Бахшҳо
06 фев 2014 15:06Тоҷикистон / Сиёсат

Самӣ Шариф -- Шарифхон Самиев, Абдуфаттоҳи Ғоиб -- Фаттоҳ Саидов

Шарифхон Самиев, раиси кунунии шаҳри Қӯрғонтеппа ва собиқ раҳбари ширкати “Барқи тоҷик”, номи худро ба Самӣ Шариф табдил додааст.

Манбаи муътамади “Озодагон” мегӯяд, ин тасмим дар ҷаласаи охири шаҳрдорӣ гирифта шуда, ҷаноби Самиев тақрибан шаш навъи ному насабашро пешниҳод кардааст. “Аз панҷ-шаш намуди ному насаби шарифхон Самиев ҳамин Самӣ Шариф пазируфта шуд”,-гуфт манбаъ.

Ҳазфи пасвандҳои русии “ов”-у “вич” аз ному насаби мансабдорони тоҷик дар пайи даъвати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи марти соли 2007 сурат мегирад. То кунун чанде аз мансабдорон дар пайравӣ ба раисиҷумҳур, ки ному насаби худро аз Эмомалӣ Раҳмонов ба Эмомалӣ Раҳмон табдил додааст, аз баҳри “ов”-у “вич” гузаштаанд.

Ахиран Шерхон Салимзода, додситонии кулли Тоҷикистон, дар ҷаласаи солонаи ҳукумат аз таваҷҷуҳи зиёди шаҳрвандони кишвар ба насабгузорӣ тариқи пасвандҳои “ов” ва “вич” интиқод намуда, онро далели заъфи ғояи миллии афроди алоҳида хонд. Дар пайи ин, дарҳол Қосим Қосимов, вазири кишоварзӣ эълон кард, ки насаби худро ба Қосими Раҳбар тадил додааст. Инчунин, Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии зидди фасоди молӣ, ному насаби худро ба Абдуфаттоҳи Ғоиб ва Гавҳар Шарофова, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот ба Гавҳар Шарофзода тағйир додаанд.
Мӯҳр
Шерали
Муборак шавад насаби точики!

Шарифхон
Чи даркор буд дар чаласа ин масъаларо дар чаласаи шахрдорои матрах кардан? якбора рефрендум бигузаронед, мардум кадом номеро барои у интихоб кард, хамонро монем. ман пешниход мекардам, ки Самии Шар ё Шари Сами номгузори шавад. бо ин хел мансабдорон кучо мерафта бошем?

Ба номивазкунии Шумо рузи мардум бех нашавад, дар хонахо барку гарми нашавад Як хабари мардумро хушхолкунанда интишор намекунанд ин сайтхо, хайр инашам бахайр мухим ин ки Худо моро аз ному насаби Хитои нигах дорад.

Қурғанӣ
табдили Шарифхон Самиев ба Самӣ Шариф қарзидории ин одам аз миллат - барқи тоҷикро ҷуброн намекунад. бо 800 миллион пули барқ ба Қурғонтеппа рафт ва ин шаҳр ва маркази вилоятро ба қишлоқҳои давраи Олимхон монанд кард
Олимхон + Шарифхон = харобот!

Асл
Бо хамин номи точики кардан худмона точик нишон медихем вале мо точикем?

Банда
Ин номи мондаи мансабдорон сири калоне дорад.

карим
якбора хамон пластически операция мекарданд ана баьд точики асли мешуданд.

гург
дигар кор надорен шумо ..............хама ин аз бекории шумо далолат медихад ...................хайфи мансабу вазифахои баландпоя.................

Қръанӣ
Тавба, тавба. Шаҳрдорӣ дигар кор надорад, ки номи шаҳрдорро интихоб мекардааст. Наход дар ҳамин Қурғогтеппа проблема кам бошад?!

ozod
chang chung ching monedu kishvara obod kuned. chi darkor /nomi kalonu shahri vairon/

behtarin.hama boyad ivaz kunand.padaru boboi mo rus nabud ki rusi kunem.on vakt gulomi rus budem ki kardem.

Мухлиса
Тавре мегуянд аз чойивазкунии чамъшавандахо хосили чамъ таъгир намеёбад, номивазкуни хам чизеро таъгир намедихад, агар вичдонхо таъгир нахуранд.

кургани
ин Самиев намедонад бо кадом рох худро ба президент наздик кунад вой бархолат

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)