Бахшҳо

Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?

Чанд соли ахир дар Тоҷикистон ҳаққи истифодаи нерӯи барқ боло бурда мешавад, аммо ҳаққи истифода аз барқ барои ТАЛКО бетағйир боқӣ мемонад. Ин ширкат ҳатто камтар аз аҳолӣ ҳаққи истифода аз барқ мепардозад. Инчунин дар қазияи ба миёномадаи Вазорати молия ва “Тоҷиктрансгаз” дувумӣ гуфтааст, қарзеро ки аз Вазорати молия аз соли 2011 гирифтааст, барои пардохти маблағи гази истифодашуда аз сӯи корхонаҳои бузурги саноатӣ, аз ҷумла ТАЛКО масраф шудааст. Дар робита ба ин, “Озодагон” аз соҳибназарон пурсид: ЧАРО ҲУКУМАТ ҲАМЕША БА ТАЛКО ИМТИЁЗ МЕДИҲАД?

Хилватшоҳ Маҳмуд, коршинос
Дар ҳоли ҳозир корхонаи ТАЛКО ягона ширкати ватанӣ аст, ки молу маҳсулоти истеҳсолиашро ба бозори ҷаҳонӣ мебарорад ва тибқи реҷаву шароити вижаи муайяншудаи бозори ҷаҳонӣ ба фурӯш мебарорад. Ҳоло дар мавриди сарусадоҳо ва додугирифтҳои солҳои қаблӣ ва инак қазияи навбатӣ на ҳама чиз маълум аст ва баҳодиҳӣ якҷониба хоҳад буд. Зимнан, бояд тазаккур дод ТАЛКО корхонаест, ки ба буҷаи ҷумҳурӣ арзи хориҷӣ ворид месозад ва саноату иқтисоди миллиро (агар каме ҳам бошад) мечархонад. Дуруст аст ки ин корхона зарфияту иқтидори солҳои пешинро надорад, аммо боз ҳам пас аз ихтисори кормандону бархе аз ислоҳоти дохилӣ ниёз ба дастгирии давлат дорад. Табиист, давлат аз манофеъи миллӣ пуштибонӣ мекунад ва барои рушди ин корхона имтиёзҳоеро раво мебинад. Дар сурати акс аз ягона манбаъи воридшавии арз маҳрум шудан мумкин аст.

Абдуҳалим Ғаффоров, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон
Асалан корхонаҳое ба мисли ТАЛКО аҳмияти стратегӣ доранд, хусусӣ гардонида нашуда, барои рушди иқтисодиёти кишвар саҳми бузург доранд. Аз баски корхонаи ТАЛКО яке аз корхонаҳои бузургтарини кишвар ба шумор меравад ва манбаи асосии ғанӣ гардонидани буҷаи давлат ба ҳисоб меравад, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ингуна имтиёзҳо ба он раво дида шудаанд. Агар чунин имтиёзҳо мавҷуд набошад, ба буҷаи давлат маблағҳои нокифоя ворид мегардад, бино бар ин, додани чунин имтиёз ба манфиати кор аст.

Сафарбек Ашӯров, шореҳи масоили иқтисодӣ
Як иддаои ширкати ТАЛКО ин аст ки ба фарқ аз аҳолӣ онҳо харидори яклухти барқ ҳастанд ва таҷрибаи ҷаҳонӣ ин аст, ки нархи молу хадамот барои харидории яклухт нисбат ба чакана арзонтар аст. Аммо бо вуҷуд мо мебинем, ки дигар корхонаҳои саноатӣ дар Тоҷикистон ки низ харидори яклухти барқ ҳастанд чунин имтиёз надоранд. Ҳукумати Тоҷикистон бо пойфишории зиёди созмонҳои байналмилалӣ билохира ба ТАЛКО тарифи тобистона ва зимистона ҷорӣ кард, ки зимистонааш гаронтар аст. Одилона мебуд агар ҳукумат ба ҳама корхонаҳои саноатӣ чунин имтиёз медод. Маълум мешавад, ки ТАЛКО аз шумори шахсиятҳои тасмимгиранда дар Тоҷикистон лоббии калон дорад, ки манфиатҳои онро таъмин мекунад. Ҳоло ки нархи алюминий дар бозори ҷаҳони боло рафт ва бояд дигар ТАЛКО имтиёз нагирад.

Иззат Амон, вакили мудофеъ дар Русия
Бубинед, ТАЛКО ширкати миллист, вале парадокси он ширкат дар он аст, ки “толлингист”, яъне бо сармояи аз хориҷ воридшуда мечархад ва то ҳол маблағи дақиқи даромади ин ширкат барои мардум махфӣ боқӣ мондааст. Албатта мардум хуб медонад. Лиҳозо сармоягузорони худии ширкати ТАЛКО ба ҳукумат иҷоза намедиҳанд, то нархи нерӯи барқро барои ин ширкат боло барад. Гарчанде то ҷойе медонем ҳиссаи ин ширкат дар пур кардани буҷаи давлат хеле кам аст, вале бештари барқи ҳосилшуда дар кишварро ҳамин ширкат истифода мебарад.

Мавҷуда Соҳибназарова, журналист
Ҳукумат барои он ҳамеша ба ТАЛКО афзалият медиҳад, ки он ба қавле “бачаи худист”. Агар дақиқ бингарем аз фаъолияти ин корхона имрӯз ба иқтисодиёти кишвар фоидаи каме мерасад, баръакс ҷабри ин корхонаро мардум мекашанд. Гузаронидани як пурсиши оддии сотсиологӣ миёни мардум кофист, ки маълум кунад, аҳолӣ сари вақт хаққи истифодаи барқро мепардозад. Мардум худро гушнаву ташна мемонаду мепардозад, маҷбурӣ ҳам мепардозад (ду се рӯз аз муҳлат дер куну рузата бин, барқатро хомӯш мекунанд). Дигар ин ки агар ин корхона худӣ набошад, чаро ҳукумат аз шеваи маҷбур кардани пардохтани ҳаққи истифодаи барқ кор намегирад? Чаро дар вазъе ки имрӯз мардум қарор доранд ҳукумат ба ҷойи сабукӣ додан боз ҳам қарзи ин корхонаро бо баланд бардоштани нархи нерӯи барқ ба дӯши аҳолӣ мепартояд. Агар ин корхона барои мардум ва пешрафти иқтисодиёти кишвар коре мекард, бо сохтани як ду парчам аз будани худ дарак намедод, баръакс бо маҳсулоташ обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон боло мебардошт.

Марат Мамадшоев, таҳлилгар
Мутаассифона мо дар бораи ин ки ба таври воқеӣ дар ин завод чӣ мегузарад, кам медонем. Вале мешавад бо боварии том гуфт, ки сабаби аслии ин ки ТАЛКО чунин имтиёзҳоро ба даст овардааст он аст, ки манофеи тиҷоратии чеҳраҳои мушаххасе лоббӣ мешавад. Додани имтиёзоти пайваста ба ин ширкат на ба худи ин ширкат ва на ба давлат пайомади мусбате наовардааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)