Дар ҳудуди ин вилоят шаҳре мавҷуд аст бо номи Кологриве, ки аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, ҳамчун мамнӯъгоҳи мурғобиҳо машҳур гаштааст. Ҳар баҳор ин минтақаро даҳҳо ҳазор мурғобиҳо, ки аз кишварҳои Аврупову Арктика ба сӯи кишварҳои гарм парвозӣ ҳастанд, ҳамчун мавзеи истироҳат ва бозпарвоз истифода мекунанд.
Аммо махсусияти ин минтақа дар он будааст, ки ин ҷо мурғобиҳо аз одамон ҳарос надоштаанд ва дар баробари онҳо муддати 30-40 рӯзи истироҳаташон ба сар мебурдаанд, ки дар ягон гӯшаи дунё чунин ҳолат ба чашм намехӯрдааст.
Маротиби аввал «Иди мурғобиҳо» соли 2005-ум ҷашн гирифта шуда, акнун ҳамчун анъана ҳамасола таҷлил мешавад. Мӯҳр« Апрел 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 |