Бахшҳо

Додситони кулл: Ҳоҷӣ Ҳалим бо дастури Кабирӣ фаъолият кардааст

Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри як изҳороти расмӣ Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар ҳамдастӣ бо Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини Вазири мудофиа муттаҳам кардааст.

Дар ин изҳорот, ки сомонаи хабаргузории давлатии “Ховар” нашр кардааст, гуфта мешавад, “муайян карда шудааст, ки Назарзода А.М. тайи солҳои охир бо мақсади амалӣ намудани кирдорҳои ҷиноятии худ бо дастур ва роҳбарии бевоситаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Кабирӣ Муҳиддин беш аз 20 гурӯҳи хурди ҷиноятӣ ташкил намуда, онҳоро бевосита роҳбарӣ менамуд”.

Прокуратураи генералӣ мегӯяд, “шаби 3 ба 4 сентябри соли 2015 собиқ муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим Мирзо машҳур бо лақаби "Ҳоҷӣ Ҳалим" бо маслиҳати пешакӣ бо сардори Раёсати инспексияи ҳарбии Вазорати мудофиа Умаров Ҷунайдулло Сатторович ва дигар шахсони ҷиноятпеша аз ҳисоби собиқ хизматчиёни ҳарбии баталёни 25-уми қисми ҳарбии 31001-и Вазорати мудофиа бо мақсади оғоз намудани ҳамлаи мусаллаҳона зидди намояндагони сохторҳои қудратӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат ва Рӯдакӣ нақшаи мушаххасро тарҳрезӣ намуда, худи ҳамон рӯз бо сӯистифода аз ваколатҳои хизматӣ ба бинои маъмурии Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои ҳарбии 08050 ва 17651 ворид гардида, теъдоди зиёди силоҳи оташфишони гуногунтамға, аслиҳа ва лавозимоти ҷангиро тасарруф намуданд".

Ба гуфтаи Додситонии кулл, муайян шуда, ки Назарзода солҳои охир “бо мақсади амалӣ намудани кирдорҳои ҷиноятии худ бо дастур ва роҳбарии бевоситаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Кабирӣ Муҳиддин беш аз 20 гурӯҳи хурди ҷиноятӣ ташкил намуда, онҳоро бевосита роҳбарӣ менамуд. “Тасмими охирин дар бораи ҳуҷумҳои мусаллаҳона давраи моҳи августи соли 2015 сурат гирифта, бо ин мақсад тавассути фондҳои бо ном хайриявии доираҳои муайяни кишварҳои хориҷӣ маблағҳои калони пулӣ ворид шудааст. Ҳуҷумҳои мусаллаҳонаи шаби 4-уми сентябр ба Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат, ба ҳалокат расонидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар чорроҳаи кӯчаҳои Айнӣ ва Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе, ба ҳалокат расонидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ амали гурӯҳҳои ҷиноятпешаи номбурда мебошанд”,-меафзояд манбаъ.

Дар идомаи изҳорот омадааст, 4 сентябри соли ҷорӣ нисбат ба саркарда ва ҳаммаслакони ҷиноятпеша дар асоси моддаҳои 187 (ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ), 199 (тасарруфи силоҳу лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 104 (одамкушӣ), 181 (ғасби гаравгон), 179 (терроризм), 329 (таҳдид нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё хизматчиёни ҳарбӣ) ва 391 (суистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардиданд. Бо мақсади дастгир намудан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди махсус таъсис дода шуда, амалиёти зиддитеррористӣ шурӯъ гардид. Дар рафти он зиёда аз 600 адад силоҳи оташфишони гуногунтамға ва 11357 дона тирҳои гуногун ёфта, мусодира карда шуданд: “Зимни муқовимати мусаллаҳона 25 нафар террорист нобуд карда шуда, 125 нафар узви гурӯҳи террористӣ ва ҳаммаслакони онҳо, аз ҷумла 28 нафар бо ҳамкории фаъолонаи аҳолии маҳаллӣ муайян ва дастгир карда шуданд. Мутаассифона, дар ин амалиёт 14 нафар хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷони худро аз даст доданд”.

Ин мақом гуфтааст, чанд тан аз “аъзои дастаи террористӣ аз кирдори худ пушаймон гардида”, ихтиёран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуданд: “Дар рафти тафтиши пешакӣ ба молу мулки шахсии Назарзода А.М. ба миқдори 9 корхона, 9 манзили истиқоматӣ, 56 адад воситаҳои нақлиёт ва дигар ашёи ғайриманқул ҳабс гузошта шудааст. Инчунин, ба 3 манзили истиқоматӣ, шумораи зиёди техникаи хоҷагидорӣ, як бинои дуошёна иборат аз 27 ҳуҷра, 2 адад хонаи истиқоматӣ иборат аз 20 ҳуҷра, 2 адад сохтмони нотамом, корхонаҳо ва сехҳои дигари истеҳсолӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ бо масоҳати зиёда аз 26 гектар, шумораи зиёди чорвои калони шохдор ва ғайраҳо, ки ба аъзои дигари гурӯҳи ҷиноятӣ Муҳиддин Кабирӣ ва Ҷунайдулло Умаров тааллуқ доштанд ва арзиши умумии онҳо зиёда аз 120 млн. сомониро ташкил медиҳад, низ ҳабс гузошта шуд”.

Ин ниҳод гуфтааст, дар асоси далелҳои дар рафти тафтишот дастрасшуда, бо мақсади пешгирӣ кардани амалҳои нави террористӣ, ҷалб кардани шаҳрвандон ба содир кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, созмон додани дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин халалдор намудани оромӣ ва амнияти мардуми Тоҷикистон шахсони зерин, ки аъзои фаъоли ҲНИТ буда, дар амалҳои ҷинояткоронаи гурӯҳи мусаллаҳи Назарзода А.М. гумонбар дониста шудаанд, баъди пурра нобуд гардидани ин гурӯҳи террористӣ кӯшиши пинҳоншавӣ ва фирор аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро доштанд, боздошт гардиданд:

1. Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович, соли таваллудаш 1961, зодаи ноҳияи Мӯъминобод, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Крупская, хонаи 114;
2. Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб соли таваллудаш 1958, зодаи деҳаи Таҳназарии ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кучаи Ф. Аттор, хонаи №5 0;
3. Давлятов Абдуқаҳор Абдукаримович, соли таваллудаш 1975, зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ушаков, х.110, ҳуҷраи 8;
4. Каримов Саттор Самадович, соли таваллудаш 1959, зодаи шаҳри Кӯлоб, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳисор, ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, деҳаи Деҳи Нав;
5. Розиқов Зубайдуллоҳ, соли таваллудаш 1946, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, хонаи 337, ҳуҷраи 15;
6. Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, соли таваллудаш 1959, зодаи ноҳияи Панҷ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Хоҷанбиёи Поён, хонаи 125;
7. Ҳикматулло Сайфуллозода, соли таваллудаш 1950, зодаи ноҳияи Панҷ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Fафуров, бинои 10/1, хонаи 10;
8. Ҳаитов Махмадалӣ Раҳмонович соли таваллудаш 1957, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Алишер Навоӣ, хонаи 17/4, ҳуҷраи 6;
9. Авазов Қиёмиддин Қурумҷонович, соли таваллудаш 1959, зодаи ноҳияи Вахш, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Б. Fафуров, бинои 10/1 хонаи 10;
10. Хуҷаева Зарафо Раҳмоновна, соли таваллудаш 1973, зодаи ноҳияи Қумсангир, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Раҳмон Набиев, бинои 132, хонаи 40;
11. Набиев Маҳмадшариф Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1962, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Фрунзе, хонаи 84;
12. Fайратов Абдусамад Исмоилович, соли таваллудаш 1962, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Тамошотеппа;
13. Қосидинов Воҳидхон соли таваллудаш 1956, зодаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Пулодӣ, бинои 19, хонаи 10”.

Додситонии кулл гуфтааст, тафтишот дар ин замина идома дорад.
Мӯҳр
ЭХ. ХАМА ХИЁНАТКОР ШУДА РАФТААСТ-КУ.

Fire
Вот эта новость!!! А еще говорят мы мусичахои бегунох

шири сиёх
Агар хнит касди чанг медошт, пинхони намекард, балки як эълом медод нисфи Тоҷикистон ба по мехест. Ҳнит изҳорот пахш кард ки аъзояш бо макомот хамкори кунанд. Хукумат бахонаи дигар наёфт? Вале фарк надорад, агар шир сафед хам бошад, имруз хукумат онро сиёх мегуяд ва хама баробар тасдик мекунанд...КАни тахлилу мантик?

оина
Як ба берун нигох кунед чанобон,айб мешавад дар асри 21

Акалан хонум Зарафоро рахо кунед,айб аст

коко
lдруг боз хам дуруг максад нест кардани хизб ва инсосхои хакикатчуй

пулод
Агар ин хизбро банданд хизбхои ЭХО мемонад 1 садо 10 лабай. Хамин аст демократияи тахти назорати русия

муҳочир
валлоҳи ин друг аст

Мухочирбача
Инкадар дуруг. Аз Худованд битарсед . Дар назди Худованд тухмат азобаш аз Зино хам сахт тар аст.

Ромиш
Агар Кабири мехост табаддулотро чунин тавр намешуд, балки дар майдонхои шахр садхо хазор тарафдорони хизб чамъ мешуданд. Ин як афсона аст, ки бо як бахона аз ПИВТ халос шавад. Ин шармандаги.

Озодазода
Худкушиву бегонапарварӣ шурӯъ гардид. Репрессияи воқеии пайравони Ислом ҳамин аст. Ришро тарошиданд, душмани сатр ҳам шуданд, масҷидҳоро бастанд, акнун ба нобуд кардани дасту бозуи Ислом пардохтанд. Ҳанӯз дар замони сулҳу оштии ҷонибҳо нафарони зиёде ҳадс мезаданд, ки ин сулҳ нест...

ростгуй
макомот ленин ва сталинро мухихиддин кабири куштаст..

Muhsin
Шармандахо наход хамихе шавад, ки 2- 3 оила дар як хонаи 2 хучрадор зиндагони кунанд!!! Ахборотро дуруст пахш кунед!!!
7. Ҳикматулло Сайфуллозода, соли таваллудаш 1950, зодаи ноҳияи Панҷ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Fафуров, бинои 10/1, хонаи 10;

9. Авазов Қиёмиддин Қурумҷонович, соли таваллудаш 1959, зодаи ноҳияи Вахш, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Б. Fафуров, бинои 10/1 хонаи 10;

50%-и дигарашро хукуматихо дуздида бошанд хичиш мондаги нест.оли 30 сол пас маълум мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)