Бахшҳо

Намоиши “ҷабрдида”-и нав ва Зайд Саидов тавассути ТВ-ҳои давлатӣ

Телевизионҳои давлатии Тоҷикистон шоми 30-юми сентябр духтари навраси русеро намоиш доданд, ки гӯиё Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи “Тоҷикистони нав”, ба номуси ӯ дастдарозӣ кардааст.

Дар ин гузориши видеоӣ гуфта шуд, ин ҳодиса моҳи июли соли 2012 дар бӯстонсарои оқои Саидов дар ноҳияи Варзоб иттифоқ уфтодааст. “Зайд Саидов аз роҳи фиреб ин шаҳрванди ҳанӯз ба синни 14 нарасида (соли таваллуд --1999)-и Русияро, ки гӯиё ба лагери пионерӣ мебарад, ба бӯстонсарояш бурда, бо воситаи маводи мадҳушкунандаи номаълум ба номуси ӯ дастдарозӣ мекунад”,-таъкид шуд дар ин гузориш.

Баъдан дар ин навор гуфта шуд, гӯиё Зайд Саидов барои “рӯпӯш” намудани ин амали худ духтари русро, ки аз ӯ “Г.Е.” ном бурда мешавад, аз тариқи зӯр панҷ рӯз дар бӯстонсарояш нигоҳ доштааст. Телевизионҳои давлатии Тоҷикистон дар ин навор бӯстонсаро ва як лаҳзаи рӯбарӯкунии ин духтари наврас дар бинои Оҷонсии зидди фасоди молӣ бо Зайд Саидовро ҳам намоиш доданд. Зоҳиран ин духтар нишон медод, ки Зайд Саидовро мешиносад ва бо забони русӣ мегуфт, ки таҷовуз ба номуси ӯ дар Варзоб ва дар як бинои дуошёна сурат гирифтааст. Аммо вокуниш ва ҳарфи оқои Саидов дар баробари ӯ намоиш дода нашуд.

Аз ин пеш, 24-уми сентябри соли ҷорӣ Оҷонсии мубориза бо коррупсия гуфта буд, ки алайҳи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи “Тоҷикистони нав”, бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтари 12-сола боз як парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Вакилони мудофеи Зайд Саидов гуфта буданд, ки нафари таҳти ҳимояташон чунин як иттиҳомро бофтаву сохта донистааст. Ба қавли онҳо, Зайд Саидов гуфтааст, ин духтарро бори аввал мебинад ва намешиносад.

Ин барои дувумин бор аст, ки Оҷонсии мубориза бо коррупсия Зайд Саидовро дар таҷовуз ба номуси духтарони ноболиғ муттаҳам мекунад. Ин оҷонсӣ 16-уми июли соли ҷорӣ низ алайҳи соҳибкори муваффақи тоҷик "барои таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ва ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан" парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда буд. Оҷонсӣ гуфта буд, ба ин ниҳод ноболиғ "А" бо ариза муроҷиат намудааст, ки гӯиё Зайд Саидов ба номуси ӯ таҷовуз кардааст. Иттилое, ки Зайд Саидов онро беасос ва дурӯғин хонда буд.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Мақомот ӯро ба сӯистифода аз мансаб, порагирӣ, қаллобӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ ва ғайра муттаҳам медонанд.
Мӯҳр
Хуршед
Ленинро хам Зайд Саидов куштааст.Ха ха ха

як дуруги нанговар

Мирзо Хучанд
Тачовуз ба номус коррупсия аст? Ачиб???

норози
Боваркунед аз чунин телевизиону телевизиондори шармам меояд. Shame on you.

Мард
Чаро маъшукахои масъулони болои боло намоиш дода намешаванд. Маъшукахояшон яку дуто не, даххо то аст ва аксарашон сароянда.

Муслим
Худованд аввало ин шахси бо химматро дар панохаш нигох дора З Саид гам махур чи зе ки ба Шумо тухмат мекунанд кардан гиран ин дунё абади нест рузе мешавад барой хамаи корхои бадашон ва тухматхояшон дар он дунё ҷавоб хоҳанд гуфт. мо бо ту хастем Аллоху акбар

Иброхим
Дар кучое ки як точики арзанда хаст рухану чисман нобуд месозанд, то танхо гуломон монанд...

хакбин
бандаи Аллоҳ
Таърихро намешавад ба дуруг бино кардан баон хотирки решаи туҳмату дуруг қаллобию фасод ҳаст.

Шарифчон
Эй мардум агар мусалмонед аз Худо битарсед! Ин корхои шумо окибати хуб надорад.Тухмату беобру кардани шахс инхо гунохони бузргест назди Аллох.

Ин кадар беобруйи, ин кадар номардона нисбати як нафаре ки 4 мох пеш хамчун як шахси саховатманди бомуфавак ёд мешуд аз руйи инсоф нест. Имруз барои органхои кудрати расидан ба максадхои супоришии худ фохишахо васила шудаанд. Як фохишаро оварданд, тухматашон нагузашт акнун боз дигарашро бо тухматхои нав ба нав мукамал намуда пешниход мекунанд инаш хам иншоаллох пош мехурад вале хама медонад ки ин казоват супориши аст. Пас ин хел, ки бошад оё хамон тухматхои калоби ва чаловияш кифоя нест, ки уро равони зиндонаш кунед. Мебини ки баьди як сол дар зиндон мемирад, охир у хам маризаст ва хам мачрух.

Бовар кунед хамин лимити барка спит сально кардан, ки хар бегох хабархои дуругу тухматангезро барои мардум нишон тиян ачиб? Чаро олимон аз ин рафтор хомушанд дар тухмати ин бечора тамошобинон гунахгор мешуда бошанд огои САЙМУКАРАМ??????????

Мухлис
Бо инашам нахзатияй?

А
Е ин твт нею твs.

ИН ЯК ШАРМАНДАГИСТ, НАХОД КОРМАНДОНИ КОРУПСИЯ АЗ ХУДО НАМЕТАРСИДАБОШАНД РУИ РОСТ ЗАЙД САИДОВРО ТУХМАТ МЕКУНД. АЙ КОРМАНДОНИ ХИФЗИ ХУКУК АЗ ХУДО ТАРСЕД БА ХУДО КАСАМ ДАР ОЯНДА ШАБХО ВИЧДОНАТОН ГАМ МЕТИЯД. МАГАР ОДАМИ НИМТАН ТАЧОВУЗ БА НОМУС КАРДА МЕТАВОНАД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)