Бахшҳо
13 фев 2014 09:14Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Вазири тандурустии Тоҷикистон дигар Салимов нест

Нусратулло Салимов, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, насаби худро ба Нусратулло Файзулло иваз кардааст. Дар ин бора вазорат бо пахши як иттилоия хабар дод.

Ба қавли манбаъ, ба хотири арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, дар доираи талаботи қонун “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” маълумоти шиносномавии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Салимов Нусратулло Файзуллоевич ба Нусратулло Файзулло иваз карда шудааст.

Кормандони воломақоми давлатӣ баъд аз ҷаласаи васеи ҳукумат, ки Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон аз истифодаи “ов” ва “ович” дар номгузории тоҷикистониён интиқод кард, ба тағйири насабашон пардохтанд. Қаблан аз тағйири насаб Қосими Раҳбар, вазири кишоварзӣ, Абдуфаттоҳ Ғоиб, раиси Оҷонсии зидди фасод, Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот ва Бахтиёр Худоёрзода, раиси дастгоҳи иҷроияи президент хабар доданд.

Дар мавриди номгузории миллӣ Шерхон Салимзода таъкид намуд, тибқи қонунгузории кишвар татбиқи пасвандҳои русии “ов”-у “ович” ва “ова”-ю “овна” манъ аст, аммо мутасаддиёни номгузорӣ ин муқарраротро сарфи назар мекунанд. “Аксаран бо мусоидати онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон аз пасвандҳои “ов” ва “ович” кор мебаранд”,-афзуд ӯ. Додситони кулли Тоҷикистон илова кард, номгузории шаҳрвандони кишвар бояд бо усули миллӣ сурат бигирад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
1
Руссия ки намераванд вичу ов даркор несташон

Моддаи 20. Сабти ном, номи падар ва насаби кўдак ҳангоми бақайдгирии давлатии таваллуд
1. Насаби кўдак дар вақти бақайдгирии давлатии таваллуд бо насаби падару модараш сабт карда мешавад. Дар сурати гуногун будани насаби падару модар насаби кўдак бо мувофиқаи падару модар бо насаби падар ё бо насаби модар ё ин ки бо номи падар тибқи қисми 2 моддаи мазкур сабт карда мешавад.
2. Насаби кўдак, инчунин бо хоҳиши падару модар тибқи анъанаҳои миллӣ аз номи падар, решаи насаби ў бо илова кардани суффиксҳои «зода», «зод», «ӣ», «ий», «иён», «пур», «духт» ва ё унсурҳои «пури», «духти» ё бо роҳи пас аз номи кўдак ё номи падари ў илова кардани решаи насабаш ташаккул меёбад.

Чунон ки аз мукаррароти конун мебинем, пасвандхои русии -ов, -ович... манъ карда нашудаанд. Дар банди 1-и моддаи 20 ошкор гуфта шудааст, ки насаби кудак бо насаби падар ё модараш (ки 99 дарсад -ов доранд) сабт карда мешавад. Аммо ИНЧУНИН имкон дорад пасвандхои миллиро ба кор баранд (банди 2) .
Чаноби Шерхон Салимзода, акнун ки фахмидед, як чуръат карда пешниход кунед, ки ба ин конун тагйирот ворид карда, гузоштани пасвандхои русиро дар ТЧК мамнуъ эълон кунанд. Факат натарсед.... Худо тавфикатон дихад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)