Бахшҳо

Талаби истеъфои вазири тандурустӣ аз сӯи шарҳнависон

Фармони Нусратулло Салимзода - вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар мавриди додани имтиёз ба донишҷӯёни баъзе аз шаҳру навоҳии кишвар ҳангоми дохил шудан ба Донишгоҳи тиббӣ бо вокуниши сахти корбарони “Озодагон” рӯбарӯ шудааст. Аксари шарҳнависон аз ин фармони вазир шадидан нигаронӣ кардаанду мегӯянд, азбаски бештари имтиёз ба донишҷӯёни як минтақа дода шудааст, он хусусияти маҳалгароӣ дошта, хилофи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон мебошад.

Идрис, як корбари “Озодагон”, навиштааст, “фармони Салимзода хилофи Сарқонуни амалкунандаи Тоҷикистон мебошад”. Чун, ба гуфтаи ӯ, вазири тандурустӣ ҳаққи содир кардани чунин як қарорро надорад: “Ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон новобаста аз маҳал ҳуқуқи баробар ба таҳсилро доранд.”

“Тамошобин” – корбари дигар низ дар шарҳи гуфтаҳои боло навиштааст, ин фармони Нусратулло Салимзода боиси аз курсиҳои донишҷӯии Донишгоҳи тиббӣ дур мондани ҷавонони болаёқат мешавад. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд ҷаноби вазир ин имтиёзро ба донишҷӯёни навоҳии мазкур барои он додааст, ки баъд аз хатми таҳсил ба зодгоҳашон баргарданд, вале таҷриба нишон додааст, на ҳамаи онҳо бармегарданд: “Имтиёз бояд умуман бардошта шавад! Он лозим нест! Он танҳо воситаи дилхунуккунии довталабони арзанда аз миёни сокинони шаҳру ноҳияҳои бекоэффитсиент мегардаду халос!”

Акрам, шарҳнависи дигар, ки аз худ ҳамчун довталаби курсии донишҷӯии Донишгоҳи тиббӣ аз вилояти Суғд ном бурдааст, мегӯяд, агарчӣ 430 холро соҳиб шуда буд, ба ин донишгоҳҳо қабул нашуд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, яке аз ҳамроҳонаш аз ноҳияи Данғара – минтақаи имтиёздор тавонист, бо гирифтани 401 хол донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ шавад, чун ба ӯ бар асоси дастури вазир 125 холи дигар тӯҳфа кардаанд. Акрам дар шарҳи ин гуфтаҳои худ изофа кардааст, ӯ тасмим дорад, дар ин бора ба Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва кафили ҳуқуқи озодиҳои шаҳрвандон шикоят барад.

“Тамошобин” дар идома савол гузоштааст, агар ҷаноби вазир ба хотири дар оянда бо кадрҳо таъмин намудани навоҳии мазкур ба донишҷӯёни онҳо имтиёз додааст, пас, квота, ки ҳамасола бар асоси он садҳо донишҷӯ ба донишгоҳҳо дохил мешаванд, барои чӣ аст? Идрис барои ҳалли ин мушкили пешомада ва ҷилавгирӣ аз ба миён омадани ҳиссиёти маҳалгароӣ байни бархе аз ҷавонон дар пайи фармони мазкури вазири тандурустӣ пешниҳод кардааст: “Ҳар нафаре бо дониши худ 450 бал гирифтаааст, донишҷӯ эътироф карда шаваду нафарони бо имтиёз қабулшуда то соли оянда тайёрӣ бинанд.” Ӯ афзудааст, дар сурате агар дар робита ба ин дастур таҷдиди назар нашавад, ин амали вазири нобахшиданӣ мебошад.

Дар ҳамин ҳол, Саид, яке аз корбарон хостори ба истеъфо рафтани Салимзода шуда, гуфтааст, “вазири муҳтарам аввалан хатогиҳои сиёсиашро бартараф карда, баъдан ба истеъфо раваду бас.”

“Вазорати тандурустӣ” навиштааст, ки ҳар нафаре дар ин робита шикоят ё гуфтание дорад, метавонад, рӯзи шанбе ба қабулгоҳи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ояд: “Марҳамат, ҳар нафаре, ки норозӣ аст, рӯзи шанбе аз соати 8 то 12 рӯзи қабули вазир аст. Метавонед бо аризаи хаттӣ ба вазир муроҷиат кунед, андешаҳои Шумо ҳатман шунида мешавад ва асоснокии фармон ҳам ба шумо фаҳмонда мешавад.” “Вазорати тандурустӣ” дар шарҳи ин гуфтаҳояш фармони вазири ин ниҳодро бар асоси қонунҳои амалкунандаи кишвар дониста илова кардааст, “Дар асоси моддаи кадом қонун ин фармон навишта шудааст, чаро бартарият маҳз ба донишҷӯёни Хатлон дода шудааст, ҳамааш ба Шумо фаҳмонда мешавад.”

Дар пайи вокуниш ва нигарони шадиди корбарон аз ин фармони Салимзода ва баҳси квотаву имтиёзҳо ҳангоми дохилшавӣ ба донишгоҳҳои олии кишвар бо суханҳои маҳалгароӣ корбаре бо номи “Тоҷикдухтар” қисмате аз саргузашти худ бо хоҳарашро дар ин бора навиштааст: “Салом хабаргузории Озодагон! Умедворам, ин навиштаи ман рӯи чоп меояд. Дар хотир дорам, соли 2006 бо "квотаи президентӣ" ману хоҳарам ба пойтахт – шаҳри Душанбе ба Донишгоҳи тиббӣ ва Донишгоҳи омузгорӣ омада будем. Вақте маблағи зиёдро сарф карда омадему дар рӯзҳои имтиҳон хостем имтиҳон супорем, ба мо гуфтанд ба Шумо ин имконият нест, чун квотаатонро алакай дигар кас соҳибӣ кардааст. Модари сарсонам ҳамоно ба ду вазорат – тандурустӣ ва маориф равон шуданд, вале дар онҷоҳо ҳам гуфтанд, ин квотаҳоро кайҳо ба дигар довталабон додаанду ҳукумати ноҳия моро фиреб кардааст. Ин ҳама сарсониҳо гузашт, чун дар ин зиндагӣ хама чиз мегузарад. Ҳам ман ва ҳам хоҳари дар он рӯзҳои сарсонӣ ноумедгаштаам ҳоло соҳиби касби худ шудем, аммо ноадолатӣ то ҳанӯз идома дорад. Аз ин маълум мешавад, ки ба умеди ягон кас ё орзуи хом шудан лозим нест, чунки дар урфият мегӯянд, "аз худат мондӣ - мурдӣ!" Барои ҳамин, халқи тоҷик маҳалгароиро монеду якдигарро дастгирӣ кунед, чун агар рӯзи сахт ба саратон омад на ҳукумат ва на дигару дигар ба додатон мерасад.”
Мӯҳр
шахрванд
Арзандахоро сари вазифа монед Рахмон илтимос. Окибати солимии миллатро хифз бояд кард!

рррр
Худи вазира ба хатлон рои кунд то ки сафи норасоии кадр бо хамин пур шавад

Точикистони
"Хамин рузноманигори боакл бигуяд, ки агар довталаби сугди донишгохи тиббиро хатм кунад, рафта дар нохияи дурдаст ё ягон нохияе, ки дар ин руйхат худаш овардааст, кор мекунад? Дигар нохияхоро як тараф монем хамон Гончию Кухистони Мастчох намераванд. Ин барои он карда шудааст, ки дар хамон нохияхо хам духтураке пайдо шаваду табобат кунад мардуми махаллиро, мардуми махалли наметавонанд касалхои худро ба марказхо оранд. Ин кадар дигаронро ба махалгарои гунахгор мекунед як бор фикри дигар махалхоро низ кунед. Ман аз Точикистонам, аз ягон нохияи дар руйхатбуда нестам. Ман тарафдори махалгарои нестам, аммо барои пеш бурдани соха дар хамаи нохияхо ин лозим аст. Дигар нохияхоро ном бурда асосан пуштигири довталабони Сугди хастед. Махалгарои асоси худи шумоед. Чор мезанеду, аммо хамон Гончи ва Кухистони Мастчохро фикр кунед акаллан. Чашми дидан надоред хамонхоро хам. Пеш аз як чизро навиштан сабабашро пурсед. Фарзанди шуморо кабул накарданд, аммо рози мешавед, ки фарзандатон рафта дар Шугнон, Ховалинг, Рошткалъа, Балчувон ва ё дигар нохия кор кунад. Бовари дорам, ки рози намешавед, ки дар Гончи ва ё Кухистони Мастчох кор кунад."

Dar in jo yagon gapi digar nest, yagon famidadihi ham darkor nest, in vaziri mahalgaro boyad ba istefo ravadu tamom... Yagon kas boyad ba ba qabulgohi u naravad, u boyad publichno ibroz kunad baroi chi i xel kor kardast, manzarat pursad va ba istefo ravad...

Шер
Мухтарам игвоандозини "Озодагон" барои чи шарххои дигар нафаронеро, ки аз ин икдом дастгири карда буданд, чой надодед...

патриот
озодагон озод бош!

озодагон яктарафа бахо додести чаримат менан капат дуд мена эхтиёт кн.
ай байни хама факат дангарагиёра тема кадести дар холе ки ба помириву гармиву шимоли хам имтиёз додан. 70 сол мегуфтан ки гармиву кулоби ай пахтачини грехта дарсхони меоян. барои хами имтиёз асосан барои шимолихо ва андаке душанбегихо буд ва таъкид мешуд ки ба бачохои вилоятхои Кургонтеппа ва Кулоб бахо надихед чун пахта ин бойигарии асоси пахтачин намеёва. Аммо он замон инхел демократия ва инхел озоди набуд ки талаби истеъфо кнан!
хлоса тенч карде

Яъне ки хешои журналист нагузашт бояд истеъфо дихад....

Дуруд ба хамаи хонандагон ва кормандони хабаргузории Озодагон. Банда баъди чопи макола бо устодони зиёди Донишгохи тибби во хурдам. Аксари эшон Фармони махалдустона ва гайриконунии вазири мухтарамро катъиян махкум мекунанд. Ман инчунин бо якчанд нафар аз довталабоне хамсухбат шудам, ки соли равон дар Донишгохи тибби курси тайёриро гузашта, сохиби зиёда аз 450 хол шудаанд ва хатто онхо, бинобар он ки нохияхояшон аз мархамати Вазири тандурусти дур мондааст, бо вучуди тайёрии яксолаашон ба Донишгохи тибби рох наёфтаанд. Баъзеи онхоро бо холхои сохибшудаашон ба дигар донишгоххо фиристодани шудаанд, вале онхо ба дигар чой рафтан намехоханд ва бевосита "барои ба Донишгохи тибби кабул шудан тайёри дидем мегуянд".
Аяк нафар аз чунин довталабон ки зодаи Хисор будааст гуфт: "Дигар тайёри дидан хам фоидае надорад. Аз ду сар коэффитсиентдорхо мегузаранду мо мемонем".
Дар маркази тести хам бо якчанд нафар сухбат кардам ва хатто худи онхо хам ин фармони вазирро махкум мекунанд, ва "Марказро ба ин конуншикании вазир хамрох накунед" мегуянд.
Маводи навбати ва як чанд мусохиба бо довталабони аз мархамати вазир дурмондаро дар шуморахои наздиктарини "Озодагон" интизор шавед.
Ман хам фикр мекунам, ки баъди чунин Фармон, ки ормонхои вахдатофарини Сарвари давлатро зери суол мебарад, чаноби Нусратулло Салимзода хакку хукуки дар сари мансаб монданро надоранд ва бояд ба истеъфо раванд.

Man
Салом ба дастандаркорони торнамои Озодагон.

Ин кореро, ки вазир гуё бо нияти хайр анчом доданд хеле зишту манфур ва дур аз ахлок ва накзи хукукуи конститутсионии дигарон аст, ки мувофики конун бояд ба чавобгарии чинояти кашида шавад.
ММТ ки як муассисаи назди Президенти кишвар аст ва хама мардум ба он бовари доштанд ва банда хам чун хохарзодаам бо дониши худ ба яке аз донишгоххо дохил шуд вале гап дар ин нест. сухан аз боби адолат меравад. Вакто ки ММТ як ниходи назди Президенти мухтарами мо бошад ба вазири тандурусти ки ин хакро додааст ки фармон дихад ки барои хонандагони нохияхои муайян (ва ин хам суолбарангез аст) бали иловаги хадя кунанд содир намоед? Ки кафолат медихад, ки ин кор фардо аз тарафи дигар вазоратхо сурат намегирад (ба мисли вазорати адлия, ВКД, ва дигар ниходхои кудрати )? касе инро замонат дода метавонад? Ман хеле мехостам ин масъала расонаи шавад ва хатто ба самъи ЧО бирасад, ки дар ниходе, ки бевосита бояд ба у хисобот дихад ин гуна номаъкулихову бесарусомонихо рух додааст.

Вохури бо вазир фоида надорад, агар ин вазирбо ин вохуриаш, мушкилии мардумро хал мекард аз аввал барояшон мушкили эчод намекард. Арбат ягон "далели" тенча барои чавоб ба шикояти мардум тайёр кадагияй...

МУХАРАМ
мАН ИМРУЗ ИН ХОХАРО САД ДАР САД ДАСТГИРИ МЕКУНАМ ЧУН КИ ОН РУЗ ИН КАЗИЯ ИН САРНАВИШ АЗ САРИ МО ДУР НАРАФТА АСТ ДУ ФАРЗАНДИ МАН КИ ОН КАДАР ХУБ МЕХОНДАД ХАТТО ДАР ОЛИМПИАДАХОИ ЧУМХУРИЯВИ ИШТИРОК МЕКАРДАНД ВА ОН РУЗИ КВОТА РАСИДА МАМУРИНИ МАКТАБ ВА ХУКУМАТИ ВАРЗОБ БАРОИ ХИЧОБ ШУДА ДАСТГИРИ НАКАРДА ВА ШУКРИ ЯЗДОНИ ПОК КИ ХАРДУИ ОН ДОХИЛ ШУДА ЯКЕ ДОНИШГОХРО ХАТМ НАМУД ХАТТО БА КИШВАРИ МАЛАЙЗИЯ БА ХОНДАН РАФТ ДИГАРЕ ТО ХОЛ МЕХОНАД ИН ДУРУСТ АСТ БАДБАХТИ КИШВАРИ МО ИН МАХАЛЛЧИГИ АСТ...............

вазир худаш бо он духтуроне ки аз хамон минтака оварда ба вазифа мондааст рафта дар хамон минтака кор кунанд калрхо пур мешаванд.

дахмарда хеч гох доктор шуда наметавонад.

Точикистони Барои гуфтахои Точикистони квота хаст, ки дар махалли Точикистон норасии кард дида мешавад, ба хамон махал квота дода мешавад, ки он довталабон оянда мутахассис шаванду дар хамон махал кору фаъолият кунанд! Шояд вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ин бахонаро пеш орад, лекин он нодуруст аст! Шояд макомоти прокуратура аз паси он карори "Вазир" шавад?!

Dev
патриот,
O tu jigarsuhta avval zaboni adabii tojikiro az hud kun!!!!!!!!!!!!!
In vaziri mahalgaroro ba istefo!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Сентябр 2022    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)