Зайд Саидов ин бор дар таҷовузи духтари 12-сола айбдор мешавад

Оҷонсии мубориза бо коррупсия алайҳи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи “Тоҷикистони нав”, боз як парвандаи ҷиноӣ боз карда, ӯро дар таҷовуз ба номуси духтари 12-сола айбдор донистааст.
Дар ин бора вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов ба “Озодагон” хабар дода ва гуфт, ин айбнома бегоҳи 24-уми сентябр дар бинои оҷонсӣ бо ҳузури худи Зайд Саидов эълон шудааст. Вай гуфт, “гуруҳи тафтишотӣ ба раҳбарии Зуҳал Раҳимов Зайд Саидовро аз боздоштгоҳ ба бинои Оҷонсии зидди фасод оварда, аз ифтитоҳи боз як парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ хабар доданд. Ин парванда ҳанӯз 14-уми сентябр ифтитоҳ шудааст. Онҳо гуфтанд, нисбат ба нафари таҳти ҳимояти мо аз рӯи моддаи 131 ва 138, қисми 3, айб эълон шуда, ки аввалӣ маҳрум кардан аз озодӣ ва дувумӣ таҷовуз ба номуси ноболиғ аст.”
ПАРВАНДАИ ЗАЙД САИДОВ
Ба қавли Қудратов, бино ба гуфтаи гурӯҳи тафтишотӣ гӯиё оқои Саидов ду сол пеш ба номуси як духтари дувоздаҳсола дастдарозӣ кардааст. Ин вакили мудофеъ гуфт, рӯзи 24-уми сентябр Зайд Саидовро дар бинои Оҷонсӣ бо нафари ҷабрдида ҳам рӯбарӯ кардаанд, вале ӯ гуфтааст, ин духтарро бори аввал мебинад ва намешиносад. “Зайд Саидов ин иттиҳоми Оҷонсиро рад кард ва онро бофтаву сохта номид”,-гуфт Шӯҳрат Қудратов.
Бо ин ҳол, вакили мудофеъ гуфт, дар боари чигуна ва дар куҷо иттифоқ уфтодани ин ҳодиса маъмулоти кофӣ дар даст надоранд. Ба қавли ӯ, рӯзи 24-уми сентябр танҳо бо айбнома онҳоро ошно кардаанду тамом. Ӯ афзуд, “аз ин ҷо вакилони мудофеъ ба хулосае омаданд, ки танаффуси эълонкарда дар мурофиаи нафари таҳти ҳимояти мо бесабаб набудааст.” Ахиран Шавкат Абдулхайров, додраси Додгоҳи олӣ, мурофиаи додгоҳии Зайд Саидовро, то рӯзи 26-уми сентябр мавқуф гузошт.
Ин барои дувумин бор аст, ки Оҷонсии мубориза бо коррупсия Зайд Саидовро дар таҷовуз ба номуси духтарони ноболиғ муттаҳам мекунад. Ин оҷонсӣ 16-уми июли соли ҷорӣ низ алайҳи соҳибкори муваффақи тоҷик "барои таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ва ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан" парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда буд. Оҷонсӣ гуфта буд, ба ин ниҳод ноболиғ "А" бо ариза муроҷиат намудааст, ки гӯиё Зайд Саидов ба номуси ӯ таҷовуз кардааст. Иттилое, ки Зайд Саидов онро беасос ва дурӯғин хонда буд.
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Мақомот ӯро ба сӯистифода аз мансаб, порагирӣ, қаллобӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ ва ғайра муттаҳам медонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Июн 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |