Бахшҳо
12 ноя 2013 11:40Тоҷикистон / Сиёсат

Ҳушдори Зоиров ба КМИР ва Суди Олӣ: Ба баҳсҳо омода бошед!

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, бо пахши як изҳорот интихоботи 6-уми ноябрро, ки бо пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ анҷомид, баргузорнашуда эълон намуд.

Раҳматилло Зоиров мегӯяд, таҳлили дақиқи омори воқеӣ ва шароити баргузории интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, натиҷаи назорати интихобот чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар, аз он шаҳодат медиҳад, ки интихоботи президентии 6-уми ноябри соли 2013 баргузор нашуд.

Раиси ҲСДТ муътақид аст, ки дар интихоботи президентии ахир, камтар аз 33%-и овоздиҳандагон иштирок намуданд: “Ин дар ҳоле, ки агар ин нишондод ба 50%-и овоздиҳандагони дохили кишвар баробар бошад, шумораи овоздодагон дар берун аз Тоҷикистон 5%-ро ташкил медиҳад. Ин чунин маъно дорад, ки тибқи қисми якуми моддаи 66 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иштироки беш аз нисфи интихобкунандагонро талаб мекунад, интихоботи президентӣ баргузор нашуданд.”

Зоиров ният дорад, бо дастрасии тамоми омору аснод нисбат ба қарори Комиссияи инихобот ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъво пешниҳод намояд: “Мо тамоми далелҳо, шаҳодатҳо ва маводи дигарро ба Суди Олии кишвар ҳозир мекунем. Ҳамзамон ман комилан огоҳ ҳастам, ки Суди Олӣ чӣ қароре қабул хоҳад кард. Вале бо вуҷуди ин, ҲСДТ аз қарори КМИР ба суди Олӣ даъво мебарад, то ин ки моҳият ва табиати ҳокимияти судии Тоҷикистонро ба таври равшан нишон диҳад. Бинобарин мо ба КМИР ҶТ ва Суди Олии Тоҷикистон имкон медиҳем, то хуб омодагӣ бинанд, то бо қарори шармовари навбатиашон худро расво накунанд!”.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон интихоботи президентии 6-уми ноябрро баргузоршуда эълон намуда, таъкид дорад, ки дар он беш аз 86 дарсади интихобкунандагон ширкат намуда, 83,6 дарсади овозҳоро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ соҳиб шудааст.
Мӯҳр
Ilyas
Зоиров 100 % 100 рост мега на хешмай на таборум лекин рост мега интихобот барои зебуш буд дар асл интихобот набуд инро на ману на Зоиров мегуем тамоми чомеа медонан амо аз гумрохи ва тарси хукумат наметавонан сухан кунан хол он ки дар чомеаи Демократи Хукукбунёд Дуняви ва Ягона умр ба сар мебаранд.....

Каримдевона
Ин узбак аз кучош девона шуда бошад? ин хел душманони миллатро говсуд кардан даркор ин дар ин болок нооромиро мехохад, бас кун узбак ин корхоятро мо дар ин ботлок оромиро мехохем тамом...

Салом ба хама!
Хамин Зоировро ки спонсори медарда бошад, ки ин кадар даъвохои бемаъни пеш миёрад??? Аввал ин ки дар интихобот иштирок накарди ва ба дили худат онро "БОЙКОТ" карди, дуюм ин, ки вакте дар интихобот иштирок накарди, барои чи ба мисли косалесони пеши шерон шуру магал мебардори??? Ту ва хизби пучакат барои ин халку ватан чи хизмате кардед, ки боз мардумро сардаргум кардани хастед??? Аз Худо битарс ва ба буи пули хочагони хоричиат нашав, чаро ки то давраи мушовир буданат косалес ва лаганбардори хамин хукумат буди ва хомуш менишасти!!! Аник медонем, ки барои номзадиатро нагузаронидан алам дори ё агенти Узбакистон ва ИМА хасти ва ё харсе!!!

форс
кандата зан рахматулло зойиров.Хакика тан дилсузи миллат хасти.ман шахсан дар ин интихобо нарафтам ва овоз надодам баро и он ки медонистам рави нарави анчоми интихобот ба фоидаи рах монбуданаш пешаки маълум буд.ин як спек такл буд хайф миллат мо ба кучо меравем...

Ilyas
Ozodagon charo navistaamro chop nakarden agar chop namekunen pas matni: Шарҳи худро бинависед: bardored az saytaton !!!!!!

Акаи Зоиров. Инхоба на конун хасту на коида. Зури конун ба камбагали бепуштупанох мерасад. Бекор худатона ранч надихед, медонам Шумо хак хастед. Ин худкомахо кодир ба хар коранд. Кабирии вакилро ба суд кашиданд шармандаги аз ин зиёд мешавад?! Хукуки чор бечорара химоя кунед хубтар.

Дустори Хак
Вокеан вожаи ацоиб "Мо санадхоро пешниход мекунем ва шумо бояд омода бошед" ростиш ман тарафдори хакикатам,аммо хаминро гуфтани хастам. Худо боз хам илматро зиёд кунад.

Мухтарам Зоиров! Бачои суд бози барои ободии Точикистон кушиш мекардед хубнест?

хами сари мара вайрон накнен . инами чанкаре бген наген, ки Хамаи Халк тарафдори Эмомали Рахмон хастанд, барои хами хдтона гам натен !Эмомали Рахмона аввалан Худованд дуюмин мо чавонон хостем ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН интихоб гардад. Чунки У худ сазовори чунин джойгох мебошад! У ифтихори чунин давлат аст!

Али
Ба Каримдевона! Зоиров узбак нест туи узбак. Касе дар ин чомеа харфи рост бизанад хатман у е агенти узбак е агенти хорич. Ту бародар вакте тахлили фаслу васл надори аз хаво харф назан ин зеби мардаки нест. Дуне гуфтаистодааст ки интихоботи Точикистон калбаки ва фасод буд. Е намояндахои аврупохам узбаканд?

ХНИТ ва ХСДТ интихоботро бойкот карданд. 1 млн мухочир дар интихобот ширкат накард ва ба руйхати интихобкунандагон ворид нашуд. Ин як миллион худ 20 дар сади овоздиханда аст, агар 10 фоизи дигарро тарафдорони ХНИТ ва 5 фоизро тарафдорони ХСДТ ташкил диханд сафи иштирокнакардахо аллакай ба 35 мерасад. Ба мисли ман ашхоси зиёди бетараф низ мавчуданд, ки ба шаффофият иштирок надоштанд ва онхо хам ширкат накарданд. Боз хастанд шахсоне чун Нилуфари Карим, ки ба овоздихи омада бошанд, хам аллакай такдири овози худро халшуда диданд. Танхо хамин худ далели он аст, ки дар интихобот хатто 50 дар сади овоздихандагон хам ширкат накардаанд

Ilyas
Чавоб ба Динара
Эмомали Рахмона аввалан Худованд дуюмин ин гапат чи маъне дорад ? курсавод беакл маълум ки падарат ё падар калони туро дар ягон шохуи хукумат ягон вазифача додаанд барои хамин аз Эмомали пуштибони мекуни халке ки дар ТЧ аст ба дод омадаги амо мардумро тарсон кардаан ки хатто метарсанд овоз баланд кунанд то кай ин зулм давом мекарда бошад ? бояд хукумати айни хол ба истеъфо равад агар он вазиру раиси чумхур ранги давлатхои хорича масалан Руссия миёни халкаш тез тез вохури баргузор кунанд дигар руи халкро дида наметавонан уфффффффффффффффффффффффффффффффф

intixoboti xubu zebo bud.xalk rahmonro mexost in kor shud va meshud va boz ham meshavad.7-sol ne ki guft?-700sol boshand.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)