Бахшҳо
26 фев 2014 16:54Тоҷикистон / Сиёсат

Талаби 10 ҳазор сомонӣ ҷуброн аз Раҳматилло Зоиров

Хонаводаи Маҳмадраҳим Саидов, маҳбуси зиндони рақами 1-и Душанбе, бо ирсоли аризае ба Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт Раҳматилло Зоиров -- раиси Консорсиюми юридикиро ба пахши ахбори гӯиё бардурӯғ муттаҳам дониста, 10 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ хостаанд.

Ин ариза аз номи Сафаралӣ Саидов, бародари Маҳмадраҳим, навишта шуда, ӯ инчунин аз додгоҳ хостааст, барояшон 1,5 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддӣ, ки дар пайи нашри ин хабар бардоштаанд, бирӯёнад. “Ҳамсару духтараш ва ман аз шунидани ин маълумот азоби рӯҳӣ кашидем. Ҳамон замон барфи сахт борида буд ва роҳкиро аз Ҳамадонӣ то Душанбе хеле гарон шуда буд. Ман ва се хешамон як таксиро гирифта, ба Душанбе омадем. Баъди омадан бо бародарам ҳамсуҳбат шуда дидам, ки ҳамаи маълумот дурӯғ будааст ва ӯ изҳор дошт, ки саломатиаш хуб аст”,-навиштааст бародари Маҳмадраҳим.

Мавлудҷон Салихов, вакили мудофеи хонаводаи Саидовҳо, низ дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, хабари гӯиё фавти Маҳмадарҳим дар зиндон наздикони ӯро сахт нигарон кардааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, баъдан маълум шудааст, ки ин иттилоъ асос надошта, Маҳмадраҳим дар маҳбас адои ҷазо мекунад.

Раҳматилло Зоиров, раиси Консорсиюми юридикӣ, ки раҳбарии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро низ бар ӯҳда дорад, рӯзи 6 феврали соли ҷорӣ дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, бино ба хабарҳое, ки дарёфт кардааст, гӯиё Маҳмадраҳим Саидов дар утоқи ҷаримавии маҳбаси рақами 1 фавтидааст. Зоиров гуфта буд, Маҳмадраҳим зодаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон буда, яке аз шоҳидони марги Ҳамза Икромзода ба ҳисоб меравад.

“Мо ҳоло ин масъаларо пурра таҳқиқ накардаем. Чизе, ки дар даст дорем, ҳамин иттилоъ аст”,-навишта буд Зоиров. Вай дар идома аз Зариф Ализода, Омбудсмени тоҷик, хоста буд, бо истифода аз ҳуқуқаш ба ин масъала расидагӣ кунад.
Мӯҳр
Дарбадар
....ба назар мерасад ба наздики парвандаи Зоиров кушода шуда боздошт ва зиндони мешавад. Эй вой ВАТАН ВОЙ!!!!

Хайфи ту барин чавонмард Сафаралӣ Саидов!
Ту бв фикрам мард хам нести ва ту хам режим шудию ба бузакони чингилапо якчо шудед!
Офарин ва 100 ахсан гуфтан даркор ба Р.Зоиров, ки натарсида аз Шумо доимо химоят мекунад!
Ту хам аз кафои чор беваи рохравон шуд! Хайфи ту! туфу бар ту номард!
ЗИНДА БОД ОЗОДИ! Зинда бод мардони бовичдону бо имони рохи ОЗОДИ!
Зинда бод, М.Искандаров, Зайд Саид, Р.Зоиров, М.Кабири, Додочон Атовулл, Умарали Кувватов, Хочи Акбар Турачнзода, Эшони Нуриддин, ХНИТ, ХСДТ!
Хакикат бо мову Шумост!

Ы
Ана оли мебинед ки читаврр дар давоми ду руз парванда кушода шуда суд хулосашро мебарорад. А вакте, ки Зоиров барои занони игвогар ба шуъбаи дохила чанд маротиба ва хато ба Рамазон Рахимов мурочиат кард хато посуххам нагирифт.

Хучуми модахокати нашуд тухмата сар карданд. Худо охири кора ба хайр кунад ин кадар сухани хакка гуфтанаш кин будааст

Чамшед8808
Огооо ии Зоирова 99,9 фоизи гапхояш дуругай. Ина дидед думравакои Зоиров? Ин коре мекунад, ки дар байни халк худашро ширин кунад, лекин афсус гайр аз хамун хочагони Узбакистониат (Хоча бигу ки ман манам, манам-манам на ман манам) ба хеч кас маъкул нести биродари гироми. Худатро бехуда азоб надех. Зинда бод эй ватан Точикистони Озоду тенчи ман!!!

стекло
Чамшуд!!! Зоиров хочааш агар Узбак бошад,пас хочаи Чаноби Олй кист??? Ба фикрам аз фабрикаи...

Мухтарам маъмури ин сомона ва ахли ин редаксия!
Агар Шумо ин кадар тарсу, заиф ва бе вичдону имонатон мурда бошад, пас навиштахои манро нашр накунед!
Гар нашр мекунед пурра нашр кунед ва хпохоида накунед! Шумо ку хар нестед!?
Ана Шумо баринхо Ватанамонро ба торикостону кабристону асиристон ....лесистон табдил додааст!
Мурдам амри хак аст! Одам як бор меояду як бор меравад! Аммо бо номусу бо имону мурдан бехтараст аз он ки беномусу беору бе имону тарсу зиндаги намои ва мисли бузаки чингилапо дар мусикии ин режими худкома ракс куни!
100 хайф ба чунин шахсон!
Ман гумон кардам, ки редаксияи Шумо часорат дорад! Афсус, ки шумо хам бо дег нишаста будаед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)