Бахшҳо

И. Усмон: Турку тоҷик душмани ҳамдигар набуданд ва нестанд

Ахиран, китоби нави профессор Иброҳим Усмон таҳти унвони “Сарнавишти “тоҷик” аз чоп баромад. Дар ин китоб муаллиф андешаҳои илмии худро перомуни сарнавишти ном ва забони халқи тоҷик иброз доштааст. Ин шашумин асари профессор Иброҳи Усмонов мебошад, ки ба масъалаи тақдири таърихии тоҷикон бахшида шуда, дар бораи калимаи “тоҷик” ҳамчун муайянкунандаи халқ, забон ва фарҳанг баҳс мекунад. Аллакай дар бархе маҳофил ва шабакаҳои иҷтимоӣ атрофи “Сарнавишти “тоҷик” ва бархе аз нуктаҳои он баҳсҳо ҷараён дорад. “Озодагон” тасмим гирифт, ин асарро ба таври комил бо ризоияти муаллиф нашр кунад.


ДАВОМАШ

АВВАЛАШ ИНҶОСТ

Аслан халқҳои форс, суғд, бохтар забонашон ҳамсон аст. Дар тўли бештар аз се ҳазор соле, ки ин халқҳо дар қаламрави шоҳони ҳамнажод зиндагӣ карданд, забони онҳо омезиш ёфт. Истилоҳҳо, ибораҳо ва калимаҳое аз забонҳои суғдӣ, бохтарӣ ва хоразмӣ, яъне халҳое, ки решаи тоҷикон ба онҳо мерасад, ба забони форсӣ гузаштанд ва чизҳое аз забони форсӣ дар ин забонҳо ҳал шуданд. Забони мардумии ин минтақаҳо то истилои араб гоҳе ҳам то омадани муғулҳо-суғдӣ, боҳтарӣ, хоразмӣ ном дошт. Баъдтар ин забон номи “тоҷикӣ”-ро гирифт. Академик Бартолд, ки дар тадқиқаш ба асарҳои Ҷувайнӣ, Нисевӣ, Ибн-ал-асир, Ҷузҷонӣ, Восифӣ, Ибни Ҳавкал, Саъолабӣ такя кардааст, ба он ақида аст, ки забони мардумии Бухоро тоҷикӣ буд. Фақат дар садсолаи охир (дар асри 19) як қисми ҳудудашро дар водиҳо ба забони туркӣ дод, аммо дар айни ҳол мавқеашро дар кўҳистон аз ҳисоби лаҳҷаҳо мустаҳкамтар кард (Бартолд, ҷ.7, С.505).

Мардуми Осиёи Миёна дар замони истилои муғул “тоҷик” номида мешуд. Масалан, дар ҷанги зиди муғулҳо – тоҷикҳо туркҳо, ғуриҳо халаҷҳо ва қарлиқҳо якҷоя ҷангидаанд. (ҷ. 1 С.479). Дар муҳофизати Самарканд 50 ҳазор тоҷик ва 60 ҳазор қабилаҳои турк иштирок намуданд. Дар воқеаҳои соли 1220 дар Нишопур (Эрони имрўза) аз 400 тоҷик, ки таъмини оромӣ ба дӯшашон буд, ёдовар мешавад. (ҷ.1 С.-514).

Бояд гуфт, ки дар номгузорӣ ба халқе, ё қавме дигарҳо, бегонаҳо боис мешаванд, дар муносибат ба калимаи “тоҷик” ҳамчун халқ ва ҳамчун забон ҳам ҳамсоягарӣ нақши мубраме дорад. Чун муғулҳо аз самти шимолу шарқ ба ҷанубу ғарб рафтанд, аввалин халқи бегонаи ғайри туркро ба ин ном – “тоҷик” шинохтанд. Барои ҳамин ҳам ин калима дар замони муғулҳо ба бисёр халқҳои минтақаи ҷанубу ғарби Осиёи Миёна ҳам, аз ҷумла, ба ҳамаи мардуми Эрон ва арабҳо низ нисбат дода мешуд, яъне шояд маънои мусулмони ғайритуркро дошт. Вале чун арабҳо монанди юнониҳо аз Ғарб ба Шарқ омаданд, аввал форсҳоро диданд ва ин номро барои халқҳо ва забони онҳо, ки дар шарқи Эрон ҳам ҷойгир буданд, нисбат доданд. Дар ин хусус муҳаққиқи эронӣ Забеҳулло Сафо дар “Вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва динии Эрон дар поёни шаҳаншоҳии Сосонӣ ва оғози подшоҳии Сомонӣ” ном асараш чунин менависад: “Дар гирудори ин ҳаводис буд дар Мадина пояҳои як ҳукумати ҷаҳонии ҷадид гузорида мешуд. Ин ҳукумати ҷаҳонӣ, ки ранги дини дошт, ҳамон аст, ки мо онро ҳукумати исломӣ мегўем ва ғарбиён императории араб мехонанд. Дуруст аст, ки ин ҳукумат дар оғози кор ба дасти қувои араб, ки вазифаи таблиғи ислом низ дошт, вале чунон ки медонем, ба зуддӣ миллали ғайри араб, хоса эрониён дар идораи корҳои сиёсӣ ва низомиву идорӣ ва ҳамаи шууни дигари иҷтимоиву дини ва илмию адабии он ширкати мустақим ва гоҳ бартарии инкорнопазир ёфтанд, ба наҳве, ки аз авоили қарни дувуми ҳиҷрӣ ва баъд дигар як қудрати арабии холис дар чаҳорумин маркази ин ҳукумати бузург, яъне Бағдод фармонравоӣ надошт” (с.112).

Азбаскӣ халқҳои турку тоҷик дар империяҳои арабҳо ба сар мебурданд, яъне дар фазои маънавии арабӣ буданд, забони ба истилоҳи форсӣ забони дувуми расмии ислом шуд, онро мувофиқи истилоҳи арабӣ ба кор мегирифтанд. Табиӣ буд, ки ҳарчи ба ин забон навишта шуд, сарфи назар аз он ки дар куҷо навишта шуд, ҳамон номро гирифт. Бо назардошти ҳамин асл Бартолд гуфтааст, ки “забони форсӣ, забони асосии адабии қабилаҳои берун аз Форс зинадгикунандаи курдҳои ғарбӣ, афғонҳо ва тоҷикони асри миёнагӣ, баъдтар туркони асримиёнагии шарқӣ низ буд. Дар бораи он ки дар Ҳиндустон асарҳои таърихӣ ба забони форсӣ нисбат ба худи давлати Форс зиёдтар чоп мешуд, ҷои гап ҳам нест”. (ч.7, С.-304). Ба шакли анъана “форсӣ” номида шудани забони мо ва гоҳе ҳам, халқи мо чунин реша дорад ва онро кам ё зиёд адибону олимони асримиёнагии мо ҳам ишораҳо кардаанд.

Ба гумонам, ин таъсири дарборе буд, ки ба хилофати араб такя дошт ва дар он талошҳои худширинкунии идае аз дарбориён дар муқобили халқи худашон тамом мешуд. Ин ҳолат танҳо ба сари миллати мо наомадааст, барои мисол дар қитъаи Амрико аврупоиён бо забону дини худ омада, аҳолии бумиро ё қатли ом карданд ё ба дини худ гаравонида забони худро (англисӣ, испанӣ, фаронсавӣ) забони расмӣ карданд. Ё британигиҳо дар Ҳиндустон ба забони худ ҳукми давлати доданд ва имруз ҳам англисӣ аз забонҳои расмии Ҳиндустон аст. Франсузҳо дар Алҷазоир забони худро ба ҳадди расмӣ расонданд, ки имрўз ҳам роиҷ аст. Ба олмониҳо муясар шуд, ки дар Наибия забони худро устувор кунанд. Дар ҳар сеи ин кишвар забони хориҷиро дини масеҳи, ки қисми аз аҳолии ин мамлакатҳо пазируфт, пойдор намуд.

Дар кишвари мо ин ҳолат баробари истилои араб шурўъ шуд. Араб забони худро давлатӣ карда, ривоҷ дода натавонист, зеро мубаллиғ на худи арабҳо, балки сокинони таҳҷоии мусулмоншуда – тоҷикон буданд. Араб инро пазируфт, аммо ба сифати исми “дастёрҳои беминнат” номи ҳамсояи худаш форсро, ки дар китоби муқадаси Қуръон ҳам ёде аз онҳо ҳаст, истифода кард. Пас он ҳама сиёсат буд, аммо асли илм он аст, ки ба ақидаи ман, истилоҳи калидӣ - исми ҷомеи халқи моро танҳо мафҳуми “тоҷик” ифода мекунад. Барои фаҳму дарки ин ба ҳолати зерин низ таваҷҷўҳ бояд кард:
Вақте ки Эрон (Афғонистон, Осиёи Миёна, Покистон ва қисман Ҳинд, ғарби Чин, Ироқ ва ҶИЭ - имрӯза) исломро пазируфт, дар сиёсат, илм ва адабиёти араб дар шарҳи исми ҷомеи мусулмон ду мафҳум пайдо шуд-араб ва аҷам. Соддатар карда гӯем, “араб” китобгирифта ва “аҷам” пайваста ба ӯ буд. Ба ин маъно араб худро нисбати “аҷам” бартарӣ медод. Вале аҷам ҳам, дар дохил яксон набуд: аз ҷумла турк дошту дар ғайри он тоҷик. Онҳоро ба ҳамин номҳо аз ҳам фарқ мекарданд, яъне мусулмон аз арабу аҷам, аҷам бошад аз тоҷику турк иборат буд.

Халқҳои турку тоҷик душмани ҳамдигар набуданд ва нестанд, балки онҳо ба маданиятҳои гуногун тааллуқ доранд. Дар илм ва адабиёти классикии тоҷику арабу турк, тамоми мусулмонҳо, дар фаҳми исми ҷомеи хилофи турку араб калимаи “тоҷик” истифода шудааст, на иронӣ, на форс, на чизи дигаре. Яъне халқ ва фарҳанги тоҷик буд, халқ ва фарҳанги араб буд ва халқ ва фарҳанги турк буд. Дар эҷоди Мавлонои Балх, Саъдӣ, Ҷомӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Мушфиқӣ ва ҳар каси дигаре, ки ба ин чиз муроҷиат кардааст, дар таҳқиқҳое чун “Таърихи Масъудӣ”, “Таърихи Рашидӣ”, “Таърихи Муқимхонӣ”ҳамин маъно ифода ёфтааст, тоҷику муғул, тоҷику узбек ҳам ҳаст, аммо форсу турк, форсу муғул, форсу узбек нест. Маълум мешавад, ки халқи ба истилоҳ “форсигӯй”-ро дар замони адибони зикршуда дар саросари Эрон, Афғонистон, Ҳинд бо Покистонаш, Осиёи Миёна, Ироқ ва Қафқоз тоҷик мегуфтаанд. Замони зисти ин адибон аз давраи истилои араб то қарни XVII буд. Бинобар ин тамоми олимони Фаронса, Испания, Англия, Олмон, Маҷор, Русия ва дигарҳо, ки то соли 1920 ба эроншиносӣ машғул шудаанд, дар ҳудуди имрӯзаи ҶИЭ, Ироқ, Арманистон аз халқи тоҷик ҳам ёд кардаанд ва дар баробари ӯ аз халқи форс низ ёд мекунанд чун аз қабилаи дигари иронӣ. (Дар китоби “Тоҷикон” ман аз Фома Матсебский-рўҳонии асри 16-и арман ёдоварӣ ва “Таърихи Темур”(“История Темурлана”) ном асараш дар бораи тоҷикони Йереван иқтибос кардаам.-И. У.) Дар ҳамин радиф як чизи муҳимми илмиро ёдоварӣ мекунем. Дар олам илм ё шохаи илмии эроншиносӣ ҳаст, аммо форсшиносӣ нест, мо эроннажот ҳастем аммо форс не. Баръакс аксарияти онҳое, ки имрўз худро “халқи форс” мегўянд ва адабиёти классикии тоҷик ба онҳо такя мекунад, халқи тоҷиканд.

Дар ин маврид ба асаре муроҷиат мекунам ва таваҷҷўҳи хонандаи муҳтарамро ба он ҷалб мекунам, ки, мутаасссифона, имрўз гўё онро фаромўш кардаем. Ин асар “Қайдҳо оид ба этнографияи Форс” (“Записки по этнографии Персии”) ном дошта, соли 1866 дар Париж ба забони фаронсавӣ чоп шудааст. Онро соли 1977 Институти шарқшиносии Иттиҳоди Шўравӣ таҳти роҳбарии аллома Бобоҷон Ғафуров ба забони русӣ нашр кардааст. Муаллифи он Н. А. Хаников- дониманди бузурги рус буда, ду асари дигарашро ҳам ба сарнавишти тоҷикони Хуросон, Бухоро ва Афғонистон бахшидааст. Ў натанҳо аз дастнависҳои арабию форсӣ балки аз тадқиқоти сайёҳони аврупоӣ- англисҳо, олмониҳо, белгиягиҳо, фаронсавиҳо ва голандҳо аз ҷумла Ж. Б. Омалиус (қарни XVIII), Ж. А. Пертӣ (қарни XIX), Лоаюс (Агелюс- қарни XVII), Риттер (қарни XIX) истифода бурда, гоҳо гуфтаи онҳоро қабул карда, тақвият додааст, гоҳи дигар напазируфта ба баҳс рафтааст. Пас, он чи мо иқтибос мекунем, андешаи на танҳо як муаллиф, балки натиҷаи таҳқиқи Ханиковро низ дар бар мегирад.

“Забони халқҳои оилаи иронӣ дар доманакўҳҳои Форсу Туркистон тавваллуд ёфтааст”.Барои исботи ин вай аз Перти чунин иқтибос мекунад: “Форсҳо ё тоҷикон( тавре онҳо худро меноманд), халқе мебошанд, ки дар Осиё ниҳоят зиёд паҳн шудаанд Онҳо дар мавзеи даманакўҳҳоиЭрон то дарёи Ҳинд зиндаги мекунанд Онҳо ҳатто дар Турон ва дар қисмати ғарбии Осиёи Болоӣ вомехўанд. Онҳо дар Русия ва Сибир маконҳои зист бунёд кардаанд. Тоҷиконе, ки дар Форси имрўза зиндагӣ мекунанд, миёназинқад, сафедпўст,зиндадил ва боақл мебошанд. Онҳо меҳрубонанд”(с.21)

Мехостам аз ин иқтибос ҳамон бахшро таъкид кунем, ки навиштааст: “Аврупоиҳо онҳоро “форс” меномиданд, худашон “тоҷик” мегуфтанд. Айни ҳамин маъноро дар асри XVII Ангелиус гуфта будааст: “Дар шаҳрҳо ва атрофи онҳо халқи азалии форс зиндагӣ мекунад. Ин халқ, дар ҳама ҷо худро “тоҷик” меномад, на форс. Хақиқатан ҳам тоҷикон халқ ниҳоят машҳур ва ниҳоят паҳншудаи Шарқ мебошанд. Ин халқ натанҳо дар шаҳрҳои Форс зиндагӣ мекунанд, балки сокинони шаҳрҳои Трансоксания низ мебошанд ва дар саросари ҳамвориҳои зерсалоҳи ўзбекҳо ва тоторҳо низ, паҳн шудаанд. Ақидае маҷуд аст, ки нишемангоҳҳои тоҷикон то ҳудуди Чин, ё ҳади ақал Тибет паҳн шудааст .(с.60 -61) Ин муаллиф ҳамчунон ба ин ақида аст, ки туркҳо як қисми тоҷикон ва форсҳоро қизилбош ном мегиранд. Ҷои дигар Хаников дар натиҷаи мушоҳидаҳо ва тадқиқоташ менависад: “Аҳолии решаи форсидоштаи правинсияҳои шарқии Форсро дар замони ҳозира “тоҷик” мегўянд, ин истилоҳ, ки дар ғарби Форс аслан истифода намешавад, барои муайян кардани категорияи мушаххаси аҳолии Хуросони шарқи, Сиистон, Ҳирот ва Афғонистон-барои ҳар фарде, ки хуни форсӣ дорад, то рафт зиёдтар истфода мешавад. (с.82).

Хаников инчунин Ҳерадот ва Птолемей ва таърихи Чин калимаҳоеро нишон медиҳад, ки ҳамсадои овози калимаи “тоҷик” мебошанд ва барои ифодаи халқи мо истифода шудаанд. Ин ақидаи олими рус низ хеле муҳим аст, ки гуфтааст: ”Калимаи “тоҷик” шояд барои муаллифони асримиёнагии арабу аврупоӣ маълум набуда бошад. Ба ҳадде, ки ман медонам, ин калима дар муаллифони форс танҳо дар замони темуриён пайдо шуд”. Вай аз Массон ҳам иқтибоси аҷибе дорад, ки маънояш ин аст: Аҷдоди Тоҷикон аз замони Каёниён шурўъ мешавад. Дар ин тадқиқ аз Элфингстон-сафири Британяи Кабир дар Афғонистони аввали асри 19 ҳам ёд мешавад, ки ў таърих ва зиндагии тоҷикони Афғонистонро омўхта китобе ҳам навиштааст ва аз ҷумла гуфтааст, ки “аҳолии шаҳрҳоро тоҷикон ташкил медиҳанд. (с.95). Воқеан дар “Бобурнома” ҳам тоҷикон ва сартҳои Кобул ёдоварӣ мешаванд.

Хаников аз Риттер иқтибосе меорад, ки решаи ҳамаи мушкили ва фочиаи таърихии аз худ бегонешавии халқи тоҷикро ошкор мекунад: “Тоҷикон халқи ягонаи муттаҳид нестанд, ки кадом як ҳудуди муайянеро ишғол мекарда бошанд. Онхо бо гурўҳҳои алоҳида дар макони (пространство) бузурги саросари Осиё кошта шудаанд. Онҳо дар байни қабилаҳои ўзбеку афғон зиндагӣ мекунанд. Аҳолии муқимии (оседлое) Форс ҳам худро тоҷик мегўянд. Тақрибан дар ҳама ҷо онҳо бо халқҳое, ки сарзаминашонро ишғол ва ҷояшонро танг кардаанд, омезиш меёбанд”. (с.95).

Н. Хаников дар асари дигараш “Муаррифии Хонигарии Бухоро” (“Описание Бухарского Ханство”), ки соли 1843 чоп шудааст, аз ҷумла менависад, ки аҳолии асосии Хонигарии Бухоро тоҷикон мебошанд. Пайдоиш ва замони ба ин ҷо омадани онҳо номаълум аст. (с. 53). Дар ин китоб дар бораи форсҳои Бухоро, яъне форсиён гуфта мешавад, ки онҳо зиёданд ва ғуломанд (с. 70).

Таҳқиқоти Хаников ва манбаҳои илмии онро бо як асари дигари муҳаққиқи Рус А. А. Гаритски корманди Мактаби калони низомии шарқшиносӣ, ки аввали солҳои асри XX дар Афғонистон будааст, муқоиса мекунем. Ў дар асараш ба номи “Таърихи Афғонистон” (“История Афганистана”) дар бораи тоҷикон аз ҷумла чунин навиштааст: “Барои шиносонидани аҳолии муқимии эрониасл, ки аҷаб не қадимтарин қишри аҳолии халқиятҳои ин ҷойро ташкил медода бошад, на танҳо дар Афғонистон балки ҳамчунон дар қисматҳои ҳамсояи Форс ва Туркистон низ маъмулан мафҳуми “тоҷик” истифда мешавад. Ин номро баъзеҳо бо “Дабкху”-и Герадот ҳатто бо “Табка”-Птомолей нисбат медиҳанд.”(с.98). Ў ҳамчунон таъкид мекунад, ки аҳолии худи Кобул ҳам асосан аз тоҷикон, ки бо забони форсӣ сухан мекунанд, иборат аст” (с.92). Ин тадқиқотҳо низ чун асарҳои қаблӣ моро ба он фикр меоранд, ки харқи Осиёи Миёна ва Хуросонҳамеша ва дар ҳар куҷое, ки мезист “тоҷик” ном дошт. Забонашро ҳам дар пояи лаҳҷа ва гуфтугўйӣ тоҷикӣ меномид. Пас исми ҷомеи халқи мусулмони минтақаи мавриди баҳс агар ӯ араб ё турк набошад, “тоҷик” аст. Мафҳумҳои “Нигори турку тоҷик”, “турки ту бирехт хуни тоҷик” ва мисолҳои шабеҳи онҳоро зиёд дар насру назми гузаштагонамон зиёд хондаем ва шунидаем.

Халқе, ки ба истилоҳ тамаддуни нави баъди паҳлавиро ба вуҷуд овардааст, қавму забони худро бегонаарабҳо ва фарҳанги онҳо муқобил гузоштааст, “тоҷик” ном дорад, на номи дигаре. Араб мардуме, ки “Қуръон” дар хокаш нозил шуд, тоҷик халқе, ки дар Шарқ исломро ба курсӣ нишонд, турк халқе, ки салтанати исломро дошт.Халқи тоҷик Бухороро Бағдод кард, то баландии фарҳангаш аз баландии омадаҳо, истиллогарҳо болотар бошад. Ин халқ адабиёту илме ба забони худ ба миён овард, ки ҳамто надошт, олӣ буд.

Пас калимаи “тоҷик” на танҳо халқ аст, балки ифодагари он роҳи фарҳанги исломӣ низ ҳаст, ки аз арабӣ ва туркӣ фарқ мекунад. Ин ифтихори миллии этникии одамонест, ки на аз истисмори Искандар юнонӣ шуданд, на аз юришҳои шоҳони Порс форс шуданд, на аз қабули ислом араб шуданд, на аз ҷаҳонгирии Чингиз турк шуданд. На дар империаи Русия ва давлати шўрави рус гардиданд. Тоҷик дирафшбардори оини қадимии одамизод, тоҷик пайрави нукоти инсонии ҳамаи динҳои нав гардид, зеро худаш пайравони аввалин дини яккахудоӣ будааст. Тамаддуни тоҷик ба ақлу хирад, илму дониш, инсондўстӣ, меҳмоннавозӣ, шаҳрсозӣ, хонадории пок устувор аст. Хона сохтан, фарзанд тарбия кардан ва боғ бунёд намудан танҳо қонуни ин фарҳанг аст. Ин халқ, ба ҳеҷ кас сар фуруд наовард, на ба юнонию арабу турк, гарчи бо асари солҳои тӯлонии тобеият бисёр чизашро доду бисёр чиз аз онҳо гирифт. Натанҳо хаташро доду хати нав гирифт, балки бо сабаби охирӣ аз номгузории анъанавиаш маҳрум шуда, бо номи нав печид ва ҳиссаи зиёди вожаи ҳазорсолаҳо парваридааш бо калимаҳои нави бегона иваз шуданд.

Академик Бобоҷон Ғафуров дар бобати қадрдонии халқу забонамон навиштааст: “Ҳоло дар натиҷаи кофтуков ва бозёфтҳои ҷудогонаи археологӣ ба дасти олимон матнҳои ба чандин забонҳои эронӣ навишташуда расидаанд, ки ин забонҳо дар давраҳои қадим ва аввали асри миёна дар Осиёи Миёна ва ноҳияҳои сарҳадии он паҳн гардида буданд. Инҳо забонҳои бохтарӣ, суғдӣ, хоразмӣ ва хутаниву саккоӣ буданд, ки ба гурӯҳи забонҳои шарқиэронӣ дохил мешуданд. Забони портӣ, ки ба гурӯҳи забонҳои ғарбиэронӣ дохил шавад ҳам, вале бештар таҳти таъсири забонҳои шарқиэронӣ қарор гирифта буд, низ аз ҳамин қабил забонҳои қадимии Осиёи Миёна ҳисоб меёфт. Дар нимаи аввали ҳазораи якуми қабл аз милод дар яке аз вилоятҳои Осиёии Миёна ва атрофи он лаҳҷае мустаъмал буд, ки асоси забони китоби муқаддаси оини зардуштӣ «Авесто» аз он фароҳам омадааст”(с. 38-39).

Бобоҷон Ғафуров ҳамчунин менависад: “Ба гурӯҳи забонҳои эронӣ забони форсӣ (бо се марҳилаи маълуми тараққиёти худ: форсии қадим, форсии миёна ва форсии нав), забонҳои тоҷикӣ, курдӣ, балуҷӣ ва дигар забонҳои ғарбиэронӣ, забонҳои афғонӣ (пашту), осетӣ, помирӣ ва як идда забону лаҳҷаҳои шарқиэронӣ дохил мешаванд. Забонҳо эронӣ ба гурӯҳи забонҳои ҳиндӣ ё худ ҳиндуориёӣ, ки ғайр аз забону лаҳҷаҳои мустаъмали имрӯза лаҳҷаи ведӣ, санскрипӣ ва палии дар матнҳои боқимондаро дар бар мегирад, алоқаи хеле наздик доранд”. Ба зикри ин Аллома таъкиди дигаре низ дорад: “Наздикӣ ва ягонагии аҷдоди қабилаҳои гуногуни эронии кадим аз номи умумии онҳо «ориё» низ пайдост. Ин ном чи дар матнҳои қадими эронӣ ва ҳиндӣ ва чи дар сарчашмаҳои дигар ба таври васеъ кор фармуда шудааст. «Эрон»- иимруза аз ҳамин ном, яъне аз шакли қадимаи «арянам» («Кишвари ориён») ба вуҷуд омадааст. Калимаи ҳиндии «арияварта» («Кишвари ориёно –Ҳиндустони Шимолӣ ё як кисми он бо маркази байни наҳрҳои Ҷамна ва Ганг, яъне аз қадимтарин марказҳои ориёиҳои Ҳиндустон); истилоҳи авестоии «Аирянам вайҷаҳ» («Паҳнои ориёно»)- диёри афсонавии эрониён; номи як қатор қабила ва гурӯҳҳои қабилавии эронӣ: қабилаи мидии аризонтҳо (айнан «қабилаи ориён»), қабилаи сармати орӣ, итиҳодияи кабилавии “алонҳо” (номи аслии асетинҳо дар Ҳамосаи қадимаи онҳо, ки аз калимаи эронии “ориёно” аст ва амсоли инҳо низ ба ҳамин ном нисбат пайдо кардаанд) (с.44-45).

Ин маъниро донишмандони эронӣ Маликушшуаро Баҳор низ соли (1886- 1951) дар китоби «Сабкшиносӣ» (Душанбе, Бухоро, 2012), зикр кардаанд:
«Форсӣ забонест, ки имрӯз бештари мардуми Эрон ва Афғонистону Тоҷикистон ва қисмате аз Ҳинду Туркистон ва Қафқозу Байнаннаҳрайн бад-он забон сухан мегӯянд ва нома менависанду шеър месароянд… Таърихи забони Эрон то 700 сол пеш аз Масеҳ равшан ва дар даст ҳаст ва аз ин пеш низ аз рӯйи огоҳиҳои илмии дигар медонем, ки дар сарзамини паҳновари Эрон мардум ба забоне, ки реша ва асли забони имрӯзаи мост, сухан меронанд.» (с. 33) Дар ин қисмат муҳаққиқ ба забонҳои модӣ, авастоӣ, форсии бостон, паҳлавӣ, суғдӣ, дарӣ фаслҳоро мебахшад ва ба таври умум менависад, ки «забони эронӣ, забони пайвандӣ аст.» (с. 33) Забони форсии бостон «забони форсии қадим», ки бо хати мехӣ ифода меёфт, забони катибаҳои матни Бесутуни шоҳ Дориюш аст.(с.42)

Муҳаққиқ менависад, ки забони паҳлавӣ аз забони форсии қадим ва авастоӣ тафовутҳо дорад, ба забони дари ва форсии баъд аз ислом наздиктар аст. Ин забони қабилаҳои порсаво аст, ки дар сарзамини Хуросони имрӯза зистаанд.(с.43) Дар мавриди забони суғдӣ аз ӯ мехонем: «Он иёлотро Суғд мехонданд… дар китоби бузурги Дориюш бо номи «Суғдиёно» зикр шудааст, аз шаҳристонҳои, ки муҳимми Эрон шумурда мешуд ва забони мардуми он низ лафзе ё шохае аз забони эронӣ ва ба суғдӣ маъруф будааст. (с. 46) Он чиз ҷолиб аст, ки Баҳор аз «Сосониён» ном асари Кристенсен чунин фикри ҷолибро иқтибос мекунад: «Ин забон дар тӯли хати мутадовил будааст, ки аз девори Чин то Самарқанд ва Осиёи Марказӣ иртибот дошта ва муддате чанд қарн ин забон дар Осиёи Марказӣ забони байналмиллалӣ ба шумор мерафт.» (с. 46) Ҳамчунон «забони суғди ба татаввури забони форсӣ ёрии бузурге карда, бисёре аз луғатҳои форсиро… ба мо вонамуд месозад ва бунёди қадимии забони суғдӣ ва балки решаву пояи забони ширини дариро, ки забони Фирдавсию Саъдист, маълум медорад. (47)

Сухани дигари ин муҳаққиқ, ки дар мавриди забони дарӣ мебошад макони пайдоиш ва мавқеи забони дариро одилона ва олимона муайян мекунад. Дарӣ «Луғати сокинони чанд шаҳр будааст, ки он Балху Бухоро ва Бадахшону Марв аст… беҳтарин луғати форсӣ забони дарист .»(с. 47)

Дар шарҳу тадбири ин порчаи истифодашуда таваҷўҳро ба чанд чизе барои сарнавишти халқ ва забони тоҷикон муҳим, балки хеле муҳим, ки имрўз муқобилони забони тоҷикӣ ё аз надонистан ё душманона хомўшанд ва баракс мо чигуна метавонем аз ифодаи забони форси даст кашем, он гоҳ робитаамон ба адабиёти қадим чӣ мешавад гуён тарс медиҳанд, ҷалб кардан мехоҳам, Баҳор олими эронӣ дар такя ба таҷрибаи илмӣ ва зиндагии худ ва тадҳқиқотҳои олимони эроншиноси Ғарб чунин ҳақиқатро таъкид менамояд:
- халқҳои Суғд ва Бохтар дигару форс дигар;
- забонҳои суғдӣ, бохтарӣ ва форсӣ ба ҳам монанданд, шояд лаҳҷаҳо ва шохаҳоянд;
- Паҳлавӣ, ки забони нави форсӣ буд, ба мардуми Эрони ғарбӣ таалуқ дошт, аммо аз таъсири забони суғди бархурдор буд;
- забони суғдӣ, ки забони мардуми Осиёи Миёна аст қарнҳо забони умумимиллӣ ба истилоҳи имрўза давлатӣ буд;
- забони дарӣ дар заминаи забони суғдӣ ва бохтари пайдо шуд;
-забони дарӣ дар давоми қариб 300 соли давлатӣ буданаш дар саросари Эрони имрўза, Ироқи имрўза ва Туркияи имрўза низ паҳн шуда ба истифодаи истилоҳҳои арабию форсии нав ғанитар гардид;
- бунёдгузорони адабиёти классики форсу тоҷик забонашонро «порсии дарӣ» гуфтаанд.

Баҳор ба он ақида аст, ки дар ғарби Эрон забони паҳлавӣ ва дар Хуросону дигар минтақаҳои шарқии Эрон дарӣ роиҷ буд. (с. 49-50) Иктибоси зерин хело муҳим аст: «Қадимтарин кутуби форсӣ, ки аз давраи исломӣ ба дасти мо расида ё хабари онро шунидаем (муаллиф 10 асрро ном мебарад. –И. У.), ҳам бо забони фасеҳу устувор ва пухташудаи дарӣ нигориш ёфтааст, ки аз колои адабу фарҳанги Хуросон ба шумор мераванд ва аз пухтагии иборату истеҳкоми таркибот ва ширинии лафзи маънӣ пайдост, ки насре қадиму парваришёфтаи солиён ва балки қарнҳои дуру дароз аст ва ба маротиб аз китобҳои насри паҳлавӣ, ки шояд баъзе дар ҳамон қарн таълиф ёфтааст пухтатар ва ҷолибтар аз лиҳози татавур комилтар аст.» (с. 50) Ин мафҳум чунин идома меёбад: забони дарӣ « лаҳҷаи хоси мардуми Хуросону Мовароуннаҳр ва Нимрӯзу Зобулистон будааст ва мардуми мавҷуди марказ ва шимолу ҷанубу ғарбии Эрон, ки то дере ҷузъе бо паҳлавӣ ва табарӣ сухан менамуданд, онон низ аз ин шеваи зебо пайравӣ карданд.» (с. 50)

Хулоса мешавад, ки «аз асноди номбурда гуё шакке намонда бошад, ки забони дарӣ хоси мардуми Хуросону машриқи Эрон буда ва дар дарбори Тайсафун ва миёнаи дарбориёну низоми мамлакати Шаҳаншоҳӣ ҳам ин забон мутадавил будааст ва аз ин рӯ онро «дарӣ» гуфтаанд, ки дар бо забони сосонӣ ба маънои … дарбор аст.» (с. 53)

Ин ақидаи илмиро шоири эронӣ Маҳмуди Афшор чунин ба назм овардааст:
Дарӣ андар Хуросон парвариш ёфт,
Ки будӣ то ба Чин шарқу шимолаш
Хуросони калон к-он рўз мебуд,
Хуросони кунунӣ аз махолаш.
Араб бо форс буд ҳамсоя овард
Дариро форсӣ андар мақолаш.
Вагарна Порсӣ буд он забоне
Ки бо Доро бишуд гоҳи заволаш.
Дарӣ ин лаҳҷаи аҳли Хуросон
Ҳаметобид ҳур-осо ҷамолаш.
Самарқанду Бухоро буд аз оғоз
Муқарри шоирони пурҷалолаш.


“Газетаи муаллимон” 13.08.1988

(Давом дорад)
Мӯҳр
Ба гупти шумо Иброхимако мохон миллат не ми? Турк будем дя.... Надониста мондем, узр Акаа, узр! Хай мана минбаъд худамона ТОЧИК намегуем, мешад ми ? Усмонов ? Хобатро ба об гуй !

Patriot
Туркхо ва Туркзабонхо дар тули таърих бо мо Точикон душмани доштанд ва доранд.Дар як маколаи дигараш хондам мегуяд:Точикон форс нестанд онхо Точиканд. в мисол меоварад ки хамчунинеки,Укроинхо Славянанд на Русс.Ба фикри банда ин мисоли овардаи огои Усмон галат буда дар мавриди Точик ва Форс дуруст намеояд

мухаммад
Ё аз туркхо ганарари пинхони гирифта бошад

Сарлавха- Турку точик душмани хамдигар набуданду нестанд.
Дар сархати 14, ки бо калимахои Тахкикоти Хаников........ сар мешавад, дар охир омадааст; Турки ту бирехт хуни точик.
Инро мухтарам Усмонов чи хел шарх медода бошад?

Анти шайбак
Ин хам шуд таърихшинос!" Ин хам шуд забони навиштор ! Инх ам шуд гап!? Усмонов бехтараш равед тахкикоти журналисти анчом дода гардед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)