Бахшҳо

Тасдиқи буҷаи 2017 ва нигаронии Э.Раҳмон аз буҷаи 2016: Сарфа кунед!

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 27-уми октябр дар маҷлиси ҳукумат аз иҷро нашудани нақшаи буҷаи давлат изҳори нигаронӣ карда, ба аъзои ҳукумат дастур додаст, то аз хароҷоти дуюмдараҷа худдорӣ кунанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар 9 моҳи соли равон нақшаи қисми даромади буҷа 97 фоизро ташкил дода, ба буҷа 390 миллион сомонӣ кам ворид гардид. Манбаъ мегӯяд, Хадамоти гумрук аз уҳдаи таъмини нақшаи даромади набаромадааст: «Нақшаи даромад аз андоз 100, 4 фоиз ва аз гумрук 87,6 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми хароҷот 90, 1 фоиз ва бақияпулиҳо 125 миллион сомониро ташкил намуд».

Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори нигаронӣ аз ин вазъ роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва вазирону раисони Кумитаро муваззаф намудааст, ки барои ислоҳи камбудиҳо, иҷрои нақшаи даромад, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, роҳ надодан ба хароҷоти дуюмдараҷа чораҳои мушаххас андешида аз натиҷааш ба Ҳукумати кишвар хулосаҳои зарурӣ пешниҳод намоянд.

Зимни ҷаласаи ҳукумат инчунин лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2017 тасдиқ шудааст, ки ба 19 миллиарду 568 миллиону 600 ҳазор сомонӣ баробар буда, нисбати буҷаи соли равон 1 миллиарду 718 миллион сомонӣ зиёд мебошад: “Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети соли 2017 - 19 миллиарду 863 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, барои соҳаҳои иҷтимоӣ 8 миллиарду 286 миллион сомонӣ ҷудо мегардад”.

Ҳукумат баъди тасдиқ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017” ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018-2019-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол намудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)