Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 104 Материалы за 02.02.2012 » Озодагон
Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 19 август 2019, 06:37
/ Материалы за 02.02.2012
2 феврал 2012, 12:03

Дар Тоҷикистон 8 корхонаи муштараки ветнамӣ ва тоҷикӣ фаъолият дорад

Тибқи маълумотҳои оморӣ гардиши мол байни Тоҷикистону Ветнам хеле ва хеле кам аст. Дар ин бора Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иброз дошт.Ӯ мегӯяд, бо дарназардошти ба имзо расидани Созишнома оид ба ҳифзи мутақобилаи саромоягузорӣ дар соли 1999, ки заминаи мусоиди ҳуқуқӣ муҳайё гашту имконияти зиёди ҳамкориҳо низ миёни Тоҷикистон ва Ветнам мавҷуданд, аммо аз онҳо дуруст истифода нашудааст. Ҳамзамон, дар як нишаст, ки дар он Ле Ман Люан, сафири фавқулода ва мухтори ҷумҳурии Ветнам дар кишварҳои Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони кумитаи сармоягузорӣ воқеияти фазои сармоягузорӣ ва дар ин самт ислоҳотҳои ҳукумати Тоҷикистон анҷомдодаро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Гузашта аз ин, ҷонибҳо атрофи имконият ва иқтидорҳои иқтисодиву сармоягузории кишвар, соҳаҳои эҳтимолӣ ва судманд барои ҷалби сармоягузорӣ мубодилаи афкор намудаанд. Бино ба иттилоъ, Ле Ман Люан оиди рушди ҳамкориҳои дуҷониба ҳавасмандии хукумати  Ветнамро изҳор намуда, ба мунтазам амалӣ намудани чорабиниҳои воқеӣ баҳри иттилоонидани доираҳои соҳибкориву тиҷоратии ҳарду давлат аз фазо, иқтидор ва имкониятҳои иқтисодиву сармоягузорӣ, изҳор дошт. Тибқи иттилои расмӣ феълан дар кишвар 8 корхонаи муштараки Тоҷикистону Ветнам дар бахшҳои мухталиф фаъолият мекунанд.

2 феврал 2012, 11:32

Достиев дар Маскав бо сафири Урдун вохӯрд

Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдумаҷид Достиев бо ҳамтои худ - Сафири Подшоҳии Урдуни Ҳошимӣ дар Маскав Аҳмад Ал-Ҳасан мулоқот кард. Зимни нишаст оид ба Конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ доир ба Афғонистон (RECCA V), ки қарор аст, 26-27 марти соли равон дар ш. Душанбе баргузор хоҳад гардид, сӯҳбат шуд. Сафири Тоҷикистон дар бораи масъалаҳои гуногуни вобаста ба он Конфронс, ки дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ва иқтисод доир хоҳад шуд, сухан ронд. Ӯ таъкид кард, ки чорабинии мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ ва ташкил гардида, баргузории он ба зиммаи вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Афғонистон вогузор шудааст. Тазаккур дода шуд, ки Дар Конфронс намояндагони беш аз 70 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ ширкат варзида, масоили инкишофи роҳҳои нақлиётиву транзитӣ миёни кишварҳои минтақа, ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, беҳбудбахшии сифати омӯзиши аҳолӣ, лоиҳаҳои иқтисодӣ бо роҳи сармоягузорӣ, савдои ҳасана, ҳамкориҳои минтақавии наздисарҳадӣ ва ғайра таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад шуд. Умуман, дар ин ҳамоиш масъалаҳои дарёфти роҳҳои муассири ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ дар минтақа муҳокима ва тарҳрезӣ гардида, он ба раванди сулҳу субот ва пешрафти Афғонистони баъдиҷангӣ, инчунин пайвастани тадриҷии он ба ҷараёни баҳамоии кишварҳои минтақа, мусоидат хоҳад намуд. Ҳамзамон, Достиев ба ҳамтои урдунияш даъватномаи вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳ. Зарифӣ ва З. Расулро ба унвони вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Урдуни Ҳошимӣ Носир Ҷавда супурда, ба иштироки номбурда дар он ҳамоиш, изҳори умед кард.Сафири Подшоҳии Урдуни Ҳошимӣ бо изҳори сипос аз даъват, таъкид кард, ки мавзӯъ ва даъватнома, дар наздиктарин фурсат, ба унвони вазири корҳои хориҷии кишвараш расонда хоҳад шуд.

2 феврал 2012, 11:07

Дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боз як корхонаи дигар ба фаъолият оғоз мекунад

Намояндагони Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» аз ҷараёни корҳои сохтмонии коргоҳи «Равзана Пластик» дидан карданд. Корхонаи мазкур, ки аз аввалин ширкатҳои истеҳсолкунандаи профилҳо барои сохтани дару тирезаҳои пластикӣ дар Тоҷикистон мебошад, қарор аст, моҳи апрели соли равон ба фаъолият оғоз кунад. Ин корхона бо дастгирии сармоягузорони хориҷӣ бунёд шуда, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидааст. «Равзана Пластик» дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» тирамоҳи соли гузашта ба қайд гирифта шуда, сохтмони нави сехи истеҳсолиро дар муддати шаш моҳ ба анҷом расонид. Алҳол корҳои батанзимдарории таҷҳизоти техникӣ шурӯъ гардидааст.

2 феврал 2012, 11:00

Мушкили норасоии барқ дар Тоҷикистон то Парлумони Аврупо кашида шуд

Тоҷикистон дар фасли зимистон аз норасоии барқ танқисӣ мекашад. Нерӯгоҳҳои обӣ-барқии хурд ва миёна талаботи энергетикии Тоҷикистонро пурра қонеъ намегардонанд ва ба рушди соҳаи саноат мусоидат нахоҳанд кард. Мушкилӣ танҳо тавассути сохтмони НОБ-и Роғун, ки иқтидораш 3600 мВт аст, ҳал хоҳад шуд. Ин нуктаро Рустамҷон Солиев, намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо зимни суханронӣ дар Брюсел изҳор дошт. Номбурда, ки дар ҷаласаи бози ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ суханронӣ мекард, ҳамчунин ба масъалаи экологии минтақа дахл намуд. Вай аз ҷумла дар мавриди идораи захираҳои обӣ, хушкшавии баҳри Арал ва фаъолияти Ширкати алюминии тоҷик дар пешгирии ифлосшавии муҳити зист сухан кард. Вобаста ба фаъолияти Ширкати алюминии тоҷик дар пешгирии ифлосшавии муҳити зист, Сафири Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо  иттилоъ дод, ки дар ҳамкорӣ бо ширкати Hydro Aluminum корхонаи алюминии тоҷик бо филтрҳои нави дунизома ҷиҳозонида шудааст, ки пурра ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ аст. Дар хотима Рустамҷон Солиев иброз дошт, ки талошҳои саривақт ва муштарак ба кишварҳои минтақа имконият медиҳанд, ки ба чолишхои муосир муқовимат нишон дода, роҳҳои дурусти ҳалли мушкилиҳои ҷойдоштаро пайдо намоянд. “Мавқеи умумиминтақавӣ нисбат ба истифодаи захираҳои обию энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ба идоракунии самараноки захираҳои об баҳри таъмини об, энергетика, озуқаворӣ, амният, рушди иқтисодиёт, беҳтар намудани некӯаҳволии мардум ва ноил шудан ба рушди пойдори тамоми минтақа мусоидат менамояд”,- хулоса кард Сафир.

2 феврал 2012, 10:49

Шаҳрвандони Хитой дар асорати тазоҳургаронӣ мисрӣ

Як гурӯҳи тазоҳургарон дар Миср 25 шаҳрванди Чинро гаравгон гирифтаанд. Ба иттилои расонаҳо тазоҳургарон аз мақомот хостаанд, чиниҳоро танҳо бар ивази раҳоии хешу пайвандонашон аз маҳбас озод хоҳанд кард. Шаҳрвандони Чин дар Миср ба ҳайси мутахассис дар корхонаи истеҳсоли семент фаъолият доштаанд.Гуфта мешавад, тазоҳургарон роҳро ба минтақаи саноатии маркази нимҷазираи Синай баста, кормандонро иҷозаи вуруд ба коргоҳ намедиҳанд.

2 феврал 2012, 10:35

Дар Суғд роҳҳои ҷилавгирӣ аз ҳаводиси номатлуб миёни сарбозону афсаронро меҷӯянд

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо ширкати муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва муовинони роҳбарони қисмҳои ҳарбии гарнизони вилоят оид ба кор бо ҳайати шахсӣ дар ҳолатҳои фавқулодда машварати корӣ баргузор шуд. Дар машварат масъалаи вазъи кунунии кор бо ҳайати шахсӣ дар қисмҳои ҳарбии гарнизони Суғд ва роҳҳои беҳтар намудани фаъолият дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҳайати шахсӣ, роҳ надодан ба муносибатҳои ғайриоинномавӣ ва пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни сарбозон ва афсарон баррасӣ гардид.Зикр шуд, ки феълан дар қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Вазоратҳои корҳои дохилӣ ва адлия, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ корҳои муайян ба анҷом расонида шуда, шароити хизмат, зист ва таъминоти қисмҳои низомӣ бо лавозимоти зарурӣ, хӯрокаю пӯшока ва техникаҳои ҳарбӣ нисбати солҳои гузашта беҳтар гардида истодааст. Мақсад аз баргузории маҷлиси омӯзишӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, эҳтиром нисбат ба қонунҳо, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта унвон шуд.

2 феврал 2012, 08:10

Агар мансабдори баландрутба мебудеду наздиконатон ба қочоқи нашъа даст медоштанд, чӣ кор мекардед?

Мансабдорон ба он хотир ба ин кор даст мезананд, ки бо ин усул сарват ҷамъ намоянд ва вазифаҳои баландтареро харанд.

2 феврал 2012, 07:57

Вазъи нигаҳдории лавозимоти ҷангӣ дар Тоҷикистон хатарнок аст. Назари НАТО

Масъулини НАТО шароити нигоҳдории лавзомоти ҷангии хатарнокро дар Тоҷикистон таҳдидовар арзёбӣ карда, омодагиашонро барои дарёфту безараргардонии махфигоҳҳо ва беҳтар кардани шароити нигоҳдории силоҳҳо дар Тоҷикистон изҳор доштаанд.

2 феврал 2012, 07:48

Беш аз 18 тонна маводи пастсифати туркӣ дар Тоҷикистон ошкор гардид

18 ҳазору 990 килограм маҳсулоти қаннодии пастсифат аз давлати Туркия ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст.

2 феврал 2012, 07:29

Ромодановский Путинро дастгирӣ кард. Аммо мухолифи раводид аст

Константин Ромодановский, сардори Хадамоти муҳоҷирати Русия пешниҳоди Путинро оиди сахт намудани ҷазо барои муҳоҷирати ғайриқонунӣ дастгирӣ карда,роҳандозии раводидро бо кишварҳои ИДМ ғайриимкон арзёбӣ кард.

2 феврал 2012, 07:03

Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ ба Душанбе меояд. Райиси Бонки рушди исломӣ ҳам

Дар Ҷидда вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) профессор Акмалиддин Эҳсоноғлу доир гардид.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!