Бахшҳо
17 дек 2012 12:28Гузориш

Онҳо ҳам ҳақи зистан доранд!

«Хоҳарам мегӯяд, ки писари маъюбатро ба партовгоҳ бурда мону худат баромада рав. Намедонам, бо ин фарзанди маъюб ба куҷо равам, дар ҳеч куҷо додамро намешунаванд, арзамро гӯш намекунанд…»

Манзарае, ки чанд рӯз пеш шоҳиди бевоситаи он гаштам, маро бетараф нагузошт. Аниқтараш, хотиротамро мушавваш ва як гӯшаи диламро сиёҳ кард. Пайваста он манзара пеши чашмам меояду дар ниҳонхонаи қалбам яъсу ноумедӣ хона мекунад…Хубтараш, ҳамаашро аз як тараф нақл кунам, ба тартиб ва бе саросемагӣ. Барои тайёр кардани гузориш бо гурӯҳе аз хабарнигорон дар назди бинои Додситонии кулли ҷумҳурӣ қарор доштем. Интизор будем, ки кай мусоҳибони мо аз назди прокурори генералӣ берун мебароянд…

Дуртар аз мо зане аробачаи маъюбиро тела дода, ҷавонеро мебурд. Дурусттар назар андозам, дохили он аробача ҷавоне меистод, ки аз ду пой маҳрум буд. Марде, ки аз ин роҳ мегузашт, мутаваҷҷеҳи ҳоли ин зану он ҷавон шуд. Пас аз чанд лаҳза аз кисааш маблағе бароварда «зиқ нашавед холаҷон, ман муфаттиш ҳастам, худам ба шумо кӯмак мекунам, ин маблағро гирифта, роҳкиро карда, то хонаатон равед», - гуфта занро тасаллӣ медод, аммо зан аз гиряву зорӣ намемонд. «Ман барои ин ҷо омадан пули як линча ордеро, ки қарз карда будам, сарф намудам, аммо масъулини прокуратура мегӯянд, ки коратро баъд аз як моҳ мебинем» , - нақлашро идома медод зан.

Гиряву зории ин зан ба ҳадде зиёд буд, ки мо ҳам мутаваҷҷеҳи холи ӯ бишавем. Ба ӯ наздик шуда, аҳвол пурсидем. Аз нақли зан маълум шуд, ки писараш 20 сол дораду даҳ сол қабл аз ин дар роҳи оҳан осеб бардошта, аз ҳар ду пой маҳрум гаштааст. Фарзанди маъюби ӯ, ки қаблан 152 сомонӣ нафақапулӣ мегирифтааст, ҳоло масъулин «стажи корӣ надора..» гуфта, нафақапулиашро 48 сомонӣ кам кардаанд ва ҳоло ҳамагӣ 104 сомонӣ мегирад, ба ин пул ҳатто як линча орд харидан имкон надорад.

Холдона Мирзоева, сокини ноҳияи Шаҳринав буда, айни ҳол дар хонаи падараш ба сар мебарад. Пас аз вафоти шавҳар, хушдоманаш ӯро аз хона пеш мекунад. Баъди чанд муддати зиндагӣ дар хонаи волидайн ва зери фишори пайвастаи модараш аз ин манзил низ берун мешаваду иҷоранишиниро ихтиёр мекунад. Боа мри тақдир буд, ё чизи дигар, соли 2003-юм писараш ҳангоми бозӣ дар назди роҳи оҳан зери чархи қатора монда, маъюби якумрӣ мегардад. Баъди ин воқеа ноилоҷ ӯ боз ба хонаи падараш бармегардад. Аммо хоҳараш, ки дар як ҳавлӣ бо ӯ иқомат дорад, мехоҳад ӯро аз ҳавлӣ пеш карда, дар алоҳидагӣ зиндагӣ кунад.

-Ин дар ҳолест, ки масъулини кумитаи заминсозии ноҳия барои писари маъюбам як қисмати ҳавлии падарамро ҷудо карда дода буданд, - мегӯянд Холдона Мирзоева. «Хоҳарам мегӯяд, ки писари маъюбатро ба партовгоҳ бурда мону худат баромада рав. Намедонам, бо ин фарзанди маъюб ба куҷо равам», - идома медиҳад холаи Холдона. Сабаби ба додситонӣ омадани ӯ ҳам, ҳалли ин қазия будааст, аммо кормандони ин мақомоти кишвар дида баромадани қазияи ин зани бечораро пайваста ба таъхир мегузоранд. Ҳоло ӯ мехоҳад бо хӯди Шерхон Салимзода, додситони кулл вохӯрад, аммо илоҷ намеёбад.

Холдона Мирзоева мегӯяд, ки қаблан бо ин шикоят ба ҳукумати ноҳияи Шаҳринав низ муроҷиат карда будам, аммо онҳо ба ҷои кӯмак, телефонамро гирифта, ман ва писари маъюбамро таҳқир карданд. Тавре аз гуфтаҳои Мирзоева бармеояд, нозирони минтақавии ҷамоати Селбур- 2 ҳам ба хонааш омада, ин зани ночор ва писари маъюбашро шиканҷа додаанд, то ҳарчи зудтар аз ҳавлӣ баромада раванд. Сабабгори шиканҷаи масъулини ноҳия нисбати зани бечора як писартағояш будааст, ки бо кадом роҳе ба дастандаркорони ноҳия наздикӣ пайдо кардааст: «Писари тағоям ҳамаи нозиронро харидааст, ки онҳо бо суханони қабеҳ ва дашномҳо ҷониби ман мегӯянд, ки рав ба касе арз мекунӣ, кун ҳеч кас ба додат намерасад, ман аз ягон кас наметарсам»

-Ҳар боре, ки аз ин ҷо ба хона меравам, маро масхара карда, «ҳа, боз ба куҷо арз кардӣ, ҳеч кас ба додат намерасад. Орзу ҳам накун», - мегўянд наздиконам. Дар хоҷагиамон аз ҳар ҷиҳат азият мебинам. Дар вақташ, дар бозор шишта модарам ва се хоҳарамро аз ҳар ҷиҳат таъмин мекардам. Ҳоло, ки ин қудратро надорам, фарзандони падарам ба ман душман шудаанд. Як духтари дигар дорам, ки он ҳам шавҳар карда, ба Русия рафтаасту ягон маротиба суроғам намекунад. Писарам аз соли 2003- юм инҷониб маъюб аст, аз ягон тараф кӯмак намебинам. Куҷо рафтанамро намедонам, писарам, ки маъюб шуд дигар ба ягон нафар даркор нестам».

Ҳоло нақлашро ба охир нарасонида, холаи Холдона мувозинаташро гум карда, пуштнокӣ ба замин афтод. Лаҳзае мо дасту по хӯрда, чӣ кор карданамонро намедонистем. Хуллас, ба ёрии таъҷилӣ занг задему аз пайи доруи ӯ шудем. Баъдии истеъмоли ҳаб ӯ ба ҳуш омад, аммо писари маъюбаш «очаҷон бас кунед, худро ба даст гиред», - гуфта зорӣ мекард. 20 дақиқа гузашту мошини ёрии таъҷилӣ ҳам расида омад. Духтурон фишори занро санҷида, сўзандору гузарониданд. Як намояндаи прокуратура, ки тез -тез аз дарича сар бароварда, аҳволи занро бо чашми сараш медид, ҳатто иҷозаи ба ҳуҷраи посбонҳо даровардани ӯро надод: «Танҳо пас аз гушакӣ кардан бо духтур корманди додситонӣ бо табиб занро ба утоқи дарбон дароварда, пас аз чанд лаҳза ӯро ба берун бароварданд. Пас аз он ки духтур хоҳиши корманди додситониро барои то ҷои даркорӣ бурдан рад кард, ӯ ба мо рӯ оварда гуфт, ки «гиред ин занро як бало карда, то хонааш фиристонед..».

Мо таксиеро нигоҳ дошта, аз ронанда хоҳиш кардем, ки занро то истгоҳи нақлиёти мусофиркашонии ноҳияи Шаҳринав барад. Холаи Холдона, ки аз журналист будани мо огоҳ шуда буд, хоҳиш мекард, ки «арзи маро ба бобои Эмомалӣ расонед, то ба фарзандам кӯмак кунад».

Ростӣ, ки ин ҳодисаро дида, сахт мутаасир шудам. Воқеъан эҳсос кардам, ки ӯ ва писараш ба кӯмаку дастгирӣ ниёз дорад. Аммо чӣ гуна ва ба кадом шева, инро масъулин ва гӯши арзшунав беҳтар медонанд. Охир ӯ ҳам, писари маъюби ӯ низ аъзои комилҳуқуқи ин ҷамъиятанд, ҳуқуқи зистану ҳарф гуфтан доранд… Ё масъулин дигар андеша доранд?

Нилуфари КАРИМ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)