Бахшҳо

Президент лаҳнашро тағйир дод

Номи Ислом Каримов боз дар сархати расонаҳо қарор гирифт, хадди аққал дар ВАО-и кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон. Аммо ин навбат на бо изҳороти шадидулаҳн дар мавриди таъсири манфии бунёди НОБ-и Роғун ба минтақа ва хатари экологӣ аз ҳамсоя. Райисҷумҳури ӯзбакистон дар ҷаласаи васеи ҳукумати кишвараш иброз доштааст, ки ҳеч нерӯе наметавонад миёни мардуми ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон низоъ барангезад. Ислом Абдуғаниевич ҳамчунин тасмим гирифтааст, аз ин пас ба ҳалли мушкилоте хоҳад пардохт, ки то имрӯз боиси ҳамдигарнофаҳмии ҳамсояҳо мешуд…
Расонаҳои кишвари ҳамсоя бо такя ба суханони Ислом Каримов навиштанд, мушкилоти мавҷуда миёни ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон танҳо марбути ҳамин се кишвар аст ва дар ҳалли он ҳам бояд ҳамин давлатҳо иқдом кунанд. "Баъзеҳо мехоҳанд мухолифати тоҷикон, қирғизҳо ва ӯзбакҳоро шиддат бахшанд. Бисёр мушовироне мавҷуданд, ки маслиҳат медиҳанд,  ки "ин кишвар дар муқобили шумо чунин кард ва шумо ҳам бояд зарбаи ҷавобӣ занед",- гуфтааст Ислом Каримов дар ҳузури намояндаҳои ҳукумат. Ба таъкиди вай чунин "мушовирони диверсант" хеле зиёданд. Ба қавли ӯ, "кори миёнаравҳо оштӣ додани тоҷирон дар бозор аст, аммо дар сиёсат ин миёнаравҳо пеш аз ҳама манфиатҳои худро меҷӯянд. Ҳадафи маслиҳатгару миёнаравҳо коштани тухми адоват миёни мо ва наззораи он аст, ки мо дар ин бесомонӣ саргарми ҳалли мушкили худ мешавем, аз рушд бозмемонем ва ба ӯзбакистон, Қирғизистон ё Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ ба Осиёи Марказӣ сармоя ворид намешавад. Дар ин сурат мо ба гадо табдил мешавем, тавони тавлиди маҳсулоти худро нахоҳем дошт ва маҷбур мешавем, ки молу колои онҳоро харидорӣ кунем".

Ҳарчанд ӯ дақиқан аз кишваре ном набурдааст, аммо тахмин кардан мушкил нест, ки Каримов кадом давлат ва миёнаравҳоро дар назар дорад. Аксари коршиносон мегӯянд, манзури президент Русия ва курсинишинони Кремл мебошад. Аммо гурӯҳе низ ба давлатҳои Аврупо ва қисме ба Амрико ишора мекунанд.    

Дар ҷаласаи васеи ҳукумат Ислом Каримов ҳамчунин таъкид кардааст, ки ӯзбакистон ба истиқлол ва якпорчагии ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ чун ба истиқлолу якпорчагии худ арҷ мегузорад. "Мо дар ин минтақа бо тоҷикон, қирғизҳо ва қазоқҳо ҳазорсолаҳо якҷоя зиндагӣ кардаем ва ягон нерӯ моро аз ҳам ҷудо карда наметавонад".   

Ғамхории Каримов?
Баромади ахири Каримов аксари коршиносонро дар ҳайрат гузоштааст. Онҳо мегӯянд, хеле кам иттифоқ афтода, ки сарвари ӯзбакистон бо чунин "ғамхорӣ" дар нисбати ҳамсояҳо сухан кунад. Дар чанд соли ахир вай ба унвони як сарваре шинохта мешуд, ки аз пешрафтҳои ҳамсояҳояш дилтанг мешавад ва барои рушди бахшҳои аслии онҳо садҳои сунъӣ мегузорад. Аммо ҳоло чӣ шуда, ки аз манфиати онҳо ҳимоя карда ва ҳатто даъвои ҳал намудани мушкилашонро дорад?    

Бархеҳо тағйири лаҳни сӯҳбатҳои Каримовро ба синну соли вай марбут медонанд. Ба қавли соҳибназарон, Каримов, ки чанд рӯз баъд 75-сола мешавад, мехоҳад дар поёни умр ба унвони инсони башардӯсте муаррифӣ шавад.  

Аммо қисме ҳам мегӯянд, ин гардиши нави президенти ӯзбакистон аст. Артем Улунян, устоди Пажӯҳишгоҳи таърих ва сиёсат дар Маскав бошад, дар суҳбат ба "Озодӣ" моҷароҳои марзиро сабаби аслии тағйири лаҳни Каримов гуфтааст. Вай ба аломатгузорӣ нашудани марзҳои ӯзбакистон бо Тоҷикистону Қирғизистон ишора кардааст, ки боиси низоҳои нав дар минтақа шуда метавонад: "Ҳарчанд Каримов роҷеъ ба моҷарои Сӯх ва  мушкилоти марзӣ лаб накушод, вале  маълум аст, ки Тошканд ин мавзӯъро ҷиддӣ ва чун таҳдиди воқеъӣ ба низоми феълӣ дар ӯзбакистон арзёбӣ мекунад".  

Сӯҳроб Шарифов, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон муътақид аст, ки сабаби дигар шудани лаҳни суҳбати роҳбари ӯзбакистон ба ноком гардидани сиёсати зӯргӯӣ ва абарқудратонаи Тошканд иртибот дорад.

"Меҳрубониҳо"-и президент нисбат ба кишварҳои дигари минтақа корбарони интернетро ҳам дар канор нагузошт. Аз лаҳзаи аввали ба сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ рехтани он садҳо шарҳу назарҳо дар Facebook ва пойгоҳҳои дигар кошта шуд.

Бархеҳо навиштаанд, ки Тоҷикистону Қирғизистон набояд шефтаи ин ҳарфҳои Каримов шаванд, зеро ин идомаи бозиҳои сиёсии ӯст. Дар чанд соли пеш ӯзбакистон ҳаракати қаторҳо ба ҷануби Тоҷикистонро барои чанд муддат манъ кард, он шабу рӯз мардуми Кӯлоб мувоҷеҳи мушкили табиӣ шуданд. Баъдан, ҳаракати қаторҳо барқарор шуду телевизионҳои давлатӣ ба мадҳу санои Каримов пардохта, онро такроран намоиш доданд, аммо баъди фурсати кӯтоҳе ҳаракат боз масдуд гардид.      

Соҳибназароне низ ҳастанд, ки мегӯянд, Ислом Каримов дар сар ҳамеша ҳавои пешвои Осиёи Миёна шуданро мепарварад. Чун дарк намуд, ки бо шеваҳои дигар амалӣ сохтани он ғайриимкон аст, аз роҳи дигар истифода кард. Аммо гурӯҳе низ бар инанд, ки президенти ӯзбакистон аз тарс шеваи сӯҳбатҳояшро дигар кардааст. Ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат пайвастани Тоҷикистон, ки Қирғизистон низ аъзои он аст, боиси нороҳатии вай шуда метавонад. Гузашта аз ин,  Тошканд чанде қабл  аз узвияти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) канор рафт. Инчунин, истиқболи Душанбеву Бишкек аз таъсиси созмони АвруОсиё заминаҳое шуда метавонанд, ки боиси нороҳатии Каримов гардад.      

"Баҳси гарм" дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Дар иртибот ба тағйири лаҳни президенти ӯзбакистон дар шабакаи ҷаҳонии интернет пешниҳодҳое низ матраҳ шуд, ки оҳанги чандон ҷиддие надоштанд. Бархе фаъолони  Facebook навиштанд, ки агар Ислом Каримов ба истиқлолияти ҳамсояҳояш арҷ мегузорад ва хостори ҳалли мушкили онҳост бояд қабл аз ҳама як ҳайати тоҷикистониро дар сатҳи олӣ қабул намояд. Бекор гардидани низоми раводид яке аз дигар пешниҳодҳо буд. Воқеан, ин мушкили як ё дусолаи байни ду кишвар нест.

Душанбеи расмӣ кайҳо эълон кардааст, ки барои бекор кардани раводид бо ӯзбакистон омодааст, аммо Тошканд ҳамоно хомӯш аст. Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар охирин дидор бо хабарнигорон гуфт, Душанбе дар ин мавзӯъ ҳеч мушкиле надорад, танҳо бояд мавқеи ҳамсоякишвар дақиқ шавад.    

Яке аз дигар пешниҳодҳои фейсбукиён эҷод нашудани мушкил дар интиқоли гази табиӣ буд. Ба ихтиёри Тоҷикистон гузоштани харитаи минтақаҳои минкоришуда аз сӯйи ӯзбакистон мавзӯи дигари баҳс аст. Ин минҳо, ки гуфта мешавад, солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз сӯйи нерӯҳои махсуси ӯзбакистон дар сарҳади муштараки ду кишвар гузошта шудаанд, ҳамасола ҷони даҳҳо сокини осоиштаи Тоҷикистонро мегиранд.

Барқарорсозии минтақаи роҳи оҳани "Ғалаба-Амузанг" пешниҳоди дигар аст. Ҷониби ӯзбакистон шурӯъ аз 17-уми ноябри соли 2011 ин қитъаи роҳи оҳанро хароб кард.

Тибқи иттилои Ғайбулло Авзалов, раиси вилояти Хатлон масдуд будани қитъаи роҳи оҳани "Амузанг-Ғалаба" ва қатъи интиқоли молу маҳсулот аз ин масир ба вилояти Хатлон дар соли 2012-ум, ба иқтисодиёти вилоят наздики 100 миллион сомонӣ зарар ворид кардааст. Ҳамчунин, ба гуфтаи вай, ин омил боиси гарон шудани қимати маҳсулот ва маводи ғизоӣ дар бозорҳои вилоят шудааст. Гузашта аз ин, ба сабаби баста шудани ин роҳ беш аз 1.100 нафар аз ҷойи кори доимӣ маҳрум шудаанд.

Ин пешниҳоди шаҳрвандони оддии Тоҷикистон дар баробари тағйири лаҳни сӯҳбати Ислом Каримов аст. Аммо то замони омода шудани матлаб дар сатҳи болои ҳукумати Тоҷикистон касе ба он вокуниш нишон надод. Мисли ҳамон воқеаи ёдшуда дар мавриди қаторҳо ин бор ҳам аз Ислом Каримов дар телевизионҳои давлатӣ ба унвони қаҳрамон ёд мешавад ё хайр, вақт нишон хоҳад дод.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)