Бахшҳо

ВИДЕО: “Ice Bucket Challenge” дар Тоҷикистон. Кадоме аз чеҳраҳои саршинос ҳозир аст бар сари худ яхоб бирезад?

Сайф САФАР

Як нафар рост меистад ва сатили оби яхро бар сари худ мерезад. На ба далели гармии ҳаво, балки ба хотири пайвастан ба иқдоми Ice Bucket Challenge. Иқдоме, ки дар оғоз барои кӯмак ба маризони гирифтори склерози мушак роҳандозӣ шуд, аммо ахиран беморони мухталифро фаро гирифт.


Домани иқдоми Ice Bucket Challenge ё “Корзори оби ях” дар як муддати кутоҳ хеле васеъ гардида, таваҷҷуҳи афроди зиёдеро дар кишварҳои мухталиф ба худ кашид. Шахсиятҳои саршиносе аз арсаҳои варзиш, синамо, овозхонӣ, ҳамчунин раҳбарони ширкатҳои маъруф дар ин корзор иштирок карданд, ки миёнашон бунёдгузори Фейсбук Марк Сукерберг, бунёдгузори Microsoft Бил Гейтс, узви ҳайяти ширкати “Apple” Тим Кук, тоҷир ва сармоягузори амрикоӣ Ҷефрий Престон, рэпсаро Dr Dre буданд. Ҳамчунин дар мавриди вориди корзори мазкур шудани раҳбарони аҳзоб низ хабарҳо ҳастанд.

Ҳар нафар, ки ба иқдоми мазкур мепайвандад, муваззаф аст, “эстафета”-ро ба се тани дигар бидиҳад. Баъд аз ба сари худ пошидани “оби ях” аз он се нафар ном мебарад, ки давоми 24 соат бояд вориди корзор шаванд. Ҳар иштирокчӣ 10 доллари амрикоӣ мепардозад, аммо агар хоҳиши рад карданро дорад, бояд бо 100 доллараш “хайру хуш” кунад. Гуфта мешавад, раиси ҷумҳури Амрико - Барак Обама аз ин дархост сарпечӣ кардаву ба бунёди ҳимоят аз беморони гирифтори фаромушхотирӣ 100 доллар таслим кардааст.



Далели ба таври бесобиқа паҳн шудани иқдоми мазкур иштироки афроди машҳур мебошад. Маъмултарин василаи иштирок дар он нашри видео дар шабакаҳои иҷтимоист. Бино ба охирин омор то имрӯз аз корзори мазкур наздик ба 1.2 миллион видео дар Фейсбук ва 2.2 миллион дар Ютуб мунташир шудааст. Он ахиран марзи Тоҷикистонро ҳам убур кард. Беҳрӯз Зеваров, Мубориз Усмонов ва Парӣ Орусбекова аз аввалин шахсоне ҳастанд, ки ба ин иқдом пайвастанд.

Продюсери тоҷик, Беҳрӯз Зеваров дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ба хотири ҳимояти молӣ аз Ошӯрмо Аловатшоева, ки аз бемории сутунмуҳра ранҷ мебарад, ба Ice Bucket Challenge пайваст. “Бар илова 100 доллари дигаро ҳам ба суратҳисоби Аловатшоева гузарондем”,- илова кард ҷаноби Зеваров. Барои табобат Ошӯрмо Аловатшоева бояд ҷарроҳӣ шавад, ки қиммати онро табибон 600 ҳазору 834 рубли русӣ, баробар ба 84 ҳазору 70 сомонӣ гуфтаанд.

Навори Парӣ Орусбекова, ки аз пайвастанаш ба иқдоми мазкур хабар медиҳад, 2 сентябр дар Фейсбук нашр гардид. Хонум Орусбекова хостори пазируфтани эстафета аз сӯйи Азиз Холматов, Шариф Дорғабеков ва Эллина Ким шуд. Дар сӯҳбат бо “Озодагон” ӯ гуфт, “ману дӯстонам мунтазир ҳастем, ки теъдоди зиёдтари одамон ба Ice Bucket Challenge ҷалб мешаванд ва маблағи гирдомада ба бунёди иқдом ворид мегардад. Агар муваффақ нашудем, ҳар нафар иштирокчӣ ба бунёди “Дасти Ёрӣ” дар ҳаҷми 50 сомонӣ кӯмак хоҳем кард”.

Ice Bucket Challenge тоза ба Тоҷикистон омадааст ва ҳоло рӯшан нест, мисли кишварҳои дигар тавони ҷалб кардани афроди зиёдеро хоҳад дошт ё на. Ва ин суол ҳам кушодааст, ки оё афроди шинохтаи кишвари мо бо шумули мансабдорону тоҷирони муваффақ ва раҳбарони аҳзоб дар сурати даъват шудан ба он мепайванданд ё хайр ва ҳам агар хоҳиши иштирок надоранд, 100 долларро қурбон мекунанд?
Мӯҳр
Tojik...Dushanbe
Kor diga nadorem.aku, bo da i kori bemani, vaxta sarf kunem....odameki, ay Tojikiston 100$ xayr mekuna, baroi ASL, ki shirkati Amrikoist, i manoi ura dora ki..Tojikistoni Qashoq, ba Amriko xayr kadestay.. Amrikoiho, mardumi dunyoro axmak kadiyan, yagon chizi, bemanoi ki dar fikri odam, nameduroya, tashkil mekunan, ba suma jam mekunan..Agar hami kori Tojik, kashf mekad, DUnyo mexandid, ki magar tojiko devona shudian..ay sarshon ob merezan..

Хуб мардуми соддаи гаправем ! Кадомеn, ки кумак кардани бошен, бе хами икдоми аблахона кумак кнен охи! Барои чи мо бояд fq ufh, аблахирg омузем ??? И Бехруз Зеваров хдш я одмаи бекори хан-хана! Бо шарм надошта хами тенденсияи аблахонара таблик кардесай...
Озодагон, чошда нимша бурида партову ними дигарша мон!

Тавсия
Вактхои охир озодагон ягон маколаи хуб наменависед . Аз пайи ислохи камбудиатон шавед!!

Ман низ ба фикри бародар розиам. Бо гузашти вакт бубинед, ки хамин икдомро дар Точикистон КИХО дастгири мекунанд ??? Ман мутмаинам, ки касе аз ахли зиё ва ё умуман инсони комили МУОСИР!! - ин сахнабозиро дастгири нахохад кард. Барои чи муосир буданро таъкид кардам? Хуб, барои он ки он нафароне, ки имруз ба хар харзагуиву бемаъниги даст мезананд, хатман онхое, ки ба чунин давраи бемаъниги наздик намешаванд, кафомонда ва ё ба кавли худашон "отстой" -яшон менонманд. Аз ин лихоз мехостам таъкид кунам, ки мухтарам Зеваров ва дигарон!!! Бемаънигиро дастгири намудан хануз нишони муосирият нест.

Мардум, ман хами кори хабарнигоронро намефахмам, шояд хамин икдомашонро бас кунанд? Охир хамин Бехруз Зевароваш ки???? Ин афрод факат худаша реклама карда мегардад, хамин шахс дигар кор надорад? Ягон артисти халола прадюсери накардай, мегуянд чанд артисте бо вай хамкори кардаанд аз вай гурехтанд, Факат пули санъаткорора мехурдай худаша реклама мекадай хамачода... Оо вай чихели шахсият ва чехраи шинохта аст? Тамоми одама худаша реклама карда ахмак карда гаштай.. Тамоми расонахову мачалахода шинос дора факат номи хавая менависанд? Ин ягон кор барои фоидаи халк накадай, ки шумо ина реклама кунен.. ИЛТИМОС ЧОП КУНЕД!Tojik...Dushanbe,

Хамин Бехруз Зевароваш киай? Ика хами и фиребгар худаша реклама кард? ОЗОДАГОН шумо дигар кор надорен номи хамин ика дар расонахо мебарорен? Ягон артисти халол кати ин кор накардай. Кори ин факат худро нишон додану реклама кардан! Айба намедона хамин инсон? Д Чан артисте кати ин кор кардай хамаш гурехтан аз ин пулои артистора хурду калон калон не машхур кард онхоро не дигар.. Ин хамин рафик бисер дора дар мачалаву расонахо ина факат номаша реклама мекунанд. ОЗОДАГОН ИЛТИМОС ХАМИН БЕХРУЗ ЗЕВАРОВА ГУМ КУНЕД ДИГАР РЕКЛАМА НАКУНЕД ИЛТИМОС АЗ ШУМО!!!!!!! ВАЙ ХИЧ КАС НЕСТ! ЧОП КУНЕД ИНРО ОЗОДАГОН ВАГАРНА ШУМО ДЕМОКРАТ НЕ)))

Илёс кадоме боши набоши 200% рози дили мара гуфти бародар. Рост мега, чи ика шумо ай Бехруз Зеваров алома тарошидестен ? Вокеан пули артистора гирита худашу чор одами дар барашбуди мехурану халос. Ман аз чумла жертваи Зеваровам. Ягон шахси профессионал надора дар баруш. Як духтари нимча урус, як духтури, ки худша эрони мегира ва дигарон ...))) Икадар ай и ситора натарошен. Неки ба гумонай ки и матлаби мара чоп кнен...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)