Бахшҳо
19 мар 2013 09:49Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Сарнавишти талхи кӯдакони дарбадар

Рустам МАҶИДОВ

“Бирав, ин қадар бо телефонат воҳима накун! Халал нарасон, ин барои зинда монданам лозим аст!" Чунин буд посухи як "МАРД"-и кӯчак, ки ҳамагӣ даҳ сол дошт.

Ба назар мерасид, кунҷкобии ман барои ӯ дар кори ҷамъоварии ҳезум халал мерасонад. Воқеан, ӯро чанд бор аз ин ҷо пеш карданд, аммо гашта меомаду кӯшиши "дуздида" бурдани боз як шохи дарахтро мекард.

Аслан, гап сари он меравад, ки дар кӯчаи Садриддин Айнии пойтахт то майдони Ғалаба корҳои таъмиру сохтмонӣ идома доранд ва бо мақсади васеъ кардани роҳ, дарахтони ду тарафи он бурида мешаванд. Мувофиқи қарори шаҳрдорӣ, 380 метри кубии чӯб аз ҳисоби ин дарахтҳо бояд барои лавозимоти муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла сохторҳои зертобеи маориф, нигаҳдории тандурустӣ ва ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур истифода гарданд.

Аммо сокинони "чусту чолок"-и атроф кӯшиш мекунанд, ин пайти мувофиқро аз даст надиҳанд ва ҳарчи бештар ҳезум ҷамъоварӣ намоянд. Зимистони имсола мисли ҳар зимистони дигар якбора ва бидуни интизори низомҳои зирабт омад. Дар шароити набудани оби гарму газ ва камбуди қувваи барқ, мардум ба ҳар роҳ саъй мекунанд худро гарм намоянду зинда монанд. Дар пойтахти кишвар низ.

Зоири даҳсола, ки баъдан аз сӯҳбаташ таасуроти зиёде бардоштам, дар баробари дигарон барои оилааш сӯзишворӣ таҳия мекард. Вақте аз қитъаи роҳи номбурда мегузаштам, харакати як писараки газгӯшту тезкор маро ба худ ҷалб кард. Бо ӯ фақат вақте ҳамсӯҳбат шуда тавонистам, ки дар "қонунвайронкунӣ" кӯмакаш кардам: як шохи калонтари дарахтро ҳамроҳаш аз сари роҳ дуртар бурдам.

Маълум гашт, ки дар хона ӯро модар ва хоҳари майдаякаш интизоранд. Ҷамолиддини 14-сола, бародари калониаш бошад, дар раставу бозорҳо халтаи селофанӣ мефурӯшад. Ба қавле, як паҳлӯи бори зиндагии хонаводааашонро ӯ обод мекунад. Баъзан, бори харидоронро ҳам то беруни бозору гоҳо то хонаи онҳо мебарад.

Марди даҳсола бо исми Зоир

Оилаи онҳо се сол қабл аз яке аз ноҳияҳои тобеи марказ ба пойтахт кӯчидаанд. Зоир танҳо номи деҳаашонро дар хотир дорад: Саричашма. Дар шаҳр онҳо дар хонае наздики "Садбарг" маскун шуданд, ки гӯиё падарашон барои онҳо харидааст. Се моҳи аввал, ӯ бо бародараш ба мактабе дар қарибии хона (ки рақамашро дар хотир надорад) мерафтаанд. Аммо бо гузашти ин мӯҳлат падарашон ба Русия рафта, ғайб мезанад. Сипас, ба хона як мард омада талаб менамояд, ки хонаро холӣ кунанд. "Баъд фаҳмидем, ки падарам моро фиреб карда будаасту хона нахаридааст!"- нақл мекунад Зоир.

-Падарам моро тарк кард. Ӯ ваъда дода буд, ки хонаю ҳавлиамонро дар деҳа фурӯхта, дар шаҳр хона мехарад. Худаш бошад, пулро гирифта ба Маскав рафт. Баъдтар фаҳмидем, ки ӯ аз касе пули калон қарз гирифта будаасту барои баргардондани он хонаамонро фурӯхтааст. Моро бошад, фиреб доду ғайб зад. Соли сеюм аст, ки аз ӯ на ном ҳасту на нишон,- бо таассуф мегӯяд Зоир.

Ҳамон лаҳза тасаввурам ин буд, ки ба ӯ дигар падар лозим нест. Зеро ӯ намехост, дар бораи падараш сухани мусбат гӯяд. Дар чашмони ӯ нигоҳе пур аз азмро дидам, ки омода буд ба ҳар мақсади дар наздаш гузошта расад ва собит намояд, ки ӯ мард аст ва худаш метавонад, аробаи зиндагиро кашад. Дар даҳсолагӣ ӯ аллакай ҳамчун як шахси калонсол фикр мекард. Аз масъулияти бар дӯш гирифтааш маълум буд.

Афсӯс, ки дар шаҳри мо чунин кӯдакон кам нестанд. Зоир танҳо як мисолест аз садҳо, қатраест аз баҳри бекарони мушкилоти иҷтимоӣ. Мушкилоти муҳоҷирони дохилӣ, ба хусус кӯдакони онҳо, ки дур аз назари аҳли ҷомеа ва шахсони масъул мондаанд. Маълум ҳам нест, ки кӣ посухгӯ ва масъули ин ҳама мушкилот аст. Муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишвар бошад, ин мушкилотро боз ҳам бештар мекунад.

Агар бо мушкилоти муҳоҷирони хориҷ аз кишвар дар ҷумҳурӣ Созмони ҷаҳонии муҳоҷират ва сохторҳои гуногуни дигари давлатию ғайридавлатӣ машғуланд, муҳоҷирони дохилӣ аз назари чунин мушкилосонкункасон дуранд. Албатта, метавон гуфт, онҳо дар Ватан мемонанд ва мушкилоташон он қадар зиёд нест. Аммо агар жарфтар назар кунем, хоҳем дид, ки ин гурӯҳи аҳолӣ аз дигарон камтар дар маърази хатарҳои гуногун қарор надоранд. Балки мушкилоташон печидатар ҳам ҳаст.

Бештар аз ҳама кӯдакон осеб мебинанд; бар пояи номустаҳкаму ларзони оила - чӣ аз нигоҳи иқтисодию чӣ аз ҷиҳати равонию иҷтимоӣ - ояндаи онҳоро сохтан имконнопазир аст. Мушкилоти равонӣ, заъфи аъсоб, афсурдагӣ, ноошноӣ бо вазъи нав оқибатҳои ногувореро дар пай дорад. Қонунгузории кишвар барои рушди солими кӯдакон мушкилоти иловагӣ месозад. Ба унвони мисол, низоми маорифи мавҷуда талаб мекунад, ки хонандагон ба мактабҳои ҷои зисти худ ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Ҷои зист бошад, ҳамчун макони қайд дар санадҳои муайянкунандаи шахсият қабул шадааст. Азбаски бештари муҳоҷирони дохилии ба шаҳрҳо кӯчида, манзили зисташонро иҷора мегиранд, наметавонанд дар шаҳр ба қайд гирифта шаванд: табиист, ки соҳибони хона маблағи бештар барои андозу дигар пардохтҳои давлатӣ додан намехоҳанд. Агар ҳам ҷонибҳо ба чунин мувофиқа оянд, барои иҷоранишин пардохтҳои ҳангуфт зарур меояд. Низоми тандурустӣ низ ба ҳамин минвол амал мекунад. Дар натиҷа, кӯдакони бесаводу гоҳо беназоратмонда , ки ба пойтахт ва шаҳрҳо бо умеди ояндаи дурахшон омадаанд, оҳиста-оҳиста хиёбонӣ мешаванд.

Аммо дастрасии маҳдуд ба таҳсил ва тандурустӣ бештар на бо масоили ҳуқуқӣ, балки бо мушкилоти иқтисодию иҷтимоъӣ бастагӣ дорад. Волидайн на ҳамеша кори хуб пайдо мекунанд, ки даромади он ҳам ба хӯрду хӯроки оила ва ҳам ба хароҷоти дигари кӯдакон кифоят кунад. Дар натиҷа, майдафурӯшон, мошиншӯҳо, аробакашон, "пулчинак"-ҳо, талбандагон ва дигар хурдсолон ҳарчӣ бештар ба чашм мехӯрад. Албатта, чунин воқеъиятро мӯътадил гуфтан басо мушкил аст, аммо он қариб як чизи маъмулӣ шуда истодааст.

Дуруст аст, ки сарнавишти на ҳама кӯдакон ба тақдири Зоир монандӣ дорад. На ҳама падарон ба хотири баргардондани қарз, оилаашонро дар чунин вазъ мегузоранд. Яке барои дарёфти пул ба хориҷи кишвар рафтаю ба хонааш маблағе ирсол мекунад, дигарӣ дар шаҳр ҷои беҳтаре ёфтааст, сеюмӣ танҳо бо умед ба "ободӣ" рӯ меорад… Тавре мегӯянд, "мо чунин нестем, ҳаёт чунин аст"…

Маврид ба тазаккур аст, ки 44 дарсади аҳолии кишварро кӯдакони то 15-сола ташкил медиҳанд ва теъдоди онҳо беш аз 2,5 миллион нафар аст. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 92-97 дар Тоҷикистон қурбонии ҷонии зиёд дар пай дошт. Оморҳо ҳокӣ бар он аст, ки зимни муноқишаҳо 55 ҳазор занон бева монда, зиёда аз 100 ҳазор кӯдак ҳар ду волидайнашонро аз даст додаанд. На ҳамаи онҳо дар муассисаҳои махсуси давлатӣ ҷо шудаанд. Дар шаҳрҳои гуногун ҳангоми рейдҳои махсуси ВКД кӯдакони кӯчагарду бепарастор, ки рӯзона дар ҷойҳои гуногун пул ба даст меоранду шабона дар танӯру таҳхона ва чоҳҳо мехобанд, зиёд ба даст меафтанд.

Дар ҳамин ҳол, Зоир шохаи дарахтро дар ҷӯйбори паси як сохтмон пинҳон карда, боз ба сари роҳ барои шохаи навбатӣ рафт. Онҳо дар хонаи иҷораашон дар Душанбе оташдони (печкаи) бобоӣ насб кардаанд, то сармои зимистонро паси сар намоянд. Ман ӯро бо нигоҳам гусел мекардаму дарк кардам, ки ба ҳеч ваҷҳ наметавонам кӯмакаш намоям. Шояд агар кӯмак ҳам карда тавонам, ҳамин қадар аз дастам меояд, ки боре шикамашро сер кунам, дигар чӣ ҳам мекардам?
Мӯҳр
Чихел писарони вазирон бо мошинахои маделхои охирон мегрданд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)