он ҷо заминларзаи 8 балла ба амал омада буд ва то имрӯз осоре аз он ҳодисаи табиӣ боқӣ мондааст.Ҳарчанд заминҷунбӣ 27 сол қабл аз ин ба вуқӯъ омада бошад ҳам, вале сокинон аз он тавре ёд мекунанд, ки гӯё дирӯз ва ё ҳафтае пеш сурат гирифта бошад. Дарвоқеъ,бо дидани манзараи ҳузнангезу вайронаҳо кас ба риққат меояд. Суоле дар зеҳнҳо пайдо мешавад, ки чаро бо гузашти беш аз ду даҳсола ҳанӯз ҳам мардум дар як шароити баду ногувор рӯи ин макони нообод зиндагӣ мекунанд? Барои чӣ то ҳоло ин харобазор ҳамон гуна боқӣ мондааст?
Бобои Толики 70-сола, ки аслан рустабор мебошад, дар ин макон беш аз 40 сол боз ба сар мебарад. ӯ нафақаи ночиз мегираду дар хонаи нимавайрона шабашро рӯз мекунад.Ҳамсояҳои Толик мегӯянд, ӯ худаш дар ин манзил танҳо ва рӯ ба раҳми Худо аст. Ба наздикӣ боми хонаш вайрон шудааст, ҳарчанд ҳар зимистон сокинони маҳалла онро таъмир мекунанд. Толик меафзояд: "Хонае, ки ман дар он зиндагӣ мекунам, вазъи ногувор дорад, ман дар ин синну сол қудрати таъмир намудани онро надорам. Бинои он солҳои зиёд аст, ки таъмир нашудааст. Ҳамагӣ 150 сомонӣ  нафақа мегирам, ки ин ҳатто барои хӯрду хӯрокам намерасад, пас ман бо кадом маблағ  хонаамро таъмир кунам. Боре аз ҳукумати ноҳия ба миқдори 30 сомонӣ ба ман кумакпулӣ дода буданд. Акнун шумо қазоват кунед, оё бо 30 сомонӣ хонаро таъмир кардан мумкин аст?"

Иддае аз сокинон мегӯянд, ки  2 сол пеш аз ҳукумати ноҳия омада, аксар хонаҳоро вайрон карданд ва ба соҳибонашон ваъда додаанд, ки замин барои сохтани хона медиҳанд. Аммо то ба имрӯз ваъдаҳо ноиҷро мондаанд.Маҷнуна   Юсупова, як сокини дигари минтақа ба ин назар аст, ки вазъи иҷтимоӣ нигаронкунанда ва вахим боқӣ мемонад: "Мо дар як ҳавлӣ 3 оила зиндагӣ мекунем. Хушдоманам бемор, вале нафақа намегиранд, ҳатто барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳои ӯ шароити молӣ надорем".

Гузашта аз ин, бо боридани борону барф боми хонаҳо ба чакидан сар мекунад, фарши хонаҳо бӯи наму заҳ дорад. Аҳолӣ барои гарм кардани хонаҳо  аз резинаю партовҳо истифода мебарад, ки бӯи ғализу нафасгиркунанда дорад.  

- Дигар чӣ илоҷ, барои харидории сӯзишворӣ маблағ надорем. Ҳатто хонае, ки мо истиқомат мекунем "прописка" надорад,-мегӯяд Маҷнуна.   

Чун ба атрофи маҳал ва биноҳои ин мавзеъ назар андохтем, дар ҷо-ҷои он биноҳои нимтайёру нимбуд ба чашм мерасид. Аз сокинон мепурсем, ки ин чӣ манзара аст, онҳо ҷавоби аниқ дода натавонистанд.Тахмин меравад, ки "касе" онҳоро харида, манзили зист бунёд карданист, дар ҳоле ки аксари сокинон ба беҳтар кардани шароити манзилӣ ниёз доранд.  

Дадоҷон Хабилов,мутахассиси пешбари Кумитаи замини ноҳия мегӯяд: "Баъд аз заминларза, яъне солҳои 86-ум, 100 гектар замин барои шаҳраки Ғафуров ҷудо карда шуда буд, аз он ҷумла барои сокинони ин маҳал ва ҳатто ҳамон солҳо барои аксарашон аз биноҳои бисёрошёна хона дода буданд. Дар мавриди додани участкаи назди ҳавлигӣ бошад, баъд аз тасдиқ шудан аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ба сокинони шаҳраки Ғафуров аз минтақаи Дадобой Холматов 30  гектар замин  ҷудо карда мешавад. 

Аслан, дар ин мавзеъ сохтани хонаҳои истиқоматӣ  мумкин нест, зеро радиатсияи баланд дорад. Хонаҳое, ки дар он ҷо сохта шуда истодаанд, худсарона  ва  ғайриқонунӣ бунёд гардидаанд".

Нуктаи дигари баҳс ин аст, ки чаро пеши маҳаллаи сокинон тунукапӯш шудааст? Ба қавли сокинон, мумкин барои он ки роҳи нақлиётгузар зебо намояд.Онҳо мегӯянд, "охир мо ҳам инсонем, мо ҳам шаҳрванди ҳамин  кишварем…Чаро " пардапӯш " мекунанд, беҳтараш шароити мусоид барои   зиндагии мо муҳайё созанд".

Қурбонҷон Мирзоева, раиси ҷамоати шаҳраки Ғафуров дар мавриди мушкилоти сокинон бар ин назар аст, ки: " Ҳоло 540  нафар  ниёз ба манзил  доранд ва барои гирифтани участкаҳои наздиҳавлигӣ дар навбат истодаанд. Дар мавриди маҳаллаи Кансой бошад, 7 гектар замин барои 126  хоҷагӣ, 4- сотихӣ аз худи ҳамон маҳал ҷудо карда шудааст. Аслан, мо дар ин мавзеъ шаҳрчаи нав бунёд мекунем ва барои сарфаи замин хонаҳои дуошёна  месозанд. Мо ин лоиҳаро ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намудаем ва баробари тасдиқ шудан аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ сохтмони онро оғоз менамоем. Дар мавриди он ки ин мавзеъ радиатсияи баланд дорад, ҳаминро бояд қайд кунам, ки  мо пеш аз тартиб додани лоиҳаи худ он ҷоро пурра санҷида, аз кумитаи  шаҳрсозӣ иҷозат гирифтаем. Биноҳои нимтайёре, ки дар ин маҳал аст, мо наметавонем онҳоро ғайриқонунӣ ҳисобем, зеро онҳо дорои сертификат мебошанд ".

Як мушкили дигари ҳалношуда норасоии оби нӯшокӣ мебошад. Дар фасли сармо ва зимистони қаҳратун бошад, дар ин мавзеъ барқу рӯшании чароғи барқӣ комилан аз ёдҳо меравад. Маҷнуна Юсупова мегӯяд: "Мо оби нӯшокиро аз дигар  маҳалҳо мекашонем. Аммо маблағи обро ҳар моҳ дар вақташ мегиранд".

Бону Мирзоева аз мавҷудияти ин проблема дарак дорад ва илова мекунад: "Аз ҷониби Бонки рушди Аврупо барои кашидани хати интиқоли оби тозаи нӯшокӣ маблағгузорӣ шудааст. Баробари оғози сохтмони хонаҳои истиқоматӣ оби нӯшокиро низ  тавассути қубурҳои калони обгузар гирифта, аҳолиро бо оби нӯшокӣ таъмин менамоем. То охири соли 2013 аҳолӣ бо оби нӯшокӣ таъмин мешавад".

Шояд ин гуфтаҳои раиси ҷамоат рӯзе амалӣ мешаванд ва сокинони Кансой дар хонаҳои наву барҳаво ва бе танқисӣ аз об ба сар хоҳанд бурд. Кош, ваъдаҳои масъулин амалӣ мешуданд…   


Меҳрангез  Муродова  
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)