Додситони кулл: Алайҳи раиси маҳбаси №1 парванда накушодем

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар нимсолаи аввали соли равон ба додситонӣ 6 шикоят дар мавриди татбиқи шиканҷа аз ҷониби маъмурини пулис ворид гардидааст.
Салимзода, имрӯз, 22-юми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, дар се маврид шикоятҳо тасдиқи худро ёфтанд ва нисбати ду маъмури пулис парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Дар мавриди Рустам Тоштемуров, собиқ раиси маҳбаси рақами 1-и Душанбе, додситони кулл гуфт, ки алайҳи ӯ парванда боз накардаем. Ин дар ҳолест, ки Зулайхо Ҷӯраева, модари Ҳамза, маҳбуси кушта дар зиндон, маҳз Тоштемуровро гунаҳкори марги фарзандаш медонад. Ӯ қаблан ба хабаргузориҳо гуфта буд, ин Тоштемуров аз онҳо барои раҳо кардани марҳум аз ШИЗО 2000 доллар талаб карда, таҳдид намудааст, ки дар акси ҳол панҷ сол ба мӯҳлати ҷазои марҳум зам хоҳанд кард. Аммо пайвандон мегӯянд, ин маблағро саривақт дарёфт накарданд ва дар натиҷа тирамоҳи соли 2012 аз зиндон ҷасади фарзандашонро бо осори шиканҷа гирифтанд.
Дар пайи ин Рустам Тоштемировро аз вазифа сабукдӯш шуд, вале ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашудааст. Дар маҷмуъ Шерхон Салимзода мегӯяд, дар нимсолаи аввал беш аз 150 парванда алайҳи кормандони мақомоти қудратӣ барои нақзи қонун боз шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |