Пажӯҳиш: “Маоши тоҷик барои 168 литр бензин мерасад”
Тоҷикистон аз рӯи дастрасӣ ба бензин миёни 65 кишвари дунё дар зинаи охирин ҷой гирифтааст.
Маркази таҳқиқотии “Рейтинг.kz”, ки сатҳи дастрасӣ ба бензинро дар кишварҳои ҷаҳон таҳлил кардааст, мегӯяд, шаҳрванди миёнаҳоли Тоҷикистон бо маоши якмоҳааш метавонад ҳамагӣ 168 литр бензин харидорӣ намояд, ки нишондоди пасттарин аст. Дар гузориши ин марказ ҳаҷми миёнаи маош дар Тоҷикистон 227 доллар ва нархи як литр бензин 1,35 доллари амрикоӣ нишон дода шудааст.
Бензини аз ҳама дастрас дар кишвари Қатар сабт шудааст, ки музди миёнаи ҳар сокини он барои харидории 6,5 ҳазор литр бензин мерасад. Дар ин кишвар нархи як литр бензин ба 26 сенти амрикоӣ ва маоши миёна ба 1 700 доллари амрикоӣ баробар аст. Амрико дар зинаи дуюм қарор гирифтааст, ки нархи бензин дар онҷо 0,91 долларро ташкил медиҳад. Маоши миёнаи амрикоӣ барои харидории 3 ҳазору 586 литр бензин кифоят мекардааст.
Дар ҳудуди ИДМ (СНГ) маоши миёнаи шаҳрвандони Қазоқистон барои 793 литр, қирғизҳо 295 литр, арманҳо 329 литр ва русиягиҳо 1168 литр мерасад.
Ин гузориш дар ҳолест, ки тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар оғози моҳи феврал қимати 1 литр бензини нави АИ-92 назар ба моҳи январ 20-30 дирам коҳиш ёфта, то б сомониву 30 дирам расидааст. Нархи бензини навъи АИ-95, ки дар моҳи январ беш аз 7 сомонӣ буд, низ поинтар омада, дар поёни моҳи феврал то ба 6 сомониву 70 дирам расидааст. Ҳамин тавр, қимати як литри гази моеъ аз 3 сомониву 60 дирами моҳи январ дар моҳи ҷорӣ то ба 3 сомониву 30 дирам коҳиш ёфтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |