Бахшҳо

Сайидзода: Ба косташавии ахлоқ худамон гунаҳкор ё интернет?

Нашри як порча аз китоби “Густариши ахлоқи миллӣ”-и Зафар Сайидзода, мушовири калони бахши ёрдамчии президент ва собиқ сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар торнамои “Озодагон” бо вокунишҳои зиёди корбарон рӯбарӯ шуда, баъзе аз онҳо чопи идомаи онро хоста буданд. Ҳоло як бахши кӯчаки ин китобро, ки дар бораи ахлоқи ҷомеа ва таъсири расонаҳо, бахусус Интернет баҳс мекунад, нашр мекунем:


“Расм шудааст, ки тамоми норасоиҳо ва костагиҳоро дар ҳавзаи фарҳанг ва зиндагии иҷтимоӣ ба сари расонаҳои имрӯзӣ, монанди Интернет ва моҳвора, андозем. Ин, албатта, барои ин ки ҳамаи кӯтоҳиҳои худамонро дар арсаи фарҳангӣ ба осонӣ пӯшонем, беҳтарин роҳ аст.

Албатта, наметавон асари расонаҳоро ба таври комил инкор кард, аммо ҳама мутахассисони риштаи илмҳои иртибототи иҷтимоӣ бар асоси тадқиқоти худ таъкид мекунанд, ки расонаҳо танҳо метавонанд асари устуворсозӣ дошта бошанд ва монанди катализаторе дар як озмоиши кимиёӣ фарояндеро тақвият намоянд ва тезонанд. Агар вазъияти муносиботи хонаводагиамон нобасомон шуда бошад, агар шумораи пош хӯрдани издивоҷҳо афзоиш ёфта бошад, агар муносибатҳои ҷинсӣ белаҷому ноҳинҷор шуда бошанд, ба ин худамон гунаҳкорем. Бидуни шак, чуноне пештар таъкид шуд ва ба ин мавзӯъ боз хоҳем баргашт, расонаҳо бо интиқол додани арзишҳои фарҳангии бегона то андозае ахлоқи миллиро коста мекунанд.

Вале чунин фарз кардан, ки расонаҳо дар танҳоӣ ин қудратро доранд, ки фарҳанги ҷомеаро ба куллӣ тағйир диҳанд, боис мегардад, ки омилҳои баамаловарандаи мушкилҳои иҷтимоиро нодида гирем ва онҳоро пай набарем. Тағйироти сабки зиндагӣ ва ҳадафҳои бунёдии зиндагии ҷомеаи Тоҷикистон бо нишонаҳое, монанди посух ба пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ тағйири сабки иқтисодӣ, камаҳамият гардидани арзишҳои маънавию ахлоқӣ, бартарӣ ёфтани нигариши лаззатҷӯёна, истеъмолгароӣ, беқайдиву бебандуборӣ, баррасии амиқ мехоҳанд. Барои пайдо кардани сабабу далелҳои ин ҳама тағйирот бояд нахуст тағйироти фарҳанги ҷаҳониро, ки ҳамаи ҷомеаҳои башариро ба таври ногузир ба масири нав кашондааст ва бо ин сели шадид ҳатто пӯшидатарин кишварҳоро низ тоби муқовимат намондааст, мавриди баррасӣ қарор диҳем.

Ҳамзамон набояд фаромӯш кунем, ки аз худи мо дар бархӯрд бо ин раванд чӣ кӯтаҳиҳое сар задааст. Омори ҷустуҷӯҳо дар Интернет, ки аз ҷониби тоҷикистониён сурат гирифтааст, мутаассифона, баёнкунандаи он аст, ки ҳамватанони мо дар Интернет бештар ба дунболи тамошои аксҳо ва намоишҳои дорои мазмуни робитаҳои ҷинсӣ будаанд. Расона ва дар ин маврид Интернет, гунаҳкор нест, зеро ин шабака дорои садҳо китобхонаи ройгон, сайтҳои маърифатӣ, илмӣ, варзишӣ ва дигар бахшҳои ҷолибу хонданиву диданӣ аст. Агар ахлоқи мо коста намебуд, аз Интернет маводу матолиби фарҳангиву илмӣ ва дигар паёмҳое, ки барои густариши ҷаҳонбинии инсон мусоидат мекунанд, ҷустуҷӯ мекардем. Ин ахлоқи костаи мо, тоҷикон аст, ки боиси падид омадани мушкилиҳои гуногуни иҷтимоиву фарҳангӣ дар ҷомеа мешавад. Ва ин костагии ахлоқӣ ҳосили на як рӯзу ду рӯз, балки солҳои тӯлонӣ мебошад.

Фарҳанг ҳам чизе нест, ки дар як муддати кӯтоҳ ба вуҷуд биёяд ва дар як муддати кӯтоҳ ба куллӣ тағйир кунад, балки падидаи фарҳанг дар тӯли солҳои тӯлонӣ ва балки садсолаҳо шакл мегирад. Бисёре аз костагиҳо ва низ ислоҳи онҳоро бояд андаруни таърихи фарҳангии худамон ҷустуҷӯ кунем. Равиши маҷбуркунӣ дар кори интихоби роҳи дуруст суде дар пай надорад. Таҷрибаи бисёре аз кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки манъ кардану ҷазо додани дорандагони мавҷгирҳои моҳвора ва филтр кардани Интернет таъсири баръакс дошта, мӯҷиби иқболи бештар пайдо кардани моҳвораву Интернет аз ҷониби афроди ҷомеа мегардад”.
Мӯҳр
Умед
Дуруст мегуед хар бадахлокиву нотавониро ба интернет вобаста кардан ва худро аз масъулият дар назди оила ва давлат канора кашидан осонтар аст аз он ки рохи дурусти истифодаи онро омузонем ва маданияти коргузори бо техникаи ракамиро талкин намоем.

Акаи Зафар, мураккаб накарда, содда карда гуед, бехтар мешавад. Ёрдамчии президент, агар дар бораи "костагии ахоли" сухан ронад, бояд сабахои он, роххои бартарафкуниашро бо тахлил нишон дихад. Аз хама вабои бади миллати точик махалгароист, ки он модари тамоми бадбахтихову фасодхои чомеа ба шумор меравад. Агар чаноби Сайидзода аз пайи тахлилу тадкики он шуда, каме хам бошад, бар он голиб ояд ва бо хамин халкхоямонро ба хам орад, аз "костагии ахоли" чизе намемонад. Вагарна, тахлили хозираи он кас, мисли тадкикоти бо пуфаки тарбуз дар як сахнаи хачви нишон додаи Убайдулло Рачабов менамояд.

Интернет ин як манбаи бадахлок кардани халк аст. Бинобарон онро рохи фоиданокашро истифода бурд. Лекин аксарияти халки точик интернетро бо корхои бехуда истифода мебаранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)