Бахшҳо

VIDEO: Шерхон Салимзода аз Зайд Саидову Расул ва баҳс бо Бишкек гуфт

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, ки рӯзи 7 феврал дар ҳузури хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, дар ҷараёни мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноат, танҳо як ҳолати таҷовуз ба номус аз сӯи ӯ исботи худро ёфтааст. Вай изҳор дошт, парванда аз рӯи ҳолати дуюми таҷовуз ба далели кофӣ набудани далелҳо барои тафтишоти иловагӣ баргардонда шуд.

Додситони кулли Тоҷикистон роҳ ёфтани хабарнигорони давлатиро низ ба мурофиаи Зайд Саидов рад карда, гуфт, он наворе, ки аз эълони ҳукми ӯ дар телевизионҳои давлатӣ пахш гардид, аз ҷониби кормандони додситонӣ сабт шуда буд. Зайд Саидов рӯзи 25 декабри соли гузашта аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба 26 соли зиндон маҳкум гардид.



ТИРПАРОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БУД, Ё ҚИРҒИЗИСТОН?

Додситони кулли Тоҷикистон дар ин сӯҳбати худ ба масъалаи тирпарронии 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз низ дахл карда, афзуд, “айни ҳол додситонҳои ду кишвар ба омӯзиши ин қазия машғуланд.” Ӯ таъкид намуд, ба далели он ки таҳқиқ ҷараён дораду ҳанӯз натиҷагирӣ нашудааст, аз гуфтани он ки тирпарронӣ дар қаламрави Тоҷикистон сурат гирифтааст ва ё Қирғизистон худдорӣ мекунад.

“АЗ БАҲРИ “ОВ”... ГУЗАРЕД”

Дар мавриди номгузории миллӣ Шерхон Салимзода таъкид намуд, тибқи қонунгузории кишвар татбиқи пасвандҳои русии “ов”-у “ович” ва “ова”-ю “овна” манъ аст, аммо мутасаддиёни номгузорӣ ин муқарраротро сарфи назар мекунанд. “Аксаран бо мусоидати онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон аз пасвандҳои “ов” ва “ович” кор мебаранд”,-афзуд ӯ. Додситони кулли Тоҷикистон илова кард, номгузории шаҳрвандони кишвар бояд бо усули миллӣ сурат бигирад.

ДАР БОРАИ САДАМАИ РАСУЛИ АМОНУЛЛО

Салимзода дар робита ба садамаи маргбор бо иштироки Расули Амонулло, писари 16-солаи раиси барканоршудаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, Амонулло Ҳукуматулло, афзуд, феълан парванда аз рӯи ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад ва агар исбот шавад, ки писари Амонуллоҳ гунаҳкор аст, ҳатман муҷозот хоҳад шуд. Доддситони кулли Тоҷикистон, инчунин, гуфт, дар соли 2013 ба ин ниҳод 16 шикоят дар мавриди шиканҷа ва зӯроварӣ ворид шудаанд, ки дар 75 дарсади ҳолатҳо тасдиқ нашуданд.



ҲУДУДИ 300 ПАРВАНДАИ КОРМАНДИ НИҲОДҲОИ ҚУДРАТӢ

Ба иттилои Салимзода дар соли 2013 аз 16 шикоят дар мавриди шиканҷа танҳо дар чор ҳолат мавҷудияти шиканҷа тасдиқи худро ёфт, ки аз рӯи онҳо парвандаҳои ҷиноӣ кушода шудаанд. Додситони кул таъкид намуд, ки дар маҷмуъ шикоятҳо аз шиканҷа дар кишвар коҳиш ёфтаанд ва мисол овард, дар соли 2012 22 шикоят дар робита ба шиканҷаро дарёфт намуда буданд, ки 9 ҳолаташон тасдиқ ёфтаанд.

Дар маҷмуъ Шерхон Салимзода таъкид намуд, тайи соли 2013 алайҳи қариб 300 корманди мақомоти қудратӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Чаноби ШЕРХОН САЛИМЗОД, магар парвандаи ЗАЙД САИДОВ. МУХРИ МАХФИ НАДОШТ? ЧАРО МАРДУМРО ФИРЕБ МЕДИХЕНД? АЗ ПУШТИ ВАЗИФАШУДА ЧИ КОРХОВУ ЧИ ХИЛАХОРРО ИСТИФОДА НАМЕБАРЕД??? НАЗДИ РУЗНОМАНИГОРОН САФСАТА МЕХОНЕД, ЛЕК НАЗДИ ,, ХОЛИКИ ЯКТО ЧИ ЧАВОБ МЕДИХЕНД ,,???

сауд
салимзода бесаводи да девонамон кардед ба и кору боратон хулоса ба кади як аргамчин рох меравед чики чанобатон гуяд хамон хаст

pisari amonuloha boz 4izasha isbot mekardaboshand? o moshin az xudash baromada sekasro zer kada kushtast oyo yagon joi nofahmo dorad? hojat ba tahkik nest hama ayon ast

Озоди чоп кн ки ай Бовари меброи мардм ИРА палитика мегае ие я хулосаи тиби сохтан пешниходкадае мебинан мардм чи бардошт дооа бинан ама знгш гирифтаги Элон мекнан ами хулосаи тибишона Зайдам амихе кадан судша давондан давондан кани мардм чи мекна Дидан МО хама ай тарси чон гнг шидем шопи хкма хондар т хкм ай авал малым БД проста. Бардошти мардма хостар фахман кашонданша

Матчаи из Матчаи
киргизхо аз пасттарин мансабдораш сар карда то охирин депутаташ бо дахони пур мегуянд,ки тирпарони дар каламрави киргиз шуд,шумо бошед бо вучуди прокурори СУГД таъкид кардаащ ки тирпарони дар Точикистон шуд мухри хомуши а лаб мезанед.То кадом дарача шумо тарсу хастед.хисси ватандориву ватандустии шумо танхо дар забони шумос

Гафур
Ин писари Амонулло Хукум чаро то хол дар озодист. Магар вай бояд дар озоди бошад? Э ачаб дунё Зайди бегунох дар кунчи зиндону Расули Амоннулои одамкуши дар озоди. Магар Чаноби олиеки инкадар шукронаи уро мардуми гумрох мекунад аз ин корхо масъулият хис намекарда бошад? САД ДАР САД МАН БОВАРИ ДОРАМ КИ ХАМОН РАСУД ДАР САРИ ЧАМБАРАКИ МОШИН БУД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)