Бахшҳо

Таъхири ҷавоби СМС-ҳо ва даъвои довталабон дар назди Маркази миллии тестӣ

Гурӯҳе аз довталабон аз натиҷаи озмуни тақсими ихтисосҳо ва дер расидани ҷавоби SMS-ашон аз сӯи Маркази миллии тестии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон норозигӣ карда, фаъолияти шаффофи ин ниҳодро зери суол бурданд. Даъвои гуруҳи довталабон рӯзи 15 августи соли ҷорӣ ҳангоми суҳбат бо масъулони Маркази миллии тестӣ садо дод.

Як масъули Маркази милли тестӣ баъд аз шунидани шикояти довталабе, ки мегуфт, ним соат боз аз ирсоли SMS хабаре нагирифтааст, гуфт: “Хоҳари азиз, мефаҳмам. Интизор шавед, ҳатман меояд. Мо ҳам ҷангҷол кардем, лекин онҳо мегӯянд, моро низ фаҳмед...”

Розия Табарова, масъули Маркази милии тестӣ, бо таъхир омадани ҷавоби SMS-ҳоро, ки бояд аз натиҷаи озмуни тақсими ихтисосҳо донишҷӯёнро огоҳ кунад, ба мушкили техникӣ рабт дод. Номбурда гуфт, айни ҳол кластерҳои 4 ва 5, яъне факултаҳои ҳуқуқшиносӣ ва тиббӣ пур шудаанд ва дар кластерҳои 1, 2, 3 мутаалиқ ба дигар ихтисосҳо ҷойҳо холӣ буда, интизори донишҷӯёнанд.

Қаблан Маркази миллии тестӣ, ки имсол масъулияти қабули довталабон ба донишгоҳҳои кишварро ба дӯш дорад, хабар дода буд, аз теъдоди умумии довталабони иштирокдошта 29 ҳазору 597 нафар холҳои гузариши фанниро аз рӯйи компонентҳои А ва Б ба даст оварданд. Сабзалӣ Ҷаъфаров, муовини аввали директори марказ дар суҳбат ба “Озодагон” ҷараёни имтиҳони довталабонро хуб арзёбӣ намуда, иброз дошта буд, довталабоне, ки холҳои гузаришро ба даст овардаанд, барои иштирок дар озмуни тақсимоти довталабон ба ихтисосҳои интихобнамудаашон, ба донишгоҳҳо роҳ дода мешаванд: “Дар сурати норозӣ будан аз натиҷаи имтиҳон довталаб ҳуқуқ дорад давоми 2 рӯз пас аз эълони натиҷаҳо аризаи худро ба комиссияи апелятсионии Маркази миллии тестӣ пешниҳод намояд.”

Бо вуҷуди шикоятҳо довталабоне низ ҳастанд, ки аз натиҷаи имтиҳони худ ва озмуни тақсими ихтисосҳо розиянд. Лола, як довталабе, ки ҳуҷҷатҳои худро ба Донишгоҳи техникии ба номи Муҳаммад Осимӣ супурдааст, мегӯяд, ба шаффофияти маркази миллии тестӣ бовар дорад: “Бо 371 бал ба Донишгоҳи техникӣ дохил шудам. Дар байни дӯстонам онҳое буданд, ки аз комиссия нагузаштанд”.
Мӯҳр
Кластер
Марказа фахмидан мумкин.Хамагуна кор аввал мушкили дорад. Тачриба ки гирифтанд, боз хубтар мешавад.

Махбуба Бобомуродова
ТАшаккур, ба маркази миллии тести, ки шаффоф гузашт. Гугдофариди мо сазовори номи донишчуйи донишгохи тибби гардид.

)))))
чи хе 371 балл????? хамсояи ма 380 бал гирифт нагзашт. да маркази тести гуфтанд балли гузариш 400 балай!! бо ДД ТИби бали гузаришро аз 400 зиёд кардааст.

Муаллим
Ҳамаашро компютер, "бе иштироки омили инсонӣ" мекардааст. Пас чаро эълони натиҷаи ниҳойӣ 15 рӯз тул кашид? Ё компютерҳои солҳои 50-уми асри ХХ он ҷо истифода мешаванд? Оё ин ҷо ягон сирри дигаре нест?

Хаким
Ба Хамаи хонандагони ин шабака расониданиам ки Маркази тести дар шахри Кулоб ё дигар минтакахо тамоман дуруг дуруг дуруг аст. Ман дар Донишгохи Тибби хучат супоридам натичахои имтихон тарики СМС омада маро барои имтихони супурдаам дохил шуданам ба донишгох табрик карданд. Акнун имруз СМС омадааст ки ту барои нарасидани бал ба Донишгох дохил нашудаи хол он ки ман аз имтихон 391 бал гирифтам.Хонандагони азиз боиси он ки ман яке аз сокинони дехоти дурдасти нохияи Шурообод мебошам ман бо хамин кудрат хаминкадар бал гирифтам аз дониши худам боз хам бовари дорам локин то хануз сабаби СМС омадааст ки ту ба Донишгох дохил нашудайи хайронам ба ман кумак намоед Илтимос! Илтимос! Илтимос! хонандахои гироми.

Маркази миллии тести имсол ба хатоии сиёсии хеле чиддие рох дод ва бо додани бартарияи ба вилояти Хатлон ва додани коэфициентхоба довталабони ин вилоят довталабюони зиёдеро аз вилояти Сугд ноумед кард.
Масалан ба довталабон аз вилояти Хатлон барои кабул шудан ба дорнишгохи тибби ба истиснои холхои гирифтаашон 150 холи дигар чун коифцент дода шуд ва онхо бо гирифтани 350 хол чамъи 150 коэффицент аллакай донишчу шуданд. Вале довталабон аз вилояти Сугд хатто бо гирифтани 450-460 хол, ки бо захмати худ ба даст оварданду хеч коэфициенти надоштанд, донишчу шгуда натавонистанд.
Аз хабарнигори Озодагон хохиш мекунам, ки хамин саволро ба масъулин дихад, ки чаро ин тавр карданд, кани бинем чи посухе медиханд? Холо агар тадкик кунед, шояд имсол аз вилояти Сугд хеле кам кабул шуда бошанд.

Салом
Салом дастандаркорони Озодагон.
Ман рости аз аввал ба шаффофияти кори ММТ бовар надоштам яъне фикр мекардам ки шояд ягон миёнарави вучуд дорад вале баъд аз он ки хохарзодаам ва умуман 3 довталаби дигарро мешиносам ки бо дониши худ ба ДТ ба номи Осими ва як нафар ба ДДЗТ ба номи С. Улугзода ройгон дохил шуданд. Ман аз номи онхо ва аз номи худам шахсан ба кормандони ММТ ва раиси он изхори миннатдори мекунам. Рости ин гомест барои пешрафти Точикистони азизамон. Муваффаку сарбаланд бошед!

Darvesh
Kholi asosiro baroi qabul ba donishgosh atestati maktab mebozad na testi markazi milli!!!! I manoi onro dorad ki agar Shumo 10 sol tahsil nakunedu shahodatnomai khatmi maktabiro kharida bamarkazi milli oed bali khudro sohib meshavedu ba donishgoh qabul meshaved!!! Kadom odami boaqli sumkormekardai iro tashkil karda boshad!!! soli guzashta Donihgohi tibbi 10000$ stavka dohst isol ay 20000@ bolo gap zadestand!!! In markaz baroi kist??? Bal baroi ki darkor ast????

Муаллим
Ана имрӯз ман шоҳиди он будам, ки ду шиносам, ки яке духтари босавод дошту дар мактаби миёна бо баҳои хубу аъло мехонд ва дигаре писари ахмақи дарсгурез дошту ҳатто ному насаби худро бо ҳарфи хурд ва хато менавишт аз ММТ баргаштанд. Духтарак гирён ва писар бо сари баланд! Писар дар факултети иқтисодии ДМТ дохил шуд ва духтарак не. Ҳол он ки ба духтарак СМС омада буд, ки ту комёб шудӣ (рӯзи 1 август). Имрӯз СМС омад ки нагузаштӣ. Агар касе аз масъулони Маркази тестӣ ба гӯфтаҳои ман даъво кунад, марҳамат ҳар дуи онҳоро даъват карда ду се саволӣ ба онҳо медиҳем. Вай писар, ки аз математика имтиҳон супоридааст, ҳатто намедонад, ки синус чисту косинус чӣ, ҳоҷат ба муодилаи квадратӣ ва ҳалли масъалаи тригонометрӣ ҳам нест, чунки вай писар ин чизҳоро ҳатто шунидагӣ нест. Ана ҳамин хел агар санҷиши такрории қиёсӣ шавад, баъд мефаҳмем, ки маркази тестӣ чи роле мебозад.
Боз ҳамон саволи ман: барои чӣ коркарди натиҷаҳо 15 рӯз давом кард. Ҳол он ки компютер инро метавонад дар як чанд дақиқа иҷро кунад. Магар 15 рӯз бо ягон мақсади дигар истифода нашудааст? Хуб набуд ки рӯзи дуюми август натиҷаи тақсимот ба ихтисосҳоро эълон кунанд? Ин 15 рӯз боз барои ҳамун .... истифода нашуда бошад?

Э мардум наход то хол надонед. О ставкаи сабилмондаи Донишгохи тибби 11-12хазор доллар аст аз кучо ба камбагал мерасад. Як хешмона хамсояш таъриф кардай духтарша бо 12хазор $ ба Донишгохи тибби дохил кардай

мо метаванем вакте ки имтихона супурда ба пагохро бал ё холхомона бинем

Ман Сатторов Абдумалик. Довталаб 2015.

Панчакенти
Ин маркази милли нашуд бало шуд. Фикр мекардем, ки баъд аз фаъолияти марказ хама чиз шафоф ва осон мешавад аммо чихеле ки мебинем ин тавр нест. Бачахое будан, ки дар мактаб бо бахои аъло хатм намуданду ба донишгох кабул нашуданд ва бачахое ки бо бахои паст мехонданду кабул шуданд ин гуна холат бисёр шудааст. Ин аз он гувох медихад, ки марказ натавонист бачахои болаёкадро муаян кунад, ин намуди кабул шави ба мо писанд нест. Боз миёнравию бо пул кабул шави дида мешуд!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)