Бахшҳо

Фармони "нотакрор"-и Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР,
журналист


Соли ҷорӣ низоми нави имтиҳоноти қабул барои довталабон дар Донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар ҷорӣ гардид. Дар аввал, воқеан, ҳама ба ин ҷодаи нав боварӣ ва умеди зиёд доштанд. Довталабон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали супоридани ҳуҷҷатҳои худ умедвор буданд, имсол бо дониши худ дар Маркази миллии тестӣ имтиҳон супорида, холҳои заруриро ба даст меоранд, бахусус довталабоне, ки солҳои пеш қабул нашуда буданд, аз натиҷаи имтиҳоноти имсола умеди калон доштанд.

Вале, инак, баробари ба итмом расидани давраи имтиҳонот ва тақсими ихтисосҳо маълум шуд, ки онҳо беҳуда ба дониши худ умед бастаанд. Бахусус, қабулшавӣ дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон соли равон ба дониш кам иртибот дошт ва бартарияти асосӣ дар маъракаи Довталаб-2014 дар Маркази миллии тестӣ ба довталабони хатлонӣ дода шуда буд. Дар рӯзи тақсимот аз рӯи ихтисос мо шоҳиди он шудем, ки ноадалитие, ки имсол нисбат ба довталабони Донишгоҳи тиббӣ, бахусус довталабон аз вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва аксари ноҳияҳои тобеи кишвар сурат гирифт, дар тӯли 22 соли истиқлоли Тоҷикистон, дар ҳеч як донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон сурат нагирифта буд. Бори аввал аст мебинем, ки довталаб аз вилояти Суғд бо ҳалли 90-95 дарсади масъалаҳои тестӣ низ донишҷӯ шуда натавонист, вале довталаб аз Данғара бо ҳалли 60-70 фоизи масъала соҳиби унвони донишҷӯӣ гардид. Зеро рӯзи тақсимот маълум шуд, ки ба довталабони хатлонӣ ба истиснои холҳои гирифтаашон аз 100 то 140 хол аз ҳаво тӯҳфа шудааст.

Ин холҳои зиёдатӣ аз куҷо пайдо шуданд? Асосгузори ин беадолатӣ кист? Чунон маҳалчигии ҷиддӣ дар қабули имсола ва аз даргоҳи Донишгоҳи тиббӣ дур кардани довталабони фаъоли Суғду Душанбе ва аксари ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз куҷо сарчашма гирифт? Чаро дар қабул ба Донишгоҳи тиббӣ баробарӣ ба ҳамаи минтақаҳо таъмин нашуд?

Банда дар сӯҳбат аз Муовини Раиси Маркази миллии тестӣ Маҳмадалӣ Раҳмонов пурсидам, ки чунин коэффитсиентҳои ноодилона аз тарафи ки ҷорӣ карда шуд ва кӣ ҳуқуқҳои довталабонро аз Суғду Душанбе ва аксари ноҳияҳои тобеи марказ поймол намуда, онҳоро аз ҳуқуқи қабулшавӣ ба Донишгоҳи тиббӣ маҳрум намуд? Мавсуф иброз дошт, ки «коэффитсиенти мазкур бо фармони Вазири тандурустӣ муайян карда шудааст ва дар ин кор Маркази миллии тестӣ ҳеҷ иртиботе надорад. Шумо метавонед бо ин фармон дар даромадгоҳи Маркази миллии тестӣ шинос шавед».

Пеш аз он ки дар бораи чи гуна поймол шудани ҳуқуқи минтақаҳои дигар сухан ронем, барои исбот рӯйхати ноҳияҳоеро манзури хонандагон мегардонем, ки Вазири тандурустӣ ба онҳо бартарият додааст.

Фармони беназири Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Бо фармон дар назди даромадгоҳи Маркази миллии тестӣ шинос шудам. Маълум шуд, ки тибқи фармони мазкур, ки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода аз 10 июли соли 2014 онро тасдиқ намудааст, ба ноҳияҳои зерин дар қабул ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бартарият дода шудааст ва ба довталабони ин ноҳияҳо ба ҳар 100 холашон зиёда аз 30 хол илова карда шудааст.

Рӯйхати ноҳияҳо:

1.Нуробод, 2. Ховалинг, 3. Кӯлоб, 4, Балҷувон, 5. Носири Хисрав, 6. Бохтар, 7.Темурмалик, 8.Вахш, 9.Роштқалъа, 10.Ҷиргатол, 11.Кӯҳистони Масчоҳ, 12.Мӯъминобод, 13.Данғара, 14.Восеъ, 15. Ёвон, 16.Абдураҳмони Ҷомӣ, 17.Хуросон, 18.Шуғнон, 19.Рашт, 20.Файзобод, 21. Ғончӣ, 22.Ҳамадонӣ, 23.Сарбанд, 24.Шаҳритус, 25.Шӯрообод, 26.Қубодиён, 27.Румӣ, 28.Қумсангир, 29.Рӯдакӣ.

Он гуна, ки аз рӯйхат мебинем дар таърихи истиқлолияти кишвар бори нахуст дар қабули довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар бахусус Донишгоҳи тиббӣ бартарият танҳо ба минтақаи Хатлон дода шуда, умеди ҳазорон давталабонро аз вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва аксари ноҳияҳои тобеи ҷумҳур барҳам дод. Зеро агарчӣ солҳо дар бораи аз як минтақа интихоб шудани мансабдорон сухан мерафт, вале дар қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи тиббӣ ҳеҷ гоҳ ба таври расмӣ ба қабули онҳо аз як минтақа роҳ дода нашуда буд. Дар ин рӯйхат, ки ба 29 ноҳия имтиёз дода шудааст, ба истиснои 2 ноҳия аз Хуҷанд, 3 ноҳия аз ВАБК ва 3 ноҳия аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳур дигар ҳама ноҳияҳо аз вилояти Хатлонанд.

Довталабон чӣ мегӯянд?

Дар комиссияи қабули Донишгоҳи тиббӣ бо довталабе аз ноҳияи Вахш ҳамсӯҳбат шудам, ки бо гирифтани 573 хол донишҷӯ шудааст. Ҳадди ниҳоии холи эълонкардаи маркази миллии тестӣ 500 буд. Ин аст, ки сабаби аз 500 зиёд соҳиб шудани холҳоро аз ӯ пурсон шудам. Аз сӯҳбат бо ӯ маълум шуд, ки бо дониши худаш 440 хол гирифтааст ва ба ӯ аз Маркази «миллӣ»-и тестӣ 133 хол ба таври коэффитсиент бинобар аз Вахш буданаш илова шудааст. Довталаби дигареро низ пурсон шудам, ки ҳуҷҷат месупорид. Аз сӯҳбат бо ӯ маълум шуд, ки зодаи ноҳияи Данғара будааст ва бо дониши худ соҳиби 401 хол гардидааст ва ба ӯ низ 125 хол тӯҳфа шудаасту ӯ бо 526 хол ба Донишгоҳи тиббӣ қабул шудааст.

Ман ба онҳо ҳамроҳи худро нишон дода гуфтам: Ин ҷавон бо дониши худ 450 хол ба даст овард, вале донишҷӯ нашуд. Онҳо «чи тавр?» гуфта ҳайрон шуданд. Ман гуфтам: - Танҳо барои он ки ӯ аз вилояти Хатлон нест ва аз Панҷакент аст. Гуноҳаш фақат ҳамин аст. Агар мо ҳам ӯро пеш аз супоридани ҳуҷҷат дар Данғара ва ё ягон ноҳияи дигари Хатлон ба қайд мемондем, ҳатман донишҷӯ мешуд. Якуми август, вақте ӯ соҳиби 450 хол шуда буд, дар зери холҳои ба даст овардаи ӯ навишта шуда буданд: «Шумо холи гузаришро барои иштирок дар озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба ихтисосҳои интихобкардаатон соҳиб шудед». Мо ҳам бовар кардем, ки ӯ донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ шуд. Вале 15-уми август ба телефони ӯ паёмаке омад, ки ҳама умедҳояшро барбод дода буд: «Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯйи ягон интихобатон нагузаштед».

Оё ин хатои сиёсӣ нест?

Саволе ба миён меояд, ки чаро Вазири тандурустӣ бо поймол намудани ҳуқуқи довталабони минтақаҳои дигар бартарияти асосиро дар духтур шудан асосан ба вилояти Хатлон медиҳад? Магар ба дигар вилояту шаҳрҳо духтур зарур нест? Ё Данғара минтақаи дурдаст асту ба имтиёз ниёз дорад, вале сокинони Панҷакент, Конибодом ва ё Исфара ба имтиёз ниёзе надоранд? Ё Шояд вақти он расидааст, ки мӯҳтарам Нусратулло Файзулло, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ қабули ҳуҷҷатҳоро умуман аз минтақаҳои номбурда манъ намуда, танҳо аз Хатлон ҳуҷҷат қабул кунанд? Зеро довталабони минтақаҳои дигар дар сурати супоридани ҳуҷҷат ҳам бо чунин беадолатӣ ҳаргиз донишҷӯ шуда наметавонанд.

Ҳадди ниҳоии холҳо 500 муайян карда шуда буд. Донишҷӯ аз вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва аксари ноҳияҳои тобеъ ҳатто бо гирифтани 450 хол дар Донишгоҳи тиббӣ соҳиби унвони донишҷӯӣ шуда натавонист, вале довталаб аз вилояти Хатлон бо гирифтани 400 хол донишҷӯ шуд. Ин магар адолат аст? Инро чӣ гуна шарҳ додан мукин аст? Аз 500 холи ниҳоӣ соҳиб шудани 450-460 хол ин маънои онро дорад, ки довталаб ба 90-95 фоизи саволҳои гузошташуда посух гуфтааст. Магар чунин довталабонро хориҷ намудан мукин аст? Танҳо довталабоне аз вилояти Суғду шаҳри Душанбе донишҷӯ шуданд, ки агар 100 фоиз ба саволҳои гузошташуда дуруст ҷавоб дода бошанд, боқӣ ҳама ҳангоми тақсимот бо сари хам аз назди Маркази тестӣ дур шуданд. Банда боварӣ дорам, ки иҷрои садфоизаи ҳалли масъалаҳо на танҳо ба довталабон, ҳатто ба баъзе устодон муяссар намешавад. Солҳои пеш донишҷӯ метавонист, ҳатто бо ҳал намудани 60 фоизи масъалаҳои тестӣ донишҷӯ шавад, вале имсол бо ҳал намудани 90- 95 фоиз довталабони вилояти Суғд донишҷӯ нашуданд. Чаро?

Ба фикри банда ин иштибоҳи бузургтарини Вазири тандурустӣ аст, ки манфиати як минтақа, зодгоҳи худро дар ҷойи аввал гузошта, ҳуқуқи довталабон аз минтақаҳои дигарро поймол намуд. Ин оё хатои сиёсӣ нест?

Як довталаби дигаре аз Суғд, ки бо гирифтани 444 балл то 15-уми август худро дар курсии донишҷӯи тасаввур мекард, изҳор дошт, ки «баъд аз соҳиб шудани 444 хол ва «Шумо холҳои лозимаро соҳиб шедед» гуфтанҳо ман пурра бовар кардам, ки тайёрии дусолаам барои дохилшавӣ, ба донишгоҳи тиббӣ барбод нарафтааст!» Аз нақли ӯ маълум мешавад. ки бали гузаришашро дар торнамои марказ дида ба чашми худ бовар накардааст ва ба Маркази миллии тестӣ омадааст. Дар инҷо ҳам дидааст, ки 444 бал соҳиб шудааст ва аз марказ гуфтаанд, ки «ту аллакай имкони бештари донишҷӯ шуданро пайдо кардӣ».
Ӯ ашки чашмашро пок карда мегуфт: «Ба ман мегуфтанд, ки донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ шудан хеле душвор ва бепул намешавад, вале ман то имрӯз хушҳолӣ доштам, ки мешудааст, вале инак маълум шуд, ки дигар мо бояд умедамонро тамоман аз донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ шудан канем. Зеро минтақаи мо аз чашми вазир дур мондааст ва дигар қабул ба дониш вобастагие надорад».

Аз дидаву шунидаҳо ба хулосае омадам, ки фармони маҳалдӯстонаи Вазири тандурустӣ, вазире, ки чун шахси масъули давлатӣ бояд манфиати тамоми минтақаҳои кишварро ҳимоя мекард, боиси дилхунукии ҳазорон довталабони Суғдӣ гардид ва Вазирро шахсан зарур аст, ки барои донишҷӯёни соҳиби холҳои баландшудаи минтақаҳои аз чашмашон дурмонда, аз нав имконият диҳанд ва ҳуқуқҳои поймолшудаи эшонро барқарор намуда, хатои сиёсии худро бартараф намоянд. Ман дар ҳамин фикрам. Шумо чӣ?
Мӯҳр
.
Он шахсе ки дар Точикистон адолат талаб мекунад, вакти худ ва умри худро бехуда сарф мекунад. Дар Точикистон адолат хеч вакт набуд ва нахохад буд.

Фикри мо хамин ки осиёб бо навбат.70сари сол факлутаи хукуку донишгохи тибби факат халки шимол Сугд(аз Ленинободи худамон) мегузаштанд.Боз кал додари кур хеч гап не....

Адолатмох
Хуб мешуд, ки бартариятро аввал ба арзандахо медоданд, новобаста аз минтакахо. Сониян ба довталабони нохияхое, ки дар хакикат ба мутахассис эхтиёч доранд, агар ки арзанда бошанд.

Точикдухтар
Салом хабаргузории Озодагон! Умедворам ин навистачоти ман руи чоп меояд. Дар хотир дорам ки соли 2006 бо "квотаи президенти" ману хозарам ба пойтахт ба Донишгохи Тибби ва Донишгохи Педагоги омада будем. Вакте маблаги зиёдро сарф карда омадему дар рузхои имтихон хостем имтихон супорем ба мо гуфтанд ба шумо ин имконият нест чун квотаи мо алакай аз дигар кас буд. Модари сарсонам хамоно ба ду Вазорат равон шудан яке Вазорати Тандурусти дигаре Вазорати Маориф дар он чо гуфтанд ки ин квотахоро кайхо ба дигар довталабон додаанду хукумати нохия моро фиреб кардааст. Ин хама сарсонихо гузашт чун дар ин зиндаги хама чи мегузарад. Хам ман хам хохарам айни замон сохиби касби худ шудем аммо ноадолати то хануз идома дорад. Аз ин маълум мешавад ки ба умеди ягон кас ё орзуи хом кардан зарур нест чунки як гуфтае хаст дар урфият "аз худат монди мурди". Барои хамин халки точик махалчигиро монеду якдигарро дастгири кунед чун агар рузи сахт ба саратон омад на хукумат на дигару дигар ба додатон мерасад

Вокеан солхои сол аст, ки мансабхои асосии давлатиро хамагон аз як минтака сохиб мешаванд. Тичоратхои асоси хам дар дасти онхост. Инак донишгоххову донишкадахоро сохиб шаванд дигархо ба кучо мерафта бошанд.
Офарин ба вазир!

шамшер
хамаро бо як чашм дид...

Саидбек аз Ишкошим
Дар руихат на 3, балки танхо 2 нохия аз ВМКБ аст.

чаббор
вакте довталаб бо як орзуву умед хуччат месупорад ва баъди чи кадар кушишу захматхояш натичаи кори чанд солаашро мебинад ки мусбат аст бе нихоят гамгин мешавад аз ин дида барои довталаб рузи сахту рузи бад шуда наметавонад зеро ба андешаи у тамоми умедхояш бар бод меравад бояд давлат хади акал ба онхо имкони як сол тахсилро дихад ва гарна холи онхо чи мешуда боршад ярсу ноумеди

Ин Дангарагиё Сугдиёро ба махалгарои гунахгор сохта асоси бесаводии мардуми хатлонро дар яктарафа нигох кардани рохбарони кишвар дар Давраи Шурави медонанд, аммо диданд ки дар замони хукумати худашон низ ба саводи сугдиё баробар нашуд, акнун аз ин шева кор гирифтанро сар карданд.

-ин таксимот нодуруст аст. дар даврони шурави ленинободихо ки магзи аклони хисобида мещуданд ва холо низ табиат инро аз сугдихо дур накардааст ба мединститут дохил шуда докторони оли мебаромаданд. онхо каллаи пурмагз доранд ва донишро каллаашон хуб кабул мекард. дигар нохияхое ки шумо номбар кардед мутаассифона мисли онхо шуда наметавонад, ин баъдан равшан мешавад. ин кори табиат аст.

Рохгузар! Шумо навиштед, ки осиеб бо навбат ва 70 сол факултахои хукук ва тиб дар ихтиери вилояти Ленинобод буд. Хеле ачиб, охир шумо бесавод бошеду ба ин факултахо дохил шуда натавонед, магар айби минтака аст? Хозир хам бо кумаки вазир ва холхои тухфакардаи визири хамшахриатон довталабон сохиби унвони донишчуй шуданд, агар ин подачкаи вазиратон намебуд, холатон дар зери теги хамон осиеб буд.

Хамсинфи ман хам бо гирифтани 474 хол ба Донишгохи тибби кабул шуда натавонист. У УМЕД ДОШТ КИ БО ИН ДАСТОВАРДАШ БА ХАМАИ ДОНИШГОХХОИ ТОЧИКИСТОН КАБУЛ ХОХАД ШУД АММО АФСУС...

Тамошобин
Чунин тафриқагузорӣ миёни довталабони ин ё он ноҳия комилан нодуруст аст! Давлат ва ё худ вазорат бо "умеде" ба як қатор ноҳияҳо (имсол ба 29 ноҳия) коэффитсиент пешниҳод мекунад, то ки баъд аз хатми Донишгоҳи тиббӣ онҳо рафта, дар ҳамон ноҳияҳо вазифаи духтуриро иҷро кунанд. Аммо боиси таассуфи калон аст, ки баъд аз хатм ҳеҷ гоҳ он нафарон ба ноҳияҳои худ барнамегарданд. Ин боис мешавад, ки ҳангоми дохилшавӣ ба Донишгоҳи тиббӣ довталабоне, ки аслан дониши хуб доранд, курсиҳои донишҷӯиро аз даст медиҳанд. Пас фарқ миёни ноҳияҳои коэффитсиентдор ва бекоэффитсиент дар чист?
Агар коэффитсиент зарур бошад, пас квота барои чӣ лозим аст? Ҳамасола тибқи квота нафарони зиёде аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ унвони донишҷӯиро соҳиб мешаванд.
Коэффитсиент бояд умуман бардошта шавад! Он лозим нест! Он танҳо воситаи дилхунуккунии довталабони арзанда, аммо сокинони шаҳру ноҳияҳои бекоэффитсиент мегардаду халос!
Умедворам, ки дар солҳои минбаъд ҳамаи довталабонро бо як чашм назар хоҳанд кард ва ҳамаи довталабон вобаста ба дараҷаи саводнокии худ бояд ҷойи худро дар курсиҳои донишҷӯии донишгоҳҳо соҳиб шаванд!

Рости гап гузаронидан хаиин вазирону кабирон бовар кунед

Рости фарзанди ман низ аз тест бали баланд гирифту хурсанд шуд, ки донишчуи Донишгохи тибби шудам. вале хурсандии у то дер давом накард, сабабашро касе шарх дода наметавонад, Коифисиентхо ба у нарасид зеро аз Сугд буд. ХУЛОСА СИСТЕМАИ ТЕСТИРО ДАР ТОЧИКИСТОН ИСТИФОДА КАРДАН ЗАРУРАТ НАДОРАД. Махсусан баъди ФАРМОНИ Вазири кабири тандурустии кишвар...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)