Бахшҳо

(АКС+ВИДЕО) Фурӯшандаҳои бозори “Саховат”: Севарой ва фарзандонаш дар кӯча зиндагӣ доранд

Севарой Барот, ҳамсари Саъдӣ Шарипови 39-сола, ки бо иттиҳоми бо корд захмӣ кардани бародараш -- Фирдавси 41-сола боздошт шудааст, мегӯяд, ҳанӯз тақдири шавҳараш маълум нест. Ӯ гуфт, ҳамсараш дар боздошт қарор дошта, Фирдавс аз беморхона рухсат шудааст.

Хабарнигори “Озодагон” бо Севарой дар бозори “Саховат”, ки вай ҳамроҳи се фарзанди ноболиғашу бору кӯчаш онҷо зиндагӣ дорад, суҳбат кард. Мегӯяд, баъди он ки бародари шавҳараш онҳоро аз манзили қонунии худашон берун андохт, маҷбур шудаанд, дар чунин шароит ба сар баранд.

Севаройро дар бозори “Саховат” ҳама фурӯшандаҳо мешиносанд. Ӯ ҳам барои пешбурди зиндагӣ ба нонфурӯшӣ машғул аст. Ҷамолбӣ Файзуллоева, як савдогари ин бозор мегӯяд, баъди он ки шабҳо сард шуд, Севарой ва фарзандонашро ба манзилаш бурд, то шабҳоро рӯз кунад: “Ман Севаройро чанд сол аст мешиносам. Чор фарзандашро дар коляска дар ҳамин бозор калон мекунад. Чанд шабро дар роҳравҳои зеризаминӣ пушти сар кард”.

Мавзуна Исматова, як фурӯшандаи дигар гуфт, Севарой ҳамеша азоб кашидааст. Ба гуфтаи вай, дар зимистон кӯдаки серӯзаашро аз таваллудхона ба бозор овард ва зери барф маҷбур шуд барои пешбурди зиндагиаш нон бифурӯшад: “Думоҳа кӯдакро дар ҳоҷатхонаи занона оварда оббозӣ медоронад. Худаш ҳам омада онҷо сар мешӯяд. Зиндагияш ниҳоят вазнин аст. Аз рӯйи чунин зиндагӣ ҳар кор шуданаш мумкин”.



Як савдогари дигар, ки худашро Ҷамила муаррифӣ намуд, мегӯяд, рӯзи гузашта пул ҷамъ карда, барои духтари хурдии Севарой курта харид: “Барои як зан дар чунин шароит зиндагӣ кардан хело душвор аст. Зан ба ин ҳад беқадр набояд бошад. Ниҳодҳои дахлдор бояд ба мушкили ин зан дуруст расидагӣ кунанд ва ҳақро ба ҳақдор расонанд”.

Баъди нашри хабари аз сӯи Саъдӣ Шарипов захмӣ шудани бародараш – Фирдавс Севарой Барот ба дафтари “Озодагон” омада гуфт, муноқишаи байни ду бародар таърихи чорсола дошта, аз баҳси манзил сар задааст.

Ба гуфти ӯ, соли 2013 баъди даргузашти модаршӯяш, Фирдавс аз шавҳараш хоҳиш кард, то манзили сеҳуҷрагиашро, ки дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе воқеъ аст, бо хонаи дуҳуҷрагии вай иваз кунанд: “Гуфт, ки шумо фарзанд надоред, рафта дар духонагии ман зиндагӣ кунед. Шавҳарам розӣ шуд. Аммо чун падари ман гузашт, мо ба Панҷакент рафтем. Вақте баргаштем, Фирдавс хонаи дуҳуҷрагиашро фурӯхтааст. Ваъда кард, ки барои мо хонаи якҳуҷраӣ мехарад. Ба ин ҳам розӣ шудем, аммо ваъдаашро иҷро накард”.

Севарой мегӯяд, вақте Фирдавс дар хонаи қонунии онҳо иқомат кард ва бар ивазаш манзиле барои онҳо нахарид, маҷбур шуданд, ба додгоҳ муроҷиат намоянд. Ин зан иддао дорад, ки додгоҳ бидуни ҳузури онҳо ҳалнома содир кардааст, ки бар асоси он онҳо муваззаф шудаанд, бародари шавҳарашро дар манзили сеҳуҷрагии худ сабти ном кунанд: “Вақте соли 2014 қазия печида шуд ва байни ду бародар муноқиша шуд, ман ба мақомот ва расонаҳо суҳбат карда, гуфтам ки ин кор оқибати хуб надорад, аммо касе ин масъаларо ҷиддӣ нагирифт”.

Ба таъкиди Севарой Барот бародараш доим ӯ ва шавҳарашро дашном мекард ва ҳатто як бор ҳамроҳи бародарони занаш Саъдиро латту кӯб ҳам карда буданд. Ӯ мегӯяд, дар ниҳоят ин ҳама косаи сабри шавҳарашро лабрез кард ва бародарашро корд зад. “Захмҳо амиқ нестанд. Ҳоло Фирдавс аз беморхона ҷавоб шудаасту, шавҳари ман дар боздошт. Агар ба ин масъала одилона расидагӣ нашавад, худамро мекушам. Бигзор ба аъмоли шавҳарам баҳои қонунӣ дода шавад, аммо масъалаи манзили қонунии мо ҳам ҳал шавад”,-гуфта буд ӯ.

Талош барои тамос бо Фирдавс то замони нашри ин хабар бенатиҷа буд. Дар сурати дастрас шудани назари ӯ “Озодагон” онро нашр мекунад.

(АКС+ВИДЕО) Фурӯшандаҳои бозори “Саховат”: Севарой ва фарзандонаш дар кӯча зиндагӣ доранд

(АКС+ВИДЕО) Фурӯшандаҳои бозори “Саховат”: Севарой ва фарзандонаш дар кӯча зиндагӣ доранд

(АКС+ВИДЕО) Фурӯшандаҳои бозори “Саховат”: Севарой ва фарзандонаш дар кӯча зиндагӣ доранд
Мӯҳр
в
О дар хамон кишлокхоятон тинч шинед намешавад? Шахрро ба дехоти асримиенаги табдил додед? Наход бародар бародарашро барои манзил шуда корд занад? Ин чи вахшоният аст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)