Бахшҳо

Ҷавоби расмии Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ, ба матлаби "Озодагон"

Нусратулло САЛИМЗОДА,
вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ


Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи рӯзноманигор Холиқи Муҳаммадназарро баррасӣ намуда аз натиҷааш маълумоти зеринро пешниҳод менамояд:

Дар ибтидо нисбат ба муайян намудани коэффитсиент ба баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳангоми дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳаминро қайд менамоям, ин кор аз соли 2007, яъне қабл аз вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъин гардидани Нусратулло Файзулло бо мақсади беҳтар намудани вазъи таъмини муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои бо табибон камтаъмин оғоз шудааст.
Бояд қайд кард, ки имрӯз на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар бисёре аз кишварҳои тараққиёфтаи ҷаҳон масъалаи норасоии табибон ва махсусан норасоии ҷуғрофии онҳо яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад ва дар бисёри кишварҳои дунё ба ин мақсад имтиёзҳои гуногун ба минтақаҳои бо табибон камтаъмин дода мешавад.

Айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз байн бурдани норасоии ҷуғрофии табибон ва таъмини ҳуқуқу дастрасии баробари мардуми тамоми шаҳру ноҳияҳо ба хизматрасонии тиббӣ зарур аст, ки ба баъзе шаҳру ноҳияҳои дахлдор имтиёзҳои гуногун дода шавад, то ки дар солҳои ояндаи масъалаи бо табибон таъмин намудани баъзе шаҳру ноҳияҳо роҳи ҳалли мусбии худро ёбад. Дар ҷумҳурии мо ҳудуди нишондиҳандаи таъминотнокии табибон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нисбат ба 10 000 аҳолӣ 80,1 (шаҳри Хуҷанд) ва 4,5 (ноҳияи Бохтар) – ро ташкил дода, бениҳоят фарқияти калон дорад. Барои мисол агар таъминотнокӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд мутаносибан 77,1 ва 80,1- ро ташкил диҳад, пас ин нишондиҳанда дар ноҳияҳои Бохтар, Н. Хусрав ва Нуробод мутаносибан 4,5, 4,8 ва 5,5- ро ташкил медиҳад. Яъне дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар дастрасии хизматрасониҳои тиббӣ ва миқдори табибон зиёд ва дар баъзеи дигарашон ин нишондиҳанда бениҳоят кам мебошад. Чунин ҳолат вазоратро водор месозад, ки ҳамчун мақоми пешбарандаи сиёсати соҳаи тандурустӣ чораҳои ба танзимдарории вазъияти ҷойдоштаро амалӣ созад. Баъди қабули «Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009, №600 тасдиқ шудааст, яке аз самтҳои афзалиятноки он беҳтар намудани вазъи таъмини аҳолӣ бо миқдори зарурии табибон ва бартарафсозии нобаробарии ҷуғрофии бо онҳо мебошад. Бо мақсади татбиқи барномаи дар боло зикршуда ҳамасола ба довталабони шаҳру ноҳияҳои ба табибон камтаъмин ҳангоми супоридани имтиҳонҳои қабул ба донишгоҳи тиббӣ коэффитсиент ҳамчун имтиёз муқаррар карда шудааст. Дар ҳамин ҷо ба рӯзноманигори гиромӣ гуфтанием, ки ин иқдом дар таърихи истиқлолияти кишвар бори нахуст не, балки таҷрибаи чандинсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бояд қайд кард, ки дар машварате, ки оид ба масъалаҳои пурзургардонии кадрҳои тиббӣ аз ҷониби Бюрои Аврупоии Ташкилоти Умумумиҷаҳонии Тандурустӣ моҳи феврали соли 2012 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор шуда буд, таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун таҷрибаи пешқадаму мусбӣ сазовори баҳои баланд гардида барои дигар кишварҳо ҳамчун намуна тавсия дода шуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола миқдори ноҳияҳое, ки аз рӯи нишондиҳандаи таъминотнокӣ бо табибон камтаъмин мансуб меёбанд, кам мешаванд. Барои мисол агар миқдори чунин шаҳру ноҳияҳо соли 2009 40 ададро ташкил медод, пас он имсол 29 ададро ташкил медиҳад. Яъне дар ин муддат тавассути чунин имтиёз муяссар гардид, ки 11 шаҳру ноҳияҳо ё ин, ки миқдори шаҳру ноҳияҳои ба табибон камтаъмин 27,5% кам карда шавад. Агар чунин иқдом пеша намегардид шояд масъалаи норасоии табибон дар баъзе шаҳру ноҳияҳо бо гузашти 5-6 сол бениҳоят ташвишовар мегардид. Агар аз рӯи минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ таҳлил намоем аз 11 ноҳияи аз рӯйхати ба табибон камтаъмин дар 5 соли охир хориҷгардида 4 тои он аз вилояти Хатлон, 2- тои дигар аз вилояти Суғд ва 5 тои он аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳур мебошанд. Ҳамзамон боиси қайд аст, ки дар ин муддат миқдори шаҳру ноҳияҳое, ки таъминотнокии онҳо бо табибон дар сатҳи бениҳоят паст (аз 7 табиб камтар ба ҳар 10 000 аҳолӣ) қарор дошт 6 адад ё ин ки 40% кам шудаст. Аз соли 2009 то имрӯз миқдори довталабони ба донишгоҳи тиббӣ дохилшуда, аз шаҳру ноҳияҳои бо табибон камтаъмин, ки барои онҳо ҳамасола коэффитсиент ҷудо шудааст, 12-16,8% зиёд шудааст, ки ин ҳам дар оянда аз беҳтаршавии вазъи таъминнокии чунин шаҳру ноҳияҳо бо табибон гувоҳӣ медиҳад. Маҳаки асосии ҷудо намудани коэффитсиентҳо барои довталабони шаҳру ноҳияҳои ба табибон камтаъмин ин на маҳалгароӣ (ҳамчуноне, ки рузноманигори бе асос ба он такя мекунад) балки вазъи таъмини бо табибон ҷойдоштаи муассисаҳои тандурустии кишвар мебошад. Яке аз самтҳои асосии сиёсати тандурустии кишвар ин таъмини дастрасии баробарии ҳамаи шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои кишвар сарфи назар аз мавқеи ҷуғрофии онҳо ба хизматрасониҳои тиббӣ ва ҳамзамон мавҷудияти миқдории зарурии табибон мебошад ва ҳамасола ин маҳак ҳангоми муайян намудани коэффитсиентҳо пурра ба инобат гирифта мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки коэффитсиентҳо ба ҳамон шаҳру ноҳияҳое дода мешавад, ки дар онҳо миқдори табибон нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳо кам буда, ҳангоми муайян намудани коэффитсиент таъминотнокии табибон нисбат ба 10 000 аҳолӣ ба инобат гирифта мешавад.

Дар соли ҷорӣ тибқи нишондиҳандаҳои таъминотнокӣ ба табибон ба 29 шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла ба 9 шаҳру ноҳияи кишвар коэффитсиени 1,3; ба 9 шаҳру ноҳияи дигари кишар коэффитсиенти 1,2 ва ба 11 шаҳру ноҳияи боқимонда коэффитсиенти 1,1 муқаррар карда шудааст. Аз 29 шаҳру ноҳияҳои дар боло қайдкардашуда 20 шаҳру ноҳияи он ба вилояти Хатлон, 2 ноҳия ба вилояти Суғд, 2 ноҳия ба ВМКБ ва 5 ноҳия ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меояд. Айни ҳол таъминотнокии табибон ба 10 000 аҳолӣ дар вилояти Суғд 19, 5 ва дар вилояти Хатлон 10,6- ро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаи мазкур худ гувоҳи он аст, ки таъминотнокӣ бо табибон дар вилояти Суғд нисбат ба вилояти Хатлон 1,84 маротиба ё худ 84% зиёд мебошад. Ана аз ҳамин сабаб миқдори шаҳру ноҳияҳое, ки барои довталабони онҳо имтиёз пешбинӣ шудааст, аз вилояти Хатлон зиёдтар мебошад.
Бояд қайд кард, ки ҳангоми муайян намудани коэфитсиент мо на принсипи маҳалгароӣ, балки ҳолати воқеии шаҳру ноҳияҳои кишварро вобаста ба таъминотнокии табибон ба инобат гирифтаем. Пас худ қазоват кунед, ки он гуфтаҳои беасоси ҳисси маҳалгароӣ гуфтаи Шумо ягон асос дорад ё не?
Мӯҳтарам рӯзноманигор дар мақолаи худ қайд намудаанд, ки гӯё ба ҳар 100 балли довтабони шаҳру ноҳияҳое, ки ба онҳо коэффитсиент ҷудо карда шудааст, 30 балли дигар илова мешавад. Дар асл бошад ин таҳлил мутлақо нодуруст буда, тавре, ки дар боло ишора намудем аз 29 шаҳру ноҳияҳои имтиёзнок танҳо ба 9 – тои онҳо коэфитсиенти 1,3 муқаррар карда шудааст, ки танҳо ба довталабони ҳамин ноҳияҳо ба ҳар 100 холашон 30 балли дигар дар сурати гирифтани балҳои гузариш дода мешавад. Яъне он гуфтаҳои Шумо, ки ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои коэффитсиенти якхела дода шудааст, асос надорад.

Нисбати он гуфтаҳои Шумо, ки гӯё довталаб аз ноҳияи Данғара бо ҳал намудани 60 – 70 фоизи масъалаҳои тестӣ донишҷӯ мешаваду довталаби вилояти Суғд не, ҳаминро қайд менамоем, ки ин айни ҳол ин на танҳо барои довтлабони ноҳияи Данғара, балки барои тамоми шаҳру ноҳияҳое, ки коэффитсиент пешбинӣ шудаст, чунин ҳолат имконият надорад. Барои мисол, балли гузариш аз рӯи ихтисоси «Кори табобатӣ» (намуд ва шакли таҳсил ройгон- рӯзона) 544, 4776-ро ташкил медиҳад, яъне довталабоне, ки барои онҳо коэффитсиенти 1,1 пешбинӣ шудааст, бояд на камтар аз 494, 5 бал ва барои онҳое, ки коэффитсиенти 1,2 ва 1,3 пешбинӣ шудааст, мутаносибан на камтар аз 453 ва 418 холро ташкил медиҳад. Ба ғайр аз ин бояд қайд намуд, ки коэффитсиентҳои пешбинишуда ҳангоми имтиҳонҳои якуму дуюм ба инобат гирифта намешаванд ва онҳо фақат баъди гирифтани балҳои гузариши фанни аз 6 субстест ба инобат гирифта мешаванд. Пас аз ин бармеояд, ки ҷудо намудани коэффитсиент маънои онро надорад, ки довталабони бедониш метавонанд ба донишгоҳи тиббӣ дохил шаванд. Аз 100% танҳо 12,7 фоизи довталабон шаҳру ноҳияҳое, ки барои онҳо коэффитсиент пешбинӣ шудааст, имсол ба сафи донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ дохил шуданд. Яъне бо назардошти дигар имтиёзҳое, ки имсол барои довталабон дар баробари коэффитсиентҳои муайяншуда дода шудаанд, балли гузариш зиёд шудааст ва балли гузаришро Маркази миллии тестӣ муайян мекунад. Фақат метавон гуфт, ки имсол низоми балгузорӣ дигар шуда, нисбати солҳои пешин ба донишгоҳи тиббӣ миқдори довталабон бениҳоят зиёд шудааст (ба як ҷойи ҷудошуда қариб 43 нафар) ва дар навбати худ ин ба зиёдшавии балли гузариш низ таъсири худро мерасонад. Бисёре аз имтиёзҳое, ки дар соли ҷорӣ ба баъзе довталабон (100-300 бал) дода шуданд, солҳои пешин дар чунин шакл вуҷуд надоштанд ва таъсири бевоситаи худро ба балҳои гузариши озмун низ мерасонанд.

Дар мақолаи мазкур қайд гардидааст, ки гӯё ба як довталаби зодаи ноҳияи Данғара, ки соҳиби 401 хол гардида буд, 125 хол тӯҳфа гардида, бад ин минвол номбурда бо 526 хол ба сафи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино пазируфта шуда бошад. Тибқи маълумоте, ки Маркази миллии тестӣ дастраси вазорат гардидааст, маълум карда шуд, ки ягон нафар аз ноҳияи Данғара бо 401 бал ба Донишгоҳи давлати тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино пазируфта нашудааст. Зимнан маълум менамоем, ки балли гузариш ба ихтисоси «Кори табобатӣ»-и донишгоҳи мазкур тибқи ахбороти Маркази миллии тестӣ 544, 4776 бал муқаррар ва ба ноҳияи Данғара коэффитсиенти 1,2 муайян карда шудааст. Дар сурати зарб намудани 401 ба 1,2 ҳосили он ба 481 баробар шуда (на 526 балли қайдкардаи Шумо), тавре, ки дар болои ишора кардем бали гузариш 544, 4776 буда, ҳамин тавр довталаб имконияти ба сафи донишҷӯён қабул шуданро аз даст медиҳад. Агар ҳамон довталаби ноҳияи Данғара 401 бал не, балки 453 бал аз 500 бали имконпазир мегирифт ҳам, бо назардошти коэффитсиенти ноҳияи Данғара ба гурӯҳи ройгони ихтисоси «Кори табобатӣ» дохил намешуд. Яъне ин гуфтаҳои Шумо нисбати довталаби ноҳияи Данғара асоси воқеӣ надорад ва ҳатто дар сурати соҳиб шудани 453 бал аз 500 балли пешбинишуда ба иловаи коэффитсиент ҳам он шахс донишҷӯи донишгоҳи тиббӣ шуда наметавонист. Пас аз ин бармеояд, ки коэффитсиентҳои пешбинишуда низ нақши асосии дохилшавиро ба донишгоҳи тиббӣ дар сурати надоштани дониши кофӣ, ки рӯзноманигор ба он ишора мекунад, намебозад. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки Шумо бояд ҳангоми таҳияи мақолаатон таҳлили дуруст ва ҳамаҷониба мегузаронидед.

Дар мавриди ақидаи дигаратон, ки гӯё вазири тандурустӣ манфиати зодгоҳи худро дар ҷойи аввал гузошта, ҳуқуқи довталабони минтақаҳои дигарро поймол намудааст, ҳаминро гуфтанием, ки ба ғайр аз ноҳияи Данғара ба довталабони 28 шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ низ бо назардошти вазъи кунунии ҷойдоштаи таъминотнокии онҳо бо табибон коэффитсиент муайян карда шудааст, ягон хешу табор ва шахсони наздики вазир зиндагӣ намекунанд ва ин аз зарурияти рушди соҳаи тандурустӣ бармеояд. Агар гуфтаҳои худро дуруст ҳисобед, пас шояд гуед, ки вазир якбора дар 28 шаҳру ноҳияҳои дигар низ таваллуд шудааст. Ҳамзамон қайд карданием, ки ноҳияи Данғара ба рӯйхати 9 ноҳияҳое, ки (н.Нуробод, н. Ховалинг, ш. Кӯлоб, н. Балҷувон, н. Н.Хусрав, н.Бохтар, н.Темурмалик, н.Вахш ва н.Роштқалъа) барои онҳо коэффитсиенти аз ҳама баланд 1,3 пешбинӣ шудааст, дохил намешавад. Пас худ хулоса бароред, ки оё гуфтаҳои Шумо нисбати довталабони ноҳияи Данғара ва Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз рӯи инсоф аст. Ба фикри мо ин аз рӯи инсоф нест.

Дар мақолаатон савол гузоштаед, ки: «… Ё Данғара минтақаи дурдаст асту ба имтиёз ниёз дорад, вале сокинони Панҷакент, Конибодом ва ё Исфара ба имтиёз ниёзе надоранд?» Дар ҷавоб ба ин саволатон маълум менамоем, ки миқдори умумии табибон дар шаҳри Панҷакент 368 нафарро ташкил дода, миқдори умумиии табибон аз 8 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон (н. Н. Хусрав, ш. Сарбанд, н. Балҷувон, н. Шӯрообод, н. Ховалинг, н. Темурмалик, н. Мӯъминобод ва н. Хуросон) 337 нафарро ташкил медиҳад. Инчунин таъминотнокии ноҳияи Данғара бо табибон нисбат ба 10 000 аҳолӣ 8,2, шаҳри Панҷакент 13,9, шаҳри Исфара- 18,8 ва ноҳияи Конибодом 16,8-ро ташкил медиҳад ва ин гувоҳи он аст, ки дар ҷудо намудани коэффитсиент ба ягон хатогӣ роҳ дода нашудааст. Дар баробари ин ҷудо намудани коэффитсиент ба довталабони ноҳияҳои Кӯҳистони Масчоҳ, Ғончӣ, Нуробод, Роштқалъа, Ҷиргатол, Шуғнон, Рашт, Файзобод ва Рӯдакӣ низ гувоҳи он аст, ки он на аз рӯи принсипи маҳалгароӣ, балки бо назардошти беҳтарсозии вазъи таъминотнокии шаҳру ноҳияҳои бо табибон камтаъмин ва танзими раванди мазкур амалӣ карда мешавад. Ба ғайр аз ин, тибқи маълумоти Маркази миллии тестӣ соли ҷорӣ аз 199 довталаби ноҳияи Данғара ҳамагӣ 10 нафар ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил шуда бошад, пас аз 266 довталаби шаҳри Панҷакент 36 нафар, аз 102 довталаби шаҳри Конибодом 12 нафар ва аз 239 довталаби шаҳри Исфара 41 нафар ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шудаанд. Ин нишондиҳанда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳарчанд коэффитсиентҳои ҷудошуда ба довталабони шаҳру ноҳияҳои дар боло зикршуда андаке ҳам бошад, кӯмак менамояд, вале ба ҳеҷ ваҷҳ садди роҳи довталабоне, ки воқеан ҳам саводи кофӣ доранд, шуда наметавонад. Агар чунин намебуд, пас он миқдор довталабони шаҳрҳои Панҷакент, Конибодом ва Исфара, ки дар боло қайд шуд, чи гуна ба донишгоҳи тиббӣ дохил мешуданд? Агар ҳамон ҳамроҳатон, ки дар мақола соҳиби 450 бал гардиданашро зикр кардаед, соҳиби дониши пурра мебуд, дар қатори 36 нафар довталабони зодаи шаҳри Панҷакент ба донишгоҳ қабул мегардид.

Ҳамзамон қайд менамоем, ки довталаби ноҳияи Данғара низ сарфи назар аз коэффитсиенти муайяншуда бо зиёда аз 450 бал низ ба сафи донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ бо назардошти балли баланди гузариш дохил шуда наметавонад. Пас таҳлили Шумо бояд аниқ гузаронида мешуд, зеро ки балҳои гузаришро на Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, балки Маркази миллии тестӣ муайян менамояд. Дар қисмати дигар саволгузориатон қайд намудаед, ки: «Шояд вақти он расидааст, ки мӯҳтарам Нусратулло Файзулло, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ қабули ҳуҷҷатҳоро умуман аз минтақаҳои номбурда манъ намуда, танҳо аз Хатлон ҳуҷҷат қабул кунанд? Зеро довталабони минтақаҳои дигар дар сурати супоридани ҳуҷҷат ҳам бо чунин беадолатӣ ҳаргиз донишҷӯ шуда наметавонанд». Аввалан бояд ба маълумоти Шумо расонем, ки ба 5 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва 6 ноҳияҳои ВМКБ, 8 шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳур низ бо назардошти нисбати дигар шаҳру ноҳияҳо хубтар будани вазъи таъминнокии онҳо бо табибон, коэффитсиент пешбинӣ нашудааст. Дар баробари ин имсол ба сафи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шудани 333 нафар довталабон аз вилояти Суғд, 148 нафар аз шаҳри Душанбе, 146 нафар аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳур ва 25 нафар аз ВМКБ худ гувоҳи асоси воқеӣ надоштани гуфтаҳои Шумо мебошанд. Ба ғайр аз ин, ба Шумо маълум менамоем, ки ба ҷуз коэффитсиентҳои пешбинишуда аз ҷониби Маркази миллии тестӣ 12 намуди дигари имтиёзҳо пешбинӣ шудааст, ки дар асоси онҳо ба ҳар як довталаби имтиёзнок аз 100 то 300 хол дода мешавад. Ҳамзамон қайд менамоем, ки аз ҳар 10 довталаби аз вилояти Суғд ба донишгоҳи тиббӣ ҳуҷҷатсупорида 1,7 нафар ва аз ҳар 10 нафари аз вилояти Хатлон ҳуҷҷатсупорида 1 нафар ба донишгоҳи номбаршуда дохил шуда, миқдори шахсони аз имтиҳони қабул нагузашта аз вилояти Хатлон нисбат ба вилояти Суғд 2,4 маротиба зиёд мебошад. Пас он гуфтаҳои Шумо, ки гӯё коэффитсиентҳои ҷудошуда ҳамаи масъалаи қабулро ҳал мекунад, то чи андоза ба ҳақиқат рост меояд? Бори дигар хотиррасон менамоем, ки коэффитсиентҳои муайяншуда дар доираи татбиқи «Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010- 2020» буда, садди роҳи дохил шудани довталабони саводнок нагашта, мақсади асосӣ аз роҳандозӣ намудани онҳо кӯмак ба довталабони шаҳру ноҳияҳои ба табибон камтаъмин бо мақсади танзими мақсадноки хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолии кишвар сарфи назар аз мавқеи ҷуғрофии шаҳру ноҳияҳо бо назардошти таъминотнокӣ бо табибон мебошад.

Қабл аз оне, ки «фармони маҳалдӯстонаи вазири тандустӣ» мегуфтед, мувофиқи мақсад мебуд, ки Шумо онро аз нигоҳи вазъи таъминотнокии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо табибон таҳлил мекардед. Ба фикри Шумо оё ҳаст шаҳр ноҳияе, ки мо вазъи таъминотнокии онро ҳангоми ҷудо намудани коэффитсиент ба назар нагирифта бошем? Шумо метавонед барои дарёфти ҷавоби дуруст аз китоби «Солимии аҳолии ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ дар соли 2013» истифода баред.

Умуман бояд қайд кард, ки коэффитсиент на аз рӯи принсипи маҳалгароӣ балки аз рӯи вазъи кунунии таъминнокии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба табибон муайян карда мешавад ва он на танҳо ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон балки ба дигар шаҳру ноҳияҳо низ вобаста ба нишондиҳандаи таъминотнокӣ дода мешавад. Мақсади асосии он ин танзими раванди бо мутахассисони тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои соҳаи тандурустии кишвар сарфи назар аз мавқеи ҷуғрофии онҳо, мебошад ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳалли ин масъала бе тараф буда наметавонад. Муайян намудани коэффитсиент маънои онро надорад, ки довталаб метавонад садди роҳи дохилшавии довталабони дигаре, ки дониши қавӣ дорад, гардад. Агар ин ҳамин хел мебуд, миқдори довталабони ба донишгоҳи тиббӣ дохилнашудаи вилояти Хатлон 46% ва Суғд 19,4%-ро ташкил медод? Ё ин ки аз ҳар 10 нафар довталаби хатлонӣ 1 нафар ва аз ҳар 6 нафар довталаби суғдӣ 1 нафар ба донишгоҳи тиббӣ дохил мешуд? Дар баробари ин бояд қайд кард, ки миқдори довталабони ба донишгоҳи тиббӣ дохилшуда нисбат ба 10 000 аҳолӣ дар шаҳри Душанбе 1,92 ва дар вилояти Хатлон бошад 1,56 нафарро ташкил медиҳад. Дар ҳоле, ки барои ягон довталаби шаҳри Душанбе коэффитсиент пешбинӣ нашудааст. Пас худ хулоса бароред, ки ҳамаи айбро дар ҷудо намудани коэффитсиентҳо барои довталабони шаҳру ноҳияҳои бо табибон камтаъмин, асоснок кардан аз рӯи инсоф аст? Ҳол он, ки довталабони чунин шаҳру ноҳияҳо низ бо ҳалли зиёда аз 77-91% масъалаҳои тестӣ бо назардошти зиёд будани холҳои гузариш имсол имкони ба сафи донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ дохил шуданро пайдо накардаанд. Инчунин ба сафи донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ дохил нашудани 87,3% довталабони шаҳру ноҳияҳои барои онҳо коэффитсиент муайянкардашуда, қабули 652 довталаб ба донишгоҳи тиббӣ аз шаҳру ноҳияҳои барои онҳо коэфитсиент ҷудонашуда, гувоҳи нодуруст будани гуфтаҳои Шумо мебошанд.

Умуман ворид намудани имтиёз дар шакли коэффитсиент ба довталабони шаҳру ноҳияҳои ба табибон камтаъмин маънии маҳлагароию маҳалпарастиро надошта, баръакс дастгирии довталабони чунин ноҳияҳо ва дар ин замина таъмин намудани ин ноҳияҳо ба табибон ва нишони амалисозии самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Худ қазоват кунед, ки бе танзими раванди таъминнокии мутахассисони тиббӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалисозии зиёда аз 18 барномаҳои миллии соҳаро чи тавр дар оянда метавон таъмин кард?

Нисбати он гуфтаҳои Шумо, ки дар зери холҳои ба даст овардаи довталаб навишта шудааст: «Шумо холи гузаришро барои иштирок дар озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба ихтисосҳои интихобкардаатон соҳиб шудед» ва балли баланди гузариш ҳаминро гуфтанием, ки имтиҳонҳои қабулро на Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки Маркази миллии тестӣ мегузаронад. Ҳамзамон қайд менамоем, ки Маркази миллии тестӣ ҳамчун муассисаи навташкил як масъали бисёр ҳам мушкилро имсол ба души худ дошт. Албатта ин кор бори аввал ва дар чунин сатҳ ба хубӣ гузаронидани он кори на чандон осон аст. Шояд бо назардошти таҷрибаи имсола ин низом ниёз ба такмил дошта бошад? Ба фикри мо дар муқоиса бо солҳои пешин имсол ҳолатҳое, ки солҳои пешин дар атрофи масъалаи қабули довталабон ба мактабҳои олии кишвар рух медоданд, хеле кам шудаанд. Маркази миллии тестӣ тавонист, ки аз рӯи адолат ба дониши довталабон баҳогузорӣ кунад ва ҳамаи мо бояд бо фаъолияти пурмаҳсӯли маркази мазкур ҳамкорӣ ва мусоидат намоем. Шумо худ қазоват намоед, ки интихоби 1100 довталаб аз байни қариб 43000 нафар ба як донишгоҳ магар кори осон аст? Мувофиқи мақсад мебуд, ки Шумо на танҳо фикри якчанд довталаби дохилнашударо, балки фикру андешаҳои 1100 довталаби сазозоври балли баланди гузариш гирифтаро низ бояд ба инобат мегирифтед. Ҳақиқати ҳол он аст, ки ҳеҷ вақт довталаби дохилшуда даъвое надорад, ки аммо бисёре аз довталабони дохилнашуда даъво доранд. Ин омил ба ҳеҷ ваҷҳ маънои ҳақ будани он довталаб ва норасоии низоми нави имтиҳонҳои дохилшавиро надорад.

Дар охир гуфтанием, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба рӯзноманигорон дар самти беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ, нерӯи кадрии соҳаи тандурустӣ ва ошкорсозии камбудиҳои ҷойдошта баҳри ислоҳи онҳо ҳамеша омодаи ҳамкорӣ буда, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки таҳлилҳо вобаста ба соҳаи тандурустӣ беғаразона бошанд ва ба ҳар масъалаи беасос додани тобиши сиёсии маҳалгароӣ на ба манфиати ҷомеа ва на ба рушди соҳаи тандурустӣ мебошад. Беҳтар мебуд, ки пеш аз таҳияи чунин мақола ба хотири инъикоси воқеият ва дастрасии хизматрасониҳои тиббӣ бо мутахассисони соҳаи тандурустӣ низ ҳамсӯҳбат шуда, фикри онҳоро ба инобат мегирифтед ва барои таҳлили ҳолатҳои дар мақола овардашуда аз мутахассисони Маркази миллии тестӣ маслиҳат мепурсидед.

Биёед таҳлил ва шарҳи воқеаҳоро дуруст ва ҳақиқати ҳолро ба хонандаву мардум воқеъбинона баён намуда, ҳам хонанда ва ҳам мардумро гумроҳ насозем, то ки боиси якдигарнофаҳмиҳои шаҳрвандони ҷомеаи имрӯза нагардем. Ба андешаи мо нигориши беғаразона бояд асолати аслии рӯзноманигор бошад.
Мӯҳр
"Ба андешаи мо нигориши беғаразона бояд асолати аслии рӯзноманигор бошад"-мегуяд вазир. Ба андешаи мо бошад, духтуронро аз руйи махал не аз руйи дониш ба донишгох бояд кабул намуд. Худо накунад, ки чаноби вазир корат ба духтур афтад, баъд мефахм ки кадом сохаро рохбари карди....

Бемор
вазир бо гуфтахои пучатон худро бегнох нишон дода наметавонед. Хол як ба минтакаьои Сугд сафар кунедку чи кадар табибон намерасанд. Нархи як укол дар дехахои Панчакент, ки дору шпирисаш аз худи бемор оварда мешавад то 5 сомони аст. Хамин маънои бо духтур таъмин буданро нишон медихад. Вакте, ки касе нест, мардум мачбуранд хамин нархкати худро сузандору зананд. Вазоратро каме табобат кардан даркор то камтар хушаш ояд.

комрон
Бехтарин кош хамаи вазирон хамиин хел мебуданд!!!!

Амир
Бехтарин чавоб ба Озодагон ва он нафароне, ки донитаву надониста харгуна суханхои подархаво мегуянд. Бехтарин икдом аст мухтарам Нусратулло САЛИМЗОДА! Так держать!!!!

Чавоби филологи. на мазмуну на мантик. Холисанлиллол гуем агар фарзандони нохияи Дангара дар хама сохахо бартарият доранд. Ман метавонам садхо мисол биёрам. Аксар хамкурсони ман ки аз нохияи Дангара буданд дар вазифахои калонанд, лекин хангоми хондан бо аклу дониши фавкулодда фарк намекарданд. ин махалгарои нею омади гап. Саломат бошед.
Кариб фаромуш шавад. Ягон хатмкардаи дангарагии Донишгохи тибби ба дангара намеравад. Хама дар Душанбе мемонанд. Хамин ба дигар шахру нохияхои Вилояти Хатлон тааллук дорад. Аз хама хубтара бо руйхат ва дар асоси квота кабул кунеду равон кунед ба нохияхошон. Чи лозим мардума ин кадар дилшикаста мекунед.....

Зулфикор
Ибораи \таъминотноки\ дар забони форси точики вучуд надорад чаноби вазир.

Дарвеш
Чаноби вазир бояд якчизи дигарро низ ба инобат гиред. Имруз бесаводро дар холи дохилшави дастгири менамоед у хонда тамом мекунад. Ман бовари дорам ки у бо сад хилаву найранг тамом мекунад донишгохро, пас аз ин чи мешавад 50% касалихоро мекушад. Касал гирип бошад мегуяд давлени дора ё раг (саратон) аст. То ин кадар бесаводро сохиби касб кардан басаводро гиреду барои кор конкурс кунед. Мутахасисро ба нохияхо дават намоед (аз Точикистон ба Яман рафта метаваонанд ку аз ин нохия ба онаш чаро не). Маошашона балантар намоед ё барои суми мардум (мардум розианд сумашонро гиранду касалро табобат кунанд)-ро гирифтан корупсия накапад.

Ин озодагон ба ном озода аст дар асл гаразнок аст. хангома чуи мекунад маълумоти дурустро яктрафа медихад. Ба фикрам касе аз душаманхои вазир барои догдоркардани номаш маколаро фармоиш додагиаст. Ба Озодагон савол барои ба мо хонандахо яктарафа бе тахлил фикратона бор мекунед. Дар баробари ин имсол ба сафи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шудани 333 нафар довталабон аз вилояти Суғд, 148 нафар аз шаҳри Душанбе, 146 нафар аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳур ва 25 нафар аз ВМКБ худ гувоҳи асоси воқеӣ надоштани гуфтаҳои Шумо мебошанд. ба ин чи чавоб медихед Озодагон дуругатон фош шуд. Он журналисти бесаводро аз кор ронед ки обруи сомонаро мерезонад. Ачабо агар сум диханд дар як лахза шира сиёх мегун боз бовар мекунонанд

Адиб
Аз хондаи ин макола дилгир шудам. Касе ба чаноби вазир ин маколаро бесаводона навиштааст. Вой бар холи ту барин макола навис!

ВОЙ БА ХОЛАТ ДОВТАЛАБИ ДОНИШГОХИ ТИББИ, ки бо чунин вазир ру ба ру гардиди. Хайфи ин миллати бадбахту сарсахти точик.

Дар нохияи Фархор табиб лозим нест? Ё ин ки хама сад дар сад таъмин аст. Мухтарам Вазир, чароба нохияи Фархор имтиёз дода нашуд? Фархорро аз вилояти Хатлон баровардаед? Ин беадолати то ба кучо? Барои довталабони нохияи Фархор чи гуфтанихо доред? Дигар касбро интихоб кунанд, зеро барои Фархор табиб лозим нест ва ё сокинони нохияи Фархор бемор намешаванд?

said
Ба фикрам шумо маколаро нахондаед то ба кай мардуми баъзе нохияхо бетабиб монанду вазорат бетараф шинад ин бехтарин икдом аст

123
Одним словом сломали хребет медицине куда не прешься везде деньги,деньги...

Нигора
Ин масъала ба Хукуматхои махалли низ дахл доранд, на факат Вазорати Тандурусти

Нусрат
Чаноби вазир шумо хуб мефахмед, ки табибон дар чумхури хеле каманд, вижа дар нохияхои дурдаст, барои он ки хамаи онхо баъди хатми Донишгох дар пойтахт мондан мехоханд. масалан дар нохияи Панчи вилояти Хатлон табибон корро аз сардухтур бо пул мехаранд. пул бошад, кор хаст пул набошад, не. хатто пулро гирифтасту то хануз корро намедихад, мумкин пул кам аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Сентябр 2022    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)