Бахшҳо

Ҳуввияти куштаи дуюм дар Ромит муайян шуд: Сарбози 18 сола...

Манобеи “Озодагон” мегӯянд, кушташудаи дуюм дар даргирии рӯзи 15 сентябр бо гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар дараи Ромит Аҳад Кабиров, сарбози 18-солаи қушунҳои дохилии Тоҷикистон мебошад.

Наздикони Аҳад Кабиров дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор доштанд, ки марҳум дар мавсими баҳории имсола ба хидмати ҳарбӣ даъват шуд: “Дар қисми низомии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ хидмат мекард ва ду моҳ пеш ба бустонсарои Вазорати умури дохилӣ ба дараи Ромит интиқол ёфта буд”.

Манбаъ афзуд, ҷанозаи Кабиров пеш аз зуҳри имрӯз, 16 сентябр дар ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар дафн шудааст.

Дар баробари Кабирови 18-сола, 15-уми сентябр зимни даргирӣ бо гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар дараи Ромит полковник Рустам Амакиев, фармондеҳи гуруҳи “Алфа”-и Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон низ кушта шудааст.

Аммо расонаҳои русӣ аз қавли манобеашон теъдоди низомиёни кушташудаи тоҷикро дар даргириҳои рӯзи 15 сентябр 5 нафар гуфтаанд.
Мӯҳр
Эээээ барои чи сарбозора мебарен дар мукобили нафарони 15 20 чангдидаю спетсалист мегузоред амонсу милисаю ункадар кормандеки хкни халка мехуранд даркуен рафта чангед хозир вакти хизмататон аст ун салдати бечора дархаёташ тир назадааст эканом карда машк кардаги азкучо чанг мекна? Якнафари хочихалим бо 500 сарбози шумо мечангад онхо тачриба доранд . Сарбозони мора холашон бахама маълумки даркадом холанд. Падару модарони сарбозо нагузоред фарзандонатонро ба коми марг телла диханд ин кори хамун алфаю милисахоеки хуни мардума худаанд кори онхостки бояд рафта чанганд

Ватан хечгох чунин абармардро ба мисли Рустам. фаромуш намекунад.

Мухочир
Ин кадар офицерхо кучо бошанд,ки ин аскари оддии бечораро бурда зери тиру марг карор медиханд!

Ба зидди душман хар як фарди Ватандуст бояд мубориза барад, на ин ки ба мисли ту баринхо суханхои пучу бемаъни зананд. Барои сулху субот Ватан бояд хар як марди баномус чони худро дарег надорад. Ин гуна шахсиятхои ба монанди Хочи Халимро Ватан хечгох намебахшад. Бигзор ба чазои сахти конун ва нафрати халк гирифтор шаванд.

O naxod sarbozi 18 cola ki faqat chand moh xizmat kardast ba jang bari -ISHTIBOHI KALON AST, in talafot az be ehtiyoti shud

nabi farhor
Чаро солдатро ба чанг фиристоданд.У сарбози катории нав даъватшуда,автоматро надонад,тир паронда натавонад.

Freedom
Магар афсаре, ки 2 мох хизмат кардааст у ярок кор фармуда метавонад? Наход худи гурухи АЛФА аз ухдаи он набароянд. Илтимос, дигар хизматчихои харбиро он чо нафирсонед.

ш Душанбе
кори хуб не наход салдати каторий ки навбахор ба сафи кувахои мусала даъватшудагирро ба чанг баранд охир ......инкадар рудба гирифтагихо хобанд...кори хуб не....мухтарам Афисерхо


магар барои талафот дидани чандин кормандони макомотхои хифзи хукук ва сарбозбачахо шахсони аввали макомотхо ба чавобгари кашида мешуда бошанд?

Варзоб
Аввал хамдардии худро ба нафароне ки наздикони худро дар чанг зидди Хочи Халим ва Чунайдуллои хоин аз даст додаанд мерасонам. Баъдан аз ачал касе герухта наметавонад. Сарбоз хам бошад шахси далер ва часур будааст А.Кабиров офарин бар волидайне ки чунин фарзанд тарбия кардааст. Умуман ба хамаи иштирокчиёни набарди зидди каждуми таги бурё Халим арзи сипоси худ ва мардуми точикро мерасонам. Шумо барин далерон хастед ки мардуми мо шабхо дар хонааш дар хоби ширинанд. Илтимоси ман хамин ки ба хешовандони наздики кушта шудагон (ба тарафи Хочи Халим не) ёрии моддиву кумакхо расонида шавад.

Амон
Ба зидди душман хар як фарди Ватандуст бояд мубориза барад, ин салдад ба фикрам бисёр бо дилу гурда будааст, ки чони худро нисор карда дар баробари кормандони ботачрибаи Алфа чангидааст чоят чанад бо хамаи ин халок шудагон шахид гардидаанд шахиди рохи тенчи ва ободи хонаи охираташон обод бод омин.

точик
Худованд ҷои ин сарбозро ҷаннат гардонад. Ин сарбоз ҷонашро барои ватану миллат додааст.

АБАЧА ЧАВОНА КУЧО БУРДЕД БА ЧАНГ МАГАР ЧАНГДИДАХО КАМ БУДАНД МАЪЛУМ МЕШАВАД КИ ПУШТ НАДОШТАСТ ДАР 2 МОХ У АЗ КУЧО ЧАНГИДА МЕТАВОНИСТ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)