Бахшҳо

Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 25-уми октябр дар ҷаласаи ҳукумат тағйироти кадриро амалӣ кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан, Назризода Саидраҳмон Рустам аз вазифаи муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, Завқизода Завқӣ Амин - муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид: “Гадоиён Шокирҷон Гадо аз вазифаи директори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор” озод гардида, Саидзода Муҳаммадтоҳир - директори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор” таъин карда шуд”.

Зимни ҷ аласа инчунин масоили буҷаи давлатӣ ва дурнамои рушди иқтисодӣ баррасӣ гардидаанд. Зикр шудааст, ки қисми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар сатҳи 100,3 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 14,1 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид. Ин нишондод нисбат ба Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ 33,2 фоизро ташкил дод. Дар нуҳ моҳи соли 2017 ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана ба 13,9 миллиард сомонӣ баробар шуд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни баррасӣ изҳор доштааст, ки мақомоти тоҷик бояд барои коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат, аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намоянд: “Зимни таҳлилу баррасиҳо иқтидори содиротии кишвар ба назар гирифта шавад. Ҷиҳати таъмини рушди воқеии иқтисодиёт ҷалби сармояи хориҷӣ афзоиш дода шавад, ҳаҷми маҳсулоти кишоварзию саноатӣ боло бурда шавад, аз хароҷоти дуюмдараҷа худдорӣ карда шуда, нақшаи қисми даромад ва хароҷоти буҷаи давлат таъмин гардад”.

Аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба лоиҳаҳои дигар қарорҳо аз ҷумла, Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2019, Дар бораи дастгирии давлатии молиявии баъзе корхонаҳои энергетикии ҷумҳурӣ ва Оид ба нақшаи ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, ки дар маҷлис Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба корҳои ободонӣ дар шаҳри Душанбе “Озмуни ҷумҳуриявии корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва сохтмони майдончаҳои варзиширо ба муносибати 26 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷамъбаст намуд: “Ба ҳар як ғолиби озмун Ҷоиза, Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ аз 5 то 30 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд”.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки ин иқдом агар аз як тараф ба ободонии пойтахти кишвар, зебову дилнишин гаштани кӯчаву хиёбонҳои он мусоидат карда бошад, аз ҷониби дигар тадбири мазкур ҳамчун ғамхорӣ дар ҳаққи насли наврас, баҳри баланд бардоштани завқи зебоипарастии кудакон ва ба варзиш машғул шудану обу тоб додани ҷисми онҳо хизмати арзанда мекунад. Баъди ҷамъбасти озмун роҳбарияти 80 сохтору мақомоти давлатӣ бо масъулияти шаҳрвандӣ ташаббус гирифтанд, ки аз ҳисоби даромади хеш дар маҳаллаҳои гуногуни пойтахт барои кӯдакону наврасон ва насли ояндасози ҷумҳурӣ майдончаҳои варзишии муосир бунёд менамоянд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ин иқдоми шоиста баҳои баланд дода, таъкид кардааст, ки бунёди чунин иншооти варзишӣ дар дигар марказҳои ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ бисёр боманфиат аст.

Эмомалӣ Раҳмон ба раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супориш додаст, ки барои боз ҳам ободу зебо шудани шаҳри Душанбе ва шоҳроҳҳои наздишаҳрӣ аз ҳозир барои шинонидани дарахтон, гулу буттаҳои ороишӣ дар хиёбонҳо ва иҷрои корҳои ободонию созандагӣ тадбирҳо андешанд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)